Зеҳн
Дунё·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ДУРЎҒГЎЙ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД

Рост ҷў, рост нигар, рост гузин,

Рост гў, рост шунав, рост нишин.

    Абдураҳмони Ҷомӣ

Сухани рост гуфтан нишонаи мардонагист. Худованди бузург  бандагонашро ба ростгўйӣ ҳидоят мефармояд. Сухани дуруст марҳами дилҳост ва моро аз балоҲо раҳоӣ мебахшад. Алӣ ибни Абўтолиб фармудаанд: «Ҳақро дар ҳама ҳол бигў, парҳезгоронро ёвар бош ва аз фосиқон дурӣ гузин». 

Имом Ҳусайн гуфтаи ҷолибе дар ин мавзўъ доранд:

«Ростгўйӣ сарфарозӣ ва дурўғгўйӣ нотавонист».

Абулқосими Фирдавсӣ дурўғгўйро душман меҳисобад:

Ҳар он кас, ки бо ту нагўяд дуруст,

Чунон дон, ки ў душмани ҷони туст.

      Абулқосими Фирдавсӣ

Аз сухани рост касе зиён намебинад ва он оромиши рўҳу тан мебошад:

Беҳ аз ростӣ дар ҷаҳон кор нест,

Ки дар гулбуни ростӣ хор нест.

          Фаридуддин Аттор

Дар осори Саъдии Шерозӣ ин мавзўъ хеле хуб ҳаллу фасл гардидааст:

Дурўғ одамиро кунад бевиқор,

Дурўғ одамиро кунад шармсор.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.