Зеҳн
Дунё·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Қадр кунем

Дар замони қадим дар як китобхонаи бузург оташ сар задааст ва аз миёни ҳамаи китобҳо танҳо як китоб насӯхта боқӣ мондааст. Солҳо гузаштаанд ва он китоб, ки дар як гӯша чанг баста мехобидааст ва онро, мисли ашёи нолозим ба кӯча партофтаанд.

Китоб ба дасти як дарвеше, ки дар кӯча мегашт, афтодааст. Дарвеш китобро кушода хондааст ва дар он чунин навишта шуда будааст:

«Ҳар касе, ки дар соҳили дарё санге ёбад, ки мисли қӯри гарм бошад, ҳамаи орзуҳои ҳаёташ амалӣ мегарданд».

Дарвеш барои ҷустуҷӯи он санг ба соҳили дарё меравад. Сангҳои бисёреро меёбад, вале ҳамаашон сард будаанд ва онҳоро пай дар пай ба дарё мепартофтааст. Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо гузаштаанд. Ниҳоят як рӯз дарвеш ҳамон санги мисли қӯр гармро меёбад, аммо азбаски одат карда будааст, онро низ беандеша ба дарё мепартояд.

Мо ҳам ба он дарвеши соҳили дарё монандем: дар зиндагӣ як инсонро меҷӯем, меҷӯем, аммо вақте меёбем, ӯро аз даст медиҳем. Зеро ба ёфтан не, балки ба ҷустуҷӯ кардан одат кардаем.

Биёед ёфтаҳои худро қадр кунем, то онҳо моро тарк накарда, ба ҷустуҷӯи дигарон нараванд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.