Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Бузи сода ва рӯбоҳи фиребгар

Рӯбоҳе бисёр ташна монд. Вай назди чоҳе рафт ва ба даруни он ҷаҳид. Аз оби чоҳ сер нӯшид ва баъд хост, ки берун барояд. Ҳарчанд кӯшиш кард, аз чоҳ баромада натавонист.

Ҳамин вақт бузаке барои об нӯшидан ба назди чоҳ омад. Вай рӯбоҳро дар даруни чоҳ дида, пурсид:

— Ҳамсояҷон, оби чоҳ ширин аст?

Рӯбоҳи маккор ҷавоб дод:

— Ман дар умрам чунин оби ширин нанӯшида будам. Барои ҳамин ҳам аз ин чоҳ баромадан намехоҳам.

Бузи ҷингилапо ба суханони дурӯғи рӯбоҳи фиребгар бовар кард. Вай низ ба чоҳ ҷаҳид ва аз об сер нӯшид. Баъд хост, ки аз чоҳ берун барояд, аммо натавонист.

Рӯбоҳ ба буз гуфт:

— Аз об хуб сер нӯшидӣ? Биё, акнун ба пойҳои қафоят рост исто, то ман ба боло бароям. Баъд туро ҳам аз чоҳ берун мекашам.

Бузи сода розӣ шуд. Вай ба пойҳои қафояш рост истода, пойҳои пешашро ба девори чоҳ такя дод. Рӯбоҳи маккор ба пушту гардани буз баромад ва аз чоҳ берун ҷаҳид. Сипас, ба роҳи худ рафтан гирифт.

Бузи бечора аз паси ӯ зориву тавалло кард:

— Ба ман ёрӣ деҳ! Магар маслиҳати мо ҳамин набуд, ки маро ҳам аз чоҳ берун мекашӣ?

Рӯбоҳ ба қафо нигаристу гуфт:

— Эй бузи беақл! Пеш аз он ки ба чоҳ дароӣ, бояд роҳи баромадан аз онро фикр мекардӣ. Акнун ҳар хел ки метавонӣ, худат баро!

Рӯбоҳ инро гуфту ба роҳи худ рафт. Бузи бечора бошад, дар чоҳ монд.

Панди афсона

Пеш аз анҷом додани ҳар кор бояд оқибати онро андеша кард. Ба ҳар сухани ширин бовар кардан дуруст нест, зеро одамони маккор метавонанд бо ваъдаҳои дурӯғ дигаронро фиреб диҳанд.

Зарбулмасал: «Аввал андеша, баъд гуфтор».

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.