АМОНАТДОРӢ
Марде ҳангоми торикии саҳар аз хона берун омад, то ба гармоба равад. Дар роҳ дуздеро аз они хеш бидид, гуфт: – Мувофиқат кунӣ бо ман, то ба гармоба равем? Дӯсташ гуфт: – То ба дари гармоба бо ту ҳамроҳӣ кунам, лекин ба гармоба наметавонам шудан.
То ба наздики гармоба бо ҳам бирафтанд. Ба сари дуроҳа расиданд ва ин дӯст бе он ки дӯстро хабар диҳад, бозгашт ва ба роҳи дигаре бирафт. Иттифоқо дузде ба дунболи ин мард меомад, то ба гармоба равад барои кори дуздӣ. Аз қазо ин мард бознигарист, дуздро дид ва ҳанӯз, ки торик буд, пиндошт, ки он дӯсти ӯст, сад динор дар остин дошт бар порчае баста буд, он бастаро аз остин берун кард ва бад-он дузд доду гуфт: – Эй бародар! Ин амонат аст, бигир, то ман аз гармоба берун биёям, он вақт ба ман бидеҳ. Дузд пулҳоро аз вай гирифт ва ҳамон ҷо истод, то вай аз гармоба берун омад. Либос пӯшид ва ба тарафи дар рафт. Дузд вайро садо карду гуфт:
– Зари хеш бозситону баъд бирав, ки аз ҷиҳати амонати ту имрӯз ман аз шуғли хеш бозмондам. Мард гуфт: – Ин амонат чист ва ту кӣ ҳастӣ? Дузд гуфт: – Ман марди дузде ҳастам ва ту ин пулҳоро ба ман додӣ, то аз гармоба берун оӣ. Мард гуфт: – Агар дузд ҳастӣ, чаро пулҳои маро набурдӣ? Дузд гуфт: Агар ба расми кори худам, ки дуздӣ ҳаст, ин пулҳоро мебурдам, на аз ту тарс доштам ва на ин ки як ҷав аз онро пас медодам. Аммо ту пулҳоро ба таври амонат ба ман супурдӣ. Ва дар ҷавонмардӣ расм набошад, ки дар амонат хиёнат раво доранд, ҳарчанд ки дузд бошанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё