Зеҳн
Дунё·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Ҳаким Анварӣ

Рӯзе Ҳаким Анварӣ дар бозори Балх мегузашт, ҳангомае дид, пеш рафт ва саре дар миён кард. Марде дид, ки истода ва қасоиди Анварӣ ба номи худ мехонад ва мардум ӯро таҳсин мекарданд.

Анварӣ пеш рафт ва гуфт:

– Эй мард, ин ашъори кист, ки мехонӣ?

Гуфт:

– Ашъори Анварӣ.

Гуфт:

– Анвариро мешиносӣ?

Гуфт:

– Чӣ мегӯӣ? Анварӣ манам.

Анварӣ бихандиду гуфт:

– Шеърдузд шунида будам, аммо шоирдузд надида будам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.