РИЗҚ АЗ ҶОНИБИ ХУДОВАНД АСТ
Донишманде азми сафар кард ва ба ҳамсараш гуфт:
— Ман ба сафар мебароям. Қабл аз рафтан чӣ қадар озуқа омода намоям?
Ҳамсари ӯ зане буд, ки ба Худо таваккалу эътимоди қавӣ дошт. Пас гуфт:
— Ризқе мехоҳам, ки то охири умрам кифоят кунад.
Донишманд аз ин сухан дар шигифт афтод ва пурсид:
— Аз куҷо донам, ки умри ту чӣ қадар аст? Ҳамсараш гуфт:
— Ин тавр бошад, ризқу рӯзиямро ба Оне ҳаволанамо, ки дарозии умрамро донад.
Аз чунин таваккалу эътимоди қавӣ ҳайрати донишманд афзуд. Ӯ дар ниҳоят барои ҳамсараш озуқае нагузошта ба сафар баромад.
Ҳамсоязанҳо аз рафтани донишманд хабардор шуда, аз ҳамсараш пурсиданд:
— Шавҳарат чӣ қадар ризқу рӯзӣ гузошт?
Ӯ посух дод:
— Ҳамсари ман ризқдиҳанда не, балки ризқхӯр аст.
Ризқ танҳо аз ҷониби Худованд аст. Инсонҳо танҳо воситаи дарёфти ризқ ҳастанду бас.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё