Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

СЕ САВОЛУ СЕ ҶАВОБ

Мулҳиде ба назди донишманд омаду пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон бидеҳ! Ва агар ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад? Ҳамчунин, агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?»

Донишманд суолҳои мардро ботамкин гӯш кард ва баъд аз замин хиштпорае гирифту начандон сахт ба сари он мулҳид зад. Аз зарби хиштпора сари мулҳид ба дард омад ва ӯ ҳамоно ба қозӣ шикоят кард. Қозӣ ҳар дуи онҳоро даъват намуда, пурсид:

— Чаро ба сари ин мард бо хишт задӣ?
Донишманд гуфт:
— Аз ман се савол пурсид ва ман бо ин амал ба саволҳои ӯ ҷавоб гуфтам. Қозӣ пурсид:
— Чӣ тавр? Донишманд посух дод:

— Дар аввал ӯ аз ман пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон деҳ». Пас, агар сараш ба дард омада бошад, он дардро ба ман нишон диҳад! Сипас аз ман пурсид: «Ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад?» Модоме ки ӯ чунин ақида дорад, чаро аз ман шикоят мекунад?! Ҳамчунин аз ман пурсид: «Агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Пас худи ин мулҳид, ки аз хок офарида шудааст, сараш аз зарби хишт чӣ гуна ба дард омад?

Аз шунидани суханони донишманд мулҳид аз даъвояш гашт, қозӣ муътақид шуд ва донишманд раҳо ёфт.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.