КИШТИБОН
Гурӯҳе аз маҷусиён ба Имоми Аъзам чанд суоле доданд. Онҳо таъкид доштанд, ки мо ба Худои шумо бовар надорем ва мехоҳем ба суолҳоямон посухҳои қаноатбахш бигирем. Яке аз онҳо пурсид:
— Эй Имом, Худоеро, ки дида наметавонӣ, чӣ гуна парастиш мекунӣ?
Имоми Аъзам посух дод:
— Агар шумо киштиеро бинед, ки дар миёни мавҷҳои пуртуғёни баҳр бе ягон мушкилӣ шино мекунад, тасаввур карда метавонед, ки он киштӣ бе киштибон аст?
Онҳо гуфтанд:
— На, ҳаргиз!
Сипас Имоми Аъзам гуфт:
— Пас бинед, ки курраи Замин монанди киштиест,
ки болои як баҳр шино мекунад ва ба ҳеҷ иштибоҳу каҷравие роҳ намедиҳад. Бо вуҷуди ин чӣ гуна метавон гуфт, ки чунин низом худ аз худ амал мекунад? Бешак, Киштибоне ҳаст, ки киштии оламро танзиму идора менамояд.
Пас аз ин суханҳои пурмуҳтавои Имоми Аъзам ҳама маҷусиён шаҳодат оварда, мусулмон шуданд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё