ОН ЧИ ШУМО МЕПАРАСТЕД...
Яке аз орифони бузурги олами ислом Муҳйиддини Арабӣ дар ҳузури мардум ба болои теппае баромада, хитоб намуд:
— Эй мардум, он чи шумо мепарастед, дар зери пойи ман аст!
Олимони замонаш гӯяндаи ин суханҳоро бо куфр иттиҳом карданд ва ӯро эъдом намуда, ҷанозаашро болои кӯҳе гӯрониданд. Баъдҳо маълум гардид, ки Муҳйиддини Арабӣ дар ҷое қайд кардааст: «Ҳангоме ки «син» ба «шин» ворид мешавад, қабри Муҳйиддин ва мақсадаш рӯшан хоҳад гашт».
Бо гузашти солҳо яке аз подшоҳони давлати Усмонӣ Султон Салим Шомро фатҳ намуд ва аз мардуми маҳаллӣ саргузашти Муҳйиддини Арабиро шунида, дар пайи ҷустуҷӯи қабри ӯ шуд. Дар аснои пурсуҷӯ Султон Салим аз ҳар касе қабри Муҳйиддини Арабиро мепурсид, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеовард. Ниҳоят чӯпоне ба Султон гуфт:
— Эй Султон, ман ҳам намедонам қабри он бузургвор дар куҷост, вале ҷоеро медонам, ки ҳеҷ як ҳайвоне аз он ҷо намегузарад ва алафҳои он мавзеъро намехӯрад.
Бо шунидани ин суханҳо Султон амр намуд, ки ҳамон мавзеъро бикобанд. Вақте замин кофта шуд, аз он ҷо ҷасадеро пайдо карданд, ки бо гузашти даҳсолаҳо ҳеҷ осебе надида буд. Чун маълум гардид, ки ин ҷасади Муҳйиддини Арабӣ аст, бо фармони Султон Салим дар он мавзеъ мақбарае сохта шуд.
Вақте Султон сабаби эъдом шудани Муҳйиддини Арабиро пурсон шуд, мардум гуфтанд, ки ӯ дар болои теппае қарор гирифта, чунину чунон гуфта буд ва суханҳояш боиси эъдомаш гардиданд. Бо фармони Султон Салим он мавзеъ ҳам кофта шуд ва аз он ҷо як кӯза тилло пайдо гардид. Пас Султон гуфт:
— Шарҳи суханони Муҳйиддини Арабӣ ин аст, ки дар зери пойи ӯ тилло хобида буд. Мардуми замона мақсади ӯро нафаҳмида, ба ноҳақ эъдомаш кардаанд.
Ҳамин тавр ду каромати орифи бузург Муҳйиддини Арабӣ ҳам ошкор шуд. Каромати аввал ин буд, ки ӯ бо назардошти симу зари ниҳон ба дунёпарастии инсонҳо ишорат намуд. Дувум, ӯ тақрибан дусад сол пеш аз фатҳи Шом ҳодисаи ба ин мавзеъ омадани Султон Салим ва кашфи турбати худро бо гуфтани «вақте «син» ба «шин» медарояд» хабар дода буд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё