НА ДАР ЗАМИН, НА ДАР ОСМОН
Рӯзе қавми ҳазрати Мӯсо (а) ба ӯ гуфтанд:
— Эй Мӯсо, мо Худоямонро ба хӯрокхӯрӣ даъват менамоем. Лутф бифармояд ва рӯзе меҳмони мо шавад. Ҳар чизе ки дорем, баҳри Ӯ ҳозир мекунем.
Ҳазрати Мӯсо (а) онҳоро чунин танбеҳ дод:
— Эй мардум, Худованд аз хӯрдану нӯшидан муназзаҳ аст. Шумо як заъфи башариро ба Парвардигори худ чӣ гуна нисбат медиҳед?!
Баъди ин ҳодиса ҳазрати Мӯсо (а) ба кӯҳи Тур баромад. Дар он ҷо аз ғайб нидое шунид:
— Эй Мӯсо! Чаро даъвати бандагонамро ба Ман намерасонӣ?
Ҳазрати Мӯсо (а) гуфт:
— Худоё! Аз чунин даъват шарм мекунам. Охир Зоти поки Ту аз чунин сифатҳо муназзаҳ аст.
Сипас Ҳақ Таъоло фармуд:
— Ба бандагонам бирасон, ки даъвати онҳоро иҷобат кардам ва бегоҳи ҷумъа меоям.
Ҳазрати Мӯсо (а) ба қавмаш баргашт ва ҳодисаро
баён кард. Мардум дастурхон ороста, ҳама гуна нозу неъматро муҳайё карданд. Пас аз омода сохтани дастурхон марде ба наздашон омад, ки бисёр хаставу гурусна буд. Ӯ гуфт:
— Эй Мӯсо, аз роҳи дур омадам, гуруснаам. Ба ман хӯрок деҳ, то аз гуруснагӣ раҳо ёбам.
Ҳазрати Мӯсо (а) гуфт:
— Шитоб макун, каме сабр намо. Ана он кӯзаро гиру рафта об биёр. Ту ҳам ба ороиши дастурхон саҳме гузор, зеро ба ин ҷо Ҳақ Таъоло меояд.
Мард, ки худ мадори гаштан надошт, ҳеҷ чиз нагуфт ва аз он ҷо рафт.
Шаб шуд, меҳмон наомад. То субҳ мунтазир шуданд, вале аз меҳмон хабаре набуд. Мардум умедашонро канданд ва ҳазрати Мӯсо (а) низ дар тааҷҷуб афтода буд.
Рӯзи дигар ба кӯҳи Тур рафт ва гуфт:
— Парвардигоро! Бандаи оҷизат дар хиҷолат монд. Мардум ба ман мегӯянд, ки ту моро фиреб додӣ ва ё Худованд ба ваъдааш вафо накард?!
Пас Худованд фармуд:
— Эй Мӯсо! Ман омада будам ва гуфтам: «Гуруснаам!» Ту бошӣ Маро барои овардани об равон кардӣ. Ҳатто як луқма нон ҳам надодӣ. Маро на қавмат пешвоз гирифт, на ту!
Мӯсо Калимуллоҳ гуфт:
— Худоё, як бандаи мусофир омада буд ва ӯ Парвардигори мо набуд.
Сипас Аллоҳ Таъоло фармуд:
— Ман ҳамроҳи ҳамон бандаам будам. Агар ӯро мехӯрондӣ, Маро мехӯрондӣ, зеро Ман на дар замин меғунҷам ва на дар осмон. Ман танҳо дар дили бандаи оҷизам ҷо мегирам. Ман бо бандаи гуруснаам омада будам ва шумо, ки ӯро гурусна фиристодед, Маро гурусна баргардондед.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё