Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

БИСМИЛЛОҲ

Расули Худо (с) ба асҳоб фармуд: «Вақте ки ғизо мехӯред, аввал «Бисмиллоҳ» бигӯед. Агар дар оғоз лафзи «Бисмиллоҳ»-ро фаромӯш кардед, пас бигӯед: «Бисмиллоҳи фӣ аввалиҳӣ ва охириҳӣ» (Дар аввалу охир «Бисмиллоҳ»).

Ҳар касе ҳангоми ба хона даромадан ва дар вақти ғизо хӯрдан «Бисмиллоҳ» бигӯяд, шайтон ба қавмаш мегӯяд: «Шумо дар ин ҷо хӯрок намехӯред ва шабона хоб карда ҳам наметавонед». Ҳар касе ҳангоми ба хона ворид шудан «Бисмиллоҳ» гӯяду ҳангоми хӯрдани хӯрок лафзи «Бисмиллоҳ»-ро ба забон наорад, шайтон ба қавмаш мегӯяд: «Хӯрок хӯрда метавонед, вале хоб намекунед». Ва ҳар касе ҳангоми омадан ба хона ва ҳангоми хӯрдани хӯрок «Бисмиллоҳ» нагӯяд, шайтон ба қавмаш фармон медиҳад: «Дар ин ҷо ҳам хӯрок бихӯред ва ҳам хоб кунед».

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.