Зеҳн
Дунё·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

РӮЗИ ҚИЁМАТ

Расули Худо (с) дар ҳадисе фармуд: «Худованди Мутаъол дар рӯзи қиёмат аз баъзе бандагонаш мепурсад:

— Эй фарзанди Одам! Бемор будам, чаро ба аёдатам наомадӣ?

Банда мегӯяд:

— Худоё, чӣ гуна ба аёдати Ту меомадам?! Ту, ки Парвардигори оламиён ҳастӣ, аз бемор шудан муназзаҳӣ!

Худованд мефармояд:

— Эй фарзанди Одам, фалон бандаам бемор буд ва ту ба аёдаташ нарафтӣ. Магар намедонистӣ, ки ба аёдати ӯ биравӣ, Маро хушнуд месозӣ?!

Сипас ба баъзе бандагони дигар мефармояд:

— Эй фарзанди Одам! Ман аз ту таом хоста будам, вале ба Ман таом надодӣ.

Банда мегӯяд:

— Парвардигоро! Ман чӣ гуна ба Ту таом медодам, ки Ту аз хӯрдан муназзаҳӣ?!

Пас Худованд мефармояд:

— Фалон бандаам гурусна буд ва аз ту таом хост, аммо ба ӯ таом надодӣ. Магар намедонӣ, ки бо таом додани ӯ Маро хушнуд месохтӣ ва ба ризои Ман мушарраф мегаштӣ.

Сипас Худованд ба баъзе бандагони дигар чунин мефармояд:

— Эй фарзанди Одам! Аз ту об хостам, аммо ба Ман об надодӣ.

Банда мегӯяд:

— Худоё! Ман ба Ту чӣ гуна об медодам, ки Ту ба чизе ниёз надорӣ ва аз нӯшидан муназзаҳӣ?

Он гоҳ Аллоҳ Таъоло мефармояд:

— Эй фарзанди Одам! Фалон бандаи ташнаам об пурсида буд ва ту об надодӣ. Оё намедонӣ, ки агар ба ӯ об медодӣ, Маро хушнуд мекардӣ ва сазовори ризоям мешудӣ».

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.