БА ИМДОД МЕРАСАД
Саҳобагон аз Расули Худо (с) пурсиданд:
— Худованд дар кадом вақт ба имдоди бандааш мерасад?
Расули Худо (с) фармуд:
— Муъмин бародари муъмин аст. Ба бародараш зулм намекунад ва ӯро дар сахтиҳо намегузорад. Ҳар касе эҳтиёҷи бародарашро бароварад, Худованд эҳтиёҷи ӯро мебарорад. Ҳар касе бародари мусулмонашро аз ранҷу машаққат раҳо кунад, Худованд дар қиёмат ӯро аз ранҷу машаққат раҳо мекунад. Ҳар касе айби мусулмонеро пӯшонад, дар қиёмат Худованд айби ӯро мепӯшонад. То даме ки банда ба имдоди бародараш мерасад, Худованд ба имдоди ӯ мерасад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё