Зеҳн
Дунё·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

ҲАҚ

Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки боре Расули Худоро (с) дидем, ки табассум мекард, ба сурате ки дандонҳояш намудор шуданд. Чун сабаби болидагияшро пурсидем, фармуд: Ду нафар аз умматонам ба ҳузури Ҳақ Таъоло меоянд ва яке мегӯяд:

— Худоё, ман бар ин бандаат ҳақ дорам. Ҳаққамро аз ӯ ситонида, ба ман бидеҳ.

Аллоҳ Таъоло ба он банда мефармояд:
— Ҳаққи ӯро бидеҳ!
Банда мегӯяд:
— Парвардигоро! Ман савобе надорам, ки ба ӯ бидиҳам.
Сипас Худованд ба даъвогар мегӯяд:
— Ӯ савобе надорад, ки ба ту бидиҳад. Пас чӣ талабе дорӣ?
Банда мегӯяд:
— Дар он сурат, бигзор аз гуноҳони ман ба ӯ дода шавад.

Пас Худованд мегӯяд:
— Ба боло нигар ва биҳиштро бубин!
Банда ба боло нигоҳ карда, биҳиштро мебинад ва. мегӯяд:
— Худоё, қасрҳоеро мебинам, ки аз ёқуту марҷон сохта шудаанд. Магар инҳо барои паёмбаре ва ё барои сиддиқу шаҳиде омода шудаанд?!

Худованд мефармояд:

— Инҳо барои касоне омода шудаанд, ки дар дунё музди ин ҳамаро пардохтаанд.

Банда мепурсад:
— Музди инҳоро чӣ касе пардохта метавонад? Худованд мефармояд:
— Агар хоҳӣ, ту низ метавонӣ сазовори инҳо бошӣ. Банда мегӯяд:
— Худоё, ман чӣ гуна метавонам сазовори чунин лутфу марҳамате бошам?
Ҳақ Таъоло мефармояд:
— Дар сурати аз даъвоят гузаштан ва бахшидани ҳаққе, ки бар ин бандаам дорӣ.
Банда мегӯяд:
— Ман аз даъвоям даргузаштам ва ҳаққи худро ба ӯ бахшидам.
Сипас Худованди Мутаъол мефармояд:
— Ҳамроҳи бародарат вориди биҳишт шавед!
Дар ҳамин ҳол Расули Худо (с) фармуд:
— Аз Худованд битарсед, аз Худованд битарсед ва муносибати байни ҳамдигарро дуруст ба роҳ монед! Бинед, ки Ҳақ Таъоло худ бевосита муъминонро ба ҳам меорад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.