Зеҳн
Дунё·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

ШАФҚАТУ МЕҲРУБОНӢ

Боре ба ҳузури Расули Худо (с) як гурӯҳ асир оварда шуд. Дар миёни онҳо зане буд, ки зоҳиран чизеро гум карда, дар пайи ёфтанаш талош мекард. Баногоҳ аз миёни издиҳом кӯдакеро пайдо намуда, дарҳол ба оғӯшаш гирифт ва сару рӯяшро бӯса кард. Расули Худо (с), ки шоҳиди ин манзара шуда буд, ба асҳоб фармуд:

— Магар мумкин аст, ки ин зан фарзанди худро ба оташ андозад?!

Саҳобаҳо гуфтанд:
— На, савганд ба Худо, асло чунин намекунад. Сипас Расули Худо (с) фармуд:
— Огоҳ бошед, ки шафқату меҳрубонии Худованд нисбат ба бандагонаш аз меҳру шафқати ин зан нисбат ба фарзандаш чандин маротиб афзунтар аст!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.