УМЕДВОРӢ
Муаллими башарият (с) фармуданд: «Вақте доду фарёди ду касе аз дӯзахиён авҷ мегирад, Худованд мефармояд:
— Онҳоро аз дӯзах берун оваред!
Чун аз оташи дӯзах бароварда мешаванд, Худованд аз онҳо мепурсад:
— Чаро фарёд мезанед?
Онҳо мегӯянд:
— Ба хотири он ки моро авф намоӣ ва мавриди раҳмату омурзиш қарор бидиҳӣ.
Он гоҳ Ҳақ Таъоло мефармояд:
— Раҳмати Ман барои шумо дар он аст, ки худро ба оташ андозед.
Дар ин ҳол яке аз онҳо худро ба оташ меандозад ва Худованд оташро бар ӯ сарду саломат мегардонад. Сипас Худованд аз он бандае, ки худро ба оташ наандохт, мепурсад:
— Чаро аз оташ худдорӣ намудӣ ва худро мисли он ҳамраҳат ба дӯзах наандохтӣ?
Банда посух медиҳад:
— Худоё, умед дорам, ки баъди берун овардан маро дубаро ба он ҷо намефиристӣ.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
— Умеди туро амалӣ гардонидам.
Дар пайи ин ҳар дуи онҳо мавриди раҳмату омурзиш қарор гирифта, ба биҳишт ворид мегарданд».
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё