ЧУН БИПУРСАНД
Асҳоб аз Расули Акрам (с) пурсиданд:
— Худованд аз мо дур аст ё наздик? Агар ба мо наздик бошад, бо овози паст дуо кунем ва агар дур бошад, бо овози баланд дуо кунем.
Пас ин оят нозил шуд: «Ва чун бандагони Ман дар бораи Ман туро бипурсанд — пас ҳамоно Ман наздикам, дуои дуокунандагонро — чун дуо кунанд — қабул мекунам. Пас бояд ки онҳо барои Ман фармонбардорӣ кунанд ва бояд ки ба ман бигараванд, то бошад ки роҳ ёбанд» (Сураи Бақара, 2/186).
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё