Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·20 соат пешНашрия

ХУДОИ МАН КӢ МЕШАВАД?

Дар замони ҷоҳилият Болӣ ном бутпарасте зиндагӣ мекард. Ӯ бути маҳбубе дошт, ки онро ҳамеша ҳамроҳаш мегирифт ва дар назди дӯстон бо он буташ ифтихор менамуд. Қабл аз набарду муҳорибаҳо ва дар ҳама кору пайкор ба он бут саҷда оварда, дуову тазарруъ мекард.

Рӯзе Болӣ ба ҷойе азми сафар намуд. Ӯ тамоми ашёву анҷомашро ба болои маркаб бор карда, дар садри онҳо бутро гузошт ва умед мекард, ки дар ин сурат аз балову хатарҳо дар амон хоҳад буд. Дар аснои сафар пойи маркаб баногоҳ лағжиду бут аз боло ба замин афтода, дарҳам шикаст. Болӣ ба бут нигаристу гуфт:

— Ман туро барои он бо худ гирифтам, ки маро аз балову офатҳо нигаҳ бидорӣ. Вале мебинам, ки ҳатто худатро муҳофизат карда наметавонӣ.

Пас аз ин суханҳо Болӣ бутро як сӯ ҳаво дода, ба назди Паёмбари Худо (с) омад ва воқеаро баён карду гуфт:

— Эй Муҳаммад, акнун ки ман аз бутпарастӣ рӯй гардонидам, Худои ман кӣ мешавад?

Расули Акрам (с) фармуд:

— Эй Болӣ, ман Худое дорам, ки ҳам дар дунё ва ҳам дар охират балову мусибатҳоро аз сари бандагонаш рафъ намуда, барояшон неъматҳои фаровон медиҳад ва онҳоро сазовори ҷамоли баркамоли Худ мегардонад.

Бо шунидани ин суханон Болӣ гуфт:

— Эй Расули Худо! Ман бо чӣ қимате метавонам ба Худои ту бирасам ва бандаи Ӯ бошам?

Паёмбари Худо (с) фармуд:

— Эй Болӣ! Худои ман аз он чӣ ту мегӯӣ, муназзаҳ аст. Ҳар касе калимаи шаҳодат арза кунад, мусулмон мешавад. Ту низ калимаи шаҳодат бигӯ, то аз ҷумлаи муъминон бошӣ!

Болӣ аз сидқи дил калимаи шаҳодат ба забон овард ва «Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу» гӯён мусулмон шуд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.