ҲАЁИ ҲАҚИҚӢ
Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Аз Худованд ба сурати шоиста ҳаё кунед!
Мо гуфтем:
— Алҳамдулиллоҳ, ки мо аз Худо ҳаё дорем.
Пас Расулуллоҳ (с) чунин фармуд:
— Ҳар қадар тавонед, назди Худованд боҳаё бошед.
Ҳар касе аз Худо ба сурати шоиста ҳаё мекунад, бигзор сарашро ва ҳар он чиро ки дар сар дорад; меъдаашро ва ҳар он чиро ки ба меъдааш мефиристад, таҳти назорат бигирад ва маргро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорад. Ҳар касе охиратро талаб дорад, ба зебоиҳои фонии ин дунё дил намебандад. Ҳар касе чунин амал кунад, ҳамоно ӯ аз Худо ба таври шоиста ҳаё кардааст».
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё