Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
…Бале деҳи собиқ дар кафи кўҳҳои боҳашам меистода дар он замони гузаштае. Бо ниҳолони мевабахши сарсабзаш меистода. Сафедорони хуштарҳаш ҳусни хоса мебахшид пиромунро. Деҳи ором бо кўҳҳои сангини пуршукўҳаш ба дил осоиш изофа мекарда.
Вале рўзе атроф ба ларза даромада буд баногаҳ. Ҳатто кўҳҳои пурсукут овозҳои ҳархела мебароварда: аз танашон сангҳо канда шуда, яке паси дигар нишеб мегардида. Онҳо сангҳои дигарро бе ҷо намуда, сўи деҳкадаи поёндасти кўҳистон меғелида.
Рўи яке аз ҳавлиҳои деҳ дар яккамех бастагӣ буда саманди сафед. Ин асп ҳоло беқарор по мекўфта, тойчааш аз тарс танашро ба тани ў ҷафс медошта.
Аз паҳлўи онҳо дар гўшаи ҳавлӣ хонае метофт, ки аз заминҷунбӣ ҷо-ҷош кафиш пайдо карда, паси равзанаи он зане аз тарс часпида монда.
Замин аз нав такон бихўрд, занак кебида, ба худ биомад, писарчаашро аз гаҳвора ҷудо кард, бо қадамҳои ноустувор бадар бишуд.
Аспи сафед, ки худашро ба ҳар ҷониб мезад, ресмонашро канда, ҳамроҳи тойчааш аз дарвоза баромад.
Сели сангӣ ҳоло канори деҳ расида, ҳавлиҳои маҳаллаи нахустро пахш намуда, пешсангҳо парида, ба самти миёни деҳ меомада. Онҳо тир барин рўи кўчае мерехта, ки занак писарчаро банди дил фишурда медавида. Саманд инро дида, давашро суст карда, биистода, якрўя шуда, қафо нигарист.
Ҳарчанд сели сангӣ наздик омада буд, аспи сафед қафо баргашту ҷониби зан ва писари ў битохт. Ба зан расида, қарор гирифт. Акнун аз бару болои асп сангҳои марговар парида мегузашта. Ва ҳарчанд ҷонвар аз собиқ бештар бесаришта буд, вале то вақте ки зан бо писарчааш худро болои вай нагрифтанд, аз ин ҷо намеҷунбид. Акнун сели санг тамоман наздик омадаву асп медавид. Бо тамоми ҳастӣ аз онҳо дур шудан мехост. Агар ба охири кўча мерасид, аз он мебаромад, сўи ҳамворӣ тоб мехўрд, халос хўрданаш мумкин мешуд ва асосаш зану писари варо раҳоӣ мебахшид. То охири кўча ҳам роҳ андак монда буд. Шояд наҷот муяссар бигардад.
Вале сели сангӣ пешдастӣ кардаву аспу занак ва писарчаро ба коми худаш кашида буд.
Тойча, ки дар баромадгоҳи кўча меистод, инро дида яктарафа парид, аз тарс шиҳа баркашид. Сели сангҳо ўро низ
«дунболагир» буда. Тойча ҳамоно медавид. Сангҳо бошанд, ҳатто дар беруни деҳ аз дунболи ў ғелидаю парида меомада ва қариб ба вай мерасида.
Баъд бо тойча чӣ шудаву чӣ не, номаълум будаву замин аз ларза мемонда.
Атрофро сукунат фарогир мешуд: ба назар мерасид, садамаю офат набуда ва чизе рўй надода чанд муддат пештар.
Фақат маскангаҳи валангори мардумӣ ва боғоти забаршуда аз чизи дигар ҳикоят мекард. Болои онҳо чангу ғубор тоб мехўрд… Балки аз он ҷо гўё об мерўид. Аз қаъри замин мерўиду атрофашро фарогир мешуд.
…Аз тарафи муқобили дара марде намоён гардид. Бо дав меомад ин ҷониб. Дар китфаш хўрҷину дар дасташ бастае метофт. Меафтиду мехест ва медавид. Меафтиду хеста медавид боз. Хўрҷин аз китфаш ва баста аз дасташ парида буд. Вале ҳамоно медавид. Сангу бутта либосу танашро мехарошида, лек медавида ба ҷониби деҳкадаи валангоршуда. Балки деҳи собиқ поёнтар ғўтида буд, аз он ҷо об мерўид, болотар меомад.
Мард, акнун, ба деҳкадаи валангор ва боғҳои хароб наздик шуда буд, вале кўл, ки дар паси сарбанди сунъӣ пайдо мешуд, бо домани паҳншавандаи худ деҳаро мепўшонид.
Мард суст шуда истода буд, дар ниҳоят. Чанде ба ҳайкали беҳаракату беҳис бадал меёфт. Вай Аҳмад буд…
Балки дар сину соли дигар буд ва навҷавон буд.
Аз миёни об танҳо қисмати болои чанд сафедор ва дарахти осебдидаи деҳ ба назар мерасид, ки онҳо низ нопайдо мешуда муттасил зери об. Сипас дигар тори дарахте ҳам наметофт, ҳама ҷо фақат об монда буду об.
Балки даруни об як чиз намоён шуда. Ин тойча буд. Дар даҳонаш тоқии писарак ва рўймоли модари ўро гирифта.
Мард, яъне Аҳмад, ки лаҳзаҳо ҳайрону шахшуда монда, баъд худашро биндохт бар ин об, то шояд халосӣ бахшида тавонад тойчаи захмбардоштаро, ки ҳамчунин ғарқ шуданаш мумкин буд аз бемадории зиёд, ки аз соҳил дур буда ҳанўз.
Баъд ҳар ду баромада буданд соҳили кўли навпайдо: ҳам тойча, ҳам Аҳмад. Маҳзун менигаристанд ба деҳ, ки ҷояш кўлоба шуда буд.
XIX
Ҳоло ҳам ин ҷо меистода онҳо. Яъне меистода одаму саманд.
Балки аз байн гузашта буд даҳсолаҳо. Даҳсолаҳо гузашта аз он рўйдоди мудҳиш.
Аҳмади собиқа мўйсафед шуда ва тойча аспи солхўрда гардида.
Балки ин ҷо, паҳлўи онҳо менишаста ҳолиё писарак
Сўҳроб. Балки вай ба сони писараки аз таъсири офати табиӣ ва заминҷумбиву сар задани об маҳвшудае буд. Ба сони вай буд.
Сукут меварзида ў ба амсоли мўйсафед Аҳмад ва бар амсоли кўҳҳои атроф, ки як вақтҳо шоҳиди фоҷиаи собиқа гардида буд.
- Ман бисёр вақто ин ҷо меоям, - ҷунбида буд дар ниҳоят, лабони ларзони мўйсафед, - ин ҷо писарам ва модари фавтидаи вайро ҳис мекунам аз наздиктар. Лаби ин кўл мешинам соатҳо… Сипас бармегардам ҷониби шаҳристон, ки баъди заминҷумбӣ сокини бари он шуда будем. Яъне ману Бўр сокини он ҷо шуда будем баъдтар…
XX
Офтоб болои сар рост шуда, ба уфуқи мағриб майл менамуд.
Кўлоба, ки ба сўгвории деҳи собиқ гўё сукути мудом дошт, дуртар мемонду дуртар.
Яъне мўйсафеду бача ва асп нишеб мешуда ҷониби шаҳристон, ки дар дуриҳои дури поёндаст меистод.
- Бобо, тойчаҳо сафед мешаванд ё на? - хомўширо шикаст
Сўҳроб, ки мисли мўйсафед андешаманд қадам бармезад. Яқин банди нақлҳои мўйсафед буд доири гузаштаи ў ва доири саманди ў. - Ман ягон бор тойчаи сафедро надидаам а.
- Онҳо андак сиёҳчатоб ба дунё меоянд, - посухи мўйсафед буд баъди тааммуле. - Сонитар ба мўяшон сафедӣ меафтад.
- Мисли мўи одамон?
- Монанди одамон, ки солхўрда бишаванд, мўйҳошон сафед шудан мегирад…- мўйсафед аз нав банди андешаҳои худаш гардида.
Аз ин боис ҳатто суст шуда истодан ва қафо мондани бачаю Бўрро пайхас накард...
Асп хавотиромез шиҳа кашида буд кадом як вақт.
Рўи пайроҳ набуд Сўҳроб, ки мўйсафедро дар тааҷҷуб биовард.
Асп ҷониби шахҳои баланд медавид, ки аз он ҷо сангҳо меғелида.
Мўйсафед ҳам саросема рафт он ҷониб. Пояи шах, зери шохаи дулонаи навдаҳош шикаста дарёфт Сўҳробро.
- Чӣ шуд а? - мўйсафед бо хавотир ба сари вай хам бигардид.
- Ман сари дўлона баромадам, ки бори дигар, нигарам қафо. Охир деҳи шумо, деҳи писаратон ва деҳи очаи вай он ҷо монда, дар кафи кўҳҳо… Дар бораи онҳо фикр мекардаму бори дигар диданашон мехостаму бехабар мондам, нохост, лағжида биафтодаам аз сари шохаи дулона…
Мўйсафед сари бачаро қафаси сина пахш намуд.
Чашмонаш об гирифт.
- Мебахшед мана-а, бо-бо…- пичиррос зад Сўҳроб.
- Гуноҳи ту не, бачаҷон, гуноҳи ман, ки гузаштаро бароят нақл кардаму ту гирифтор шудӣ бар он…
Баъд аз назар мегузаронд пои бачаро мўйсафед Аҳмад.
«Лат хўрдааст» - хулоса карда буд ва ёрдам додан бихост.
Аммо бача рад намуд.
- Ман худам, - лангида ба пеш қадам барзад.
- Туя ба Бўр савор мекунам.
- Кас ба дўсти бемадораш бори зиёдатӣ нашавад, - такрор бикард гапи дар собиқ гуфтаи мўйсафедро бача. - Ҳоло
Бўр ҳам хаста шудагӣ.
- Дўст барои рўзи душвор, - изҳор дошт мўйсафед ва хам шуда Сўҳробро бардошт, болои Бўр нишонид дар ниҳоят.
Боз равон шуда буданд унҳо.
Дар пеш пайроҳи пурпеч меистоду муттасил поён мерафт. Яъне мебурд ҷониби шаҳристони азими дур.
XXI
Бачаҳои маҳалли нави шаҳристон, ки гирди бинои баландошён бозӣ мекарданд, пайдо гаштани аспро дида, аз нав ҳама чизро фаромўш сохта, давиданд ҷонибаш. Баъди ба фойтун савор шуданшон меҳрашон афзуда буд ба ин саманд.
Нодир, ки то ин вақт дар ҳалқаи бачаҳо меистод, яккаю танҳо бимонд боз. Кайфаш парида буд аз нав. Баъд ланкаи дасташро, ки зераш як пора қўрғошим дошт, бо ғазабу шиддат барзад ба тани андовабетони девор. Он ҷо рахи харошида пайдо гардид аз асари қурғошим ва ланка парида дур биафтод.
XXII
Хонаи Сўҳробино. Шом. Ин ҷо барои ба лагер рафтани
Сўҳроб тайёрӣ медиданд: модар либосҳои ўро дарзмол мекард, таҳ намуда, ба кўлбор меандохт.
- Вақте ки гашта меоӣ, - аз тиреза ҷониби ҳавлии мўйсафед ишора карда буд падар, - ин ҷо дигар на ҳавлии куҳнасохт мемонаду на аспи пиракии вай. Баъд поята ҳам беҳуда лат намедиҳӣ-ӣ…
Сўҳроб ба ҷои он, ки сари хамашро паст бикунад, аз чӣ бошад, бардошту нигарист рост ба ҷониби падараш…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё