Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Каллаи саҳар.

Шаҳр дар арафаи бедоршавӣ.

Сўҳроб даричаи дарвозаи мўйсафедро тела бидод.

Дарича аз дарун занҷир буд.

Сўҳроб онро тақ-тақ бикард.

Ҳеҷ кас посух намедод.

Сўҳроб лаҳзае ҳайрон биистоду чӣ кор карданашро надониста, ба девор бичаспид, болои он баромад, худашро рўи ҳавлӣ баргирифт.

Бўр, ки назди охури холӣ меистод, фуки сиёҳчатоби худро ба дасту тани бача расонд, сипас сўи дари хона нигарист, кадом чиро фаҳмонидан мехост гўё ва ишора мекард бо сару гарданҷумбониш.

Аранге садои сулфаи ларзони одамӣ ҳам шунида бишуд.

Сўҳроб он ҷониб бирафт, дари ҳуҷраи мўйсафедро тела бидод. Хона нимторик буд, вале аз пешгаҳи он нафасгирии номураттабу вазнин эҳсос мегардид.

- Бобо, - бо хавотир нидо барзад бача.

- Шумо касал шудед?

- Андак…- овози мўйсафед ҳазин шунида бишуд. - Он ҷо, лаби кўлоба… хотираҳои гузашта… диламро, шояд, таҳ занонд, ки таппишаш номураттаб бигардид. Он ғамро бардоштан, ҳамеша, осон набуд барои дили ман…

Дар паҳлўи ҷогаҳи вай сари зону нишаст Сўҳроб.

- Бобо, ба ҷои дур рафтани ман лозим: охир падарам роҳхат харидааст барои лагер…

Ба ҷойи посух сулфаи канда-кандаи мўйсафед омад…

- Ҳамин рўз рафтанам лозим…- таъкид бикард Сўҳроб.

- Нағз, - ниҳоят изҳор бидошт мўйсафед.

- Охир шумо касал?

- Пирӣ бе иллат намешавад… Фақат пеш аз рафтанат ба охури Бўр алаф биандоз…

- Ба шумо кӣ нигоҳубин мекунад а, бобо-о?

- Ту хавотир наша-ав. Ман ба зудӣ ба по мехеза-ам. Ин бори аввал не-ст, ки…

Сўҳроб рўи ҳавлӣ баромад: чанд дарза банди алафро баргирифт, бурда биандохт охури Бўр.

Ногаҳ овозе биомад:

- Сўҳроб, дарвозаро кушо-о.

Овози Нахўтак буд, ки паси дарвоза истода, аз роғи миёни тахтачўбҳо менигариста дарун.

Даричаи дарвоза кушода шуд, Нахўтак пой барниҳод ба дохил.

- Нодир гуфт, ки меравӣ. Ин рост? - бо содадилии ба худаш хос бипурсид Нахўтак.

- Ҳаа…

- Баъди рафтанат, ба ҷои ту, паҳлўи ин асп будани ман мумкин?

Қиёфаи Сўҳробро нури умеде рўшан бикард:

- Чаро, ки не?

- Ба ту ташаккур, - бо тарзи ба худ хос изҳор бидошт

Нахўтак. Вай сатилчаи дасташро, ки ҳамроҳ оварда буд, дар охури асп гузошт. Даруни сатилча об лаппас мезад. Азбаски даҳони сатилча хурд буду фақат кунҷи лабони асп ба он мерасид, ҷонвар ҳуввас кашида, хамроҳи об ҳаворо низ фурў мебурд. Ин аҷибу шавқхез буд. Дар лабони Нахўтак табассум медамид аз мушоҳидаи ин.

Аз сари девор каллаи Нодир намоён бигардид.

- Дукаса барои саису аспбон шудан тайёрӣ мебинед ъа? Ё тамоми умр аспбон мондани-ед?

Аммо Нахўтаку Сўҳроб худро ношунида меангошта.

- Касби бе оянда аст аспбонӣ; даромад надорад дар ин замон… Асп ҳам дар ин замона ба кӣ лозим а? - бо чунин шева давом медод Нодир.

Тоқати Сўҳроб шикаст, ба вай ҷавоб гуфтан мехост, аммо ин дам фарёди падарашро бишнид:

- Сўҳро-о-б!...

Нодир овози падари ўро тақлид карда, тамасхуромез такрор бинмуд:

- Сўҳро-об! - ва ҳатто илова кард: - Канӣ, зуд ин тараф би-иё, набошад пўстата аз танат ҷудо мекуна-ам а!...

- Сўҳро-об! - аз нав ҷеғ зад падар, ки паҳлўи мошинаш нигарон меистода.

Ҳамин, ки Сўҳроб пайдо бишуд, неши забон халонд падар:

- Туя чӣ қадар ҷеғ задан лози-им а?

- Хайр шуд, - сулҳҷўӣ кардан хост модар, ки даруни мошин менишаст. - Ана омад-ку.

Мошин, ки андарунаш Сўҳроб ҳам нишаста буд, ниҳоят, дар ҳаракат шуд.

Аз тирезаи қафои он ба ҳавлии куҳнасохти мўйсафед, ки торафт дур мешуд, синча мекард Сўҳроб, дар чашмони хавотираш об чархак мезад. Охир ин ҷо мўйсафеди бемор монда. Бўри барои вай азиз ҳам монда буд он ҷо…

XXIV

Дар ҳавзи бузург ва гирдаш бетонкории лагер писаракону духтаракон оббозӣ мекарданд.

Шалаппоси об ва нидоҳои шодиомез ҳар сў паҳн мегардид…

Бозиҳои бачагӣ ва шавқу беғамии ин айёми умр

Сўҳробро низ мекашид оҳиста-оҳиста ҷониби худ. Ана ба нордбон бичаспид, ба ҷаҳишгоҳи аз ҳама болои он баромаду сипас худро партофт андаруни ҳавз. Зери об дурудароз ниҳон буд.

Бачаҳову духтаракон, ки дар харакҳои пиромуни ҳавз менишастанд, аз ин дар шигифт монда буданд, ҳатто хавотир мегардиданд.

Ниҳоят Сўҳроб аз гўшаи дигари ҳавз сар баровард…

- Қандаша занад а!- изҳор дошт кадоме. - Чӣ қадар зери об истод а!

- Моҳӣ барин буда-аст! - тақвият бидод дигар.

Вақте ки Сўҳроб ба зинапояи оҳанин часпида, аз даруни ҳавзоб мебаромад, овозе ба гўшаш биомад:

- Сўҳроб!

- Ту аз куҷо пайдо шудӣ, Гавҳар? - ба ҳайрат омада пурсид аз ҳамсоядухтар.

- Маро ҳамин рўз оварданд, Сўҳроб… Мисли ту дермонда…

Гавҳар пасон ба чизи асосӣ гузашта буд:

- Медонӣ, ки мўйсафедро бурданд?

- Кадом мўйсафеда?

- Соҳиби аспи сафеда.

- Чӣ хел а? - як қад парид Сўҳроб. - Куҷо бурданд а?

- Як рўз баъд аз омадани ту мошини ёрии таъҷилӣ омаду бурд.

- Бе вай аҳволи Бўр чӣ шуда боша-ад а? - беихтиёр нидо зад Сўҳроб.

- Намедонам. Ба ростӣ, намедонам…- Гавҳар низ хавотир буд. Гавҳаре, ки пушти аспи мўйсафед нишастан орзуяш буду боре ҳам нишаста.

Сўҳроб рўи поғундаҳои зинапояи ҳавзоб лаҳзаҳои мадид андешаманд биистод. Гўё чӣ кор карданашро намедонист, акнун.

Ва дар ниҳоят пурра аз ҳавзоб баромаду чанг зада, либосашро ба каф баргирифт ва қадамаш тез шуд. Ниҳоят давида буд.

- Сўҳроб, - аз қафо омад овози Гавҳар.

Аммо пас нигоҳ намекард Сўҳроб дигар. Медавид ҷониби дарвозаи баромадгоҳ.

Вале дарвозаи лагер маҳкам буду назди даричаи он ду навбатдор меистода. Онҳо мехоста монеъ бишаванд пеши роҳи

Сўҳроб.

Ва бачаяк бидид, ки самти рафташ баста шуда, тоб бихўрд, бо пайроҳи борик давид сўи дарё. Зеро дигар тарафҳои лагер ғайри дарвозаи баланди маҳкамаш боз дошт девораҳои касногузар.

- Эй, исто ъа! - овоз баланд кард яке аз навбатдорон. - Ту аз кадом гурўҳ\* ъа?...

Ба ҷои посух худашро аз соҳили баланд ба дили оби пурамвоҷи дарёи пурталотум бупартофт Сўҳроб.

Навбатчии дигар саросема гўшаки телефонро бардошт, рақамҳое барчид.

- Алло-о! Алло! Штаб? Як бача аз лагери мо гурехт…

Балки худашро ба дарё партофт. Метарсем, ғарқ шавад. Дигар ба чашм ҳам намерасад даруни об…

Вале аз миёни амвоҷи пурталотум ва пурбалои рўд намоён гардида буд, дар ниҳоят, каллаи Сўҳроб. Бо шитоб дасту по мезад то ғарқ нашавад ва ба соҳили дигар наздик шудан имконпазир бигардад.

Сўҳроб бо як азоб, бо ранги кандаву беҳол гузашт ба он соҳил, балки ба сангҳои азими он часпида боло шуд.

То даме ки мураббиён ба кофтукоби ў, ҳамчу ғарқшудаи дарё, шурўъ карда буданд, вай пуштаеро пушти сар карда, дигар ба чашм намерасид.

Сўҳроб аз лагер ва аз рудоб ҳам дур шудаву медавид. Аз ҷариҳо мегузашт. Баъдан давишашро идома ҳамедод қад-қади роҳи калон. Фақат ҳар гоҳ мошине намоён шавад, қадамашро суст намуда, даст мебардошт. Сабукравҳои рангоранг мегузаштаву ягонтои онҳо манъ намекарда барои ў.

Сўҳроб то пайдо шудани мошинҳои нав давишашро идома ҳамедод.

Як вақт болои роҳ «БелАЗ»-и азимҷўссае пайдо бигардид, яъне боркаши бузурге. Ҳарчанд Сўҳроб ба истодани вай боварӣ надошт, вале «БелАЗ» ғайричашмдошт тормоз дод, қарор гирифт. Аз кабинаи баланди он ронанда сар бароварда, ба Сўҳроб, ки саропо тар буда, нигарист.

- Ба хайр аст, бача-як?

- Ҳамроҳ намегиред, амак. Бобоям касал шудааст: дар шаҳр.

Ронанда ба дасту пойи харошхўрда, қиёфаи озурда ва хастаи бача нигаристу як тааммул кард ва ниҳоят даст афшонд:

\* отряд

- Гурехтӣ?

- Гурехтам, ки равам ба сўи бобом…

- Ман ҳам бобояму дилсўзии набераро медонам, - ба сухан омад боз ронандаи мошини азимҷуса. - Чун барои бобоят ин қадар ҷонсўз бошӣ, пас савор би-ша-ав ъе!

Сўҳроб часпида, ба кабини баланди «БелАЗ» баромаду мошини азимҷусса, билохира, роҳӣ бигардид…

пешина
аз 34
навбатӣ