Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Кўчаҳои шаҳристони азим чун ҳамеша пуродам буд: ҳама дар шитоб аз пайи кору боре, аз пайи ташвиши рўзгоре.
Нодир аз гармою бекорӣ сусту лакот ба назар мерасид, саланг - саланг қадам бармезад.
Балки самти омадаш вайро оварда буд, ниҳоят, назди автоматҳои газоб.
Ин ҷо навбат калон мешуд: мардум мехостанд ташнагии худашонро бишкананд дар ин гармӣ.
- Ман пулатона майда бикуна-ам? - Нодир ба марде, ки аз ҳама қафо меистод, муроҷиа бикард.
- Шукр, ки пулмайдакунакро соз кардаанд, - иброз бидошт он мард. - Дигар зор намешавем ба мисли ту фоидаҷўяко.
Нодир нобовар ба автомати пулмайдакунак наздик омаду ба сўрохии он танга биандохт. Пул майда шуда, ба кафаки поён бирехт, яъне дар шакли тангаҳои майдақиммате.
Нодир бо қаҳр ба автомати пулмайдакунак мушт фаровард.
- Эъ! - ўро нихта кард ҳамон мард. - Аз дасти ту барин бесарое ягон чизи обод намемонад дар ин шаҳри мо-о!
XXVI
Сўҳроб, дар ниҳоят, ба ин шаҳристон расида буд ва бо дав наздик меомад ба маҳаллаи нав, яқинтараш сўи ҳавлии мўйсафед.
Вале дарвозаи ҳавлӣ аз берун қулф задагӣ буд.
Сўҳроб аз роғи чўбтахтаҳои дарвоза як гўшаи ҳавлии бекасмондаро бидид: охур аз алаф пур метофт, вале назди он ба назар намерасид Бўр.
Сўҳроб, ки канда-канда нафас мекашид, овоз бароварда буд якбора:
- Бў-ўр!
Ногаҳ покўбии асп ба гўш бирасид. Бўр пайдо гардида, ба он тарафи даровоза наздик биомад, лабашро расонид ба роғаки байни тахтаҳо: ҷонвар низ канда-канда нафас мегирифт аз ҳаяҷон.
- Бўр, - бо навозиш ба забон биовард Сўҳроб, - Ман дар ин ҷо-о.
Аз қафо ҳам шарфаи по ба гўш биомад. Шарфаи пои
Нахўтак буд.
- Беҳуда хавотир шудӣ, - изҳор бикард вай. - Ман обу алафи Бўра ҳар рўз медодам. Фақат ҷонвар бе мўйсафед бетоқатии зиёд карду ман ресмонашро кушода, рўи ҳавлӣ сар додамаш.
Сўҳроб бо чашмоне, ки дар онҳо осори сипосгузорӣ буд, менигарист ҷониби Нахўтак. Ва Нахўтак аз кисааш калид баровард, қулфро баркушод.
Сўҳроб фуки дарозрўяи аспро, ки муштоқи одамони барояш азизу мукаррам шуда буд, ба оғўш бикашид…
XXVII
Нодир рўи ҳавлии бинои баландошён гаштугузор дошту чӣ кор карданашро намедонист ҳанўз, зеро бачаҳои дигар набуда, ки ба онҳо машғул бишавад.
Ва ногаҳ байни сабзазор майнае бидид, аз кисааш ғўлак
(рогатка) баровард, ба он сангча андохт ва нишон баргирифт.
Аммо «тираш» ба ҳадаф нарасид. Майна парида рафт ва то панаҳшавиаш овози норизо ва озурда мебаровард, балки
Нодирро гўё дашном медод.
Нодир боз «бекор» монд ва ғўлакро ба кисааш биандохт.
Балки ногоҳ чашмаш биафтод ба Нахўтак.
- Эй, биё бозӣ куне-ем а,- таклиф пешниҳод намуд Нодир ва ин дафъа, аз кисааш ланка баровард, ки ба ин машғул бишаванд.
Нахўтак ба оҳанге, ки ба калонсолон хос бошад, «вақт надорам» гуфт ва қадамашро тезонид. Бо сатилчае, ки дар он нону ҳандалак буд, ба ҳавлии мўйсафед бирасид, он ҷо ворид бишуд, аз қафояш даричаи дарвозаро пўшонид.
Нодир тамасхур бикард. Баъд ба сараш фикре барзаду ба девори гирди ҳавлии мўйсафед наздик бирафт. Болои қуттикуҳнаҳо баромаду оҳиста сар бардошт, аз болои девор назар андохт ба дарун.
Сўҳробу Нахўтак гирди Бўр ҷунбуҷўл доштанд: зери пойи ҷонварро мерўфтанд, тани онро бо обу ҷорўб тоза менамуданд. Баъд дасташонро шуста, паҳлўи Бўр нишастанд, ки нонушта бикунанд: ҳам худашон бихўранд, ҳам тилими ҳандалакро ба даҳони асп биандозанд.
Ва чунин ҳам мекарданд.
Ҳоло масруру мамнун буданд: ду бача ва як саманд…
Нодир, ки ин ҳамаро аз болои девор бо ҳасуду бухл назора мекард, ба чармаки ғўлаки худ, сангчаи дигар гузошт, нишон баргирифт.
Бўр як қад парид, сарашро болотар бардошт, зеро сангча ба қариби чашмаш бархўрда буд.
Сўҳроб бидид Нодири ҳамсояро дар сари девор. Ва
Нодир сангчаи дигар ба ғўлаки худ монда, тайёр месохт барои парронидан, яъне парронидан ҷониби Бўр.
- Бии-ст ъа! - нидо барзад Сўҳроб. - Би-ист гуфта-ам ъа!
Вале сангчаи дуюм аз кашкашакаш париду ба чашми Бўр бархўрд. Асп худро яктарафа кашид, шиҳа баровард: ин нишони дард буд ё норизоӣ, ки нофаҳмо бимонд.
Сўҳроб дигар худашро дошта натавонисту бидавид ҷониби дарвоза, Нахўтак низ чунин кард.
Нодир аз болои қуттиҳои куҳна париду фаромад, ҳоло гурехтан мехост. Аммо Нахўтак чанг зада, аз пойи вай бидошт. Сўҳроб бошад, пахш намуд вайро.
- Оча-а-а! - бо талвоса дод бизад Нодир, баногаҳ, дар зери тани ду бача. - Оча-а-ҷо-он!...
Овози ларзони имдодталабонаи вай касеро мемонд, ки фурў мекашадаш аждаҳо.
Чанд кас меомаданд сўи овози ў.
Вале Нодирро ҷудо кардан осон набуд аз чанголи
Сўҳроб, аз чанголи Нахўтак.
- Оча-а-ҷо-он-е! - дод бизад Нодир боз.
- Бачем, ба ту чӣ шу-уд аа? - аз дур ба гўш расид нидои очаи Нодир. Яъне зане, ки осемасар расидан мехост ба ҷойи воқеа ва худашро ба миён задан ва бачаашро раҳо доданӣ буда.
- Ба чӣ ҳол расонданд туро нимдевонаҳо-е?! - воҳима мекард вай. - Э марду-ум! Э, би-не-ед, ин ҷаллодако чӣ карда- анд бо писари ман!
- Бачаҳо ин соат ҷанг мекунанду соати пас оштӣ мешаванд, - ба муросо кашидан хост марди роҳгузар. - Ба ҷанҷоли бачаҳо зиёд аҳамият додан ва дил об кардан лозим не- ст.
- Ҳеҷ гоҳ розӣ нашавам, бо ин шўрапушто оштӣ бикунад писараки ман. Вале адаби ин ду муштзўракро ҳам додан лози- им! - овозашро баландтар кард вай: - Э, дар ин шаҳр милиса ҳаст ё неъ?! Ми-ли-са-аъ! Ҳо-ой! - бо тамоми ҳастӣ фарёд барзад вай.- Ми-ли-са-а-ъ!
- Милиса ин ҷост, - ниҳоят омад овозе.
- Ҳарчи-е! Боре милисаи ин шаҳр пайдо мешудааст вақти даркорӣ ҳа-ам!
- Чӣ шу-уд? - суол дод милиса, ки Ҳикматполвон буд.
- Чӣ мешуд ъа, - ба Сўҳробу Нахўтак ишора кард занак, - ин шўрапушто писарчаи маро кўфтаанд, бинанд ба чӣ ҳол расонида. Оянда аз ҳамин хело мебарояд авбошо, мебарояд одамкушо-о!
- Нодир бо сангчаи ғўлакаш за-ад ба чашми Бўр, - фаҳмонидан мехост Нахўтак ҳақ будани худашу Сўҳробро ҳомӣ шуда.
- Чӣ, барқасд карда-ам ъа? - ароз менамуд Нодир. -
Майнаро паронидан мехостаму сангча хато бирафт…
Милиса Ҳикматполвон хам шуда, ғўлакро аз замин бардошт, ба Нодир рўй биовард:
- Мурғони ҳаворо низ парронидан мумкин нест, - баъд илова намуд: - барои ин бетартибиат ҳамроҳи падару модарат меоӣ ба шуъбаи милиса.
Модари Нодир бештар бесаришта гардид.
- Чӣ?! - нидо барзад якбора. - Ин авбошон барои як аспи фартут писари маро зада, қариб кушта-анд-у… Ту ба ҷойи инҳора ҷазо додан писари маро ҷавобгар карданиӣ ъа?!
Аз даричаи дарвозаи куҳнасохт саре берун биомад. Ин сари асп буд. Ҷонвар хараҷу мараҷро шунида, хавотир гардида, омада буд.
Чашми модари Нодир ба ин саманд биафтоду дар исёни бештар бишуд.
- Дар шаҳри серодаму сербача аспа кӣ мондааст ъа? Охир ягон каса маъюб карданаш мумкин? Хоса бачаҳора. Ана ҷанҷол ҳам аз паси ин гандаасп хеста.
- Мўйсафед дар беморхона будаст, асп бе назорат, ҳар чӣ шуданаш мумкин, - илова бикард кадоми дигар.
Пархош идома дошт ба ин минвол.
- Мо навишта будем, ки гум кунанд ин аспа, аз ин ҷоҳо, - боз арбада мекард модари Нодир.
- Аз рўзе, ки инсоният буд, дар паҳлўяш зиндагӣ мекард асп, - изҳори назар намуд кадоме. - Аз рўзи азал асп, ҳамеша, дўсти инсон буд.
- Духтари ман Гавҳар нақл карда: савор шудааст ба ин асп. Ҳар гоҳ инро ба ёд меовард, гул-гул мешукуфт…- ба гуфтугў ҳамроҳ гардида буд модари ун духтарак.
- Агар аз болои асп меафтод чӣ-ӣ? Агар ягон ҷояшро мешикаст ё маъюб мешуд чӣ-ӣ?! - таҳдор карда мепурсид модари Нодир бо шиддате.
Занак ҷавоб наёфту модари Нодир бо шаттоҳии бештар рўйовар буд:
- Чанд бор шикоятнома навиштан лозим-ъа? Охир, то кай талаботи сокинонро ба назар намегирад милисаъ?
Ҳикмат-полвон сарҳисобашро гум мекард торафт.
- Аз болои ту ҳам, милисача, шикоят бурда, аз корат наронам, одам набоша-ам! Барои бе масъулият буданат, барои ҳамчу милиса аз дастат чораю коре наомадан!
- Хуб ором шавед, - таслим мегардид билохир Ҳикмат. -
Аспа мебарам. Дигар чизе ба зиндагии шумо халал намерасонад, - аз ресмони нухтаи Бўр чанг бизад.
Сўҳроб нобовар ба милиса менигарист ва чун бидид, дар ҳақиқат, вай аспро бурданист, якбора хез бизад, ба ресмон бичаспид.
- Бўрдан мумкин нест-ъа! - такрор намуд, - Ҳуқуқ надоред ба ин!
Нахўтак ҳам ба пеш ҷаҳида, аз дасти милиса дошта буд.
- Лозим нест бурдан Бўра, - зорӣ бикард вай. – Илтимос а…
- Сар диҳед, шайтоно-о! - шўрида буд милиса ба сари онҳо.
- Мўйсафед биёяд чӣ мекунад бе ин Бўр? - ресмона сар додан намехост Сўҳроб ҳамоно.
- О, ягон кас ин бачаҳоя медорад ё не?! - ба изтироб муроҷиат кард милиса ба атрофиён. - Барои аз болои мо шикоят навиштан зўратон мерасаду барои бачаҳоро доштан намераса-ад а?
Бисёриҳо чун собиқ ноҷунбон меистода ва фақат ду нафар пеш гузаштанд ва дасти Сўҳробу Нахўтакро ҷудо карданӣ мешуданд аз ресмони нухтаи асп. Яке модари Нодир буд ва дигар кадом ҳамфикри вай.
Милиса, акнун, самандро кашида мебурд.
- Минбаъд, гирду пеш орому тинҷ мешава-ад! - ғолибона хулоса мекард модари Нодир аз чунин анҷом гирифтани пархош.
Милиса, ки зўр зада, аспро кашида мебурд, дур мешуд ва ниҳояти ниҳоят дар хамгашт панаҳ мегардид.
Сўҳроб, ки байни дастони модари Нодир печутоб мехўрд, билохир, бо силтави якборае халос хўрда тавонист давид. Яъне медавид ҷонибе, ки бўрда буда аспро милиса.
Нахўтак ҳам халос хурда, давида буд аз думболи вай.
- Сўҳроб, ман бо ту-у-ъ! - таъкид мекард ҳар гоҳ.
Мошинҳо бензинҳои баки худро ба дуд бадал дода, мегузаштанду мегузашта.
Сўҳробу Нахўтак медавида.
Лек ба чашм намерасида дигар Бўр, шояд милиса бурда будаш бо кўчаи дигар ва бачаҳо медавида ҷонҳавл дар кўчаи дигар.
Ниҳоят Сўҳроб бе фоида будани даву този зиёдашро ҳис намуда, суст бигардид, биистод, баъд бемадор рўи тахтабетони канори роҳ биншаст. Китфони вай меларзида.
Нахўтак ҳам оҳиста паҳлўи вай биншаст.
- Гиря накун, - мисли одамони солманд дилдорӣ додан мехост рафиқи худашро Нахўтак. - Гиря накун а...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё