Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

РУСТАМРО БА ЗАМИН ФУРОВАРДАНИ

ПАҲЛАВОНИ НОШИНОС

4

(Рўйнависӣ)

Баъд аз он ки Рустамро дубора ба замин гузошт,

Рустам ба мушоҳидаи ин қудрати фавқулода, ки худро дар муқобилаш заиф (суст) ёфта буд, аз ў пурсид, ки оё паҳлавони болодасттаре аз хеш дар ҷаҳон суроғ дорад ё не. Ў дар ҷавоб бар хилофи фикри Рустам изҳор дошт:

- Бале, паҳлавоне, ки ман болотар аз хеш мешиносам, Рустам асту бас.

Мегўянд: Рустам бо шунидани ин сухан аз забони ў назди худ гуфт:

«Номи Рустам –беҳ аз Рустам»

Дар ин ҷо Фирдавсӣ тасдиқ мекунад ва мегўяд:

Манаш сохтам Рустами достон,

Вагарна яле буд дар Сиистон.

Сотим Улуғзода

ЛУҒАТ:

Ял-паҳлавон

Супориш: 1. Матнро хонед ва ба зери исмҳои хос хат кашед.

2. Матнро аз назар гузаронед ва нависед, ки феълҳо асосан дар куҷои ҷумлаҳо (аввал, мобайн, охир) омадаанд. Бо як-ду калима ишора кунед.

ЛУҒАТ:

Хилоф-зид, муқобил

Сиистон- номи шаҳре дар Афғонистон

Кўчак-хурд

Ял- паҳлавон, шуҷоъ, далер

Эзоҳ: Агар миқдори имлоҳои дар маҷмўа додашуда аз нишондоди барномаи таълим камӣ кунанд, метавонед аз маводҳои рўйнависӣ барои имло истифода бибаред.

МАТНҲО БАРОИ НАҚЛҲОИ ХАТТӢ

РОҲНАМОИ МУАЛЛИМ ОИД БА

ГУЗАРОНИДАНИ НАҚЛИ ХАТТӢ

ВА АВВАЛИ ИНШО

Маҷмўи матнҳои интихобгардида аз осори ниёгон ва муосир асосан бо мақсади инкишоф додани нутқи мураттаб, зеҳн, тафаккури нутқи хаттӣ, шифоҳӣ, ҷаҳонбинии васеи донишомўзон, инкишоф додан ва мустаҳкам кардани дониш, малакаю маҳорати услубию имлоии бачаҳои синни хурди мактабӣ мебошанд.

Вобаста ба намудҳои нақли хаттӣ матнҳои осонфаҳм барои хурдсолон ҷамъ оварда шудаанд, ки онҳо хонандагонро ба фикр кардан, дарк намудан, шавқманд гардидан ба хондан, инкишофи тафаккур ва эҳсоси дурусти (мукаммали) атроф ва умуман ҳаёти пуробурангу рўзмарраи зиндагии зуд-зуд тағйирёбан- даи замони муосир ва ғайра ошно ва ҳидоят менамоянд.

Мазмуни матнҳо, пеш аз ҳама, меҳнатқаринӣ, хулқу атвори писанддидаи инсонӣ: пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек, меҳнати ҳалол, дўст доштани халқу Ватани азизу ҷоноҷон ва ба назар гирифтани хусусияти синнусолӣ ва дараҷаи фаҳмишу муҳокимаронии онҳо, ҳурмати хурдону ҳамсолон, падару модар ва дигар ашхоси калонсол ва амсоли инҳоро фарогиранд.

Ҳамчунин кўшиш ба харҷ додаем, ки дар интихоби матнҳо талаботи дидактикӣ ё худ аз осон ба

душвори таълим риоя гардад, ки ба нафъи хонандаю омўзгор мебошад.

Маводҳои интихобгардида низ барои ҳар синф алоҳида ҷудо карда шудаанд. Ҳамчунин барои ҳар як матн нақшаи мухтасар низ тартиб дода шудааст, ки хонандаро ба навиштани нақли хаттӣ ва баъзан иншо ва ҳамчунин иншо аз рўйи расм раҳнамун месозанд.

Бояд зикр кард, ки муаллим ҳар кадом нақшаи тартибдодаро, агар зарурат пайдо шавад, метавонад бо ба назар гирифтани қудрату тавоноии шогирдон иваз намояд, яъне аз нав тартиб диҳад. Ҳамчунин хонандагонеро, ки аз уҳдаи навиштани нақли хаттӣ намебароянд, омўзгор метавонад ба онҳо машқи рўйбардоркунӣ супорад, то онҳо бекор наистанд ва ба кори дигарон халал ворид накунанд. Илова ба ин, агар баъзе матнҳои овардашуда ба зеҳну тафаккури хонандаҳо мувофиқат накунанд, метавонед, Шумо омўзгорони муҳтарам, матнро ба таври истисно аз дигар манбаъ интихоб намоед.

Мақсад ва вазифаи асосии таълими нақли хаттӣ дар синфҳои ибтидоӣ инкишофи нутқи хаттӣ ва шифоҳии талабагон, ташаккул додану мустаҳкам намудани малакаи услубию имлоии бачаҳо мебошад.

Вай имконият медиҳад, ки онҳо мазмуни матнҳои яклухт ва фикри амалиашонро мустақилона, пайдарҳам ва то андозае образнок ифода намоянд.

Хамин тавр, нақли хаттӣ дар мактаби ибтидоӣ асосан хусусияти таълимӣ-тарбиявӣ дошта, хелҳои гуногунро дар бар мегирад.

Аз ҷумла:

1 Нақли хаттии муфассал ё ин ки мукаммал

(пурра).

2. Нақли хаттии мухтасар.

3. Нақли хаттӣ бо роҳи фаҳмондани мамуни аввали ҳикоя (иншо).

4. Нақли хаттӣ бо ҷузъҳои тасвири бадеӣ.

5. Нақли хаттӣ бо супориши грамматикӣ.

1. НАҚЛИ ХАТТИИ МУФАССАЛ Ё ИН КИ

МУКАММАЛ

Бояд гуфт, ки нақли хаттии муфассал нисбат ба нақли хаттии мухтасар ва ҳамчунин ба хониши эзоҳӣ ва бо нақли мазмуни матни хондашуда наздик ва осонтар мебошад. Бо вуҷуди ин навиштани нақли хаттӣ ба хонандагони синфи дуюм азбаски ҳанўз мустақилона хондан ва баён кардани маънои матн малакаи зарурӣ надоранд, дар ибтидо душворӣ меоварад. Бинобар ин вобаста ба мазмуни матни хондашуда метавонем дар ибтидои таҳсил саволҳои муносиб пешниҳод намоем ва онҳо дар такя ба саволҳои додашудаи дар лавҳаи синф навишташуда ҷавобҳои мувофиқ нависанд ва ин корро метавон дар нимсолаи аввали соли таҳсил идома дод.

Барои ба ашёҳои гирду атроф саволҳои мувофиқ гузоштан ва фаҳмидани алоқаи мантиқии калимаҳои дохили ҷумла ба омўзгор машқҳои тайёрии зерро пешниҳод менамоем: а) дар бораи ашёҳои атроф ва обу ҳаво ду-се ҷумла тартиб додан; б) дар бораи тоза ва озода будани синф нақл кардан; в) аз фикри хеш ба дигар ашёҳои шинос савол гузоштан ва ҷавоб навиштан…

Баъд аз ин корҳо бачаҳо ба нақлнависӣ шурўъ мекунанд.

Ҳангоми гузаронидани нақли мукаммал муаллим метавонад аз ин тарзҳо истифода намояд:

Тарзи аввал: Муаллим баъди хондани матни ҳикоя ё саволу ҷавоб аз рўйи мазмуни расм дар лавҳаи синф ҳам саволу ҳам ҷавобро менависад, бачаҳо ҳар дуро рўбардор менамоянд.

Тарзи дуюм: Муаллим аввал дар лавҳа саволу ҷавобро менависад, вале пас аз он , ки бачаҳо ҷавобро хонданд, онро пок мекунад. Талабаҳо ба саволҳо такя карда ҷавоб менависанд.

Тарзи сеюм: Ин тарз асосан хусусияти мустақилона дошта, ба тариқи зерин гузаронида мешавад:

1. Аз тарафи муаллим ва талабае хондани матн ва аз рўйи мазмуни он гузаронидани суҳбат.

2. Тартиб додани нақшаи нақли хаттӣ ё ки саволҳо.

3. Бори дигар хондани матн аз тарафи ду-се нафар талаба.

4. Бурдани корҳои луғавӣ-овозӣ (орфографӣ- тарзи дурусти талаффуз), таҳлил ва шарҳ додани маънои калимаҳои душворнавису душворфаҳм, дар хонандагон ҳосил намудани малакаи аз матн ёфта тавонистани ибораҳои шакл, тимсол, инъикоси умумият додашудаи воқеият, ки дар шакли бадеӣ тасвир ёфтааст; дорои сурат, симо, қиёфа (образнок) бошад…

5. Навиштани нақл.

Ҳангоми навиштани нақл муаллим ҷойҳои фаромўшкардаи мазмуни матнро ба талабагон хотиррасон карда, имлои калимаҳои душворро таъкид мекунад. Ба бачаҳо иҷозат дода мешавад, ки аз луғати имло (агар мавҷуд бошад) истифода баранд.

2. НАҚЛИ ХАТТИИ МУХТАСАР

Мазмуни матнро мухтасар навиштан хонандагонро бештар ба кори мустақилона ҳидоят менамояд. Ҳангоми навиштани ин намуди нақл муаллим ба бачаҳо тавсия медиҳад, ки онҳо мазмуни пурраи матнро нақл карда, вале дар шакли мухтасар нависанд.

Дар шакли мухтасар ифода кардани мазмуни васеъ кори душвор буда, чӣ аз муаллим ва чӣ аз талабаҳо диққати бештарро талаб мекунад.

Барои ин саволҳои пешакӣ тартибдода ба талабагон ёрӣ мерасонад. Пеш аз мухтасар кардани мазмуни матн қисмҳои он хонда, таҳлил карда мешаванд. Вақте ки бачаҳо мазмуни асосии қисмҳои

алоҳидаи матнро фаҳмида гирифтанд, ба навиштани нақл шурўъ менамоянд.

3. НАҚЛИ ХАТТӢ БО РОҲИ ФАХМОНИДАНИ

АВВАЛИ ҲИКОЯ (ИНШО)

Нақли хаттӣ бо роҳи фаҳмонидани аввали ҳикоя қобилияти эҷодии хонандагонро ташаккул дода, ба мустақилона давом додани нақли мазмуни матн кумак мерасонад. Ин кор бештар дар давраҳои аввали нақлнависӣ якҷоя машқ карда мешавад. Муаллим рафти ягон воқеаро бо як-ду ҷумла фаҳмонда медиҳад.

Бачаҳо ҷумлаҳоро аз имлои (диктаи) муаллим ё аз лавҳаи синф, ки пешакӣ навишта шудааст, рўбардор карда мегиранд.

Вобаста ба равиши воқеа фаъолияти худро давом дода, ҳикоя тартиб медиҳанд.

Масалан, воқеа бо ҷумлаҳои «Рўзҳои гарми тобистон буд. Хуршед барои моҳидорӣ ба лаби дарё рафт» баён шудааст.

Талабаи якум рафти воқеаро ин тавр менависад:

«Рўзҳои гарми тобистон буд. Хуршед барои моҳидорӣ ба лаби дарё рафт. Вай ҷойи муносиб интихоб намуда, шастро ба об партофт. Моҳиёни гурусна кирми шастро тез-тез нўл зада, ба он андармон мешуданд. Соате нагузашта, ў 8_10 моҳӣ дошт. Ногоҳ аз дур ҳамсинфаш Ҷамшед намоён шуд. Ў ҳам ба моҳидорӣ омадааст. Вай бо худ тўри моҳидорӣ дошт.

Онҳо шастҳоро ба як тараф гузошта, бо тўр моҳӣ доштанд. Бегоҳӣ моҳиҳои доштаашонро ба хона оварданд».

Талабаи дуюм бошад, мазмуни воқеаро бо тарзи дигар менависад. Масалан, «Рўзҳои гарми тобистон буд. Хуршед барои моҳидорӣ ба лаби дарё рафт. Вай саргарми моҳидорӣ буд, ки нохост овози «Ёрӣ расонед!

Додарчаамро об бурд!» ба гўшаш расид. Хуршед дид, ки писарчаеро об ғелонда бурда истодааст. Ў шастро ба як тараф монду ба ёрии он тохт ва писаракро аз об гирифта баровард. Хуршед писарчаро аз марг наҷот дод.

«Маълум шуд, ки писарча бо акояш ба лаби дарё омадааст. Акояш ўро дар хушкӣ гузошта, худаш машғули оббозӣ шудааст. Як вақт бинад, ки додарчаашро об бурда истодааст». Бародари писарак ба Хуршед миннатдорӣ баён кард».

Чи хеле ки мебинем, дар як мавзўъ ду ва зиёда хели ҳикоя навиштан мумкин аст. Номи мавзўъро

«Моҳидорӣ» ё ки «Дар вақти таътил» мондан мумкин аст.

Ин намуди кори хаттӣ бачаҳоро ба иншонависӣ омода менамояд ва барои синфи ибтидоӣ хеле мувофиқ аст. Баъзе мавридҳо муаллим воқеаро дар синф нақл карда, навиштани онро ба хона вазифа месупорад.

4. НАҚЛИ ХАТТӢ БА ТАРЗИ ФАҲМОНИДАНИ

АВВАЛИ ҲИКОЯ (ИНШО)

Нақли хаттӣ бо тарзи фаҳмонидани аввали ҳикоя метавонад қобилияти эҷодӣ ва фикрию зеҳнии хонандагонро ташаккул дода, ба мустақилона ва эҷодкорона давом додани мазмуни матн кумак расонад. Ин кор бештар дар давраҳои аввали навиштани нақл машқ карда мешавад. Муаллим мазмуни ягон воқеаро бо ду-се ҷумлаи кўтоҳ фаҳмонда медиҳад. Бачаҳо ҷумлаҳоро аз имлои муаллим ё аз лавҳаи синф , ки пешакӣ навишта шудааст, рўбардор мекунанд. Баъд онҳо ҷумлаҳоро вобаста ба равиши воқеа ё ҳодиса давом дода, ҳикояи эҷодкардаи худро менависанд.

5. НАҚЛИ ХАТТӢ БО СУПОРИШИ

ГРАММАТИКӢ

Ин намуди нақл дар дарсҳои забони модарӣ баробар бо супоришҳои дигари грамматикӣ (аввал, байн ва охири ҷумларо пурра кунед, ба зери исмҳо, сифатҳо ё дигар ҳиссаҳои нутқ хат кашед, калимаро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед, ҷумла тартиб диҳед ва амсоли инҳо) истифода мешаванд.

Аз ҷумла, бачаҳо шахсҳои матнро иваз карда, мазмуни онро нақл мекунанд.

Баъди чунин корҳои тайёрӣ ба навиштани нақли хаттӣ бо супориши грамматикӣ шурўъ менамоянд. Ин кор бо мақсади хубтар дарк кардани ҷараёни воқеа ва такрор наёфтани калимаҳое, ки баъзан ҳусни нутқро халалдор мекунанд, гузаронида мешавад. Масалан, дар матни «Мусича» ҷумлаи зерин вомехўрад: «Рўзе ман дар рўи ҳавлӣ бачаи мусичаеро дида мондам». Талаба ин ҷумларо аз номи шахси сеюм нақл мекунад: «Рўзе вай дар рўи ҳавлӣ бачаи мусичаеро дида монд».

Ба вуҷуд овардани малакаи нақлнависиро на танҳо донистани хелҳои он таъмин менамояд, балки инчунин ба назар гирифтани тарзи тартиб додани нақша ва корҳои луғавӣ-имлоӣ низ нақши муҳим мебозанд.

6. ТАРТИБ ДОДАНИ НАҚШАИ НАҚЛИ ХАТТӢ

Маълум аст, ки ҳар кас пеш аз иҷрои ҳар кор аввал нақшаашро дар тафаккури худ ё хаёлаш мекашад, тасаввур мекунад, сипас аз пайи иҷрояш мешавад.

Ҳамин тавр, қабл аз навиштани нақли хаттӣ ва иншо нақшаашонро тартиб додан ба маврид аст.

Маълум аст, ки донишомўзи хурдсол дар ибтидо ба тартиб додани нақшаи нақли хаттӣ ва иншо маҳорату малакаи зарурӣ надорад. Бинобар ин, хонандагони синфҳои 1-2 –ро омўзгор ба тартиб додани нақша оҳиста-оҳиста омода мекунад ва ниҳоят онҳо дар синфҳои 3-4 аксарашон ба тартиб додани нақшаи нақл ё иншо малакаю маҳорати зарурӣ пайдо мекунанд ва мустақилона нақшаро тартиб медиҳанд.

Бинобар ин, салоҳияти ин кори мушкил ва ҳалталаб ба дўши муаллим меафтад ва меҳнати зиёдеро талаб мекунад.

Барои ин кор талабагон дар дарсҳои забони модарӣ ба тартиб ва пайваста баён кардани фикр, тартиб додани нақшаи матни хондашуда, аз рўйи расмҳои гуногунмазмун тартиб додани нақли муфассал ва вобаста ба ҳар кадоми он ёфтан ва гузоштани сарлавҳаи мувофиқ, матнҳоро ба қисмҳо ҷудо карда сарлавҳа гузоштан ва ғайра машқҳои тайёрӣ ба шумор мераванд. Ин тарзи кор дар китоб зиёд истифода гардидааст.

Дар давраи аввал аз рўйи матнҳо суҳбат гузаронида мешавад. Минбаъд равиши корҳо мураккаб шудан мегиранд. Хонандагон аз рўйи матни хондаашон, албатта, бо ёрдами муаллим нақша тартиб медодагӣ мешаванд.

Дар синфҳои ибтидоӣ ду хели тартиб додани нақшаи нақл ва машқ истифода мегардад:

1. Нақшаи нақли фардӣ (танҳо)

2. Нашаи нақли дастҷамъона (умумӣ)

Машқи тартиб додани нақли хаттиро ба таври сарҷамъӣ ё дастаҷамъӣ бо иштироки хонандагон ҳама иҷро мекунанд, вале муаллим ҳам ба онҳо ёрӣ медиҳад ва ҳам аз болои кори бачаҳо назорат мебарад.

Вақте ки бачаҳо нақшаи нақли фардиро ба охир расониданд, он гаҳ ба тартиб додани нақшаи дастаҷамъӣ мегузарем. Ниҳоят, бо вуҷуди он ки бачаҳо нақшаи нақли худро тартиб дода метавонистагӣ шуданд, дар аввал ҳама аз нақшаи нақли умумӣ истифода менамоянд.

Хулоса, дар синфҳои 3-4 аз чоряки дуюм сар карда, бачаҳо нақшаи нақлро худашон мустақилона тартиб медиҳанд. Рақамҳои нақшаҳо аввал бо ҷумлаҳои саволӣ, сипас ҳикоягию унвонӣ ифода карда шуда, баъзан дар шакли омехта; саволию унвонӣ сохта мешаванд.

Матнҳоеро, ки мо барои нақли хаттӣ ва баъзан иншо интихоб менамоем, онҳо дар ибтидо набояд аз ҷиҳати ҳаҷм калон бошанд. Хуб мешавад он матнҳоеро интихоб кард, ки онҳо набояд аз ҷиҳати мазмун душворфаҳм ва дилгиркунанда, балки аз ҳаёти воқеӣ гирифта шуда ва шавқовар ҳам бошанд.

Он матнҳое, ки дар дохилашон калимаҳои душворфаҳм мавҷуданд, онҳоро аввал дастҷамъона бачаҳо бо ёрии муаллим аз матн интихоб менамоянд ва сипас онҳоро пеш аз шурўъ кардан ба навиштани нақли хаттӣ дар лавҳаи синф бо ҷалби хонандаҳо ҳамчун луғат менависем, шарҳ медиҳем. Сипас матнро омўзгор ва як-ду нафар хонанда бо овози шунаво ифоданок мехонад ва мазмуни онро нақл мекунад ва дигарон гўш мекунанд. Баъд аз иҷрои ин корҳо хонандагон дар такя ба нақшаи нақли хаттӣ, ки якҷоя тартиб додем, мувофиқ ба саволҳо дар аввалҳо ҷавоб менависанд.

Вақте ки хонандагон аксарияташон ба саволҳо мустақилона ҷавоб навишта метавонистагӣ шуданд, баъдтар метавонанд онҳо худашон озод нақша тартиб бидиҳанд, калимаҳои душворфаҳмро аз матн ҷудо намуда нависанд, сонӣ ба навиштани мазмуни мавзўъ (матн) оғоз намоянд. Албатта, мустақилона навишта тавонистани нақлро хонандагон асосан дар синфҳои 3-4 пурратар ёд хоҳанд гирифт.

Миқдори саволҳои нақшаи нақл асосан ба ҳаҷми он ва сархатҳои дар матн мавҷудбуда вобаста аст. Яъне тахминан аз се то шаш саволро метавон истифода намуд.

Ҳамчунин аз рўйи расмҳои бемазмун ва мазмундор низ метавонем аввал аз навиштани номи расмҳо (ашёҳои беҷон ва ҷондор) ва аз расмҳои мазмундор нақл ё иншои мухтасар ё нақли (ҳикоячаи мухтасар) эҷод кард.

Инчунин барои инкишофи тафаккури хонандагон метавонем ба онҳо баъзан ба ивази иҷрои вазифаи хонагӣ махсусан ба хонандагони синфҳои 3-4 дар бораи як рўзи гузашта (воқеаи шудагӣ, хабари шунида, чизи нав дидаашон) –ро бо ду –се ҷумла ҳамчун хотира дар дафтарчаи кисагии махсус навишта оранд ва дар зарурат барои муаллим ва ё ҳамсинфон бихонанд ва ҳамчунин барои падару модар ва аъзоёни оилаашон низ навиштаашонро нишон диҳанд, нуран ало нур мешуд.

Илова ба ин гуфтаҳо, агар ин супоришро муаллим ба шогирдони хеш дар амал татбиқ карда тавонад, шогирдонаш дар андак муддат соҳиби ақли кулл ва инкишофи тафаккури эҷодӣ хоҳанд гардид.

пешина
аз 32
навбатӣ