Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.
зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа
Ҷарира ба идораи рӯзнома омад. Ба дафтари кораш даромаданӣ шуд, ки дари утоқи Хусравро кушода дид. Хусрав Ҷарираро диду фарёд кард.
– Арӯсак, биё, бачем.
Ҷарира бо азобе ба назди Хусрав даромад. Дар ин лаҳзае, ки дилаш фарёди дареғ дошт, намехост
Хусравро бубинад. Аммо Хусравро диду якбора аламҳояш рӯ зад ва ӯро оғӯш карда гирист.
– Чӣ шуд ба ту, бачем?
– Шавҳарам маро зад.
Хусрав, ки сари Ҷарираро сила мекард, якбора даст аз навозиш бардошту сигор ба даст гирифт, аммо онро ҳам сӯе ҳаво доду дандон газид.
– Барои чӣ? - чӣ гуфтанашро надонисту пурсид.
– Барои он ки Нӯшин дар зиндагии ман зиндагӣ дорад!
- Чӣ?
– Шумо напурседу ман нагӯям.
Хусрав Ҷарираро ба курсии рӯ ба рӯи мизи худаш шинонду гуфт:
– Бишин, бачем. Зиндагӣ бо ҳама тазодҳояш ҳам мизон дорад! Охир ту танҳо нестӣ. Ман бегона наям, ман дӯсти ту...
Хусрав дар зоҳир худро ором мегирифт, аммо дилаш ба андозае пур шуд, ки як ҳарфи ноҷо метавонист алангааш бидиҳад. Фақат ба хотире, ки ақаллан бо чанд ҳарф Ҷарираро тасалло диҳад, хомӯшона сигор ба даст рӯ ба рӯи Ҷарира нишаст.
– Акоҷон, ман намедонам, ки бо Асрор бо кадом забон гап занам. Мехостам дар симои Асрор ояндаро дӯст дорам.
– Оиларо ҳифз карда тавонистан ҳам ҳунар аст, бачем. Ба кадом андоза ба оилаат муҳаббат мебахшӣ, ба ҳамон андоза зиндагии худат нерӯ мегирад.
Кашфи ҷурм ҳеҷ вақт боиси сарбаландӣ набуда, бачем. Баръакс ҳиммати инсон ба ҳамон андоза аст, ки дар душвортарин лаҳза ақаллан ду ҳарфи тасалло гуфта тавонад. Фикр мекунӣ бо маҳкум кардану таъна задан чизе тағйир меёбад. Не, бачаҷон, ин корро махлуқҳое, ки шабеҳи хару гованд, бо амалҳои хоси худашон карда метавонанд. Фақат инсон метавонад дар ҳама ҳолат ҷуръати мардиашро ҳифз бикунад. Ту маро хуб фаҳмидӣ, яъне ҷуръати ту ҳам дар ҳамин аст, ки оилаатро чӣ гуна пос бидорӣ. Дигар ҳама гапу калоча баробари як лаҳзаи эҳсоси ту нест, ки чӣ қадар андарунаш муҳаббатро ғунҷоиш додааст.
Бубин бачам, чӣ гуна дилат аз меҳр метапад, чӣ гуна метавонӣ дӯст бидорӣ, чӣ гуна ҳарфи меҳр аз забонат мебарояд ва дили нафареро, ки шояд ҳазорсолаҳо сухани муҳаббат нашунидааст, тасхир мекунад. Ҳе, бачама, решаи ҳамаи ҷаҳолатҳо аз бемеҳрист. Ин ҳамту сухане нест, ки фақат туро тасалло бидиҳам, ин таҷрибаи умри ман аст. Вақте кӯдак аз муҳаббат пур аст, солим ба воя мерасад, агар баръакс, заифиаш ба ҳадде, ки дубора сар боло карда наметавонад.
– Аз рӯи назарияи махсус зиндагӣ сохта наметавонам. Дар муҳите, ки арӯс тамоман қадре надорад, чиро ҳифз мекунед? Никоҳе, ки домулло ба чанд сомонӣ хондааст? Ва ё хушдоманеро, ки бинияшро ба ҳар сӯрохи хонаатон мехалад ва ё хоҳаршӯйе, ки ҳар қадаматро маҳкум мекунаду таъна мезанад? Чиро ҳифз мекунед? Шавҳареро, ки занашро ҳатто ба арвоҳи дугонааш рашк мекунад?
– Бачам, вақте дили одам аз муҳаббат метапад, ин чизҳо дигар чӣ аҳамият дорад. Бигузор ҳатто аз никоҳ ҳам боло бошад, аз ғур-ғури хушдоман ҳам, аз теғи нигоҳи хоҳаршӯ ҳам! Ҳамин хел не?
Охир, ҳақиқати ту эҳсосе аст, ки андаруни дили кӯчакат зиндагӣ дорад. Ва ҳамин эҳсос вафоро таваллуд мекунад, ҳамин эҳсос туро комил мегардонад, ҳамин эҳсос дубора зиндагият мебахшад.
Дигар чӣ чиз болотар буда метавонад, вақте ғурурат дар муҳаббат камол меёбад, бачем.
Ҷарира ба суханони Хусрав чизе нагуфт. Баръакс ҳар гуфтаи ӯро дар зеҳнаш таҳлил мекард. Охир,
Хусрав ҳақиқати нигоҳи духтарро тақвият бахшид. Не, фақат такон дод андешаву фикрҳою эҳсосҳояшро, мисоле Ҷарира мехост, ки ин ҳарфҳо аз забони Хусрав бишнавад. Дилаш ҳам ба ин оҳанг садо дорад, аммо вақте Хусрав зинҳор таъкидаш кард, вуҷудаш ангор таскин ёфт. Яъне ҳақиқаташ сароб набуда, яъне зиндагияш аз эҳсос гул бикунад, ҳама некӯияш дар зеҳнаш зиндагиро таваллуд мекунад. Чизеро дареғ намедорад, заҳматро фикр намекунад, худхоҳию рашкҳои хушдоману хоҳаршӯ дилашро чун ҷаҳолати кӯрдилӣ фишор намедиҳад, фақат як нигоҳ, фақат имон, фақат ниёиш ба даргоҳи худованд чун навои дили духтар аз ояндаҳо азонро ово медиҳад, зеро гул дар чамани орзуҳо бӯи баҳорро меорад. Ман туро чӣ қадарҳо дӯст медорам, зеро буданам баҳона аст. Баҳона барои муҳаббате, ки дар вуҷудам зиндагӣ бикунад...
Зеҳни Ҷарира аз ҳарфҳои Хусрав пур бишуд, ба андозае, ки ин ҳаводис дар фикру эҳсоси ӯ ғунҷоиш ёфтаву дар пиндораш анкабути ҳасратро ғел бихӯронд, зеро ниёиш андаруни дилаш чун нерӯи зистан ангор ҳарфчинӣ мекард, мисле эҳсос баҳонаҳои бисёрро эҷод мекард. Зиндагиву орзу, меҳру таваллуд ва дар замири ин ҳама марг ҳам нерӯи зистан буд, зеро ҳар лаҳзаи дидор таконест, ки андеша бикунӣ, киро Худованд паноҳи дидор медиҳад.
Вақте замин меҳвари ниёиш аст, пас дидор ҳам орзу аст. Такони ҳамин гуна андешаҳо буд, ки
Ҷарира дар худаш озорҳоро ҳазм мекард ва боз ҳам ба дунболи зиндагӣ қадам мезад, чун марҳилае, чун фосилае, чун ҳикмате, ки ғунҷоиши эҳсосаш фақат ҳарфе буда.... Муҳаббат... Ҷарира саҳифаҳоро хонду ба ҳуруфчин супорида, ба хонааш омад. Ба ҳавлӣ ворид шуду якбора нигоҳаш ба дарахти сарбурида афтод.
– Кӣ дарахтро бурид?
– Ман! – бо ифтихор ҷавоб дод шавҳараш.
Ҷарира ба посухи шавҳар чизе нагуфт. Як ҳарфи зиёдатӣ метавонист ӯро асабонӣ кунаду Ҷарира боз зери мушти ӯ қарор бигирад. Духтар аз алам лаб газиду ашки талхашро фурӯ бурд. Ботинаш исён мебардошт. Охир, ба умед ниҳолу кӯчатҳоро харида омад. Гул шинонд. Сатил-сатил аз поёни маҳалла об кашонд, ки ҳавлиашро сабз кунад. Сабзобод бошад ҳавлияшу нуру сафои сабз ато кунад дилашро. Ҳар саҳару бегоҳ ба ниҳолҳояш, бо умед назар мекунад, ки шояд муғчае баста бошад. Ҳар як муғчаи он дилашро шод мегардонад. Аммо Асрор гирифту дарахти мевадорро сар бурид...
Худоё, вақте бандаи беимонат ба ту муноҷот мекунад, медонам ҳатман дубора ҷазояш медиҳӣ, чунки гуноҳ бар гарданаш аст. Адолати ту ба ҳамин мизон ҷараён мегирад, аммо беимонии ман шак овардан ба Ту нест. Вақте зарра-зарра муҳаббат дар шараёни ман мемирад, вақте дили захмини ҳазорпораам пеши пойи нафаре дигарбора хам мешавад, вақте байни ҳамин қадар торикиҳо имон меҷӯяму аммо муҳаббатамро бой медиҳам, кӣ маро паноҳ медиҳад? Инкор намекунам, зораҳои ман, сархамкуниҳои ман, ашкҳои зор-зори ман имон набуд? Вақте дар вуҷудам садои ваҳшатомези падар бонги марг мезад, вақте бо ҳастии даҳшатзояш маргро ошноям месохт, кӣ паноҳам дод?
Вақте зери панҷаи тавонои вай мани кӯдак талвосаи ҷон доштам, парасторам ку?
Марг имон набуд! Марг кӯдак набуд! Марг муҳаббати мирандаи Пошшочае буд, ки зорааш ҳатто то гӯши ту намерасид. Вақте кӯдак бо муҳаббатҳояш мӯрчаҳоро паноҳ медод, вақте имонаш дар шараёни кӯдакиаш аз муҳаббатҳо рақс мекард, вақте ҳатто нолааш ба марги мӯрчае марги орзуи модараш буд, худоё имонам деҳ! Наханд, ба бандаи беимони шаробзадаат наханд, охир ӯ дар кӯи имон гадо шуд. Гадои дар ба даре, ки имон ҷусту наёфт... ку имоне, сарамро сила кунад, муҳаббатамро парвариш намояд, қалби беимонамро мадори имон бахшад!
Худои меҳрубони ман, Худои меҳрубони ман...
Як шаби муҳаббатинтизорам бо ашкҳои талх хайрбодат мегӯям. Умре нигарон мешавам, умре дар интизорӣ чашмҳоямро ғариби кӯи бемуродӣ мекунам, гӯё дар замири ин интизорӣ эҳсосе ниҳон аст. Чӣ эҳсосе, вақте нолаву захмҳои дили ман навое танини умр намекунад. Вақте миёни чордеворҳо дар интизорӣ мисле, ки ҳабс шудаам, нафас дар гулӯяму эҳсос дар дилам гиреҳ мехӯрад ва метавонам аз чашмҳояш занҷирҳои хурофотро пора-пора бикунам, мисле он ҳама дар чашмони ман ҳалқа задаанд, мисли занҷире барои буғи кардани гулӯи зиндагӣ.
Нафаси тозаи субҳ ҷисмамро навозиш мекунад. Сари озорҳои диламро гӯиё сила дорад. Шояд маҳз перомуни ҳамин ангезае, ки рӯзро ба шабу шабро ба рӯз мепайвандад, зарра-зарра имон меҷӯям, зеро бинои умрам бақо аз имон хоҳад.
Занҷирҳои пора-порашудае, ки қисмат бо панҷаҳои дағалаш асли зиндагӣ бидод, дар гӯшҳои ношунаво оҳанги ҳасратро замзама дорад, зеро дар бунёди бебунёдиаш ҳазорсолаҳо зисту нашъунамо ёфт, аммо чӣ қадар баҳорро аз ҷабраш хазон кард. Дар меҳвари ҷабри ӯ муҳаббатам қурбон шуд, Худоё!
– Хусравако, ман кӯдакдор мешавам.
– Муборак бошад, бачем, - изҳори хурсандӣ кард Хусрав.
– Аммо ман маҷбурам, ки кӯдакамро...
– Ту чиҳо мегӯйӣ, - якбора ба шӯр омад Хусрав, - кӯдаки нахустинро нобуд кардан...
– Охир, Асрор нашъа ҳам мекашидааст...
– Ваҳ, шоҳдухтари бечораи ман, - беихтиёр бо алам фарёд зад Хусрав.
– Хусравако, ман пагоҳ намеоям...
Хусрав чизе нагуфт. Хомӯш сигор ба даст гирифту ба лабаш бурд.
– Қаҳва тайёр кунам. Сигор бо қаҳва хуш-ку?
– Ихтиёрат, бачам...
Ҷарира хоб буд. Шояд бедор буд, аммо дар бедории хоболудаш аз дуриҳои дур овози Нӯшин ба гӯшаш мерасид. Ҷарира кӯшиш кард чашмонашро кушояд, аммо наметавонист. Хобаш сахт бурдаву андаруни лаҳзаҳои он ғарқ шуда. Вай бо талвоса сарашро меҷунбонду Нӯшин наздаш меомад. Духтар хоб буду
Нӯшин мехост меҳмонаш бишавад.
– Ту маро тамоман дӯст намедорӣ, Нӯшин.
– Баръакс, ту маро дӯст намедорӣ, дугона. Ман ин қадар мехостам дубора баргардамат, аммо ту намехоҳӣ, духтар!
– Не, ту чиҳо мегӯӣ? Ман туро ёд мекунам, ҳар лаҳзаву соат ҷустуҷӯят дорам. Не, берабт гап мезанам. Ту ба хотирам ҳастӣ. Ин ҳам не, Нӯшин, ҳар лаҳза ҳис мекунам, ки туро интизорам. Дар ҳама ҷо хотираҳоро ҷустуҷӯ дорам, ҳатто дар хотираҳо зиндагӣ мекунам.
– Пас, чаро намехоҳӣ ба наздат биёям. Охир, тифлаки ту ин манам...
Ҷарира заминро побел карду гулҳои бисёр шинонд. Андаруни гулҳои бисёр сайр дошту бо меҳр навозишашон мекард, мисоле ниҳолакон тифлаконаш буданд, ки духтарро дубора таваллуд мекарданд. Садбаргҳои сурху сафед, тоҷихурӯсакҳо, райҳон бо накҳаташон дубора орзуяш мебахшиданд. Нурҳои офтоб бӯсаҳои меҳрбори худ дареғ намедоштанд. Гулҳо бӯсаборон мешуд ва андаруни муҳаббатҳо ғарқ мегашт. Ҷарира зиндагияшро бо онҳо қисмат мекарду ҳатто ҳар хори онҳоро дӯст медошт. Дилаш сурур дошт. Аз таровати гулҳои зебо нигоҳаш муҳаббатро ламс мекард ва дар вуҷудаш таваллуди тозаро истиқбол медод. Яке нигоҳаш бар Нӯшин афтод, ки бо табассум сӯяш дида медӯхт. Ҳайрату муҳаббат дар вуҷудаш овои дурӣ медод, зеро Нӯшинашро ёд карда буд Ҷарира. Нӯшин зеботар шуда буд. Гулпероҳан ба бар дошт. Ҷисмаш гӯё гул карда буд ва аз ӯ бӯйи райҳон ба машоми Ҷарира мерасид..
– Биё, дугона, биё,
- хоҳиш кард Ҷарира.
– Аз куҷо меойӣ?
Нӯшин дасти росташро алвонҷ зад. Аҷабо, Нӯшин дасти бутун дошт ва гулҳои дар панҷаҳояш буда дар фазо пош хӯрданду қуллае пеши чашмони Ҷарира намудор гаштанд. Кӯҳҳои бисёре бидид, ки миёни онҳо қасре қомат афрӯхтаву оинабанд буда. Ва дар оинаҳо ҳам гулҳои бисёре бидид
Ҷарира.
Гулҳои зебое, ки накҳаташ бинияшро гӯиё навозиш мекард, зеро вуҷудаш аз онҳо зарра-зарра сиришта...
Ҷарира тарсида бедор шуд. Вай саропо меларзид. «Нӯшин, Нӯшин» – мегуфт зери лаб, аммо овозаш дар гулӯяш гиреҳ мехӯрд.
– Маро бубахш, Нӯшин...
– Ту аллакай омадӣ, Ҷарира?
– Хоб дидам, ки Нӯшин дубора ба зиндагиям ворид шуд. Гӯиё Нӯшин дар симои кӯдакам меояд.
– Худо хоҳад, кӯдакат аз ту мешавад.
– Дуо кунед, Хусравако.
Дар майнаи ман симои ду нафар таҷзия мешаванд. Нафаре, ки аз зиндагиям берун шуда буд, гӯиё дубора пайдо гардид. Бо ҳамон нигоҳ, бо ҳамон рафтор, бо ҳамон гуфтор. Ҳатто лаҳни гуфтораш айнан такрори гуфтаҳои Сипеҳр аст.
Вақте бори охир Сипеҳрро дида будам, саҳеҳтараш вақте вай мерафт, ҳамин хел бепарво, фориғбол буду азми рафтан дошт, нигоҳ ба чеҳрааш медӯхтаму дилам фурӯ рафт.
– Сипеҳр, ман бе ту чӣ кор мекунам.
– Маро фаромӯш кун.
– Бе ту ман мемирам, Сипеҳр.
Нигоҳаш сард буд. Аз сардии нигоҳаш ҷисмамро сардии будан зам мешуд.
Баҳор буд. Баҳоре, ки истиқбол аз ашк меҷуст. Истиқболи ашки шӯре буд, ки баҳор баҳоронааш мекард.
Вақте Асрор мерафт, вақте ӯ ҳам азми сафар дошт, зорааш кардам, ки наравад. Аммо Асрор рафт.
Илтиҷо доштаму гиря мекардам ва яке рафтани фориғболонаашро дидаму дидори вопасин бо
Сипеҳр ёдам омад. Боз ҳам ҳамон нигоҳ, ҳамон ҳаракат, ҳамон азм, ҳамон лаҳни гуфтор ва... ҳамон бепарвоӣ...
Зиндагии кӯтаҳи оилавие, ки фақат танин хотирот бо Сипеҳр буд. Сипеҳре, ки аз зиндагиям рафт, дубора баргашт. Ва ҷояш ояд зора дораду ҷояш ояд зӯрӣ...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё