КОМИЛ ГАРДИДАНИ ИМОН
Ин мавзӯъ таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намуда, ба андеша кардан водор намуд. Хонандаи дигаре гуфт:
– Муаллим, пас, чаро мо аз ҳаёти мукаммали Паёмбарамон ибрат намегирему дигаронро намунаи ибрат қарор медиҳем?
Ба ин савол ҳамсинфаш посух дод: – Чунки мо мусулмони воқеӣ нестем.
Ман гуфтам:
– Бале, офарин! Зеро ки мусулмони воқеӣ нестем. Посухи хуб ва бомаврид.
Дар ин ҳангом Аслия аз ҷо бархоста, савол дод:
– Муаллим, медонем, ки мусулмонӣ хуб аст, пас чаро мусулмони ҳақиқӣ шуда наметавонем?
– Маълум мешавад, ки танҳо донистан кофӣ нест. Дониши сатҳӣ ба дарди мо даво намешавад. Аввал хуб донистан, баъдан хуб эътиқод доштан лозим аст. Имон бояд айналяқин бошад. Он чӣ ки ақл онро тасдиқ мекунад, дил ҳам бояд тасдиқ намояд. Имон набояд тақлидӣ бошад, яъне рӯякӣ ва кӯркӯрона будани имон ҳосили дилхоҳ намедиҳад. Имон бояд таҳқиқӣ бошад, яъне мо бояд асосҳои имонро бидонем, хуб фаҳмем ва эътиқод дошта бошем. Акнун биёед аз рӯйи виҷдон гап занем, оё мо метавонем имонамонро илман исбот намоем? Асосҳои онро батафсил фаҳмонем?
– Муаллим, ба мо биомӯзед! – гуфтанд талабаҳо, мисле ки онро бо хор талаффуз мекарданд.
– Майлаш! - гуфтам ман. - Дар дарсҳои минбаъда асосҳои имону эътиқодро аз лиҳози илм баррасӣ мекунем. Он гуна ки шумо мавзӯъҳои математикиро бо мисолҳо шарҳ медиҳед, ҳамон тавр ҳам бояд имону эътиқодро бо таҳқиқ устувор гардонем. Он вақт имони мо «таҳқиқӣ» мешавад. Ҳар гоҳе бо ин равиш имон комил мегардад, ҳеҷ омиле наметавонад ба он зарар расонад. Имони комил инсонро мусулмони ҳақиқӣ мекунад. Маълум мешавад, ки имон аз ҳама аввалтар аст. Биёед ин дарсро бо ҳамин ибораи рамзӣ хотима диҳем. Вазифаи хонагиро ҳам нависед. Ҳар кас барои дарси оянда вобаста ба имон саволҳо омода кунад.
Ман хайрухуш карда, аз синф баромадам ва дар бораи душвор будани ин мавзӯъ фикр мекардам. Дар зарфи як соат чӣ гуна метавон ин мавзӯи душворро баррасӣ намуд?! Медонистам, ки ҳар як талаба ҳадди ақал як савол пешниҳод мекунад.
«Илм бо пурсишу таҳқиқ ва амал кардан зинда аст. Агар инҳо набошанд, илм мемирад»
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё