Ҳар дарси хуб ҳидоятгар аст
Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгў ба талаботи муосир аз муассисаи таълимӣ тақозо менамояд, ки роҳу усулҳои гуногуни ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидаткунандаро роҳандозӣ намоянд.
«Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020 - 2040) дар назди омўзгорон вазифа мегузорад, ки ба таълими ин фанҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, сифати таълимро ҳам дар раванди таълим ва ҳам дар машғу лиятҳои беруназсинфӣ баланд бардоранд.
Тамоми омўзгорон бояд бикўшанд, ки шогирдонашон, пеш аз ҳама, ба моҳияту аҳамияти ин ё он фан дуруст сарфаҳм раванд, эътимоди комил пайдо намоянд, ки омўзиши ин фан зарур ва омили пешрафти ҳаёт мебошад. Ҳар дарси шавқовару пурмазмун хоҳиши хонандаро ба омўзиши ҳар чи бештари фанни дахлдор тақвият мебахшад. Душворомўз будан ё осонфаҳмии ҳар фанне ба маҳорату истеъдоди омўзгорон ва таҷрибаи онҳо алоқамандии қавӣ дорад. Инро дар мисоли таълими фанни математика хеле амиқ дарк кардан мумкин аст. Пўшида нест, ки аксар хонандагон дар омўзиши ин фан душворӣ мекашанд, ба он рағбат надоранд ва шавқашон коста аст.
Вале шавқу завқи шогирдонро ба омўзиши фанни математика пайдо кардан мумкин аст. Ин ҳадафро, пеш аз ҳама, бо амалҳову омилҳои зерин метавон татбиқ кард:
1. Бикўшем, ки дарсро бо забони содаю фаҳмо баргузор намуда, ҳар як ибораву ифода ва истилоҳи илмии навро тавзеҳ бахшем, ғалатҳои хонандагонро дар гуфторашон саривақт ислоҳ намоем.
2. Ба ҳар як дарс хеле ҷиддӣ омодагӣ гирифта, китобҳои дахлдорро варақ бизанем, рўзномаву маҷаллаҳоро таҷдиди назар бикунем, ба адабиёти методӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
3. Ҳамчун омўзгори математика ман як навъ бойгонии худро таҳия намудаам. Он буридаи мақолаҳову формулаҳои асосии математикӣ, акси олимони математика, иқтибос аз гуфтаҳои пурҳикмати донишмандон ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар машғулиятҳо бо донишҷўён аз ин бойгонии худ истифода мебарам.
4. Аёният ва воситаҳои тех никии таълимии муосир ва истифодаи онҳо аз омилҳои самаровари таълими фанни математика ба ҳисоб мераванд.
5. Бояд бо ҳамкорону ҳам ихтисосҳоямон иртиботи доимӣ дошта, бо ҳам табодули таҷриба намоем, дар мавзуъҳои алоҳида баҳс намоем.
Дар сурати риояву корбасти ин омилҳо бовар дорам, ки донишҷўён бо шавқу рағбат ба дарси математика ҳозир мешаванд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё