ДОНИСТАН КОФӢ НЕСТ, АМАЛ БОЯД КАРД
– Бале, хандаи кас меояд, аммо дар асл бояд ба ҳоли касоне, ки ин мавзӯъҳоро дар вақташ наомӯхтаанд, раҳм кунем. Дар ин бобат шумо хушбахтед, ки фурсати омӯзиш доред. Ҳеҷ набошад, масъалаҳои асосиро аз худ мекунед. Албатта, танҳо донистан кифоят намекунад, зеро амал кардан, ба ҷо овардан ва дар ҳаёт татбиқ намудани асосҳои дин зарур аст. Мутаассифона, касоне ҳам ҳастанд, ки ин масъалаҳоро хуб медонанд, вале амал кардан он тараф истад, баръакси донистаҳояшонро анҷом медиҳанд. Ин гуна касон, ки нисбат ба фармудаҳои дин бепарво ҳастанд, худро ринд меҳисобанд. Онҳо бисёр медонанд, аммо аз рӯйи донистаашон амал намекунанд. Боре як сарватманд аз чунин ринду айёш мепурсад:
– Ҷаноб, шарти ислом чанд аст? Мегӯяд:
– Як аст.
Сарватманд ҳайрон шуда, дубора мепурсад:
– Чӣ хел як? Магар ислом панҷ шарт надорад?
Ринди сармаст сир бой надода, ба сарватманд мегӯяд:
– Бубин, ки намозу рӯзаро мо бардоштем. Закоту ҳаҷро бошад, шумо бардоштед. Дигар инҳоро касе ба ҷо намеорад. Пас, чӣ боқӣ монд? Танҳо калимаи шаҳодат!
Акнун биёед андеша кунем. Ин сухани риндона ҳақиқат надорад магар? Дар рӯзгори мо касоне ҳам ҳастанд, ки ҳатто калимаи шаҳодатро намедонанд ва ё онро дар моҳу солҳо боре ҳам ба забон намеоранд. Магар чунин касон нестанд?
– Бисёранд, - тасдиқ намуданд бачаҳо.
– Агар ин шартҳои дин дар амал татбиқ нашаванд, чӣ тавр
метавонем мавҷудияти онҳоро тасдиқ намоем?! Барои маълум будани ин шартҳо онҳоро бояд иҷро намуд, то ки вуҷуд доштанашон эҳсос шавад ва дар қалбу рӯҳи одамон ҷой гирад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё