Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

РОҲХАТИ БИҲИШТ

Дар ҳафтаҳои минбаъда Маҳмуд ва Зуҳал гуфтанд, ки аз таърихи ислом дар атрофи ҳамин мавзӯъ чанд мисоле пайдо кардаанд. Аввал «файласуф» воқеаи хондаашро нақл карданӣ шуда, гуфт:

– Муаллим, имон дар ҳақиқат муҳим аст, зеро он роҳхати биҳишт маҳсуб мешавад. Бе имон ягон кас наметавонад ба биҳишт роҳ ёбад. Аммо дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёд ман аз ҳадисҳои Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омӯхтам, ки ҳарчанд нодир бошад ҳам, бе ибодат ба биҳишт роҳ ёфтан мумкин будааст.

– Бале, Маҳмуд, дар таърихи ислом чунин воқеаҳои нодир ҳастанд. Канӣ, бигӯ, саргузашти хондаат кадом аст? Ҳамроҳ мебинем, ки чӣ касе бе намозу рӯза ва бе ҳеҷ ибодате вориди биҳишт шудааст.

Маҳмуди файласуф овозашро бо як-ду сулфа дуруст карда, ба ҳамсабақон рӯ овард ва бо қиёфаи ҷиддӣ нақл кард:

– Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ёронашон дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ қалъаи Хайбарро фатҳ намуданд. Ин қалъа мавзеи муҳими яҳудиён буд. Албатта, фатҳи он кори саҳл набуд. Яҳудиён, ки дар дохил обу ғизоро хуб захира карда буданд, ба осонӣ таслим нашуданд. Дар ин миён чӯпоне, ки берун аз қалъа гӯсфанд мечаронд, ба дидани Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад. Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро ба ҳузур пазируфт. Чунки Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар масъалаи қабули инсонҳо ниҳоят мутавозеъ буд. Чӯпон ба дидори Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мушарраф шуда, шефтаи Ӯ гардид ва дар мавриди таълимоти ислом чанд саволе пурсид. Вақте ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифт, қарор дод, ки мусулмон шавад. Пас, гуфт:

– Эй Расули Худо, ман ба ҳастиву ягонагии Худо ва Паёмбари барҳақ будани Ту сидқан бовар дорам ва мехоҳам дар наздат бимонам. Вале гӯсфандоне, ки ман онҳоро нигоҳубин мекунам, моли яҳудиёни Хайбар аст. Ин бори амонатро чӣ гуна аз дӯши худ раҳо кунам?

Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳисси масъулияти он чӯпон, ки акнун мусулмон шуда буд, хушҳол шуд ва фармуд:

– Гӯсфандонро ба сӯйи қалъа бирон ва ба Худо амонат кун. Онҳо ба Хайбар рафта, соҳибонашонро меёбанд.

Чӯпон дастури Расули Худоро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷо оварда, ба назди Ӯ баргашт ва барои худ шамшер дархост намуд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид:

– Шамшер ба ту чӣ лозим? Ӯ гуфт:

– Мехоҳам дар роҳи ислом биҷангам, то аз ин ҷо (ба гулӯяш ишорат кард) тир хӯрда, шаҳид шавам.

Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: – Худованд бихоҳад, он ҳам мешавад.

Чӯпон, ки ҳамагӣ як соат пеш мусулмон шуда, ба сафи ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шомил гардида буд, ба ҷанги зидди душман шитофт. Ӯ қасд дошт, ки то зафар ёфтан ва ё ба шаҳодат расидан бо душман биҷангад. Бо гузашти чанде ҷасади ӯро аз наздикии қалъа пайдо намуда, ба ҳузури Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварданд. Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) диданд, ки чӯпон воқеан ҳам аз гулӯяш тир хӯрда, ба шаҳодат расидааст. Аз ин рӯ, табассум карданд ва ба касоне, ки сабаби табассуми Ӯро пурсиданд, фармуданд:

– Худованд дуои ӯро қабул кард. Ҷасадаш дар ин ҷост, вале рӯҳаш ба биҳишт парвоз намуд. Ҳоло ӯ дар биҳишт меҳмони Худованд ва бо аҳли биҳишт ҳамнишин аст. Сабаби табассум карданам ҳамин аст.

– Офарин Маҳмуд, бисёр хуб дарёфтӣ. Воқеан ҳам, тавре шунидем, он саҳоба дар рӯзи имон оварданаш ба шаҳодат расид ва бе ибодат биҳиштро ба даст овард. Бале, ӯ бе ибодат биҳиштӣ шуд, дақиқтараш ба иҷрои ибодатҳо фурсат наёфта, ба биҳишт рафт. Аммо он саҳоба дар ҳақиқат имон оварда буд ва имонашро бо баҳои ҷон ҳифз намуд.

***

Акнун навбати Зуҳал. Канӣ, бинем, ки ӯ кадом ҳодисаро хонда омадааст?

Зуҳал каме дар хиҷолат менамуд. Шояд ӯ гумон мекард, ки ба мисли Маҳмуд суханронӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ, гуфт:

– Муаллим, нақли ман кӯтоҳ аст ва онро аз падарам шунидам. Аз китобҳо нахондаам ва шояд хуб фаҳмонда ҳам натавонам.

– Бошад, ту оғоз кун, бовар дорам, ки аз уҳдааш мебароӣ. Агар ягон норасоӣ шуд, мо ислоҳ мекунем, - гуфтам ман, Зуҳалро ба ҷасорат оварда.

Ӯ гуфт:
– Саргузашти шунидаам аҳамияти имон ва дахлнопазир

будани онро нишон медиҳад. Воқеа чунин аст: Дар яке аз ғазваҳо Усома ном саҳоба, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро бисёр дӯст медошт, бо душмане рӯ ба рӯ омада, ба ҳам дарафтоданд. Душман бисёр қавӣ буд ва қасди куштани саҳобаро дошт. Ҳазрати Усома, ки ҷавони далеру ҷасур буд, бо як мушкилӣ пушти душманро ба замин зад. Ӯ синаи душманро зер карда, шамшерро ба даст гирифт, то ба сари душман фарорад. Дар ҳамин ҳолат душман калимаи шаҳодатро ба забон овард. Ҳазрати Усома андаке дудила шуд ва сипас, бо зарби шамшер ӯро ба қатл расонд. Ба гумони ҳазрати Усома, ҳарифаш калимаи шаҳодатро аз тарси ҷон гуфта буд, вагарна мусулмон шудан намехост.

Вақте ки воқеаро ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, Ӯ бисёр нороҳат шуд, дар ғазаб омад ва гуфт:

– Эй Усома! Чаро чунин кардӣ?!
Ҳазрати Усома сабаби ба қатл расониданашро фаҳмонданӣ

шуда, гуфт:
– Ӯ аз рӯйи тарс калимаи шаҳодат арза намуд.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) такрор ба такрор фармуд:

– Магар дили ӯро кушода дидӣ?!
Ҳарчанд Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

ҳазрати Усомаро дӯст медошт, аз суханони ӯ озурда шуд. Ҳол он ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз касе ба осонӣ намеранҷид. Ин ҳодиса далели он аст, ки ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ба имон овардани каси дигар монеъ шавад.

Пас аз нақли Зуҳал, ки ҳама ӯро бо диққат гӯш мекарданд, гуфтам:

– Офарин, Зуҳал. Воқеаи нақл кардаат то кадом дараҷа муҳим будани имон ва дар ин бобат чӣ қадар ҳассос будани Расули Худоро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шарҳ медиҳад. Акнун шумо бигӯед, ки ин воқеа кадом ҳикояро ба ёд меорад?

Қариб ҳамаи синф саргузашти амаки Ҳасанро ёдрас шуданд. Пас, гуфтам:

– Бачаҳо, ба гумонам, агар амаки Ҳасан аз зиндагонии Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ёрони Ӯ дуруст бохабар мебуд, ба имон овардани ҳамсояи насронияш монеъ намешуд. Ҳамин тавр, не?!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.