Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

САБАБҲО ОФАРИДГОР БУДА МЕТАВОНАНД?

Аввал ақидаи касонеро баррасӣ намоем, ки пайдоиши ашёву ҳодисотро ба сабабҳо нисбат медиҳанд. Онҳо мегӯянд: «Ҳама чизро сабабҳо ба вуҷуд меоранд, яъне меофаранд». Масалан, борон. Боронро кӣ меофарад? Мувофиқи андешаи онҳо зуҳуроти мазкур чунин сурат мегирад:

«Оби баҳрҳо, кӯлҳо ва дарёҳо бо таъсири гармии ҳаво бухор шуда, ба осмон мебарояд ва дар боло ба ҳавои сард расида, ба абр мубаддал мегардад ва сипас, дар сурати борон ба замин меборад. Агар боронро сабабҳо ба вуҷуд меоварда бошанд, дар ин ҳол, пурсида мешавад, ки сабабҳо кадоманд? Аввал гармӣ, баъд сардӣ. Дар натиҷаи ҳамин ду сабаб борон меборад».

Аммо боридани боронро ба ин сабабҳо нисбат додан хатост, – илова намудам ман.

Ҷумлаи охир сабаби ҳаёҳуи хонандагон гардид. Яке аз онҳо гуфт:

– Магар шарҳи илмии боридани борон ҳамин гуна нест? Оё ҳақиқати ҳол аз шарҳи илмӣ фарқ дорад?

Гуфтам:
– Бале, дуруст аст, ки борон ба ҳамин сурат офарида мешавад, аммо ин шарҳ ба саволи «Кӣ боронро офарид?» ҷавоб намедиҳад. Дар ин ҷо танҳо чӣ гуна ба вуҷуд омадани борон фаҳмонида мешавад.

Бо шунидани эзоҳи мазкур хонандагон ғавғоро канор гузошта, ба дарс гӯш доданд, аммо аз нигоҳи онҳо фаҳмида мешуд, ки мавзӯъро хуб нафаҳмидаанд. Маълум буд, ки мавзӯъ ба шарҳи бештаре ниёз дорад. Гуфтам, ки дар дарси физика вақте озмоиш мегузаронед, нахуст шарту шароитро муҳайё мекунед. Фарз кардем, агар мавзӯи озмоиш боридани борон бошад, пеш аз ҳама диққат медиҳем, ки дар озмоишгоҳ воситаҳо мавҷуд бошанд. Агар дар он ҷо барои бухор кардани об шароити муносиб набошад ва ё оби бухоршуда ба сатҳи хунукӣ расонида нашавад, озмоиш имконнопазир мегардад. Дарҳамин ҳол, ҳамаи шароити лозимӣ, аз ҷумла об, гармӣ ва сардии ҳаворо кӣ муҳайё месозад? Оё ин шартҳо худ аз худ омода шуда, боронро ба вуҷуд меоранд, ё ин ки аз ҷониби касе қаблан омода карда мешаванд?

Ба ин савол хонандае посух дод:
– Албатта, ҳамаи онро қаблан омода мекунанд.

Пас, гуфтам:
– Маълум мешавад, ки танҳо бо сабабу воситаҳо кор ба анҷом намерасад. Бояд касе бошад, ки онҳоро омода созад ва ба танзим дарорад, ҳамин тавр не?

Дуруст аст, ки ҳодисаҳо, ашё ва мавҷудот дар натиҷаи сабабҳо ба вуҷуд меоянд, аммо раванди мазкурро сабабҳо дониста ва бошуурона анҷом намедиҳанд. Онҳо аз ҷониби қувва ё иродае бо аломатҳои хос омода гардида, ба танзим дароварда мешаванд.

Масалан, агар гармӣ набошад, боридани борон мумкин аст? Ё фарз кардем, гармӣ ҳаст, вале об қобилияти бухоршавӣ надорад. Дар ин ҳолат ҳам борон намешавад. Агар дар осмон табақаи сардии ҳаво намешуд-чӣ?

Ҳама ба як овоз гуфтанд:
–Борон намеборид!
– Пас, ин сабабҳо чӣ гуна бо ҳамдигар маслиҳат карда, ба як тартиби муайян даромадаанд? Шояд онҳо аҳамият ва зарурати боронро эҳсос карда, бо ҳам маслиҳат карда бошанд?!

Албатта, касе ҳаст, ки обро бухор кунонда, хосияти табдилшавӣ ба барфу борон ва жоларо ба он медиҳад. Касе, ки ин хусусиятро ба об додааст, ҳавои гарму сардро низ ӯ ба танзим медарорад. Хуб, акнун бигӯед, ки чӣ касе метавонад, ба обу сардию гармӣ ҳукм намояд?

– Аллоҳ Таъоло! – гуфтанд аҳли синф.
Посухи онҳоро шунида, мутмаин гардидам, ки мавзӯъро дуруст фаҳмидаанд. Акнун мебоист мавзӯъро бо мисолҳои нав тақвият диҳем.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.