Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

СЕБРО САБАБҲО МЕОФАРАНД?

Маҳмуди файласуф фурсат ёфта, ҳарфи дилашро баён намуд:

– Муаллим, Худованд офарандаи борон ки ҳаст, ҳангоми хушксолӣ деҳқонон ба дуои борон мебароянд.

– Бале, Маҳмуд, ин ба эътиқод вобаста аст. Онҳо, ки Офаридгори ҳақиқиро медонанд, боронро аз Ӯ талаб мекунанд. Тасаввур кунед, ки агар боронро аз сабабҳо талаб намоянд, чӣ қадар хандовар мешавад, ҳамин тавр не? Агарчӣ аз онҳо талаб кунед ҳам, аз дасташон коре намеояд.

Гулбарги камгапи нуктасанҷ иҷозати сухан пурсид.

Гуфтам:
– Марҳамат, духтарам.

Гуфт:
– Муаллим, касоне, ки ба сабабҳо эътиқод доранд ва мегӯянд, ки боронро сабабҳо ба вуҷуд овардаанд, оё дар вақти хушксолӣ боришро аз сабабҳо талаб мекарда бошанд?

Барои ба вуҷуд омадани як себ замин, об ва офтоб лозим аст. Пас, Офарандаи себ ва низоми офтобӣ як аст. Тамоми олами мавҷудот асари як қудратанд

Маҳмуди файласуф фавран гуфт.
– Муаллим, минбаъд файласуфи синф Гулбарг аст, чунки ӯ бисёр саволи ҷолиб пурсид. Бачаҳо табассум карданд.

– Хуб, дар ин маврид як мисоли дигаре ҳаст, ки офаранда набудани сабабҳоро беҳтар мефаҳмонад, – гуфтам ман ва аз ҷузвдонам як дона себ баровардам.

– Ба ин себ нигаред!
Аз нисф зиёди бачаҳо аз ҷо бархостанд. Дар қафо нишастагиҳо аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки дар ҷояшон шинанд ва ба дидани себ монеа нашаванд. Ман себро ба кафи даст гирифта, дар байни онҳо гаштам. Бачаҳо чунон бо завқ нигоҳ мекарданд, ки гӯё себро бори аввал медида бошанд.

– Ин зебоиро бубинед ва бигӯед, ки оё сабабҳо метавонанд офарандаи ҳамин себ бошанд?

Аҳли синф ба Гулбарг нигаристанд. Нигоҳи онҳо маънии онро дошт, ки ба ин савол файласуфи синф посух диҳад.

Гуфтам:
– На, ҳама бояд андеша кунанд. Аввал сабабҳои ба миён омадани себро фикр кунед. Себ аз чӣ мерӯяд?
– Аз дарахт.
– Офарин! Албатта аз дарахт мерӯяд. Пас, дарахт ба чӣ эҳтиёҷ

дорад? Ба хок ва минералҳое, ки дар таркиби хок мавҷуданд. Ҳамчунин, дар ин маврид ба офтоб ва хусусан, ба об эҳтиёҷ ҳаст. Ҳамаи ин сабабҳо бояд ба ҳам оянд, то ки себ дар навдаи дарахт нашъунамо ёбад. Акнун оё ҳамин сабабҳо себро меофаранд?

Аввал саволро аз Маҳмуд пурсидам. Гуфт:

– Не, муаллим. Сабабҳо офаридгор буда наметавонанд, зеро онҳо донишу шуур надоранд. Вақте сабабҳо ба ҳам оварда мешаванд, онҳо аз кори худ ва ҳосили он огоҳ нестанд.

Маҳмуд пас аз таваққуфи андаке илова намуд:
– Аслан, хуб аст, ки сабабҳо аз натиҷаи кори худ огоҳӣ надоранд. Вагарна, нархи себ дар бозорҳо бисёр гарон мешуд. Аз он ки дарахт қимати себро намедонад, ба инсонҳо чунин як неъмати бебаҳоро бе миннат тақдим мекунад.

Маҳмуд мехост дар ин бобат бештар сухан гӯяд, вале ҳамсинфони дигар монеи суханпардозии ӯ шуда, навбати сухан мепурсиданд. Яке аз онҳо иҷозат хоста, гуфт:

– Муаллим, дарахти себ ва ё унсурҳое, ки ҷиҳати парвариш ёфтани он хидмат мекунанд, барои офаридгор шудан бояд ниҳоят доно мешуданд. Охир, барои интихоб карда гирифтани минералҳои лозимӣ аз таркиби хок дониши мукаммал лозим аст. Ин корест, ки ҳатто инсон аз уҳдааш баромада наметавонад.

– Хуб, биёед мавзӯъро ҷамбаст намоем, – гуфтам ман. – Дарахт бешуур, хок бешуур ва ҳар ду аз себ бехабар. Унсурҳои дигаре, ки дар нашъунамои себ нақш доранд, ҳама бешуур ва бехабар. Унсурҳои дигаре, ки дар нашъунамои себ нақш доранд, ҳама бешуур ва бехабаранд. Ҳамаи ин сабабҳои бехабару бешуур чӣ гуна метавонанд ба ҳам омада, ба маслиҳат бирасанд ва себи зебое офаранд? Магар ин мумкин аст?!

Ман ин саволро аз панҷ-даҳ каси онҳо алоҳида-алоҳида пурсидам. Гуфтанд:

– Не, офарида наметавонанд. Барои офаридан ҳадди ақал шуур доштанашон лозим аст.

– Пас, офаридгор кист? – Ҳақ Таъоло!

Дар синф фазои амну итминон ва осоиш ҳукмрон гардид. Ман себро боз ба ҷузвдон гузошта, гуфтам:

– Бачаҳо, агар ин себ сухан гуфта метавонист, ба шумо изҳори сипос менамуд, зеро Офаридгори ӯ, ҳамзамон, Офаридгори кулли мавҷудотро дарёфтед.

Акнун, аз нигоҳи санъати офариниш як себ авлотар аст ва ё як ҳайвон? Ҳайвон авлотар аст ё ин ки инсон? Албатта, ҳайвонот аз наботот ва инсоният аз ҳайвонот авлотар аст.

Ҳоло, ҳамин сабабҳои беҳису карахт ва бешуур, ки ҳатто дар офаридани борон ва ё себ оҷизанд, оё метавонанд ҳайвонот ва аз он ҳам авлотар – инсониятро офаранд?

– Офарида наметавонанд! – гуфтанд аксарият. – Чаро?! – пурсидам ман.

– Чунки як мавҷуди беҳиссу беҷон мавҷудоти бошуурро офарида наметавонад, \

  • мақсади асосиро шарҳ дод Зуҳал.

– Офарин, Зуҳал! Магар ӯ дуруст намегӯяд, бачаҳо? Он сифате, ки дар офаридгор нест, чӣ гуна метавонад дар офаридаҳояш бошад?

Яке аз хонандагони камгап, вале ҳушманд хоҳиши сухан гуфтан кард. Бенавбат иҷозат додам ва ӯ гуфт:

– Муаллим, ба назари ман, агар сабабҳо ҳайвоноту инсониятро офарида метавонистанд, пеш аз ҳама худашонро болотар аз онҳо қарор медоданд. Чӣ хел мешавад, ки худи онҳо беҳиссу бешуур бошанду офаридаҳояшон дорои хусусиятҳои олитарин?!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.