Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ДОРУ ЧӢ ГУНА ТАЙЁР КАРДА МЕШАВАД?

– Пеш аз ҷамъбасти мавзӯъ, мехоҳам як мисоли дигар биёрам. Он гоҳ бори дигар мебинем, ки ҳеҷ як сабабу унсур қудрати офариданро надорад. Агар шумо ҳам вобаста ба мавзӯи дарс мисолҳо пайдо намудед, ба дафтарҳо қайд кунед, то ки фаромӯш нашаванд. Фурсат ёфта, онҳоро ҳам мешунавем. Тавре қаблан ёдовар шудем, масъалаи имон барои мусулмон масъалаи муҳимтарин ба шумор меравад, зеро саодати абадии ӯ ба имон вобаста аст.

Мисоли мавриди назар аз он иборат аст, ки дар як корхонаи дорусозӣ лабараторияи бузурге ҳаст. Дар болои мизи он шишаҳо ва зарфҳои гуногун гузошта шудаанд. Ҳар яки он доруҳо аз моддаҳои гуногун таркиб ёфтаанд. Барои омода кардани ҳар дору миқдори муайяни ин моддаҳо истифода бурда мешаванд. Тасаввур кунед, ки дар вақти омода намудани як навъи дору барои бемории сардард, шумо дар он ҷо қарор доред ва мехоҳед, ки маълумоти бештар бигиред. Аз ин рӯ, аз корманди масъул мепурсед:

– Доруро чӣ гуна тайёр мекунед? Дорусоз мегӯяд:

– Доруро мо тайёр намекунем. Ин корхона ба воситаи шамол фаъолият мекунад ва дар натиҷаи шамол аз ҳар як зарф миқдори лозимии маҳлулҳо дар зарфи алоҳида ҷамъ омада, омехта мешаванд ва дору барои сардард омода мегардад. Амалиёти мазкурро пурра сабабҳо анҷом медиҳанд.

Акнун, бигӯед, ки шумо ба ин бовар мекунед?! – Не, албатта! – гуфтанд онҳо.
–Чаро бовар намекунед? – савол додам ман.

Ба ин савол аксарият ҷавоб додан мехостанд. Ин ҳолат боиси хушҳолӣ аст, чунки даст бардоштани онҳо маънии сарфаҳм рафтан ба мавзӯи дарсро дошт. Иҷозати суханро ба яке аз хонандагони камгап додам. Ӯ гуфт:

– Муаллим, дар қуттии ҳар як дору таркиби он ва миқдори моддаҳо навишта шудаанд. Онҳоро бо миллиграмм чен мекунанд. Кӯчактарин хато метавонад доруро ба заҳр табдил диҳад. Аз ин рӯ, доруе, ки бе ҳисобу китоби дақиқ омода мешавад, дору буда наметавонад. Чунки дар ин миён на зарф аз натиҷаи кор хабар дорад, на моддаҳо ва на шамоле, ки онҳоро омехта мекунад. Инҳо фақат аз сабаб иборатанд ва тавре шумо ҳам гуфтед, сабаби беҳиссу бешууранд. Аз ин лиҳоз, онҳо наметавонанд кори боақлона ва бошууронае анҷом диҳанд.

– Офарин! Кӯтоҳу пурмуҳтаво гуфтӣ! – суханони ӯро қадр карда, таъкид доштам ман. – Боз касе гуфтание дорад?

– Бале, муаллим! – гуфт сардори синф. – Аз ин мисол бармеояд, ки сабабҳо ҳатто доруеро, ки на ҷон дораду на рӯҳ, омода карда наметавонанд. Аз ин рӯ, офаридани мавҷуди ҷондор ва махсусан, офариниши инсон барои сабабҳо аз доираи имкон берун аст.

Дар тақвияти гуфтаҳои сардор нуктаи дигареро илова намудам:

– Дуруст аст, ки мавҷуди беҷон як ҳастии ҷондорро офарида наметавонад. Аммо як омили дигаре ҳам ҳаст, ки оҷиз будани сабабҳоро пурра нишон медиҳад. Фарз кардем, сабабҳо ашёву ҳодисоти моддӣ, яъне ҳар он чизеро, ки бо чашм дида ва бо даст ламс карда мешавад, офариданд. Пас, мавҷудоти маънавӣ, масалан ақл, андеша, меҳру муҳаббат ва ғайраҳо чӣ мешаванд? Сабабҳои моддӣ ба олами рӯҳ ва мавҷудоти дигаре, ки вуҷуди моддӣ надоранд, роҳ намеёбанд. Дар ин маврид онҳо чӣ коре анҷом дода метавонанд? Хулоса, аз ҳар ҷиҳате назар кунем, сабабҳо ҳаргиз чизе офарида наметавонанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.