ЧАРО ХУДОРО НАМЕБИНЕМ?
Вале суолҳои мункир ба анҷом нарасида буд:
– Боз як савол дорам, – гуфт ӯ. – Барои пурра имон оварданам ба ин савол ҷавоб деҳ!
Имоми Аъзам оромона гуфт:
– Бифармо!
Мункир, ки аллакай табъаш хира шуда буд, чунин пурсид:
– Агар Худо бошад, чаро мо ӯро намебинем? Имоми Аъзам гуфт:
– Ба суоли шумо посух мегӯям, аммо бигзор аввал шир оваранд, то ки суҳбатамон гарм шавад.
Мункир гуфт:
– Бале, дар ин ҳол шир нӯшида, суҳбат мекунем!
Шир оварда шуд. Онҳо барои ширин карданаш ба шир асал илова карданд. Вақте мункир хост ширро бинӯшад, Имоми Аъзам ба ӯ боз як қошуқ асал дароз карда, гуфт:
– Марҳамат, ширатонро ширин карда нӯшед! Марди мункир посух дод:
– Ташаккур, ман ба шир асалро омехта кардам, шир аллакай ширин аст. Акнун шумо ба суоли ман посух диҳед!
Имоми Аъзам гуфт:
– Не, аввал шумо гӯед, ки ҳамин асал дар куҷост. Бовари ман намеояд, ки шири шумо ширин бошад, зеро ман дар он асалро намебинам.
Мункир гуфт:
– Магар асали дар шир ҳалшударо дидан мумкин аст? Онро бо чашм дида намешавад, балки ҳар гоҳе нӯшед, ширин буданашро ҳамон вақт мефаҳмед. Ман намефаҳмам, ки ширу асал ба мавзӯи мо чӣ дахле дорад. Шумо ба саволи ман посух гӯед.
Имоми Аъзам гуфт:
– Шумо нагузоштед, ки ман ба саволатон посух гӯям, балки худатон посухашро додед.
– Чӣ тавр? – пурсид мункир.
– Ҳамин тавр! – гуфт Абӯҳанифа, – Ба чашм намоён набудани асали шир далели набудани он нест. Аллоҳ Таъолоро ҳам бо чашми сар дида намешавад. Дар ин дунё аксарияти ҳастӣ ба чашми инсон намоён нест, вале мавҷудияти онҳо аз рӯйи таъсиру осоре, ки ба миён меоранд, пай бурда мешавад. Баъзан ҳастии онҳоро на бо чашм, балки бо ҳиссиёти дигар пай мебарем. Шумо дар ҳоле ки асали ширро намебинед, даъво доред, ки мехоҳам Худоро бубинам. Ҳол он ки ҳисси биноӣ маҳдуд аст. Аз ин рӯ, инсон Худои худро бо чашми сар набинад ҳам, осору офаридаҳои Ӯро мебинад ва аз ҳастии Ӯ огоҳӣ меёбад.
Мард дубора бетоб шуд ва аҳволаш бад гардид. Чӣ кор карданашро намедонист. Ба фикр фурӯ рафт. Сипас, гуфт:
– Майлаш, охирин савол. Агар ба ин ҳам посух бидиҳӣ, ман имон меорам ва мусулмон мешавам.
Имоми Аъзам хушҳол шуд ва гуфт: – Марҳамат!
Мард гуфт:
– Хуб, қабул кардам, ки Худо ҳаст ва фаҳмидам, ки чаро Ӯро намебинем. Акнун ба ман бигӯй, ки Худованд айни ҳол чӣ кор карда истодааст?
Имоми Аъзам гуфт:
– Саволатон бисёр осон аст. Вале барои посух додан мехоҳам шумо аз минбар поён оед.
Марди ҳайратзада аз ҷо бархост ва аз минбари баланд ба поён фаромад. Сипас, Имоми Аъзам ба он минбар баромада, ба ӯ нигарист ва гуфт:
– Айни ҳол Худованд як мункирро аз ин минбар поён фаровард ва мани хурдсолро ба минбар боло бурд.
Марди мункир дар ниҳоят имон оварда, мусулмон шуд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё