ДАР ОЛАМ ТАСОДУФ ҶО НАДОРАД!
– Бачаҳо! Оё кореро ёд доред, ки тасодуфан иҷро шуда бошад? Фарз кардем, ки иҷро шуд, оё дурусту ботартиб мешавад? Боз фарз кунем, ки кори шумо як бор тасодуфан дуруст иҷро шуд. Магар он такрор ба такрор дуруст иҷро мешавад?! Агар посухи ҳамаи ин саволҳо мусбат бошад, пас, гуфта метавонем, ки дунё тасодуфан ба вуҷуд омадааст.
Як мисол меорам. Масалан, ман бӯри дар дастам бударо ҳаво медиҳам ва он ба бинии хонандаи мизи охирин мерасад. Албатта, ин кор чандон осон нест, аммо фарз кардем, ки ҳамин тавр шуд. Бӯрро дубора ҳаво медиҳам, боз ба ҳамон ҷое мерасад, ки пештар расида буд. Ин корро чанд боре анҷом медиҳам, натиҷа як аст. Ҳар дафъа бӯр ба як ҷо рафта мерасад. Савол ин аст, ки оё ҳамин ҳодиса тасодуфӣ буда метавонад?
Сардори синф ба саволи мо дуруст ҷавоб дод:
– Муаллим, – гуфт ӯ. – Чунин ҳодиса ногаҳонӣ ё тасодуф буда наметавонад. Он танҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки шумо нишонраси моҳир ва дар ин кор беназир бошед. Амалу ҳодисаро ҳамон вақте тасодуфӣ мегӯянд, ки як ё ду маротиба ногоҳ ё нохост руй дода бошад. Тасодуф мисоли сабабҳо як падидаи беҳиссу бешуур аст. Аз ин рӯ, як амале, ки бо донишу маҳорати олӣ анҷом дода мешавад, ҳамчун тасодуф чандин маротиба рух дода наметавонад. Агар амале берун аз донишу фаҳмиши мо такрор ба такрор иҷро гардад, онро ҳодисаи ногаҳонӣ ва ё тасодуф гуфта наметавонем. Балки бояд хулоса кунем, ки иҷрокунандаи он амал бошуур ва тавоност.
– Офарин, сардор! – гуфтам ман. – Хулосаи дуруст баровардӣ. Акнун, ман ҳам мехоҳам, ки дар робита ба мавзӯъ латифаеро қисса кунам.
– Албатта, муаллим! – гуфтанд бачаҳо.
– Нобиное дар роҳ талбандагӣ мекард. Марде бошитоб омада, ба ӯ бархӯрд ва суханҳои парешон гуфт:
– Кӯрӣ магар? Ман-ку намебинам, ту чӣ? Пешатро нигоҳ кунӣ, чӣ мешавад?
Талбандаи нобино ҳайрон шуда гуфт: – Магар ту ҳам нобиноӣ?!
– Ҳа, ман ҳам нобино ҳастам, – гуфт мард. – Пас, ман ба нобинои дигаре бархӯрдам, ҳамин тавр?! Хайр, бубахш маро! Агар ту маро нафаҳмӣ, дигар кӣ мефаҳмад?!
Ҳамин тавр ду нобино бо ҳамдигар дарди дил карданд. Талбандаи нобино аз ҳамқисматаш пурсид, ки чӣ қадар пул дорад. Мард пули доштаашро бароварда нишон доданӣ шуд. Нобино пулҳоро аз дасти ӯ гирифту гурехт. Вай гумон карда буд, ки соҳиби пулҳо нобиност ва аз пайи ӯ омада наметавонад. Вале кор ранги дигар гирифт. Ҳамин ки чанд қадам бартар гузошт, дар тахтапушташ зарби сангро эҳсос кард. Нобино ба зарби хӯрдааш тоқат карда, дубора роҳи гурезро пеш гирифт. Аммо ба пушташ санги дигаре бархӯрд. Сипас, боз яктои дигар. Ниҳоят, санг болои санг пушташро нишон мегирифт. Ӯ ночор дар ҷояш истод. Фаҳмид, ки соҳиби пулҳо нобино нест. Пас, гуфт:
– Бародар, ин чӣ гап?! Охир, сангҳое, ки ту ба сӯи ман ҳаво додӣ, ба партофти нобиноён монанд нест.
Маълум аст, ки ҳар як санги ҳавододаи нобино тасодуфан ба ҳадаф расида наметавонад. Агар ҳодиса чунин сурат гирад, пас, ӯ нобино нест, балки дақиқ мебинад.
Вақте дар мавриди низому интизоми олам андеша мекунем, мебинем, ки ба таври ногаҳонӣ ва тасодуфан ба вуҷуд омадани чунин зебоии назаррабо номумкин аст. Дар робита ба мавзӯъ танҳо чанд мисолро ёдовар шудан кофист:
1. Агар қабати болоии кураи Замин аз ҳолати мавҷудааш ба андозаи якчанд қадам ғафстар мешуд, гази ангиддриди карбон оксигенро фурӯ мебурд ва дар натиҷа ҳаёти мавҷудоти зинда дар рӯйи замин номумкин мебуд.
2. Агар табақаи атмосфера аз будаш каме тунуктар мешуд, астероидҳо ба замин афтода, ҳамаи мавҷудоти рӯйи заминро месӯзонданд.
3. Агар нури офтоб ба замин ним баробар кам мерасид, ҳама ҷо ях мебаст. Агар як маротиба зиёдтар мебуд, мавҷудот сӯхта хокистар мешуд.
4. Агар моҳтоб 30.000 км наздиктар қарор мегирифт, дар натиҷаи обхезӣ тамоми рӯйи замин зери об мемонд.
5. Агар оксигени таркиби ҳаво 21% не, балки 50% мебуд, тамоми ашёи оташангез аз як раъду барқ сӯхта, хокистар мешуд.
6. Агар борон намеборид, рӯйи замин ба як биёбони хушку холӣ табдил меёфт. Обу шамол намебуданд, дар замин мавҷуди зинда намемонд. Агар об ҳангоми бухоршавӣ аз намак ҷудо намешуд, ҳаёт вуҷуд намедошт.
7. Агар оби баҳрҳо ширин мебуданд, бӯи бад пайдо мекарданд ва аз сабаби он бӯй зиндагӣ кардан номумкин мешуд. Намак обро аз вайроншавӣ ва бадбӯӣ нигоҳ медорад. Агар хлор бо натрий омезиш намеёфт, намак ҳосил намешуд. Намак намебуд, ҳаёт ҳам намебуд.
8. Агар меҳвари замин ба ҷойи 23 дараҷа каҷ будан росту беҳаракат мебуд, борон аз ҳисоби оби бухоршудаи уқёнусҳо фақат дар шимолу ҷануби кураи замин меборид. Дар он сурат пиряхҳои калон ба вуҷуд омада, фаслҳои тобистону зимистон доимӣ мешуданд. Дар натиҷа тамоми мавҷудот нобуд мегардид.
9. Агар қувваи ҷозиба намебуд, атом ва қисмҳои атом ҳосил намешуданд.
10. Агар электронҳо бо протонҳо ба ҳамдигар часпон мебуданд, ҳаҷми кураи замин мисли тухм кӯчак мешуд.
Миқдори ин мисолҳоро метавон ба садҳо расонд. Аз ин бармеояд, ки сабабҳои беҳисоб ба ҳам оварда шудаанд, то ки дунё шарту шароити кунунияшро гирад. Оё ба ҳам омадани ҳамаи ин шарту сабабҳо тасодуф буда метавонад?!
Инсон, ки худ аз худ пайдо шудани як расм, ё ин ки як ашёи одиро қабул надорад, чӣ гуна метавонад қонуну ҳодисаҳои табиатро тасодуф ҳисобад?
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё