Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Сифати дигари паёмбарон «таблиғ» аст

Агар шумо бихоҳед, метавонед онро таълими ҳақоиқи исломӣ ва ё «амри маъруф ва наҳйи мункар» биномед. Дар ин ҳол натиҷа тағйир намеёбад ва шумо ин сифати волои паёмбаронро номбар мекунед.

Таблиғ ғояи ҳастии ҳар як паёмбар аст. Агар таблиғ намебуд, фиристода шудани паёмбарон маънӣ намедошт. Худованд бо фиристодани паёмбарон лутфу карами Худро нисбат ба инсоният зоҳиртар намуда, ба василаи онҳо раҳмонияту раҳимияташро таҷаллӣ сохтааст. Ва инъикоси ин лутфу таҷаллӣ ба инсонҳои дигар танҳо бо роҳи таблиғ сурат мегирад. Мисоли он ки Худованд бо гузоштани хуршеди оламтоб бар осмони башарият ҳамарӯза ҷилвае аз раҳмонияти Худро ба инсонҳо нишон медиҳад. Ин ҳамон офтобест, ки барои гармихоҳон гармӣ медиҳад, барои пухтаниҳо оташдон мешавад ва дар тавлиди зебоиҳои рангоранги табиат нақши мӯқалами рангмолиро иҷро мекунад. Ҳамин тавр паёмбарони изом низ монанди офтоб раҳмоният ва раҳимияти Парвардигорро нишон медиҳанд. Онҳо ва бахусус Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), ки ҳамчун ََّْ«раҳмате бар оламиён» фиристода шудааст, дар миёни инсонҳо тамсилгари раҳмонияту раҳимияти Парвардигоранд. Ин маънои онро дорад, ки агар Ӯ намеомад ва даъвои паёмбарони пешинро таҷдид намекард, раҳмати илоҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ бар инсонҳо мутаҷаллӣ намегашт ва инсон тани танҳо, ҳайрону саргардон дар биёбони пурдаҳшати куфру ҷаҳолат ва залолат мемонд.

Замоне ки инсоният дар тангнои ҷаҳлу ваҳшат ба худ мепечид, нафасҳои ҳаётбахши Паёмбари Акрамро (с) эҳсос намуд ва дар партави Ӯ аз саргузашти паёмбарони дигар огоҳ шуд. Ба василаи анбиё инсон худро дар боғи сарсабзу хурраме эҳсос намуд, ки дар он ҳазорҳо анвои гул мерӯянд. Вагарна инсоният аз ваҳшату бекасӣ аз ақл бегона гардида, талаф мешуд.

Бале, мо кистем? Аз куҷо омадаем ва ба куҷо меравем? Ин пурсишҳои ҳайратангез зеҳни моро пайваста машғул медоштанд ва дарди сари мо мешуданд. Инсон ба ин пурсишҳо посухе наёфта, маҷбур мешуд, ин дардро як умр таҳаммул кунад. Ҳамчунин манзараҳое монанди устухонҳои пӯсида дар қабр ба ёди инсон мерасиду танашро ларза ва дилашро тирагӣ фаро мегирифт. Гузашта аз ҳама, нестӣ ва андешаи нобуд шудан ва биму ҳароси ҳар лаҳза наздик шудан ба нобудӣ зиндагиро ба коми инсон талху заҳролуд месохт.

Паёмбарон ба мо ғояи ҳаёт ва ҳақиқати маргро фаҳмонданд. Дар партави таълимоти онҳо дарёфтем, ки ба дунё омадани инсон ҳадафе дошта, аз дунё гузаштанаш ҳам ба ҳикмате вобаста будааст. Марг ҳам нестиву нобудӣ не, балки тағйири макон ва мураххасӣ аз вазифа аст. Қабр бошад дарест, ки ба олами охират кушода мешавад.

Вақте инсон ин ҳақиқатро аз паёмбарон мешунавад, ҷаҳлу ваҳшаташ аз миён меравад ва дарду андӯҳаш ба роҳату осоиш табдил меёбад. Ҳаросу нигаронӣ аз қалбу зеҳни инсон зудуда мешавад ва ҷойи онро нишоту оромиш мегирад.

Инак, паёмбарон ба мо ҳамин гуна паёмҳо овардаанд ва расонидани ин паёмҳо ба инсоният ғояи ҳастии онҳо мебошад. Мо вазифаи таблиғро як амри воҷиб ҳисобида, ба ҷо меоварем. Паёмбарон бошанд онро ҳамчун ҳикмату маънии зиндагӣ қабул дошта, бо чунин дарку шуурнокӣ масъулияти худро ба анҷом мерасонанд. Онҳо мегӯянд: «Ба дунё омадани мо ҳадафу ғояи дигаре надорад. Худованд моро ба сӯйи инсонҳо ба он хотир фиристодааст, ки торикиҳои росту чап, пеши рӯй, пушти сар ва поёну болои онҳоро пурнур бисозем, то онҳо битавонанд дар сироти мустақим бидуни кӯчактарин инҳирофе ҳаракат кунанд. Ба сурате ки шайтон натавонад аз ҳеҷ як ҷониб ба қалбу рӯҳи онҳо роҳ биёбад ва онҳо дар ин сафари тӯлонӣ дар роҳ дарнамонанд».

Бале, такроран мегӯям: Мо таблиғро ба сифати як уҳдадорӣ анҷом медиҳем, аммо паёмбарон онро ба унвони ғояи офариниши худ медонанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.