Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Вогузор кардани натиҷа ба Худо

Паёмбар натиҷа ва пазириши даъватро ба Худованд вогузор намуда, ҳаргиз ба ин мавзӯъ дахолат намекунад. Ӯ медонад, ки вазифааш танҳо аз таблиғ иборат аст ва натиҷаи он комилан ба иродаи Худованд бастагӣ дорад.

Бо назардошти ин се мавзӯъ ҳоло моҳияту мушаххасоти таблиғро ҳамчун яке аз сифатҳои паёмбарон мавриди баррасӣ қарор дода, роҳу равиш ва услуберо, ки даъватгарони ҳар давру замон бояд риоят кунанд, арзёбӣ менамоем. Ҳамаи хоҳишу орзуямон аз он иборат аст, ки Парвардигори Мутаъол моро дар иҷрои вазифаи таблиғ ба сурате, ки мавриди ризои Ӯст, тавфиқ диҳад. Танҳо Худованд метавонад дар дили бандагонаш шавқу завқи таблиғро гузорад ва дар натиҷа онҳоро муваффақ гардонад. Ба Ӯ эътимод дорем ва бар Ӯ паноҳ мебарем.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.