Зеҳн
ЗЕ

Зеҳн

1 пайгир · аз 15 июли 2026 дар Зеҳн

ДАСТГОҲИ ТОКАРӢ БАРОИ КОРКАРДИ ЧӮБ

Деталҳои ҷисмҳои шаклан гардишкунанда (силиндрӣ, конусӣ, курагӣ ва дигар сатҳҳои мураккаб) бо роҳи коркард дар дастгоҳҳои токарӣ сохта мешаванд. Дар дастгоҳи токарӣ чӯбу тахтаро асосан аз дарахтони баргдор ба мисли тус, туси сиёҳ, заранг, шумтол истифода мебаранд. Чӯбҳо бояд хушк, бе пих бошанд ва кафидагӣ нашаванд. Дар вақти интихоб кардани загатовка барои ба дастгоҳҳо васл кардан диаметраш 5—6 миллиметр ва дарозии 40—60 миллиметр ба назар гирифта мешавад. Дар торчаи заготовкаҳо бо қалам диагоналҳо кашида, бурришҳои онҳо бо марказ нишон дода, барои кам кардани соиш солидол меандозанд. Канори брусокро ранда карда, шакли ҳашткунҷа медиҳанд. Заготовкаҳо дар станок бо ёрии патрон, планшайба ва трезубетс гузошта мешаванд. Сутун ҳамеша дар марказ ҷойгир аст ва ба чӯбе, ки дар он кор карда мешавад, наздик аст. Дар ҷараёни коркард масофаи байни чӯб ва сутун зиёд шуда меравад, бинобар ин сутунро гоҳ-гоҳ ба заготовка наздик мекунанд. Коркарди заготовкаи силиндрӣ Коркарди заготовкаи силиндрӣ аз коркарди хомакӣ ва ниҳоӣ иборат аст. Амалиёти кофтан ва тарошидан дар дастгоҳҳои коркарди чӯб бо ёрии асбобҳои махсуси токарӣ иҷро карда мешавад. Дар коркарди хомакӣ асбоби токарӣ бо ду даст нигоҳ дошта мешавад: як даст дар дастаки асбоб ва дасти дигар дар поя аст. Дар ҳоле, ки бозуи якум қувваи бурришро мувозинат мекунад, дуюмаш асбобро ба сатҳи такякунандаи штанга сахт фишурда, интиқоли тӯлониро таъмин мекунад. Заготовкаҳои силиндрӣ қад-қади пинҳои нимдона ба самти ноҳамвор ҳаракат мекунанд. Дар гузаштаи аввал бурриши 1—2 миллиметра бо маркази теғи бурриш ҳаракат мекунанд. Самтҳои минбаъда бо қисмҳои паҳлӯи теғ, такон додани бурриш ба рост ва чап иҷро карда мешаванд. Аз ҳисоби ба кор бурдани қисмҳои гуногуни теғи буранда мавҷнокии сатҳи деталҳо кам мешавад. Барои коркарди ниҳоӣ захираи диаметри 3–4 мм боқӣ мемонад. Дар самти охирин заготовкаҳои силиндрӣ исканаи моил дар болои кунҷи набуранда гузошта мешавад. Бурриш аз қисми миёна ва поёнии теғ гирифта мешавад. Диаметри ашё бо шатнгенсиркул, ё кронсикул санҷида мешавад. Дар ин сурат якчанд ҷойи заготовка чен карда мешавад. Ҳамвор будани сатҳи заготовка бо гузоштани хаткашак муайян карда мешавад. Баъди ба охир расидани ашё, онро бо наждак, ки ба порчаи чӯб насб карда шудааст, суфта мекунанд. Барои дар ҳолати нишеб буридани масолеҳ чизеро дар кунҷи тез ба сутун гузошта, каме бурида мепартоянд. Баъд онро каме хам карда, каме ба рост ё чап такон дода, як қисми заготовкаро конус месозанд. Ҷараён якчанд маротиба такрор карда, гардани диаметраш 8—10 мм мемонад. Баъд порча аз дастгоҳ бароварда мешавад ва нӯгҳояшон арра мешаванд. Рӯяҳои бурриши нишеб тоза карда мешаванд. Қоидаҳои бехатарии кор дар дастгоҳҳои токарӣ: ба гардиши дурусти шпиндел (нисбат ба одами коркунанда) диққат додан лозим аст; заготовка набояд тарқишҳо, сӯрохиҳо, ҷойҳои пӯсида ва дигар нуқсонҳо дошта бошанд; заготовка бояд дар дастгоҳ мустаҳкам гузошта шавад; масофаи байни сатҳи коркардшуда ва такягоҳҳо сутунро пешгирӣ набояд дур бошад; ҳангоми кор экрани шаффофи муҳофизаткунандаро фуровардан лозим аст, агар мошина чунин экран надошта бошад, айнакҳои муҳофизаткунанда пӯшидан лозим аст; асбоби буриданро танҳо баъди ба хуб давр задани шпиндел ба такягоҳ гузошта, онро тадриҷан ба заготовка наздик мекунанд; дар вақти кор кардани дастгоҳ заготовкаро дуруст кардан, чен кардан, ба гиреҳҳои дастгоҳ даст расондан мумкин нест.

0

АСБОБҲОИ ДАСТӢ БАРОИ КОРКАРДИ ЧӮБ

Дар коркарди чӯб аз асбобҳои ченкунӣ, нақшакашӣ ва асбобу ускунаҳои корӣ истифода бурда мешаванд. Барои ин асбобҳои корӣ, аз қабили дастарра, бурчарра, арраи лобзикӣ, искана, рандаи дар коркарди даставвали чӯб истифодашаванда, рандаҳои махсус, исканаҳои новӣ ва ғайра истифода мешаванд. Арракунӣ. Ҷараёни ба қисмҳо буридани чӯбҳо бо ёрии асбоби бурранда –арра, арракунӣ номида мешавад. Усулҳои нишеб, дарознокӣ ва омехтаи арра кардани чӯб вуҷуд доранд. Дар арракунии нишеб арраҳои дандонҳояш дар шакли секунҷаи баробарҷанба ва нисбат ба полотно рост ҷойгиршуда, дар вақти ба дарозӣ арра кардан арраҳои дар шакли секунҷаи каҷ ва нисбат ба полотно кунҷ ҳосилшуда ва дар арракунии омехта арраҳои дандонҳояш дар шакли секунҷаи росткунҷа, қисми пешаш нисбат ба полотно рост, қисмҳои дигар кунҷро ҳосилкунанда истифода бурда мешавад. Арра аз рӯйи хатти нақша гузаронда мешавад. Полотнои арра бояд дар кунҷи рост ба сатҳи аррашаванда ҳаракат кунад. Иҷрои дурусти арра аз рӯйи нақша назорат карда мешавад. Арра кардани чӯб аз камтар ба рӯйи он кашидан оғоз мешавад. Суръати арраро тадриҷан зиёд карда шуда, дар охири бурриш суръати арраро кам карда, ба чӯби аррашаванда куч наоварда, онро мебуранд. Барои осон кардани арракунӣ тахтаи роҳнамо ё қолаби порсӣ истифода мешавад. Рандакунӣ. Пас аз арра кардани қисми лозима чӯб барои ҳамвор, суфта ва ба як андозаи муайян даровардан онро ранда мекунанд. Дар вақти рандакунӣ масолеҳи коркардшаванда бояд ба дастгоҳ мустаҳкам васл карда шавад. Вобаста ба намуди коркард, маводро бо роҳҳои гуногун мустаҳкам кардан мумкин аст. Дар вақти рандакунӣ дуруст доштани ранда ва дуруст нигоҳ доштани ҳолати гавда қатъӣ риоя намудан лозим аст. Ҳангоми рандакунӣ дастҳо ба дарозии пурра дароз карда мешаванд ва бо қувва ба пеш равона карда мешаванд. Ҳангоми равонкунии ранда дастаки пеш бо дасти чап ва дастаки ақиб бо дасти рост нигоҳ дошта, бо қувва ба пеш равона карда мешавад. Дар вақти арра кардан самти равиши чӯбро ба назар гирифтан лозим аст. Ҳамвор будани сатҳҳои рандашуда бо хаткашак, ё гӯнё санҷида мешавад. Қоидаҳои бехатарии коркарди чӯб бо асбобҳои дастӣ: пеш аз сар кардани кор танзими асбобоҳро тафтиш кунед; дар вақти кор кардан дар дастгоҳ масолеҳро дар байни часпакҳо мустаҳкам кардан; ҳангоми арра кардан, ранда кардан ва кандакории дастгоҳ ба рост омадани мехҳо роҳ нагузоштан; асбобҳоро дар нови дастгоҳ бо тартиб ҷойгир карда, теғи асбобҳои теғи тездор ба пеш нигаронида мешаванд; дар вақти кор бо дастгоҳ пахолҳои ҳосилшударо тез-тез бо чӯтка тоза кардан; баъди ба охир расидани кор асбобҳоро бо тартиб ба ҷойи худ гузоштан лозим аст.

0

ТАНЗИМ ВА ТАЪМИРИ АСБОБҲОИ ДАСТИИ ЧӮБКОРӢ

Ба сифати коркарди чӯб тез ва ё кунд будани асбобхо, танзим ва замонавии онҳо таъсир мерасонад. Асбобҳои пастсифату кунд вақт ва қувваи зиёдро талаб мекунад. Инчунин маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи техникӣ ҷавоб дода наметавонад. Дандонҳои арраро чапа роста кардан. Дандонҳои арраро суфта кардан (чарх кардан). Санҷиши тезии дандонҳои арра. Пеш аз тез кардани дандонҳои арра дандонҳоро чаппа роста мекунанд. Ба ин мақсад коҳои конструксияҳои гуно- гун истифода мешаванд (расми 14, б). Дар ин маврид новобаста аз намуди арра дандонҳои тоқи онро ба як самт ва дандонҳои ҷуфташро ба тарафи дигар тоб медиҳанд. Ҳангоми чаппа роста кардан дандонҳои арра бояд як хел тоб дода шаванд. Дуруст тоб хӯрдани дандонҳо бо шаблон санҷида мешавад. Барои буридани чӯби дурушт дандонҳои арра 0,25—0,50 миллиметр ва барои буридани чӯби нарм 0,5—0,7 мм чаппа роста мешаванд. Арраҳои полотноликии барои арра кардани нохуну гӯшҳо чаппа роста карда намешаванд. Дандонҳои арра пас аз чаппа роста кардан чарх карда мешаванд. Дар бурчарра ба ғайр аз чаппа роста кардани дандон ва чарх кардани онҳо, теғро танзим мекунанд ва теғро нисбат ба полотнос ба кунҷҳои гуногун мегардонанд. Полотно нисбат ба теғ ҳадди аққал 200 дараҷа тоб дода мешавад. Вобаста ба бар ва дарозии тахтаи аррашуда ин кунҷ зиёд мешавад. Полотно нисбат ба теғ бо ёрии гӯшҳо тофта мешавад. Баромади ҳамвори рӯяҳо ба кор мувофиқ кунондани рандаҳо, дуруст нигоҳ дошта озодона ранда кардан ва дуруст ба кор андохтани қувваҳо дар вақти ранда кардан вобаста аст. Теғи рандаҳо дар чархҳои барқӣ ё дар пораҳои санги табиӣ ва сунъӣ тез карда мешаванд. Ҳангоми чарх доштани теғ тамоми сатҳи онро ба санги чарх расонида сахт пахш накарда, дар як маром ин тараф он тараф бурдан лозим аст. Дар вақти чарх доштани бурришҳо дар чархи электрикӣ ба сутун пояи махсус гузошта, кунҷи зарурии тезшавиро таъмин кардан лозим аст. Барои тез кардани теғҳо бо сангҳои табиӣ ва сунъӣ асбобҳои оддиро истифода бурдан мумкин аст. Барои резонидани қирави ҳосилшудаи теғ аз сангҳои қайроқ истофода мебаранд, дар керосин ё об нам мекунонанд. Керосин барои зуд рехтани қирав ёрӣ мерасонад. Дар вақти қайроқкунӣ ба кунд нашудан ва лағжида нарафтани қайроқ эътибор додан лозим аст. Рандаи аз қирав тозашуда дар пояи он мустаҳкам карда мешавад. Дар ин ҳолат, канори бурриши теғ рост аз поя (параллел ба поёни пойгоҳ) гузошта мешавад. Агар теғи ранда дуруст гузошта нашавад, рӯяҳоро ҳамвор ранда карда намешавад.

0

ҲУҶҶАТҲОИ КОНСТРУКСИЯВӢ

Ҳуҷҷатҳои конструкторӣ як хулосаи графикӣ ва матнии ҳама маълумот дар бораи истеҳсол, омодасозӣ, назорат, қабул, истифода ва таъмир мебошад. Ба ин ҳуҷҷатҳо нақшаҳои детал, нақшаҳои васлкунӣ, спетсификатсия, нақшаҳои монтажкунӣ, корҳои ҳисобкунӣ, хатҳои тавзеҳотӣ, дастурамал ва ғайра дохил мешаванд. Ягон тасвири предмет, мисли тасвири он дар бораи тасвир тасаввуроти равшан ва маълумот дода наметавонад. Аз ин ҷост, ки нақшаҳо дар сохтмони иншоотҳои гуногун, сохтани мошинаҳо ва қисмҳои онҳо ҳуҷҷати аосӣ ба ҳисоб меравад. Нақша тасвирест, ки бо истифода аз асбобҳои нақшакашӣ ва риояи қоидаҳои нақшакашӣ сохта шудааст. Аз рӯйи мазмуни худ нақшаҳо ба нақшаҳои деталӣ, нақшаҳои васлкунӣ, нақшаҳои намуди умумӣ, нақшаҳои монтаж ва ғайра ҷудо мешаванд. Эскиз тасвири хомакӣ, расм аст. Дар ин маврид андозаҳои тахминии ашё бе истифода аз асбобҳои ченкунию нақшакашӣ бо даст ё бо чашм муайян ва кашида мешаванд. Эскиз ҳамчун асос барои нақшакашӣ хизмат мекунад. Расми техникӣ тасвири равшани маҳсулот мебошад. Мувофиқи нақшаи техникӣ шакли маҳсулотро ба осонӣ тасаввур кардан мумкин аст. Ҳуҷҷатҳои технологӣ маҷмӯи ҳама ҳуҷҷатҳои графикӣ ва матнӣ дар бораи раванди истеҳсоли маҳсулот мебошад. Намудҳои асосии ҳуҷҷатҳои технологӣ харитаҳои самт (маршрут), харитаҳои оперативӣ, харитаҳои технологӣ, дастурҳои технологӣ, маҷмӯи маълумотҳои таҷҳизотро дар бар мегиранд. Ду ҳуҷҷати аввал дар тамоми истеҳсолот истифода мешавад ва ду ҳуҷҷати охирин аксар вақт танҳо дар истеҳсолоти хурд ва камҳаҷм истифода мешаванд. Сарфи назар аз хусусияти маҳсулоти истеҳсолшаванда, харитаҳои хатсайр тамоми роҳи масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр ва ашёи хомро то ба маҳсулоти тайёр табдил додани онҳо нишон медиҳанд. Дар харитаи хатсайр тавсифи ҷараёни технологии истеҳсоли маҳсулот барои ҳамаи амалиётҳо, маълумот дар бораи таҷҳизот, асбобу ускунаҳо, масолеҳи истифодашуда, инчунин баъзе маълумотҳои характери нормативиро дарбар мегирад. Дар харитаҳои оперативӣ дастурҳои гузаришҳои технологӣ, усули коркард, дуруст истифода бурдани таҷҳизот, асбоб ва ускунаҳои ченкунию назоратӣ, ки дар ҷараёни кори ҳар як амалиёти технологӣ истифода мешаванд, нишон дода мешавад. Тарҳрезии ашё. Тарҳрезии ашё пеш аз ҳама муайян кардани шакл, андоза ва масолеҳи онҳоро талаб мекунад. Тарҳрезии ашё шартан ба марҳилаҳо тақсим карда мешавад. Дар вақти тарҳрезии ашё талаботи гуногун нисбат ба он ба назар гирифта мешавад, масалан, сарфи камтарини материал ва энергия ҳангоми тайёр кардани маҳсулот, мустаҳкамии маҳсулот ва ғайра. Ҳар як ашёи нав бояд сифатҳои баланди эргономикӣ дошта бошад, яъне он бояд ба қобилиятҳои инсон комилан мувофиқ бошад, ба хусусиятҳои физиологии ӯ мувофиқат кунад. Дар кори тарҳрезӣ ба намуди зоҳирии маҳсулот, яъне тарҳи он диққати махсус додан лозим аст. Ҳар як чиз бояд на танҳо вазифаи худро иҷро кунад, балки ба одамон ҳаловати эстетикӣ ҳам бахшад. ЗИНАҲОИ ТАҲРРЕЗИИ АШЁ Имконпазирии сохтани ашёро асоснок мекунад, вазифаи техникӣ тартиб дода мешавад. Таклифҳои конструктивӣ дар бораи сохти маҳсулот, параметрҳои асосии он, андозаҳои умумӣ ва ғайра ба назар гирифта мешаванд. Лоиҳаи техникие, ки аз қарорҳои қатъии техникии структураи маҳсулот иборат аст, тартиб дода мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии сохтмон нақшаҳои корӣ дар асоси ҳамаи маълумотҳо омода карда мешаванд.

0

УСУЛҲОИ МУОСИРИ КОРКАРДИ ЧӮБ ВА МАСОЛЕҲИ ЧӮБӢ

Чӯб материали тайёри бинокорӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ васеъ истифода мешавад. Сабаби васеъ истифода бурдани чӯб хосиятҳои баланди техникии он мебошад. Чӯбро коркард кардан осон, вазнаш сабук, пухтагии баланд, гузаронандаи гармӣ ва барқ суст, дар зери таъсири кислота ва ишқорҳо вайрон намешавад, қисми берунаи чӯб намуди зебо, дараҷаи баланди часпиш ва пардозкунӣ дорад. Усулҳои гуногуни коркарди чӯб вуҷуд доранд. Дар коркарди чӯб истифодаи техника ва технологияи бо барномаи рақамӣ идорашаванда, коркарди лазерӣ, сарфаи энергия ва масолеҳи ба муҳити зист безарар ва ба таври автоматӣ назорат кардани сифати маҳсулот аҳамияти калон пайдо мекунад. Коркарди чӯб бо усулҳои механикӣ ва автоматӣ ба амал оварда мешавад. Автоматикунонии ҷараёнҳои технологӣ ба идора кардани гурӯҳи мошинаҳои муайян ва кам кардани иштироки бевоситаи шахс дар ин ҷараён мебошад. Мошинҳои автоматӣ аз рӯйи барномаи пеш тайёршуда кор мекунанд. Истифодаи автоматика дар саноати чӯб сифати маҳсулот ва самаранокии меҳнатро баланд бардошта, шароити меҳнати коргаронро хеле беҳтар мегардонад. Мошинҳои нимавтоматӣ мошинҳое мебошанд, ки дар давраи автоматӣ кор мекунанд ва дахолати инсонро талаб мекунанд. Дар дастгоҳҳои нимавтоматӣ коргар заготовкаро васл мекунад, мустаҳкам мекунад, дастгоҳро ба кор меандозад ва маҳсулоти тайёрро аз дастгоҳ холӣ мекунад. Мошинҳои автоматӣ мошинҳое мебошанд, ки қисмҳои онҳо бе иштироки бевоситаи коргар истеҳсол карда мешаванд. Оператор қисмҳои кор кардашударо ҳар вақт чен карда, аз назар мегузаронад ва дар сурати ошкор кардани нодурустии мошина дастгоҳро танзим мекунад. Линия (хатти) автоматӣ маҷмӯи таҷҳизот ва механизмҳои асосӣ, ёрирасон, нақлиётӣ мебошад, ки ба таври автоматӣ ҷойгиркунӣ, мустаҳкамкунӣ, гардиш ва ҳаракати қисмҳои коркардшударо барои иҷрои амалиёти технологӣ бо пай дар пайи зарурӣ ва бо ритми муайян бидуни иштироки бевоситаи инсон таъмин мекунанд.

0

ҚОИДАҲОИ ХУШК КАРДАН ВА НИГОҲ ДОШТАНИ ЧӮБ

Хушк кардани чӯб барои баланд бардоштани муқовимати он ба пӯсидан, баланд бардоштани мустаҳкамии он, пешгирӣ кардани кафидан, рахнашавӣ, таъмини пайвастшавии мустаҳкам ҳангоми ширешкунӣ ва зебогии ороиши берунӣ анҷом дода мешавад. Хусусиятҳои фоиданоки чӯби хушк Овозгузарониаш меафзояд. Деформатсия кам мешавад, зичӣ беҳтар мегардад. Ҳамвор кардан, ширеш кардан, ранг кардан осонтар мегардад. Ашёҳои сохташуда шаклашонро тағйир намедиҳанд. Рутубати дарахти навбурида вобаста ба намуд ва вақти буридани он 40% ва аз он зиёдтар аст. Чӯби тар аз 23 % ва бештар аз он, чӯби нимхушк аз 18 то 23 %, чӯби дар ҳавои кушод хушкшуда аз 12 то 18 %, чӯби дар шароити хона хушкшуда аз 8% то 12% намнокӣ дорад.. Чӯби мутлақо хушк намнокии 0 фоизро ташкил дода, дар шароити лабораторӣ ба даст меояд. Дар дуредгарӣ ва мебелсозӣ истифода бурдани чӯбу тахта, ки намии он аз 8—12 фоиз ва камтар аст, рухсат дода мешавад. Хушк кардани чӯб бо ду роҳи гуногун анҷом дода мешавад: Роҳи табиӣ Усули сунъӣ (хушккунӣ дар ҳавои кушод) (хушккунӣ дар камераҳо) Хушккунии табиӣ. Дар ҳавои кушод хушк кардани чӯб усули оддитарин аст. Ин харҷи зиёд надорад. Барои он ки дарахтон дар ҳавои кушод нағз хушк шаванд, майдони калоне интихоб карда мешавад, ки дар он нури офтоб рост намеафтад, шамол тез-тез давр мезанад ва оби борон ҷамъ намешавад. Ташкилу амалӣ гардондани он душвор нест. Дар болои пояҳои баландиаш 50 сантиметр тахтаҳои чӯб гузошта мешаванд, то хушк шаванд. Чӯби як хел, навъ, андоза, ғафс дар як ҷо гузошта мешавад. Канорҳои паҳлӯи онро арра накарда, чӯбу тахтаҳои ҳаҷмаш гуногунро алоҳида- алоҳида мегузоранд. Дар байни тахтаҳо рейкаҳо гузошта мешаванд. Тахтаи бо- лои рейкаҳо зуд хушк мешавад ва мағор намекунад. Ҳар қадар баландтар бошад, ҳаво дар байни онҳо ҳамон қадар тезтар ҳаракат мекунад. Хушккунӣ аз иқлим вобаста аст. Дар зимистон хушкшавии чӯб суст мешавад. Чӯб мувофиқи талаб хушк намешавад. Ҷараёни хушкшавиро ба таври домӣ назорат кардан мумкин нест. Чӯбро кирм мехӯрад, онро аз пӯсидан наҷот додан мумкин нест. Барои нигоҳ доштани захираи чӯб майдонҳои калон лозиманд. Барои хушк кардани чӯб муддати зиёд лозим аст. Хушккунии сунъӣ. Хушккунии сунъии чӯб дар камераҳои гарми дараҷаи гармиашон гуногун гузаронида мешавад. Ҳамин тавр, намиро дар вақти хушккунӣ мувофиқи зарурат назорат кардан мумкин аст. Он вақт ва ҷойи камро талаб мекунад. Азбаски ҳаво дар камера назорат карда мешавад, чӯб бе тобхӯрӣ ё кафидан хушк мешавад. Дар ин ҷо замбӯруғҳои касалкунанда ва ҳашароти гуногуни зараровар нест карда мешаванд. Камераҳои хушккунӣ имкон медиҳанд, ки масолеҳи чӯбин дар ҳар шароити иқлим, дар ҳар фасли сол ва дар ҳар обу ҳаво хеле зуд хушк шавад. Ҳангоми дар камераҳо хушконидани чӯб омодакунии чӯбҳо ба мисли хушккунии табиӣ сурат мегирад. Камбудиҳои хушккунии сунъӣ: 1. Барои сохтани камераҳо маблағи зиёд сарф мешавад. 2. Барои ба кор андохтани дастгоҳҳо маблағи зиёд сарф мешавад. 3. Таннархи чӯб баланд мешавад.

0

Мададгорони бобо

Шодӣ нав панҷсола шуда бошад ҳам, ба бисёр корҳо сарфаҳм мерафт. Шодӣ бобои ҳафтодсолае дошт. Ӯро Салим-ота меномиданд. Бобо ба Шодӣ ҳикояҳои аҷоибу ғароиб гуфта медод, ӯро ҳамеша ҳамроҳаш гирифта мегашт. Аз ин кори бобо Шодӣ беҳад хурсанд буд. Боре, вақте ки ҷамъоварии ҳосили чормағз расид, Шодӣ назди бобо омад ва дарахти калони чормағзро нишон дода, гуфт: — Бобо, шумо чӣ хел ба ин дарахт мебароед? — Чаро ба дарахт мебаромадаам? — пурсид дар ҷавоб бобо. — Набошад, чормағзро чӣ хел меафшонед? — Дар ин кор ба ман ту ёрӣ медиҳӣ, дигарон ёрӣ медиҳанд. Ба дарахт баромадан шарт нест. — Чӣ хел? — Баъд мефаҳмӣ, — гуфт бобо ва ҳамроҳи наберааш ба соҳили дарёе, ки деҳаро ҳалқа зада мегузашт, рафт. Бобо аз буттаҳо химча мебурид, Шодӣ онҳоро ҷамъ мекард. Бобо аз химчаҳо сабади бетаг бофт, ки ин Шодиро ба ҳайрат овард. — Чаро сабади бетаг бофтед, бобо? — пурсид Шодӣ. — Баъд мефаҳмӣ, — номаълум гуфт бобо ва сабадро ба таги дарахти чормағз, ки он дар канори деҳа, дар наздикии хонаашон буд, бурда монд. Нисфи шаб ба ин ҷо хирс омад. Вай ба дарахти чормағз баромада, муддате чормағзро афшонд. Сонӣ боз ба поён фуромад ва чормағзҳои афшондаашро ба сабад андохтан гирифт. Ин кори ӯ то пагоҳӣ давом кард. Вақте ки бобою набера сӯйи дарахти чормағз мерафтанд, Шодӣ баногоҳ хирсеро дид, ки сабади холиро пуштора карда мерафт. — Хирс! — қариб буд фарёд кунад Шодӣ, вале дар пуштораи ӯ сабадро дида, тааҷҷуб кард: — Ин сабади мо, чаро ӯ...? — Баъд мефаҳмӣ, — гуфт бобо сухани Шодиро бурида ва тез-тез қадам монд. Онҳо ба назди дарахти чормағз омаданд. Ба ҷойи сабад як тӯб чормағз буд. — Ана, акнун фаҳмидӣ, — гуфт бобо ба наберааш, — хирс ба ман чӣ хел мадад мерасонидааст: чормағзҳоро афшонд, баъд тӯб карда ба сабад андохт, аммо чормағзҳо монду сабади холиро гирифта рафт. Шодӣ бо завқ хандид.

0
ТоҷикистонЗеҳн13 рӯз пеш

Кино

Санъати кинои тоҷикӣ аз даврони шӯравӣ ибтидо мегирад. Соли 1929 аз тарафи Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон масъалаи ба лентаи кино гирифтани омадани аввалин поезд аз шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вокзали шаҳри Душанбе ба миён омад. Ин лаҳзаи таърихиро бо хоҳиши коргарони ҳизб В. В. Кузин, А. М. Шевич, Н. В. Гезулин 11 сентябри 1929 ба навор гирифтанд. 16 октябри ҳамон сол дар Анҷумани севвуми фавқулодаи Шӯроҳо, ки дар он Эъломия дар бораи ҶШС Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ қабул гардид, сюжети омадани нахустин поезд ба шаҳри Душанбе намоиш дода шуд. Бо гузашти солҳо ин сюжет ҳамчун аввалин кинои тоҷикӣ машҳур гардид. Минбаъд барои инкишофи он дар назди Комиссариати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон Лабораторияи киноистеҳсолкунии Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1929–30) таъсис ёфт, ки В. Кузин нахустин мудири он таъйин гардид. Баъдан Трести «Тоҷиккино» (1931–1936), «Тоҷиккинофилм» (1936–1938), Киностудияи Сталинобод» (1938– 1941), Киностудияи муттаҳидаи Сталинобод ва «Союздетфилм» (1941–1943), «Студияи кинохроникаи Сталинобод» (1943–1956), Киностудияи «Тоҷикфилм» (1956–2017), Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (аз 2017) ном гирифт. 18 майи 1930 дар ҷаласаи умумии коркунони маориф масъалаи ба Трести «Тоҷиккино» табдил додани Лабораторияи киноистеҳсолкунии Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон ба миён гузошта шуд ва Н. Гезулин сардори он таъйин гардид. Нахустин филмҳои ҳуҷҷатӣ: «Дар роҳи коллективӣ» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор А. Шевич; 1930), «Заминҷунбӣ дар Янгибозор» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Кузин 1930), «Ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо омаданд» (таҳиягар ва наворбардорон В. Кузин ва А. Шевич 1930), «Коллективонӣ дар ноҳияи Кӯктош» (таҳиягар ва наворбардор В. Кузин 1930), «Бригадаи савораи «Н»» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор В. Кузин, 1930), «5-солагии Тоҷикистони Советӣ» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор В. Кузин, 1930), «Беҳтаринҳо ба Советҳо» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Шевченко 1931), «8-уми март» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардорон В. Кузин, В. Шевченко; 1931), «Калтакдорони Сурх» (таҳиягар В. Кузин, наворбардорон С. Руйкович, В. Кузин, 1931), «Вахшстрой» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Шевченко, 1931) ва ғ. Июни соли 1932 Трести «Тоҷиккино» ба ду идораи мустақил тақсим шуда, ҳамон сол оид ба азнавташкилкунии он Бюрои Комитети марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар асоси Қарори «Союзкино» қарори дигар қабул кард: Трести «Тоҷиккино» ба сохтмони кинотеатрҳои нав ва инкишофи филмҳои навистеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ машғул шавад; Кинофабрикаи «Тоҷиккинофилм» ҳамчун муассисаи давлатӣ истеҳсоли филмҳоро ба роҳ монад. Соли 1932 ду филми бадеии беовоз — «Ҳуқуқи фахрӣ» (таҳиягар К. Ёрматов) ва «Вақте ки амирон мемиранд» (таҳиягар Л. Печорина) офарида шуданд. Ҳамчунин, филмҳои ҳуҷҷатии «Пайроҳаи оҳугузар» (таҳиягарон В. Хабур ва Н. Рожков), «Дар назди дарвозаи Ҳиндустон» (таҳиягарон М. Вернер, наворбардорон Б. Синеоков ва М. Базов), «Экспедицияи Помир» (оператор В. Шевченко) ва ғ. низ эҷод шуданд. Аз рӯзҳои нахустини таъсис «Тоҷиккино» таҳиягарони рус, тотор, яҳудӣ ва дигар миллатҳо, дар баробари таҳияи филмҳо ба тарбияи кадрҳои маҳаллӣ машғул шуданд. К. Ёрматов аввалин ҳунарпеша, коргардон ва сенариянависи тоҷик буд. Филмҳои беовози ӯ «Ҳуқуқи фахрӣ» (1932), «Муҳоҷир» (1934), «Дӯстон боз вомехӯранд» (филми бадеии овоздор, 1939) муаррифи кинои тоҷикӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Саҳми С. Тӯйбоева, Қ. Олимов, Ф. Баҳор, Н. Тиллоев, В. Кузин, В. Шевченко, Ф. Эшонов, Ф. Баҳор, В. Хабур, Ш. Султонов, И. Барамиков ва дигарон низ дар инкишофи кинои тоҷик хеле назаррас аст. Тарҷума ва дубляжи филмҳои бадей дар Трести «Тоҷиккино» аз соли 1931 оғоз ёфтааст. Азбаски филмҳои истеҳсолшуда беовоз буданд, аз ҷониби адибон ба онҳо титр (зернавишт) эҷод мешуд. Аввалин филми бадеии ба забони тоҷикӣ дубляжгардида «Духтари рӯҳонӣ» (истеҳсоли киностудияи «Узбекфильм») буд. Баъдан филмҳои «Одами милтиқдор» (тарҷумаи М. Раҳимӣ, М. Турсунзода ва С. Улуғзода), «Дӯстон боз вомехӯранд», «Боғ», «Дурсун ва Асал», «Коммунист», «Ленин дар соли 1918», «Оилаи Уляновҳо» ва ғ. низ ба забони тоҷикӣ тарҷумаву дубляж гардиданд. Дар ин солҳо ба киностудияи «Тоҷикфильм» шоирону нависандаҳо М. Раҳимӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Ғ. Абдулло, Ҳ. Аҳрорӣ, А. Маниёзов ва дигарон ҳамкорӣ карда, баҳри покизагии забони давлатии тоҷикӣ хизмати шоён ба анҷом расонданд. Ба инкишофи кинои тоҷик ҶБВ (1941–1945) таъсири манфӣ расонид. Беҳтарин кормандони киностудияи «Тоҷикфильм» – В. Кузин, Қ. Олимов, Н. Тиллоев, Ш. Султонов, В. Хабур ва М. Арабов ба ҳимояи Ватан фиристода шуданд. Дар ин давра Студияи бачагона ва наврасони «Союздетфилм»-и шаҳри Маскав ба шаҳри Сталинобод (ҳоло ш. Душанбе) кӯчонида ва ба киностудияи тоҷикӣ муттаҳид гардонда шуд. Давраи ҳамкории ин ду киностудия аз моҳи ноябри 1941 то 16 октябри 1943 хеле манфиагбахш буд. Дар ҳайати эҷодии студияи «Союздетфилм» коргардонҳои машҳури шӯравӣ С. Юткевич, Л. Кулешов, А. Разумний, В. Пронин, нависандагон ва киносенариянависон С. Михалков, Н. Эрдман, Л. Кассил, ҳунарпешагон С. Филиппов, Г. Миляр, Ф. Раневская, Я. Шеймо ва дигар мутахассисони техникӣ ба шаҳри Сталинобод омаданд. Дар баробари таҳияи филмҳои нави бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ киносозони рус (барои 50 нафар) аз ҷавонони маҳаллӣ шогирдонро омода мекарданд. Моҳи феврали 1942 курсҳои махсуси ҳунарпешагӣ ва сенариянависӣ таъсис дода шуданд. Ташаббускори ин иқдом коргардони машҳури шӯравӣ Л. Кулешов буд. Дар бадали ду сол филмҳои бадеии «Муҳорибаи назди Сокол»-и коргардон А. Разумний, «Савганди Темур» (коргардон Л. Кулешов ва А. Хохлова), «Лермонтов» (коргардон А. Генделштейн), «Аскари часур Швейк» (Швейк бар зидди Гитлер), «Мартапрел» (коргардон В. Пронин) ва ғ. истеҳсол шуданд. Инчунин «Союздетфильм» ва «Тоҷикфильм» филми ҳунарии «Фарзанди Тоҷикистон» (сенарияи М. Раҳимӣ, коргардон В. Пронин, 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (коргардон К. Минс, 1943)-ро истеҳсол карданд. Дар маҷмӯъ 12 филми бадеӣ, 190 шумораи киножурнали «Тоҷикистони Советӣ» ва дигар киножурналҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шуданд. 16 октябри 1943 студияи «Союздетфильм» ба ҷои пешинаи (ш. Маскав) интиқол дода шуд. Қисме аз кормандони эҷодӣ ва техникӣ тақдири ояндаашонро бо Тоҷикистон ва кинои тоҷикӣ пайвастанд. Бо гузашти солҳо кадрҳои маҳаллӣ донишкадаҳои шаҳрҳои Маскаву Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро хатм намуда, ба киностудия баргаштанд: Б. Кимёгаров, А. Раҳимов, Т. Собиров, М. Қосимова, М. Маҳмудов, С. Ҳомидов, А. Тӯраев, наслҳои нисбатан ҷавон: М. Орипов, В. Аҳадов, Б. Арабов, Д. Худоназаров, О. Тулаев, Ю. Юсупов, Б. Содиқов, А. Қуддусов, Ё. Аралов, С. Солеҳов, С. Ҳақдодов, М. Юсупова, Ҷ. Усмонов, О. Шарифов, Ҳ. Ҳасанова, Г. Мирзоева, таҳиягарони филмҳои тасвирӣ: М. Мансурҳоҷаев, Б. Қаҳҳоров, А. Мансуров ва дигарон буданд, ки шаъну шарафи кинои тоҷикиро баланд бардоштанд. Солҳои 1940–1951 асосан филмҳои ҳуҷҷатӣ офарида шудаанд. «Канали калони Ҳисор» (1940), «Роҳи калони Помир» (1940) ва «Тантанаи санъати тоҷик» (1940)-и И. Барамиков, «Тоҷикистон» (1946, медали биринҷӣ ва Грамотаи фахрӣ дар Кинофестивали 7-уми байналхалқии Венетсия), «Қувваи бузург» (1949), «Сарзамини ҷавонӣ» (1950), «Тоҷикистони Шӯравӣ» (1951, Мукофоти давлатии ИҶШС)-и Б. Кимёгаров ва ғ. аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аввалин филми бадеии баъди танаффуси 16-сола истеҳсолгардида филми бадеии «Дохунда»-и Б. Кимёгаров (1956, аз рӯи романи «Дохунда»-и С. Айнӣ) мебошад. Инчунин филмҳои рангаи мусиқавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (Р. Перелштейн, 1957), «Писар бояд зан гирад» (Т. Собиров, 1959), «Байрақи оҳангар» (Б. Кимёгаров 1961), филм-балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (Г. Березансев, Ғ. Валаматзода, 1960), мазҳакаи «Насриддин дар Хуҷанд» дар ин солҳо рӯи навор омаданд. Шуҳрати киностудияи «Тоҷикфилм» ва кинои тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ филмҳои бадеии «Қисмати шоир»-и Б. Кимёгаров (1959), «Зумрад»-и А. Раҳимов (1962), «Бачагони Помир»-и В. Я. Мотил (1963), «Марги судхӯр»-и Т. Собиров (1966), «Ҳасани аробакаш» ва силсилафилмҳо аз рӯи достонҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ - «Достони Рустам» (1970), «Рустам ва Суҳроб» (1972), «Достони Сиёвуш» (1976)-и Б. Кимёгаров, «Боз як шаби Шаҳрзод» (1984), «Афсонаҳои нави Шаҳрзода» (1986) ва «Шаби охирини Шаҳрзод»-и Т. Собиров, «Асрори оила»-и В. Аҳадов (1983), «Братан»-и Б. Худойназаров (1990), «Дарди ишқ»-и А. Тӯраев (1991) ва дигарҳо баланд бардошта, сазовори ҷоизаву дипломҳои ифтихории кинофестивал ва киноозмунҳои байналмилалӣ гардидаанд. Истеҳсоли филмҳои тасвирӣ (филмҳои мультипликатсионӣ) дар киностудияи «Тоҷикфилм» аз солҳои 60-ум ба роҳ монда шуд. Аз сабаби кам будани мутахассисони маҳаллӣ аз дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Маскав мутахассисони филмҳои тасвирӣ даъват шуданд. Он солҳо се филми тасвирӣ: «Суруди кӯҳсор» (таҳиягар В. Голиков, 1969), «Насими меҳрубон»-и Н. Котовников (1970), «Афандӣ, маркаб ва дузд» (Н. Ленсер, 1971) истеҳсол шуданд. Соли 1971 таҳиягари филмҳои мустанад ва рассом М. Мансурхоҷаев ба курсҳои таҷрибии коргардонҳо-мултипликаторҳои назди Донишкадаи давлатии умумииттиҳодии кинематографияи Маскав (ВГИК) дохил шуд. Бо хатми курс ба ӯ таҳияи нахустин филми тасвирии «Моҳичаи гулдор» вогузор гардид. А. Черников (наворбардор) ва В. Шуленин (рассом-мултипликатор) низ ба ш. Душанбе омада, гурӯҳи эҷодии филмҳои тасвирӣ таъсис доданд. Соли 1980 филми тасвирии «Моҳичаи гулдор» дар Кинофестивали умумииттиҳоқии Вилнюс дар бахши филмҳои тасвирӣ сазовори ҷоизаи махсуси кинофестивал гардид. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин гурӯҳи эҷодӣ филмҳои тасвирии «Чӯяндагон» (1981), «Пӯсти гург» (1982), «Рӯзи баробар» (1983), «Чӯпонбачаи часур» (1986), «Пӯстинча барои абрҳо» (1987), «Парандаи Каҳқа» (1988), «Триумф» (1989) ва ғ.-ро таҳия намуданд. Кинои тоҷик дар даврони истиқлол. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли комил ба даст оварПас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (1991) кинематографияи миллӣ ба буҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Аксарияти кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сарнавишт биҷӯянд. Аз ҳамин сабаб яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлол дар кинематографияи тоҷик ин буд, ки кинои тоҷикӣ дар ду самт – дар дохил ва хориҷи кишвар арзи вуҷуд кард. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар «Қош ба қош» (1993) ва «Падари маҳтобӣ»-и Б. Худойназаров (1999), «Парвози занбӯр» (1998)-и Ч. Усмонов (дар ҳамкории Минг Бион Хан) маҳсуб мешаванд. То соли 2001 ба истиснои филмҳои ҳуҷҷатии видеоӣ ҳеҷ филми бадеӣ истеҳсол нашуд. Баъди таваҷҷуҳи зоҳир кардани Президенти кишвар ба кинои тоҷикӣ ҳайати эҷодии киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба истеҳсоли видеофилмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ шурӯъ карданд. Аз соли 2004 дар ду сол як бор Кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад, ки ҳадаф аз ташкили он фароҳам овардани замина барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии кинематографистон; тарғибу омӯзиши дастовардҳои кинематографистони Осиёи Марказӣ мебошад. Киносозони тоҷик дар аввалин филмҳои даврони истиқлол анъанаҳои беҳтарини синамои тоҷикиро идома доданд. Дар таҳияи филмҳои ин давра Муассисаи давлатии киностудияи «Суғдсинаматография» ва «Хатлонсинамо» низ саҳми арзанда доранд. Нахустин видеофилме, ки дар ин давра рӯи навор омад, «Ва ман равам ба сӯи сарнавишт» (коргардон М. Орифов, 1998) буд. Баъдан видеофилмҳои ҳунарии «Буд-набуд» (коргардон А. Раҳматуллоев, 2002), «Ангуштарин» (2002) ва «Тақвими интизорӣ» (2006, коргардон С. Солеҳ), «Муҷассамаи ишқ» (коргардон У. Мирзоширинов, 2003), «Овора» (коргардонҳо Г. Муҳаббатова ва Д. Раҳматов, 2004), «Шоҳин» (2006), филми бадеии «Ҷазо» (2012)-и С. Қодирӣ, силсилафилми «Соҳил» (2011; 12 қисм), «Баҳори ҳазонрез»-и Р. Пиров (2021), филмҳои ҳунарии «Марги бегуноҳ» ва Ю. Юсупов (2013) ва А. Раҳматуллоев, «Фасли рӯҳё»-и М. Исмоилов (2014), «Кӯҳистонӣ»-и Ю. Юсупов (2016), «Оинаи беҷило» (2016), «Муаллим» (2011), «Қиёми рӯз» (2009) ва «Роҳ»-и Н. Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и Д. Раҳматов (2014), «Як ҷаҳон аз ману ту ҳаст» (2014), «Маро бубахш» (2016) ва «Рақси зиндагӣ»-и М. Сатторӣ (2018), «Таксӣ»-и Ф. Файз (2017), «Хонаи меҳр»-и Б. Меҳточӣ (2018), «Дӯғоб»-и З. Мусо (2018), «Бюнкер»-и Д. Султонӣ (2018), «Кемерово»-и Ф. Ниёзов (2018), «Инсоф»-и Ф. Шеров (2019), «Аз баландии парвоз» (2019) ва «Чорраҳа»-и А. Восидӣ (2020), «Насиб»-и Ш. Арабова (2020), «Охирин сайди сайёд»-и М. Исмоилов (2020), «Бачаи обӣ»-и Ф. Файзов (2020) ва ғ., филмҳои пурранавири ҳунарӣ: «Бачаи обӣ» (муаллиф Н. Раҳмон, коргардон Ф. Файзов; 2020), «Роҳ» (муаллиф С. Ҳақдодов, коргардон Н. Саидов) ва ғ., филмҳои ҳунарии кӯтоҳнавор: «Мӯрча»-и Р. Орифӣ (2013), «Қатора»-и Н. Абдуҷалил (2014), «Ломакон»-и Р. Шоазимов (2014), «Хобидан мехоҳам»-и Ф. Раҳимова (2015), «Дурбин»-и Р. Атоева (2015), «Хонаи меҳр»-и Б. Меҳточӣён (2018) ва ғ., филмҳои мустанад-ҳуҷҷатӣ: «Ангора» (2011), «Маҳбуби дилҳо»-и О. Ҳомидов (2011), «Синамо ва истиқлол»-и Т. Раҳматуллоев (2011), «Бобунаи умедбахш» ва «Мулки зарнисор»-и Б. Сайфиддинов (ҳар ду 2001), «Сайри Бадахшон»-и С. Ҳақдодов ва Г. Дзалаев (2011), «Бодбаракҳои наврӯзӣ»-и Т. Раҳматуллоев (2011), «Кӯлоб»-и (2013) ва «Мӯъминобод»-и Н. Саидов (2013), «Марзбони Ватан»-и Р. Атоева (2014), «Комил» (2016) ва «Нисор»-и С. Солеҳ (2020), «Танҳо осмон баланд»-и Г. Элбаум ва Г. Дзалаев (2014), «Рози тавлид» ва «Фалак»-и Р. Атоева (2015), «Асрори тақдир»-и З. Валӣ, «Достони Роғун» (2016), «Марди роҳ»-и Н. Саидов (2016), «Ҳунарманд»-и Г. Дзалаев (2014), «Лабчанг» ва «Нақшхонӣ»-и Д. Султонов (2017), «Ошёни нур» (2018) ва «100-солагии ВГИК» (2019), «Ҳадди осмонӣ» (2019), «90-солагии «Тоҷикфилм»-и Р. Шоазимов (2020), «Офтоби дӯстӣ» (2018) ва «Сада чашни ниёгон»-и Д. Султонӣ (2018), «Мерос»-и Ш. Чӯраев, «Бохтар. Аз бостон то бӯстон»-и М. Ҳақимзода (2018), «Муроди пешво» (2019), «Ваҳдат» (2020), «Сози мақом»-и А. Зокиров (2020), «Падар»-и Ш. Арабова (2019), «Устод Кимёгаров»-и Ф. Файзов (2020), «Хулбук» ва «Аҷинатеппа»-и Д. Нуруллоев ва Д. Шарифов (ҳар ду 2020), «Ямчун» ва «Карон»-и Б. Қурбонмамадов (2020), филмҳои тасвирӣ: «Буд-набуд»-и Б. Қаҳҳоров (2013), «Ҳамсояҳо»-и Ф. Насруллозода (2014), «Кӯҳистон»-и А. Румянсев (2018), «Алифбо» ва «Зани порсо»-и Ф. Насруллозода (2020) ва ғ. рӯи навор омаданд. Чандин филми тоҷикӣ дар кинофестивалҳои дохил ва хориҷ беҳтарин ҷоизаҳоро созвор гардиданд. «Адонис 14» (филми ҳуҷҷатӣ; Дорандаи ҷоизаи махсуси Кинофестивали Мангейм 1985 (Олмон, 1986), Гран-прии Кинофестивали Берлини Ғарбӣ (1986), Гран-прии Кинофестивали Оденси (Дания, 1987); ҷоизаи махсуси Кинофестивали 42-и байналмилалии Канн (Фаронса, 1988) ва «Гирдбод» (дипломи Кинофестивали байналмилалии «Бастау», Алмато, 1989)-и Б. Содиқов, «Қиёми рӯз» (ду ҷоизаи чашнвораи байналмилалии Кароло дар Ҳиндустон, «Муаллим» (Ҷоизаи беҳтарин нақши мардона дар Кинофестивали даҳани Фаҷри Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар ш. Инсбруки Австрия)-и Н. Саидов, «Худкуш» (се ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии Амрико; American International Film Festival)-и Р. Шоазимов, филми кӯтоҳметражи «Коса» (ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» дар Фестивали кушоди Осиёи Миёнагӣ «Орзу» дар Лондон, ҷоизаи «Беҳтарин асари кӯтоҳ» дар Чашнвораи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ дар Стокҳолм, ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар чашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо»)-и М. Музаффаров ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамкориҳои Муассисаи давлатии киностудияи «Тоҷикфилм» бо киностудияҳои кишварҳои ҳамсоя маҳз (хусусан «Узбекфилм») дар даврони истиқлол вусъат ёфт. Баъди ба имзо расидани созишномаи ҳамкории киностудияи «Тоҷикфилм» бо Узбекистон Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон коргардонҳои кишвари ҳамсояро барои табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷик даъват кард. Ҳамасола дар кишвар рӯзҳои кинои узбекӣ баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику узбек мебошад. Соли 2021 дар заминаи пешниҳоди сарварони ин ду кишвар доир ба таҳия ва эҷоди филми ҳунарӣ дар бораи дӯстии ду халқи бародар, ки дӯстию рафоқати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ маншаъ мегирад, ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра киностудия, киноширкатҳо ва иттиҳодияҳои эҷодии «Синамо» (директор О. Ҳомидов), «Ввис» (роҳбари бадеӣ Б. Худойназаров), «Мовароуннаҳр» (роҳбар Ҷ. Оҳунов), «Ракурс» (роҳбарон М. Юсупова ва З. Исроилов), ҶММ Киносервис (роҳбари сар. Ҳақдодов), «Хаома» (роҳбари бадеӣ Ф. Абдуллоев) таъсис ёфтанд, ки дар асоси базаи техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ истеҳсол мекарданд. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018—2022 соли 2021 2 филми ҳунарии комил, 3 филми мустанад ва як филми тасвириро истеҳсол кардааст.

0
ТехнологияЗеҳн13 рӯз пеш

Кори лоиҳа кадом марҳилаҳоро дар бар мегирад?

Кори лоиҳа дар истеҳсолот марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад: Марҳилаи ҷустуҷӯӣ – муайян кардани талабот, интихоби маҳсулот ва ҷамъоварии маълумот. Марҳилаи тарҳрезӣ – таҳияи нақша, расм ва интихоби масолеҳ. Марҳилаи технологӣ – интихоби асбобу таҷҳизот ва тайёр кардани маҳсулот. Марҳилаи ниҳоӣ – санҷиши сифати маҳсулот, ислоҳи камбудиҳо ва баҳодиҳии натиҷа. Марҳилаи муаррифӣ – пешниҳод ва ҳимояи лоиҳаи тайёр. Хулоса: Кори лоиҳа дар истеҳсолот аз пайдо шудани ғоя оғоз ёфта, то истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти тайёр идома меёбад.

0
ТехнологияЗеҳн13 рӯз пеш

Дар саноати мебелсозӣ истифода бурдани техника ва технологияи замонавӣ чӣ гуна натиҷа медиҳад?

Истифодаи техника ва технологияи муосир дар саноати мебелсозӣ натиҷаҳои зерин медиҳад: Суръати истеҳсоли мебел зиёд мешавад. Сифати маҳсулот беҳтар мегардад. Меҳнати инсон осон мешавад. Вақт ва масолеҳ сарфа мегардад. Арзиши аслии маҳсулот кам мешавад. Мебелҳои зебо, мустаҳкам ва замонавӣ истеҳсол мешаванд. Хулоса: Истифодаи техника ва технологияи муосир боиси баланд шудани сифати мебел, зиёд шудани ҳосилнокии меҳнат ва кам шудани хароҷоти истеҳсолот мегардад.

0
ТехнологияЗеҳн13 рӯз пеш

Мебел

Намуди зоҳирии мебел аз даврае, ки одамон ба тарзи ҳаёти нишаст гузаштанд, оғоз меёбад. Мебел дар қабилаҳое, ки бинобар шароити иқлимӣ дар биноҳои пӯшида зиндагӣ карданро талаб мекарданд, босуръат инкишоф ёфт. Мавҷудияти масолеҳи зарурӣ барои сохтани мебел низ боиси ба вуҷуд омадани навъҳои гуногуни мебел гардид. Дар аввал ҳангоми сохтани мебел материалҳое интихоб карда мешуданд, ки ба шакли мебел шабоҳат доштанд, зеро технологияи коркард хеле содда буд. Дар натиҷаи инкишоф ёфтани техника ва технологияи чӯбкорӣ, дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ навъҳои нави мебел пайдо шуданд. Мебелҳоро аз рӯйи нишонаҳои зерин ба гурӯҳҳо тақсим кардан мумкин аст: аз рӯйи ҷойи ҷойгиркунӣ: мебелҳои дар хона, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар нақлиёт истифодашаванда; аз рӯйи вазифа: мебелҳо барои нишастан, хобидан, нигоҳ доштани ашё, иҷрои корҳои рӯзмарравӣ; аз рӯйи сохт: мебели ҷамъшаванда ва ҷамънашаванда; аз рӯйи усули тайёр кардан: мебели серия, дар асоси дархост, мебели таҷрибавӣ; аз рӯйи материал: мебели чӯбӣ, масолеҳи чӯбу тахтагӣ, металлӣ, пластмассагӣ, шишагӣ, бамбукӣ ва ғайра. Азбаски чӯб як маводи табиӣ аст, аз он мебели аз ҷиҳати кологӣ хушсифат сохта мешавад. Дар саноати мебелсозӣ ДСП, ЛДСП, ДВП, МДФ, фанер, металл, сангҳои табиӣ ва сунъӣ, пластмасса, шиша, масолеҳи рӯйпӯш ва ғайра истифода мешаванд. Миқдори зиёди техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои дар саноати мебел истифодашавандаро шартан ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст: Дастгоҳҳои нақшакашӣ ва бурриш Дастгоҳҳои пармагӣ ва кандакорӣ Дастгоҳҳои суфтакунанда Асбобҳои коркарди рӯйизаминӣ Дастгоҳҳо барои коркарди канор ва қирраи мавод Асбобу ускунаҳо барои рангубор Асбобу ускунаҳо барои бастабандӣ Дастгоҳи арракунии лентаи амудӣ Дастгоҳи фрезерии бо барномаи рақамӣ идорашаванда Мошин барои пӯшонидани канори масолеҳи чӯбин

0
ТехнологияЗеҳн13 рӯз пеш

Кадом дастгоҳҳоро медонед, ки дар саноати мебелсозӣ истифода мешаванд?

Дар саноати мебелсозӣ дастгоҳҳои зерин истифода мешаванд: Дастгоҳи арракунӣ – барои буридани чӯб. Дастгоҳи рандакунӣ – барои ҳамвор кардани сатҳи чӯб. Дастгоҳи пармакунӣ – барои сӯрох кардани чӯб. Дастгоҳи суфтакунӣ – барои суфта ва ҳамвор кардани чӯб. Дастгоҳи харротӣ – барои сохтани қисмҳои шаклдори мебел. Дастгоҳи канорчаспонӣ – барои рӯйпӯш кардани канорҳои тахта. Дастгоҳи рангуборкунӣ – барои ранг кардани мебел. Хулоса: Ин дастгоҳҳо барои тайёр кардан, коркард ва ороиши мебел истифода мешаванд.

0
ТехнологияЗеҳн13 рӯз пеш

Техникаи истеҳсолот аз техникаи маишӣ чӣ фарқ дорад?

Техникаи истеҳсолот аз техникаи маишӣ бо мақсад ва тарзи истифодааш фарқ мекунад. Техникаи истеҳсолот барои истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои корҳои истеҳсолӣ истифода мешавад. Масалан: трактор, комбайн ва дастгоҳҳои корхона. Техникаи маишӣ барои осон кардани корҳои рӯзгор ва қонеъ гардонидани талаботи одамон истифода мешавад. Масалан: яхдон, мошини ҷомашӯӣ, чангкашак ва дарзмол. Хулоса: Техникаи истеҳсолот барои истеҳсоли маҳсулот, техникаи маишӣ бошад, барои осон кардани корҳои рӯзгор хизмат мекунад.

0
ТехнологияЗеҳн13 рӯз пеш

Техникаи истеҳсолот чист?

Техникаи истеҳсолот маҷмӯи мошинҳо, дастгоҳҳо, асбобҳо ва таҷҳизотест, ки барои истеҳсоли маҳсулот истифода мешаванд. Техникаи истеҳсолот меҳнати инсонро осон намуда, суръати корро зиёд ва сифати маҳсулотро беҳтар мегардонад. Мисол: трактор, комбайн, дастгоҳи дӯзандагӣ ва мошинҳои корхонаҳо.

0
ТехнологияЗеҳн13 рӯз пеш

Истеҳсолот барои чӣ зарур аст?

Истеҳсолот барои қонеъ гардонидани талаботи инсон ва ҷомеа ба молу маҳсулот ва хизматрасониҳо зарур аст. Тавассути истеҳсолот одамон маҳсулоти хӯрокворӣ, сарулибос, асбобу анҷом ва дигар чизҳои барои зиндагӣ заруриро ба даст меоранд. Истеҳсолот инчунин барои ташкили ҷойҳои корӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аҳаммияти калон дорад.

0
ТехнологияЗеҳн13 рӯз пеш

ТЕХНИКАИ САНОАТӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

Ҷараёни барои қонеъ гардондани талаботи одамон ба вуҷуд овардани неъматҳои иқтисодиро истеҳсолот меноманд. Мошинҳо ва дастгоҳҳои гуногун, ки барои иҷрои амалиёти технологӣ пешбинӣ шудаанд, техникаи истеҳсолот номида мешавад. Бо ёрии онҳо маҳсулоти ба андозаву сифати пешбинишуда ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ истеҳсол карда мешавад. 1. Мошинаҳои боркаш. Бо ёрии онҳо бор ё маҳсулот аз як ҷо ба ҷойи дигар бурда мешавад. Ба онҳо мошинҳо, аз қабили автокранҳо, кран-манипуляторҳо, конвейерҳои нақлиётӣ, мошинаҳои боркаш, штабелёрҳо ва ғайра дохил мешаванд. 2. Мошинаҳои нергетикӣ. Онҳо як намуди нергияро ба намуди дигари нергия табдил медиҳанд ва механизмҳоро ба ҳаракат меоранд. 3. Мошинҳои корӣ. Дастгоҳҳо дар истеҳсолот бештар истифода мешаванд. Бо ёрии онҳо амалиёти гуногун барои ба маҳсулот додани шакли дилхоҳ иҷро карда мешавад. Дар истеҳсолот дастгоҳҳои харротӣ, фрезерӣ, пармакунӣ, арра ва рандакунӣ, чархгарӣ, пресскунӣ, штампкунӣ, суфтакунӣ ва ғайра истифода мешаванд. 4. Мошинҳои технологӣ. Пурра автоматӣ кунондани мошинаҳои технологӣ хусусияти беназири онҳост. Чунин мошинаҳо ба воситаи пулти дурдаст идора карда мешаванд. Мошинҳое, ки бо барномаҳои рақамӣ идора мешаванд, дар истеҳсолот васеъ истифода мешаванд. Он метавонад дар асоси барномаи пешакӣ кор карда, иштироки одамонро дар ҷараёни истеҳсолот кам кунад. Ба ин гуна мошинаҳо манипуляторҳои роботӣ, дастгоҳҳои бо рақам идорашаванда, ленияҳои автоматишуда ва ғайра дохил мешаванд. 5. Техникаи андозагирӣ ва назорат. Шумо дар дарсҳои технология бо якчанд асбобҳои ченкунӣ (ҷадвали масштаб, штангентсиркул, микрометр ва ғайра) шинос гашта, аз онҳо истифода бурдаед. Дар соҳаи истеҳсолоти имрӯза дар системаи назорати сифати маҳсулот техникаи ҳисоббарории рақамӣ васеъ истифода мешаванд. Дар натиҷа кори ченкунӣ ва назорат тезонида, хатоҳои ченкунӣ кам шуда, кори ченкунӣ ва назорат объективона ба амал бароварда мешавад. Мақсади истифодабарӣ аз онҳо баланд бардоштани самараи меҳнат, баланд бардоштани самараи истифодаи ресурсҳо, кам кардани сарфи нергия ва материал дар истеҳсолот мебошад. Техникаи истеҳсолӣ аз техникаи маишӣ бо калонии қувват, самараи баланди корӣ, ҳаҷм ва қобилияти кории дарозмуддати боварибахши худ фарқ мекунад.

0

ВАЗНИ ДОНИШ ВА ТАВОЗЕЪ

Рӯзе як ҷавони мағрур, ки тоза чанд китоб хонда буд, ба назди Абдураҳмони Ҷомӣ омад. Ҷавон мехост дониши худро нишон диҳад ва бо такаббур саволҳои мушкил мепурсид. Ҷомӣ бо сабру таҳаммул ва бо лаҳни мулоим ба ҳамаи саволҳояш посух медод ва ҳеҷ гоҳ худро аз ӯ боло намегирифт. ​Дар охири суҳбат ҷавон пурсид: — Эй аллома, чаро шумо бо ин ҳама донишу фазл ин қадар хоксоред ва бо ҳар кас бо нармӣ рафтор мекунед? Ҷомӣ табассум кард ва ба дарахти мевадори боғ ишора намуда гуфт: — Оё мебинӣ, ки кадом шохаҳои дарахт бештар ба тарафи замин хам шудаанд? Он шохаҳое, ки пур аз меваанд. Шохаҳои холӣ ва бемева бошанд, ҳамеша сари худро ба боло медоранд. Шахси бодониш низ монанди шохаи пурмева аст — ҳар қадар донишаш бештар гардад, ҳамон қадар хоксортару камуштортар мешавад. Такаббур танҳо нишонаи холигии сар ва бедонишист. Ҷавон аз ин суханони ҳикматомези Ҷомӣ сахт пушаймон шуд, аз такаббури худ шарм дошт ва роҳи тавозеъву хоксориро пеш гирифт. ​Панди қисса: Дониши ҳақиқӣ инсонро хоксор ва хушрафтор мекунад, на мағруру такаббуркор.

0

НОУМЕД МАБОШ

Паёмбар (с) ҳазрати Ҷабраилро пурсид: — Оё ту механдӣ? Гуфт: — Бале. Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: — Кадом вақт? Гуфт: — Аз вақте, ки рӯзи аввал инсон халқ шуд, то дунёро падруд гуфтанаш аз пайи чизе медавад, ки он дар дунё халқ нашудааст. Паёмбар (с) дар тааҷҷуб афтода пурсид: — Чист он, ки инсон онро мекобад дар ҳоле, ки дар дунё халқ нашудааст? Ҷабраил (а.с) гуфт: — Он роҳат аст. Худованди азза ва ҷалла роҳатро дар ин дунё халқ накардааст, балки онро дар охират халқ кардааст. — Инсон доимо дар ҷустуҷӯйи роҳат аст! — Тифл орзуи калоншавиро мекунад. — Ҷавон мегӯяд: Кош ба хурдсолӣ боз гардам! — Пирамард мегӯяд: Кош ҷавониям баргардад! — Зандор рӯзҳои безаниашро орзу мекунад. — Шавҳардор орзу мекунад, кош рӯзҳои духтариям боз гардад! — Бе зан бошад мегӯяд: кош тезтар зан гирам! — Шахси бе фарзанд: кош фарзанде медоштам. — Шахси кӯдакдор, ки аз онҳо монда шудааст: Кош ҳоло кӯдакдор намешудам. — Шахсе як ҳамсар дорад: Кош дуюмашро гирам, то роҳатро бинам! Ҳар шахс ҷӯяндаи роҳат мебошад, аммо роҳат дар ин дунё вуҷуд надорад! Марям (а.с) гуфт: — «Эй кош, пеш аз ин (яъне ҳомилашавияш) мурда будам ва аз ёдҳо фаромӯш шуда будам». Аммо намедонист, ки дар шикамаш Паёмбаре вуҷуд дорад. Ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед, агар дидед балову мусибат дарозмуддат шавад! Мусо (а.с.) баъди дафни бародараш Ҳорун танҳоӣ ва торикии қабрро ба ёд овард... пас таъсирбахш шуда гиря кард. Худованд азза ва ҷалла ба ӯ ваҳй карда гуфт: — Эй Мусо, агар ба аҳли қабр иҷозати сухан кардан диҳам, ҳар ойина ба ту лутфи Маро ба онҳо чӣ гуна буданро хабар медиҳанд! — Эй Мусо, ман онҳоро дар ҳоли зинда буданашон ризқашонро медодам, аз ҳамаашон бохабар будам ва чӣ тавр онҳоро фаромӯш месозам, дар ҳоле онҳо дар ботини заминанд?! — Эй Мусо, ҳар гоҳе инсон аз дунё мегузарад, ман ба бузург будани гуноҳҳояш назар намекунам, балки назар ба ночорияш мекунам.

0

ОЛИМИ НУРОНӢ

Худованд рӯзе аз Азроил пурсид: — Оё то ба ҳол дар вақти ҷони касеро гирифтан гиря кардӣ? Азроил ҷавоб дод: — Як бор хандидам, як бор гиря кардам ва як бори дигар тарсидам! Хандаам замоне буд, ки бо амри Ту мардеро бояд ҷонашро меситонидам ва ӯро назди дӯкони кафшдӯзӣ пайдо намудам, ки он мард ба кафшдӯз мегуфт, ки кафшамро ба гунае бидӯз, ки як сол равад ва ман ба ҳолаш хандидам ва ҷонашро бо амри ту ситонидам! Гиряам замоне буд, ки ба ман дастур додӣ, ҷони занеро гирам, ки дар биёбони тафсону беобу дарахт буду ва ҳам дар ҳолати зоймон буд ва баъди зоймони он зан ҷонашро қабз намудам ва ба ҳоли тифлаки навзод гиристам! Тарсам замоне буд, ки ҷони марди фақеҳ ва олимро бояд меситонидам ва ҳарчанд ба манзилаш наздик мешудам, нураш бештар мегашт! Ва замоне, ки ҷонашро гирифтам, аз дурахшиши чеҳрааш тарсидам ва ваҳшатзада гаштам! Дар ин ҳангом Худованд ба Азроил арз кард: — Медонӣ, ки он олими нуронӣ кӣ буд? Ӯ ҳамон навзоде ҳаст, ки ҷони модарашро дар саҳрои тафсон гирифта будӣ ва он навзод танҳо дар саҳро монда буд! Ман масъулияти он тифли навзодро ба ӯҳда доштам! Ҳаргиз гумон макун, ки бе вуҷуди ман, мавҷуде дар ин олам бесарпаноҳ бимонад.

0

ШИКОЯТИ ШАЙТОН

Рӯзе шайтон дар як гӯшаи Масҷидул-Ҳаром истода буд. Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи васаллам) саргарми тавофи хонаи Каъба буданд. Вақте он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи васаллам) аз тавоф фориғ шуданд ва диданд, ки иблис заъифу нотавон ва бо ранги парида канори масҷид истодааст. Он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд: — Эй малъун, чаро чунин заъифу ранҷурӣ?! Гуфт: — Аз дасти уммати ту ба ҷон омадам ва гудохта шудам. Расулуллоҳ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд: — Уммати ман бо ту чӣ кардаанд? Гуфт: — Ё Расулаллоҳ, чанд хислате некӯ дар уммати ту ҳаст, ки ман ҳарчӣ талош мекунам, ин хислатро аз эшон баргирам, вале наметавонам. Он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд: — Он хислатҳо, ки туро нороҳат кардаанд, кадоманд? Шайтони лаъин гуфт: Ҳангоме, ки бо ҳам мерасанд, салом мекунанд. Бо ҳам мусоҳафа мекунанд. Барои анҷом додани ҳар кор, Иншааллоҳ мегӯянд. Аз гуноҳи кардаашон истиғфор мекунанд. То номи туро мешунаванд, салавот мефиристанд. Дар ибтидои ҳар кор, Бисмиллаҳир раҳмонир раҳим мегӯянд.

0