Китобҳо
Китоби навҲАРФЕ, КИ МО МЕХОНЕМ
Дар олам хат бисёр аст. Ҳар хат алифбо ва намунаи хос дорад. Алифбои мо кириллӣ мебошад. 80 сол инҷониб ҳамин хатро мехонему менависем. Пеш аз ин хати мо лотинӣ буд. Аз лотинӣ пештар форсӣ, пеш аз форсӣ хати суғди, паҳлавӣ ва мехӣ хонда менавиштем... Китобе, ки бачаҳои азиз, дар даст доред, таърихи пайдоиши хатҳост. Муаллифи вобаста ба алифбои Брайл (барои нобиноён) ва дактиологӣ (барои мардумони гушашон ношунаво ва забонашон лакнатдошта) низ маълумоти аҷиб ҷамъ овардааст.

АФСОНАИ КОРД
Мавзўи асосии “Корд” нав нест. Дар ин робита ҳикояву қиссаҳои зиёде нигошта шудааст. Аммо муаллиф бо тарзи ҷолиби нигориши ба ў хос мавзўъро тарзе ба хонанда пешниҳод мекунад, ки на танҳо такрор буданаш эҳсос намешавад, балки бо варақ задани саҳфаи баъдӣ, бача гардиши нав ва ғайриинтизорро мунтазир ва ҷўё мешавад. Аз ин рў, афсона хонданиву ҷолиб нигошта шудааст ва “Корд” ном гирифтани он ҳам тасодуфӣ нест.

МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ
Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

Қиссаи фавқ
Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.

Дунёи рангини зери об
Дар зери об чӣ бошад? Сангу сангреза. Боз чӣ? Боз?... Дуруст, моҳӣ! Моҳӣ ҳайвони зебои обист. Аммо баъзе моҳичаҳо басо хушранг мешаванд. Пулакчаҳояшон пур аз нақшу нигор аст. Аз тамошои онҳо чашм сер намешавад. Номҳои аҷойиб низ доранд. Дар ин китобча шумо бо чанд моҳича шинос мешавед, ки зеботарини моҳичаҳои оламанд.

ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.


Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё