Зеҳн
ЗЕ

Зеҳн

1 пайгир · аз 15 июли 2026 дар Зеҳн

ЗЕ
Мақола · 27 рӯз пеш

ДИЗӢ МЕҒАЛТАД, ДАРАШРО ПАЙДО МЕКУНАД

Дар замонҳои қадим марди донишманду хирадманде ба сӯйи шаҳре сафар мекард. Дар роҳ марди содае бо ӯ ҳамсафар шуд. Пас аз он ки андаке роҳ рафтанд, марди донишманд аз ҳамсафараш пурсид: — Ту маро мебарӣ ё ман туро? Марди сода аз ин савол ҳайрон шуд ва

0
ЗЕ
Мақола · 27 рӯз пеш

САЛМОНИ СОВАҶӢ ВА АМИР ШАЙХ ҲАСАН

Амир Шайх Ҳасан пас аз Султон Абӯсаиди Худобанда дар Бағдод ва Озарбойҷон ба подшоҳӣ расид. Ҳамсари ӯ Дилшодхотун зани бисёр донишманд, хирадманд, саховатманд ва зебо буд. Салмони Соваҷӣ, шоири машҳур, дар ситоиши Амир Шайх Ҳасан ва Дилшодхотун

0
ЗЕ
Мақола · 27 рӯз пеш

ҲИКОЯТИ НОНВОЁНИ ҒАЗНИН

Ҳикоят мекунанд, ки рӯзе дар шаҳри Ғазнин нонвоён дарҳои дӯконҳои худро бастанд ва аз фурӯши нон даст кашиданд. Дар натиҷа, нон хеле гарон ва камёфт шуд. Мардуми камбағал ва ниёзманд ба мушкилоти сахт гирифтор шуданд ва барои пайдо кардани нон ранҷу

0
ЗЕ
Мақола · 27 рӯз пеш

БАЛАНДҲИММАТИИ АММОРА ИБНИ ҲАМЗА

Рӯзе Аммора ибни Ҳамза дар маҷлиси халифа Восиқ (842–847) нишаста буд. Он рӯз халифа ба шикоятҳои мардум расидагӣ мекард. Марде, ки худро ситамдида медонист, аз ҷой бархост ва аз Аммора ибни Ҳамза шикоят карда, гуфт: — Эй халифа! Аммора замини

0
ЗЕ
Мақола · 27 рӯз пеш

ХУДО РӮЗИРАСОН АСТ, АММО ЯК СУРФАЕ ҲАМ БОЯД КАРД

Марди содалавҳе борҳо шунида буд, ки Худованди мутаъол рӯзии ҳамаи бандагонашро мерасонад ва ҳеҷ мавҷудеро бе рӯзӣ намегузорад. Ӯ аз шунидани ин суханон ба чунин андеша афтод: «Агар Худованд рӯзии ҳамаи бандагонашро мерасонад, пас чаро ман худро ба

0
ЗЕ
Мақола · 27 рӯз пеш

ҲАСАНАЛӢ ҶАЪФАР

Рӯзе се ҷавон барои хостгории духтари марде ба хонаи ӯ омаданд. Яке аз онҳо Ҳасан ном дошт. Ӯ ҷавони диндор ва некӯкор буд, вале на сарват дошт ва на зебоӣ. Дуюмӣ Алӣ ном дошт. Ӯ ҷавони зебову хушқомат буд, аммо на сарват дошт ва на диндор буд. Сеюмӣ

0
ЗЕ
Мақола · 27 рӯз пеш

ШИРИНИИ АСАЛ ВА ҒАФЛАТ АЗ МАРГ

Рӯзе сорбоне аз тарси шутури масту хашмгин гурехт. Шутур аз паси ӯ давид ва ҳар лаҳза наздиктар мешуд. Мард ҳар қадар давид, ҷойи амне барои паноҳ бурдан наёфт. Ногоҳ дар пеши роҳаш чоҳи чуқуреро дид. Чун роҳи дигаре надошт, худро ба даруни чоҳ овехт ва

0
ЗЕ
Мақола · 28 рӯз пеш

ИҚТИСОД

Холиқи Раҳим дар баробари неъматҳое, ки ба башар ато кардааст, аз инсон шукргузорӣ мехоҳад. Исроф бар зидди шукр буда, навъе беқадрӣ нисбат ба неъматҳост. Аммо сарфакорӣ нишонаи эҳтиром ва қадршиносии неъматҳо мебошад. Оре, сарфакорӣ ҳам навъе шукри

0
ЗЕ
Мақола · 29 рӯз пеш

Дин, бешубҳа, лутфи Худованд барои башарият аст. Пас чаро дар дин ғуломдорӣ раво дониста мешавад?

Ин суол чанд паҳлӯ дорад: паҳлӯҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ. Пеш аз ҳама бояд сабабҳои қадимию навро, ки дар мо ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба ғуломдорӣ бедор мекунад, ёдрас шавем. Сабаби аввал нуқтаи назари материализми таърихӣ ба

0
ЗЕ
Мақола · 29 рӯз пеш

Дар ҳадис омадааст, ки як соат тафаккур ба яксола намози нафл баробар аст. Роҳу усули тафаккур чӣ гуна аст?

Гумон мекунам, ки ҳангоми пурсидани суол ҷавобашро ҳам додаанд. Ҳукми ба яксола ибодати нофила баробар будани як соат тафаккур дар ҳадиси заифе тазаккур ёфтааст, аммо гузашта аз ин дар Қуръони Карим оятҳои зиёде ҳастанд, ки ин масъаларо таъйид

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

МЕҲРУБОН

Мегӯянд, ки дар замонҳои қадим тамоми эҳсосот ба ҷазира барои истироҳат мерафтанд. Ҳангоме ки эҳсосотҳо хуб истироҳат мекарданд, дар ҷазира паёми ғайричашмдошт паҳн шуд: сел наздик буд ва ба ҳама тавсия дода шуд, ки ҷазираро тарк кунанд. Ин хабари

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Хусусиятҳои шифобахши пиёзи анзур

Анзур рустании доруист. Мизоҷаш гарм, дар дараҷаи сеюм хушк ва дар дараҷаи дуюм он намнок мебошад. Маззаи пиёзи анзур сӯзон ва таъсиркунанда буда, таркиби фоиданокиаш барои бисёр бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сар ба монанди луоби обилаи мағзи сар,

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Хишти аввал

Кӯдакӣ замонест, ки тафаккури инсон дар он майл ба бедорӣ мекунад, яъне ҳар он рафтору амале, ки кӯдак дар гирду атрофи худ мебинаду мушоҳида мекунад кӯшиши пайравӣ ба онро месозад. Ҳангоми анҷом додани ягон амал боре дар бораи зарар ё фоидаи он

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Саҳми муаллим дар азхудкунии хонандагон.

Дар мактаб ва синфхонае ҷои роҳбари синфро, ки ба рухсатии ҳомиладорӣ рафта буд, муаллимаи нав гирифт. Рӯзе муаллима ба фаҳмондани дарс шурӯъ кард, сипас яке аз шогирдонро аз ҷояш хезонд ва савол дод, дигар талабагон хандиданд. Муаллима дар ҳайрат

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Саъд ва ду дирҳам

Ривоят мекунанд, ки дар замони Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) марде бо номи Саъд зиндагӣ мекард. Ӯ бисёр камбағал буд ва аз ҷумлаи асҳоби Суффа ба шумор мерафт. Саъд марди ибодаткор буд. Ҳар рӯз панҷ вақт намозашро дар масҷид, аз паси Расули Худо

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Марди бегуноҳ ва ҷаллод

Рӯзе марди бегуноҳеро ба қатл айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд. Ҷаллодеро вазифадор карданд, ки сари он бечораро аз тан ҷудо кунад. Ҷаллод мардро ба қатлгоҳ бурд ва ба сутуне баст, то ҳукми қатлро иҷро намояд. Марди бечора бо гиряву зорӣ ва

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва Ҳаким Абӯрайҳони Берунӣ

Рӯзе Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар хонае, ки чор дар дошт, нишаста буд. Ӯ Ҳаким Абӯрайҳони Беруниро ба назди худ даъват карда, гуфт: — Толеи ин лаҳзаро муайян кун ва бигӯ, ки ман аз кадоме аз ин чор дар берун хоҳам рафт. Агар пешгӯии ту нодуруст барояд,

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Оё Қуръон сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нест? Агар не, инро чӣ гуна мешавад исбот кард?

Дар робита ба ин мавзӯъ он қадар зиёд гуфта ва навиштаанд, ки ҷойи шубҳа намондааст. Дар ин фурсати кӯтоҳ якчанд нуктаи муҳимро ёдрас мекунам. Даъвои он ки Қуръони Каримро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва ё нафари дигар эҷод кардааст,

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Гӯсфанддор ва чӯпони ростқавл

Рӯзе марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки рамаҳои зиёди гӯсфанд дошт. Ӯ чӯпоне дошт, ки марди бисёр некӯкор, ростқавл ва парҳезгор буд. Чӯпон ҳар рӯз гӯсфандонро медӯшид ва тамоми ширро, бе он ки чизе аз он кам кунад, назди соҳибаш меовард. Аммо соҳиби

0
ЗЕ
Мақола · 1 моҳ пеш

Ҳазрати Исо (а) ва марди ҳарис

Ҳикояти пандомӯз дар бораи ҳирсу тамаъ ва оқибати молпарастӣ Рӯзе ҳазрати Исо (алайҳиссалом) бо марде ҳамсафар шуд. Онҳо муддате роҳ рафтанд ва ниҳоят гурусна шуданд. Вақте ба деҳае расиданд, ҳазрати Исо (а) ба ҳамсафараш гуфт: — Бирав, барои хӯрдан

0