
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
Падар
Подшоҳе фармон дод, ки пиронсолонро бикушанд. Ҷавоне падари худро дӯст медошт. Ҳангоме ки ҷавон хабар ёфт, падари худро дар зеризамини хонааш пинҳон кард. Вақте ки маъмурон барои тафтиш омаданд, касеро наёфтанд. Рӯзҳо гузашт ва подшоҳ тавассути ҷосусон ва хоинон огоҳ шуд, ки ҷавон падари худро пинҳон намудааст. Подшоҳ қарор дод, ки қабл аз ҳабс кардани ҷавон ва қатли падари ӯ, ӯро бисанҷад. Маъмуреро ба дунболи ӯ фиристод. Маъмур назди ҷавон рафта гуфт: "Подшоҳ туро фаро хондааст, ки субҳгоҳон савор ва ҳамзамон пиёда ба ҳузураш биоӣ." Ҷавон ҳайрон шуд ва дар ҳолати сардаргумӣ ба назди падари худ рафт ва воқеаро нақл намуд. Мард табассуме кард ва ба фарзандаш гуфт: "Асои бузурге биёр ва рӯи он савор шав ва пиёда назди подшоҳ ҳозир шав!" Ҷавон дар маҷлиси подшоҳ ҳозир шуд. Подшоҳ аз заковати ӯ дар тааҷҷуб монд ва ба ҷавон гуфт: "Бирав ва пагоҳ дар ҳолати пӯшида ва урён баргард!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Падар ба фарзандаш гуфт: "Кафши худро ба ман бидеҳ." Қисми поён ва пошнаи кафшро бурид ва гуфт: "Инро бипӯш ва назди подшоҳ бирав!" Подшоҳ аз зеркии ӯ дар ҳайрат монд ва ба ӯ гуфт: "Бирав ва фардо бо дӯсту душмани худ биё!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Падар табассуме кард ва гуфт: "Ҳамсарат ва сагатро бо худ бубар ва назди подшоҳ биёр! Ва ҳар дуяшонро бизан!" Ҷавон гуфт: "Чӣ гуна мумкин аст?" Падар гуфт: "Ту иҷро кун, зуд хоҳӣ фаҳмид." Субҳ ҷавон назди подшоҳ ҳозир шуд ва дар назди подшоҳ ҳамсарашро зад. Ҳамсараш фарёд баровард ва ба шавҳараш гуфт: "Ба зудӣ пушаймон хоҳӣ шуд!" Ва ба подшоҳ хабар дод, ки шавҳарам падари худро пинҳон кардааст. Баъд сагашро зад. Саг давид. Подшоҳ тааҷҷуб кард! Ва гуфт: "Дӯсти вафодор ва душман чӣ гуна аст?" Ҷавон ба саг ишора кард. Саг ба сӯяш шитофт ва гирду атрофаш бо шодӣ давид! Ҷавон гуфт: "Ин ҳамон дӯст ва душман аст." Подшоҳ дар ҳайрат монд ва гуфт: "Субҳ бо падарат биё!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Субҳ чун назди шоҳ ҳозир шуданд, подшоҳ падари ҷавонро ҳамчун мушовири худ баргузид. Ниҳоят ҷавон ва падараш ба лутфу фазли Илоҳӣ наҷот ёфтанд. Падар ҳар гоҳ ба синни боло мерасад, чу ганҷинаест, ки қадру қимати онро намефаҳмем, магар баъди аз даст додани чунин фурсатҳои тиллоӣ. Падар мактаби комил ва дорои дарояти воқеист. Ӯро чун мушовир ва маҳрами асрори худ қарор деҳ — ҳамеша бо ӯ роҳи ҳал хоҳӣ ёфт! Худованд ба волидони вафоткардаи мо раҳмат кунад ва ба зиндагонамон умри пурбаракат ато намояд. Фироқи падар сахт аст, ва бенавоӣ ва талхии онро касе намедонад, ҷуз он ки чашида бошад.
ҚИССАИ ИБРАТБАХШИ ПИСАР БО ПАДАР
Писаре падарашро барои шом ба тарабхонае бурд. Падар, ки хеле пиру заъиф шуда буд, ғизояшро дурус наметавонист бихурад ва бар рӯи либосҳояш мерехт. Тамоми афроди мавҷуд дар рестурон бо ҳақорат ба сӯи марди пир менигаристанд, ва писар ҳам хомӯш буду дар иваз ғизоро ба даҳони падар мегузошт. Пас аз ин ки ғизояшон тамом шуд, писар ба ороми падарро ба дастшӯи бурд, либосашро тамиз кард, мӯйҳояшро шона кард ва айнакҳояшро танзим карду берун овард. Тамоми афроди мавҷуд дар рестурон мутаваҷҷеҳи ҳардуи инҳо буданд ва бо ҳақорат ба сӯи ҳарду менигаристанд Писар пули ғизоро пардохт ва бо падар аз онҷо рафт. Дар ин ҳангом пирамарди дигаре аз ҷамъи ҳозирин баланд шуду садо кард Писар.... Оё фикр намекуни чизеро фаромӯш кардаи? Писар посух дод: Чизе боқи нагузоштаам. Он марди пир гуфт: Бале писарам боқи гузоштаи... Дарсе барои тамоми писарон... Ва умеде ҳам барои ҳамаи падарон...!!! Хомӯшии мутлақ бар тамоми рестурон ҳоким шуд! Кош шеъре ба номи "падар" буд ки ингуна оғоз мешуд. Қасам бар панҷаи дастонат ки бӯи нон медиҳад. Ва қасам бар чашмони ҳамеша нигаронат.... Қасам бар буғзи фурӯхӯрдаат ки шонаи кӯҳро ларзонд. Ва қасам бар ғурбатат... Вақте ҳеҷ биҳиште зери поят нест!!! (Зинда бод ҳамаи падарони дар қайди ҳаёт ва шод бод рӯҳи тамоми падарони азиз ки сафар кардаанд).
ДӮСТӢ
Гунҷишке бо саросемагӣ ба оташ наздик мешуду бармегашт. Аз ӯ пурсиданд: - Чӣ мекунӣ? Ҷавоб дод: - Дар ин наздикӣ чашмаи об аст ва ман минқори худро пур аз об мекунам ва бар болои оташ мерезам. Гуфтанд: - Ҳаҷми оташ дар муқобили обе, ки ту мерезӣ бисёр зиёд аст ва ин об фоидае надорад. Гуфт: - Шояд натавонам оташро хомӯш кунам, аммо он вақте ки Худованд мепурсад, ки ҳангоми дӯстат дар оташ сӯхтан, ту чӣ кор кардӣ? Ҷавоб медиҳам, ки ҳар он чӣ аз дастам омад, анҷом додам.
Тарс
Рӯзе занбӯр ва мор бо ҳам баҳс карданд. Мор мегуфт: "Одамон аз тарси зощирии даҳшатноки ман мемиранд, на аз сабаби неш задани ман!" Аммо занбӯр ин суханро қабул намекард. Мор барои исботи гуфтааш ба чӯпоне, ки зери дарахте хобида буд, наздик шуд ва ба занбӯр гуфт: "Ман чӯпонро неш мезанам ва пинҳон мешавам. Ту бошад, болои сараш парвоз кун, садо барор ва худро нишон деҳ". Мор чӯпонро неш зад ва занбӯр болои сари чӯпон ба парвозу садо баровардан оғоз кард. Чӯпон аз хоб бедор шуд ва гуфт: " Эй занбӯри лаънатӣ!" Сипас ҷои нешро молида, заҳрро берун кард. Баъд ба захм дору гузошту пас аз чанд рӯз сиҳат шуд. Сипас боз ба истироҳат машғул шуд. Ин дафъа мор ва занбӯр нақшаи дигар кашиданд: ин бор занбӯр неш зад ва мор худро нишон дод. Чӯпон аз хоб парид ва ҳамин ки морро дид, аз тарс ба гурехтан оғоз кард. Аз ваҳшати мор дигар заҳрро берун накард ва ба захмаш ҳам дору нагузошт. Пас аз чанд рӯз чӯпон аз тарси мор ва неши занбӯр ҷон дод. Яъне бисёре аз бемориҳо ва мушкилот низ ҳамин гунаанд: одамон на ҳамеша аз худи онҳо, балки бештар аз тарсе, ки дар зеҳни худ месозанд, нобуд мешаванд. Пас, ҳама чиз ба бардошти мо аз зиндагӣ ва шароите, ки дар он қарор дорем, бармегардад. Барои ҳамин беҳтар аст нигоҳи худро ба ҳама чиз хубтар ва солимтар кунем. Эҳтиёт кунед, ки ба зиндагии худ чӣ чизҳоро талқин мекунед...!
Зиндагӣ мисли оина аст
Инсон дар зиндагӣ ҳар чизеро ки ба ҷаҳон медиҳад, рӯзе ба ҳамон шакл ба худ бозпас мегирад. Ҳеч андеша, ҳеч сухан ва ҳеч амале дар фазои ҳаёт гум намешавад. Ҳар пиндори нек, ҳар сухани меҳрубонона ва ҳар кори хайр дер ё зуд ба зиндагии инсон рӯшанӣ меорад. Ҳамон гуна ки кина, бадгӯӣ ва озори дигарон низ рӯзе ба шакле ба худи инсон бармегардад. Зиндагӣ мисли оина аст: ҳар чӣ дар баробараш мегузорӣ, ҳамонро ба ту нишон медиҳад. Агар муҳаббат диҳӣ, муҳаббат мебинӣ, агар эҳтиром кунӣ, эҳтиром меёбӣ, агар дилеро бишканӣ, рӯзе дарде аз ҳамон ҷинс ба сарат меояд. Шояд бозгашти амалҳо зуд набошад, шояд солҳо тӯл кашад, аммо қонуни зиндагӣ дақиқ аст: инсон ҳосили пиндор, гуфтор ва кирдори худро мечинад. Чӣ хуб мебуд агар эҳтиёт кунем, ки чӣ меандешем, чӣ мегӯем ва чӣ мекунем. Зеро ҳар андеша тухмест, ҳар сухан садоест ва ҳар амал роҳест, ки оқибат моро ба худи мо бармегардонад.
Дурӯғ
Яке аз хатарноктарин дурӯғҳо он дурӯғест, ки инсон ба худ мегӯяд. Вақте шахс ҳақиқатро медонад, вале дидаву дониста худро фиреб медиҳад, тадриҷан миёни воқеият ва хаёл марзҳоро гум мекунад. Аввал дурӯғро барои тасаллои худ мегӯяд, баъд ба он бовар мекунад ва дар ниҳоят дигар ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ карда наметавонад. Инсоне, ки ба худ дурӯғ мегӯяд, камбудиҳои худро намебинад, хатоҳояшро намепазирад ва аз ислоҳи худ дур мемонад. Ӯ ҳамеша барои нокомиҳои худ баҳона меҷӯяд ва масъулиятро ба дӯши дигарон мегузорад. Дар чунин ҳолат рушд ва пешрафт қариб ғайриимкон мегардад. Ҳақиқат баъзан талх аст, аммо танҳо ҳақиқат метавонад инсонро тағйир диҳад. Шахсе, ки ҷуръати рӯ ба рӯ шудан бо ҳақиқатро дорад, метавонад хатоҳояшро ислоҳ кунад, аз таҷрибаҳо дарс гирад ва ба камол расад. Пеш аз он ки аз дигарон ростӣ талаб кунем, бояд бо худ ростқавл бошем. Зеро роҳи ҳар гуна пешрафт аз як иқрори сода оғоз мешавад: «Ман ҳақиқатро мебинам ва омодаам онро бипазирам». Ҳақиқат метавонад дард оварад, аммо дурӯғ инсонро гумроҳ мекунад. Танҳо касе, ки бо худ рост аст, метавонад зиндагии худро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.
Инсони хуб
Шогирде аз устоди худ пурсид: Лутфан ба ман бигӯед, ки чӣ гуна метавонам инсони хубро бишносам? Устод ҷавоб дод: Ту наметавонӣ аз рӯи суханони як шахс муайян кунӣ, ки ӯ инсони хуб аст ё не. Ҳатто аз рӯи зоҳири одамон низ ба чунин хулоса расидан мумкин нест. Аммо метавонӣ аз муҳите, ки бо ҳузури он шахс ба вуҷуд меояд, ӯро бишносӣ. Зеро ҳеҷ кас наметавонад дар атрофи худ фазое эҷод кунад, ки бо рӯҳу ботини ӯ созгор набошад. Яъне инсон ҳамеша он чиро, ки дар даруни худ дорад, ба атрофиён мунъакис мекунад. Агар ҳузури касе ба дигарон оромиш, меҳрубонӣ ва эҳсоси нек бахшад, эҳтимол дар ботини ӯ низ ҳамин сифатҳо ҷой дошта бошанд. Агар мехоҳӣ ҳузурат барои дигарон манбаи оромиш бошад, аввал бояд даруни худро ором гардонӣ. Зеро оромиши ҳақиқӣ аз ботини инсон оғоз меёбад ва сипас ба ҷаҳон атрофаш паҳн мешавад.
Инсони солим
Инсони солим на он касест, ки ҳеч мушкиле надорад, балки он касест, ки ҳатто дар миёни мушкилот роҳ меҷӯяд. Зиндагӣ ҳамеша мувофиқи хоҳиши мо пеш намеравад. Баъзан дарҳо баста мешаванд, нақшаҳо барҳам мехӯранд ва роҳҳо ба бунбаст мерасанд. Аммо одамони қавӣ дар чунин лаҳзаҳо намегӯянд: «Ҳама чиз тамом шуд». Онҳо мегӯянд: «Шояд роҳи дигаре вуҷуд дошта бошад». Воқеъбин будан маънои ноумед шуданро надорад. Воқеъбинӣ яъне мушкилро дидан, аммо ба имкониятҳо низ чашм доштан. Ҳар вақте зиндагӣ туро дар назди деворе қарор диҳад, пеш аз таслим шудан аз худ бипурс: «Оё дар ҳақиқат дигар роҳе нест?» Аксар вақт муваффақият маҳз аз он ҷо оғоз мешавад, ки дигарон истодаанд, аммо ту ҳанӯз дар ҷустуҷӯи роҳи нав ҳастӣ. Пас ҳамеша бу худ бигӯ: «Бале, вазъият душвор аст, аммо боз ҳам роҳе вуҷуд дорад».
Қудрат ва рушд аз роҳи осон ба даст намеоянд
Ҳар муваффақияте, ки имрӯз мебинед, пушти худ рӯзҳои сахт, шикастҳо, ноумедиҳо ва талошҳои зиёдеро пинҳон кардааст. Инсон дар лаҳзаҳои осоиш не, балки дар миёни мушкилот қавӣ мешавад. Тӯфон решаи дарахти заифро меканад, аммо дарахти қавиро боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Зиндагӣ низ ҳамин гуна аст. Ҳар мушкиле, ки аз сар мегузаронед, агар таслим нашавед, шуморо қавитар, донотар ва таҷрибадортар мегардонад. Пас аз душвориҳо натарсед. Ҳар қадаме, ки имрӯз бо сабр ва устуворӣ мегузоред, шуморо ба шахсияте табдил медиҳад, ки фардо орзуи шуданашро доред. Рушд аз минтақаи осоиш оғоз намешавад. Рушд он ҷо оғоз мешавад, ки инсон қарор медиҳад бо вуҷуди тарс, хастагӣ ва монеаҳо боз ҳам пеш равад.
Худбузургбинӣ
Бисёр вақт инсонро на душманонаш, балки эҳсоси “ман аз ҳама беҳтарам” нобуд мекунад. Худбузургбинӣ оҳиста-оҳиста чашми инсонро мепӯшонад: дигар касеро намешунавад, хатоҳои худро намебинад, ва фикр мекунад ҳақиқат танҳо назди ӯст. Ин гуна одамон одатан аз рушд бозмемонанд. Зеро инсон танҳо вақте меомӯзад, ки эҳсос кунад ҳанӯз чизҳои зиёдеро намедонад. Одами воқеан бузург, худро бузург нишон намедиҳад. Ҳар қадар инсон донотар шавад, ҳамон қадар хоксортар мегардад. Худбузургбинӣ инсонро аз мардум дур мекунад, аз ҳақиқат дур мекунад ва дар ниҳоят аз худи воқеияташ ҳам ҷудо месозад. Баъзан як инсони одии хоксор аз сад “донои” мағрур арзишмандтар аст.
Қадрдонӣ
Қадрдонӣ муҳимтарин омил барои рушди ҳар инсон аст! Қадрдонӣ яке аз муассиртарин ва дар айни замон содатарин роҳ барои боло бурдани сатҳи шодӣ ва беҳтар сохтани тафаккур аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамоне, ки қадрдониро тамрин мекунанд, сатҳи стрессро коҳиш дода, эҳсосоти шодии бештар доранд. Қадрдонӣ ба шумо кумак мекунад, ки ба ҷанбаҳои мусбати зиндагӣ таваҷҷуҳ намоед ва ин боиси тақвияти рӯҳия ва беҳбуди вазъи равонӣ мегардад. Чаро қадрдонӣ ин қадар муҳим аст? Вақте мо ба чизҳое, ки дорем, меандешем ва барои онҳо сипосгузорем, зеҳни мо аз нигарониҳо ва андешаҳои манфӣ дур мешавад. Ин тамрин сабаб мегардад, ки зеҳни шумо дар ҷустуҷӯи ҷанбаҳои мусбати зиндагӣ бошад ва эҳсоси хушбахтии бештареро таҷриба кунед. Ба ибораи дигар, зеҳни инсон чунин офарида шудааст, ки агар пайваста ба ҷанбаҳои мусбати зиндагӣ таваҷҷуҳ намояд, ҷаҳонбинии ӯ нисбат ба дунё тағйир меёбад.
Суханварӣ танҳо сухан гуфтан нест
Мегӯянд, ки дар шаҳри Бухоро ҷамъомаде баргузор гардид, ки дар он суханварон, шоирон ва донишмандон ҳузур доштанд. Ҳар яке бо сухани ширин, қофия ва ҳикмати баланд ҳунари худро нишон медод. Дар он миён пирамарде хомӯш менишаст. Ӯро пурсиданд: — Чаро ту, ки аз маъруфтарин донишмандон ҳастӣ, сухане намегӯӣ? Пир бо табассум гуфт: — Сухан монанди гавҳар аст. Ҳар ҷо ва ҳар вақт гуфтанаш ҷоиз нест. Сухан бояд чун дору бошад: ба маврид, ба миқдор ва ба ҷойи зарурӣ. Агар беҳуда ва беандеша гуфта шавад, мисли доруи зиёдатӣ ба ҷои шифо заҳр мегардад. Ҳозирон аз ин ҳикмат ба ваҷд омаданд ва эътироф карданд, ки хомӯшии ба маврид аз сухани беҳуда беҳтар аст. Панд: Суханварӣ танҳо сухан гуфтан нест, балки донистани замон, макон ва ҳадафи сухан аст. Касе, ки ба маврид сухан мегӯяд, аз ҳазорон суханвари сергуфтор беҳтар аст.
Ахлоқ
Рӯзе як ҷавон назди устоди худ омад ва пурсид: – Устод, кадом чиз инсонро аз ҳама зиёд зебо мегардонад? Устод бо табассум ҷавоб дод: – На сару либос, на дороӣ ва на қувват. Зеботарин ороиши инсон одоб ва хулқи нек аст. Ҷавон боз пурсид: – Оё хулқи хуб чӣ қадар аҳамият дорад? Устод гуфт: – Мисли офтоб, ки ҳама ҷо равшанӣ мебахшад. Одам бо хулқи нек дили дигаронро равшан месозад. Агар хулқаш бад бошад, мисли торикӣ аст, ки ҳарчанд ганҷина дошта бошад, касе ба ӯ наздик намешавад. Сипас устод афзуд: – Агар мехоҳӣ дар дили мардум ҷой дошта бошӣ, на қувва ҷӯй ва на сарват, балки бо одоб, хоксорӣ ва хулқи нек зиндагӣ бикун. Панд Хулқи нек сармояест, ки арзиши он ҳеҷ гоҳ кам намешавад. Мол талаф шавад, барқарор мешавад, вале обрӯ ва одоби инсон агар равад, баргаштанаш душвор аст.
Хоксорӣ
Мегӯянд, ки як шогирд бо устоди худ ба боғе даромаданд. Дар он ҷо дарахтон пур аз мева буданд. Шогирд бо ҳайрат гуфт: – Устод, чаро баъзе дарахтон сарбаланд истодаанд, вале баъзеашон сархаманд? Устод бо табассум ҷавоб дод: – Бингар, фарзанд, дарахте, ки мева надорад, сарбаланду ғурурнок меистад. Аммо дарахте, ки пур аз мева аст, аз вазни меваҳояш сар хам мекунад. Сипас афзуд: – Инсон низ чунин аст: касе, ки дониш ва хирад надорад, мағрур мешавад. Аммо одами доно ва пурбаракат ҳамеша хоксор аст, зеро медонад, ки ҳамааш аз фазлу карами Худост. Панд: хоксорӣ ороиши дониш аст. Чӣ қадаре одам бештар донад, ҳамон қадар бояд бештар фурӯтан бошад.
Ахлоқи нек
Ривоят мекунанд, ки як мард писарашро ба назди як омӯзгори донишманд бурд, то аз ӯ илм омӯзад. Пас аз чанд рӯз падар аз омӯзгор пурсид: — Устод, писарам аз шумо чӣ гуна дониш меомӯзад? Омӯзгор ҷавоб дод: — Ман танҳо шамъро фурӯзон мекунам, вале рӯшноиро худи ӯ бояд бубинад. Агар чашмонашро кушода нигоҳ дорад, ҳама чизро хоҳад дид, агар на — ҳатто дар рӯшноӣ ҳам торикӣ мемонад. Падар гуфт: — Пас вазифаи шумо чӣ аст? Омӯзгор табассум карда гуфт: — Вазифаи ман на танҳо омӯзонидани ҳарфу калимаҳо, балки бедор кардани андеша, ахлоқ ва қалби ӯст. Илм бидуни тарбия мисли шамъест дар дасти кӯдак, ки метавонад ҳам равшанӣ диҳад ва ҳам сӯзонад. Панд: Илм ва дониш танҳо бо китобу сухан ба даст намеояд, балки бо тарбия, ахлоқи нек ва истифодаи дуруст аз он пурра мегардад. Омӯзгор роҳро равшан мекунад, вале қадамро худи шогирд бояд гузорад.
СУЛҲ
Хонаи умеди дунё кишварам, Кишвари паҳновару бахтоварам, З-ин саодат сар ба гардунҳо барам, Ҳофизи озодии баҳру барам. Месароям сулҳро дар сози сулҳ, То шавад дунё пур аз овози сулҳ. Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар, Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар. Ҷумла оламро диҳад ӯ зебу фар, Нур пошад бар сари навъи башар. Месароям сулҳро дар сози сулҳ, То шавад дунё пур аз овози сулҳ. Баҳри олам сулҳ даркор аст, сулҳ, Насли одамро нигаҳдор аст сулҳ, Чун шифои ҷони бемор аст сулҳ, Модаронро бахти бедор аст сулҳ, Месароям сулҳро дар сози сулҳ, То шавад дунё пур аз овози сулҳ. Боқӣ Раҳимзода
ВАТАНДӮСТӢ
Солҳо пеш як пирамарди донишманд бо шогирдонаш дар лаби дарё сайр мекард. Яке аз шогирдон пурсид: — Устод, чаро одамон бояд ватани худро дӯст доранд? Магар зиндагӣ дар дигар ҷо беҳтар нест? Пир табассум кард ва ба замине, ки дар зери пояшон буд, ишора намуд: — Ба ин замин нигоҳ кунед. Ин ҷо падару модаратон таваллуд шудаанд, ин ҷо устодон шуморо таълим додаанд. Ҳар як санг ва ҳар қатра оби ин диёр хотираҳои гузаштагонатонро дорад. Агар мо ватанамонро дӯст надорем, пас кӣ онро обод мекунад? Баъд пирамард як донаи хурди гандумро ба дасти шогирд дод: — Ин дона танҳо дар замини худ мева медиҳад, агар онро ба хоки бегона партоӣ, хушк мешавад. Инсон ҳам мисли ҳамин дона аст: агар ватани худро дӯст дорад ва барояш хизмат кунад, рушд мекунад. Шогирдон маънии суханони устодро фаҳмиданд ва аз ҳамон рӯз қасам хӯрданд, ки ватани худро обод кунанд. Панд: Ватандӯстӣ маънои эҳтироми гузаштагон, ғамхорӣ барои имрӯзу фардо ва хизмати самимӣ ба диёрамонро дорад.
САВОДНОКӢ
Замоне деҳае буд, ки мардумаш камхонду бесавод буданд. Дар ҳамин деҳа писараки хурде бо номи Самад зиндагӣ мекард. Ӯ ҳар рӯз медид, ки падару модараш ҳангоми ҳисоб кардани пул ё хондани номаҳо ба дигарон ниёз доранд. Самад бо худ гуфт: — Ман мехоҳам худам хондану навиштанро ёд гирам, то ба касе муҳтоҷ набошам. Ӯ ҳар саҳар бо равшани аввалин шӯълаи офтоб то деҳаи ҳамсоя мерафт, то аз як устоди кӯҳансол ҳарфҳои алифборо омӯзад. Гарчанде роҳаш дур ва душвор буд, вале Самад рӯҳафтода нашуд. Солҳо гузашт ва Самад аввалин нафаре шуд, ки дар деҳа китоб мехонд ва ба дигарон ҳам савод ёд медод. Ба туфайли кӯшиши ӯ деҳа ободтар гардид ва мардум аҳамияти донишро фаҳмиданд. Панд: Саводомӯзӣ чароғи роҳи зиндагист. Касе, ки мехонад ва менависад, ҳам ба худ, ҳам ба дигарон фоида меорад.
АРЧАИ МАҒРУР
Рӯзе подшоҳи як кишвар дар боғи қасраш қадам мезад. Дар роҳаш сарв ва арчаи бузургеро дид, ки бо зебоии худ фахр мекарданд. Арчаи баланд бо ғурур гуфт: — Ба ман нигаред! Ман ончунон баланд ва сабзам, ки ба осмон мерасам. Ҳеҷ дарахт ба пояи ман намерасад. Дар ҳамин дам чашми подшоҳ ба як гули хурду зебо афтод, ки дар канори роҳ оромона мешукуфт. Подшоҳ онро чида, ба бинии худ наздик кард ва аз бӯйи хушаш лаззат бурд. Сипас гуфт: — Ҳамаи бузургии дарахти баланд ба ман манфиате надод, вале ҳамин гули хурду фурӯтан қалбамро шод кард. Арча хомӯш шуд ва фаҳмид, ки зебоӣ ва бузургӣ танҳо бо фурӯтанӣ маъно мегирад. Аз ҳамон рӯз, ҳар касе аз канори боғ мегузашт, аз бӯи ҳамон гул ҳаловат мебурд, вале касе дигар ба арчаи ғурурзада таваҷҷӯҳ намекард. Панд: Мағрурӣ дили одамонро дур мекунад, вале фурӯтанӣ ва оддӣ будан дилҳоро наздик месозад.
РОСТГӮЙӢ
Дар деҳаи дур кӯдаке бо номи Ҳасан зиндагӣ мекард. Ӯ хеле содда ва ростгӯ буд. Ҳар кас аз ӯ чизе мепурсид, бе тарсу дурӯғ ҷавоб медод. Як рӯз тоҷири калон ба деҳа омад ва мехост ба шахси ростгӯ ва боэътимод кӯмак кунад. Ӯ ба мардум саволҳои гуногун медод, вале бисёриҳо ба хотири фоидаи худ рост намегуфтанд. Вақте навбати Ҳасан расид, тоҷир аз ӯ пурсид: – Писарҷон, агар ман туро бо тангаҳои тилло пурнамоям, ту онҳоро чӣ кор мекунӣ? Ҳасан гуфт: – Ман аввал ба модару падарам чизе мехарам, сипас барои худ китобҳои хонданӣ мегирам, то донишам зиёд шавад. Тоҷир аз ростии ҷавоби ӯ хуш шуд ва гуфт: – Писарҷон, ту ростгӯӣ, ман ба ту бовар мекунам. Ростгӯӣ беҳтарин ганҷ аст. Ӯ ба Ҳасан кӯмак кард, то ба мактаб равад. Ҳасан баъдтар марди донишманд ва боэҳтиром шуд, ки ҳамеша ба мардум ростӣ меомӯхт. Паёми ривоят: Ростгӯӣ калиди боварӣ ва эҳтиром аст. Касе ки рост мегӯяд, дили мардумро ба даст меорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо