Зеҳн

Олами Афсонаҳо

Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.

2 аъзоаз 11 августи 2026
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·16 рӯз пешНашрия

МАФҲУМҲОИ РОҲ, КЎЧА, ХИЁБОН, ЧОРРОҲА

Ронандагони воситаҳои нақлиёт (автомобил, мототсикл, велосипед) ва одамон аз роҳҳо истифода мебаранд. Роҳ он қисми кўча аст, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва одамон сохта шудааст. Роҳ аз қисми мошингард, канори роҳ ва пайраҳаи пиёдагардон иборат мебошад. Роҳҳо хокӣ, регпўш, мумфарш ва бетонӣ мешаванд. Кўча як қисми маҳалли аҳолинишин аст, ки он хонаҳо, роҳи мошингард, роҳҳои пиёдагард, канори роҳ, гулгаштҳо ва дигар иншоотҳоро фаро мегирад. Дар шаҳру ноҳияҳо кўчаву хиёбонҳо ба номи шахсони маъруфу машҳури таърихӣ, шоиру нависандагони бузург гузошта шудаанд. Масалан, кўчаҳои С. Айнӣ, Б. Ғафуров, М. Қосимов, хиёбонҳои Рўдакӣ, Сино, Саъ- дии Шерозӣ, Исмоили Сомонӣ ва ғайра. Хиёбонҳо низ аз кўчаҳо, роҳҳои калони мошингард ва гулгаштҳо иборат мебошанд. Хиёбон аз кўча бо чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Чун қоида хиёбон роҳи калону васеъро фаро мегирад ва ба биноҳои калони муҳимми маъмуриву фарҳангӣ баромад дорад. Роҳи ҳаракати хиёбон паҳнтар буда, аз чандин хати ҳаракат иборат мебошад. Хиёбон рост мешавад, вале кўча метавонад каҷ бошад. Паҳноии роҳи ҳаракати кўча метавонад танг бошад. Дар деҳот хиёбон намешавад, вале кўча дар деҳот низ мешавад. Одатан хиёбонҳо аз майдонҳо, чорроҳаҳои калон ва сарҳади шаҳр оғоз гардида, дар ҳамин гуна ҷойҳо ба охир мерасанд, яъне хиёбон бо бунбаст ба охир намерасад, аммо кўча метавонад бо бунбаст тамом шавад. Ҷойи ҳамдигарро бурида гузаштани роҳҳо, ба ҳамдигар пайваст шудан ё ба самтҳо ҷудо шудани онҳоро чорроҳа меноманд.

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

Бо фарорасии соли таҳсили нав шумо, ки акнун ба синни мактабӣ расидаед, бо роҳбаладии калонсолон ба сўйи мактаб равона мешавед. Ҳаракати шумо дар роҳҳои пиёдагард ва мошингард сурат мегирад. Дар кўчаву роҳҳо ба анбўҳи пиёдагардон ва қатори автомобилҳо вомехўред. Албатта, падар, модар ё бародаронатон шуморо аз роҳ гузаронида, то мактаб гусел мекунанд. Шумо ҳанўз намедонед, ки аз роҳи мошингард чӣ тавр бояд гузашт. Агар шумо ба танҳоӣ роҳро гузашта натавонед, бояд аз калонсолон ёрӣ пурсед. Бачаҳои азиз! Роҳро танҳо аз ҷойҳои муайяншуда гузаред: – аз пиёдагузар, пайраҳаи пиёдагард ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо аз канори роҳ; – ҳаргиз аз пеши мошини наздикомада давида нагузаред; – яку якбора дар қисми мошингарди роҳ пайдо нашавед; – ҳангоми фурўзон будани ранги сабзи чароғи роҳнамои пиёдагардон кўчаро гузаред,

Олами Афсонаҳо·Дунё·17 рӯз пешНашрия

Намунаи амалӣ

Падар ҳеҷгоҳ ба мо нагуфт, ки китоб хонед. Вале ӯ ҳамеша оромона, бе садову бе таваҷҷуҳ  китоб мехонд. Ин мисоли беғаразонаи ӯ оҳиста-оҳиста рафтори тамоми хонаводаи моро тағйир дод, ҳар як узви оила ба китобхона рӯ овард ва китобхонӣ ба одати рӯзмарраи мо табдил ёфт. Ҳар саҳифа, ҳар сухан, ҳар фикр аз китобҳои хондашуда моро ба ҷаҳонҳои нав мебурд ва орзуи омӯзишро дар қалбамон бедор мекард. Ҳамин тавр, бо намунаи амалии падар, мо фаҳмидем, ки беҳтарин тарбия на бо сухан, балки бо амал натиҷа медиҳад. Китобхона ва муҳити оромонаи хондан, ки ӯ тартиб дода буд, мактаби зиндагии мо гаридид.

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ЗОҒИ ТАҚЛИДКОР

Мавзуна парандаҳоро дӯст медошт. Рӯзҳои сарди зимистон дар як ҷойи мувофиқ обу дон мегузошт, ки мусичаву гунҷишк, майнаву аккаҳо ва дигар парандаҳо… гушнаву ташна намонанд. Боре аз роҳи мактаб зоғчаи карахту зору низореро ба хона овард. Зоғча дар хона андак ба худ омад… Пас аз нигоҳубини ғамхоронаи хоҳарам вай ҷон гирифта, ба зоғчаҳои зебо монанд шуд… Чун ҳаво андак гарм шуд, хоҳарам лонаи зоғчаро ба ҷойи васеътар – ба сарочаи ҳавлиамон, бурд. Дар як кунҷи он саги калони мо – Хайбар, мезист. Мавзуна лонаи зоғчаро махсус ба ин ҷо овард, зеро ки дар атрофи мо гурбаҳо зиёд буданд ва хавфи он буд, ки зоғча туъмаи онҳо гардад… Сагу зоғча унс гирифтанд ва аҳлона мезистанд. Хоҳаракам як рӯз ба сароча номаълум наздик шудааст. Дидааст, ки зоғча хавфро пай бурда, чанд бор ак-ак задааст. Наход, зоғ ҳам аккас занад?! – ҳайрон шудааст хоҳарам. Рӯзҳои дигар ҳам мо овози сагонаи ӯро мешунидем. Зоғча ба тақлиди ин овоз одат карда буд. Сиррашро мо баъдтар фаҳмидем. Хайбар дар банди занҷир гирифтор буд ва ба ҷое рафта наметавонист. Бинобар ин, баҳудаву беҳуда аккас мезад. Зоғча пай бурдааст, ки Хайбар аккас занад, ягон ҷонзоде ба сароча наздик намеояд, махсусан гурбаҳои носерам! Зоғчаи доно инро фаҳмида, ба садои саг тақлид мекарду гӯё, бо ҳамин ҷонашро аз хатар эмин медошт… Боре Мавзуна саҳар ба зоғча биринҷи пухта овард, аммо ҷояшро холӣ дид. Зоғча имшаб наомадааст?! Хаёли Мавзуна парешон шуд, ба дилаш ҳар хел гумонҳо роҳ ёфтанд: гурба хӯрдааст! Шояд сайди рӯбоҳи нобакор шуда бошад?! На ину на он! Зоғча баъди як рӯз сиҳату саломат омад, хӯрок хӯрд. Вай гӯё бо Хайбар суҳбат карданӣ шуд ва ба назди саг омад. Саг ба ғанаб рафта буд. Зоғча ба Хайбар наздик шуду ак-ак кард. Саг ба гумони ягон саги бегона омадааст, ба сӯйи овоз хез зад. Зоғча аз ҳамлаи ногаҳонӣ рамида, як қад париду ба ҳаво бархост ва ба селаи зоғон пайваст. Собирҷон Ҳошимзода

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ХАЙБАР

Баъд аз хазонрезӣ ҳуҷуми шағолҳои Ғарибмазор ба мурғони деҳа қувват гирифт... Бинобар ин, он сол падарам аз деҳаи Маҳаллаи Боло аз тағои чӯпонам як саги зотии чӯпонии шашмоҳа овард, ки Хайбар ном дошт. Хайбар саги бисёр ҳушёр буда, дар андак вақт ҳамаи гуфтаҳои моро фаҳманда ва вазифаи асосии худро донанда шуда монд. Ӯ фаҳмид, ки хавфи асосӣ дар ин хонадон барои мурғон аз тарафи шағолон аст. Бинобар ин, вай ҳамеша дарахтонеро, ки дар онҳо мурғон мехобиданд, дидбонӣ мекард ва гоҳ-гоҳ ба тарафи рӯйидарича рафта, то роҳи омади шағолон гашт карда, тафтиш намуда меомад. Айёми баҳорон буд, зардолуҳо ба шукуфтан сар карда буданд. Саг ҳам қариб яксола шуда буд. Як саҳар, баъд аз рӯз сафед шудан ман бедор будам. Ногаҳон овози «қоқ» гуфтани мурғонро шунидам, дар паси ин овоз садои аз болои бом ба замин афтодани як чизи вазнин ҳам шунида шуд. Ман дарҳол аз ҷо хеста, ҷомаамро пӯшида аз хона баромадам ва Хайбарро садо кардам. Ҷавоб надод ва ӯ дар он ҷо набуд. Ба зери дарахтон рафта, мурғонро аз назар гузаронидам. Як мурғ набуд. Маълум шуд, ки як мурғро шағол бурдааст. Ман ба рӯйидарича рафта, аз он ҷо ба тарафи ёбон баромадам. Акнун рӯз тамоман сафед шуда буд ва ҳар чиз ба назари кас аз дур ҳам бошад, равшан менамуд. Ман тахминан дусад метр дуртар аз худ Хайбарро дидам, ки рӯ ба тарафи ҳавлӣ истодааст ва ӯ ҳам маро дида, овози махсусе бароварда, гӯё маро ба пеши худ ҷеғ мезад. Дар ҷавоб ман ҳам ӯро ном гирифта ба пеши худ ҷеғ задам. Вай як чизро аз замин ба даҳони худ бардошта, пештар омадан гирифт. Баъд аз тай кардани нимаи роҳ он чизро ба замин гузошт ва пас гашта дунболи худро бодиққат аз назар гузаронид, баъд аз он ба тарафи ман тирвор давон омад ва ба ман расида, аз доманам газида маро пеш кашид ва бо овози махсусе садо бароварда, маро сар дода, худ боз ба ҳамон чобукӣ ба пеши он чизе, ки дар замин гузошта буд, рафта истод. Ман пай бурдам, ки саг мурғро аз чанголи шағол раҳонидааст, аммо худ бардошта оварданро барои ҳаёти вай хавфнок мепиндорад ва бинобар ин, маро таклиф мекунад, ки худ рафта, мурғро гирифта оварам. Ман ба пеши саг рафтам, дар ҳақиқат, мурғ дар замин мехобид ва зинда буд. Вайро бардоштам, дар тахтапушташ, дар шикамаш ва дар бозуяш андак- андак захми дандон ва чанголи шағол менамуд. Ман мурғро ба хона гирифта овардам. Пеш-пеши ман Хайбар бозикунон ва шодикунон медавид. Вақте ки ба пеши модарам расидем, Хайбар ба замин ғел зада, гӯё, ҳам ба гуноҳи худ, ки ба сабаби мусоҳилакории вай мурғро шағол бурда буд, узр мегуфт, ҳам барои мурғро халос карда тавонистанаш изҳори шодмонӣ мекард. Садриддин Айнӣ

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ДӮСТИ ВАФОДОР

Дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем. Он ҷо як сагчаи зебову донояк доштем. Сагчаро Зирак мегуфтем. Вай беҳуда аккос намезад. Шиносҳо оянд, андак овоз бароварда, моро хабардор мекард ва то баромадани соҳибхона меҳмонро пешвоз мегирифт. Одамони бегонаро асло даромадан намемонд. Ҳавлиамонро хуб посбонӣ мекард. Мо аз маҳаллаи дигар хона гирифтем. Вақти кӯчидан Зиракро ба ҳамсояамон муваққатан гузошта рафтем. Аҳд кардем, ки баъди ҷо ба ҷо шудан сагчаамонро гирифта мебарем. Фурсате пайдо карда ба дидани Зирак рафтам. Баробари дарро кушодан Зирак чун тир ба сӯям давида омад. Дар чашмонаш ҳам шодиву ҳам андуҳи беандозаро пай бурдам ва ҳамгунии сирати ӯро ба сураташ фаҳмидам: «Замира, чаро маро партофта рафтӣ?» сарашро ба поям мемолид. Дар гирдам медавиду меҷаҳид, болои дастонам баромаданӣ мешуд. Ҳамсоя бо алам нақл кард, ки Зирак маро хеле интизор шудааст: як рӯз, ду рӯз, се рӯз ... ҳамеша чашмаш ба омадани мо чор будааст. Ман ӯро, одатан, ин қадар муддати зиёд партофта намерафтам. Дар ин чанд вақт хӯрок намехӯрдааст, нолиш мекардааст ва ашк аз чашмонаш шашқатор мешудааст. Ҳоли зори Зирак маро ба риққат овард, қариб буд, ки худам ҳам гиря кунам ва азм кардам, ки худи ҳозир мебарам. Вале ба ёдам омад, ки ҳоло хоначааш тайёр нест. Аз ҳамсояамон хоҳиш кардам, ки сагчаро як-ду рӯз нигоҳ дорад ва бо дили кашолу хотири парешон ба хона баргаштам. Ҳамроҳи падарам дар як рӯз хона ча сохтем ва ман рӯзи дигар ба овар дани Зирак шитофтам, вале аз Зираки ман на пай буду на ҳайдар. Соҳиби ҳавлӣ гапи дар ҳолати парешонӣ гуфтаи маро нодуруст фаҳмида, ба як хешаш додааст. Хешаш дар як шаҳри дигар, аз ин ҷо тақрибан сад километр дур зиндагӣ мекардааст. Гӯё чизи қиматтаринамро аз даст дода бошам, ошуфта2 ва бо дас­ ти холӣ ба хона омадам. Аз байн як моҳ гузашт. Рӯзе, қарибии бегоҳ, ҳамсояи пешинаамон занг зада, гуфт, ки сагча баргашта омадааст. Ҳамон замон ба ҳавлии ҳамсоя давидам. Зирак хаставу лоғар, мисли гурбаи ба об афтода, дароз кашида мехобид, чашмаш беҳолу нимроғ буд. Маро дида хаставу дардолуд паст-паст мингос зад ва базӯр думашро ҷунбонд. Аз ҷояш хеста натавонист, тамоман беқувват шудааст. Бардошта хона овардам. Дар ҷойи нав аввал об хӯрд, баъд даҳон ба косаи хӯрок бурд. Чун ҳис кард, ки хонаи худаш аст, хотирҷамъ дароз кашид… Пас аз чанде дар ҳавлӣ овози ҷарангосии Зирак ба гӯш мерасид.

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ҚИССАИ МӮРЧАЯК

Як рӯзи навбаҳорон Дар хонаи мӯрчагон – Медонед, ки чиҳо шуд? Базми шодӣ барпо шуд! Зеро дар ин хонадон, Хонадони мӯрчагон, Зиёд шуд як мӯрчаяк, Мӯрчаяки майдаяк. То ки шавад хирадманд, Зирак номаш гузоштанд… Тобистон. Сӯйи хона Зирак кашонад дона. Ногаҳ зи роҳи Зирак Баромад як тортанак. Ӯро дошта азоб дод, Бо тораш баста тоб дод! Ин дам Асад ном бача Дида аҳволи мӯрча, Ӯро зи банд озод кард, Зиракро беҳад шод кард. Зирак тарсону ларзон Давид сӯйи хонашон. – Ҳа, ҷони бобо, Зирак, Ҳоло ҳастӣ хурдакак. Ҳамин ки ӯро диданд, Аҳволашро пурсиданд. Ман дона мекашондам, – Ба хона мекашондам, Шикоят кард мӯрчаяк, Мӯрчаяки майдаяк. Аз сари роҳ ногаҳон Чизе баромад калон! Маро дошта азоб дод, Ба тораш баста тоб дод. Ҳамин лаҳза дар гузар Омада як кӯҳпайкар, Маро аз банд раҳо кард, Дастакам мекунад дард… Бобояш гуфто: – Хомӯш, Ба гапҳоям бидеҳ гӯш: Он баднамуди Зирак, Медонӣ чӣ? Тортанак! Вай душман аст! Золим аст! Ҳушёр шудан лозим аст! Вале инсон ба мо дӯст, Аз ҳама дӯсти накӯст. Вақте ки калон шавӣ, Донову чаққон шавӣ, Ҳушёр шуда мемонӣ, Неку бадро медонӣ… Абдусалом Деҳотӣ

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ЗАРРОФАЯКИ СЕБДӮСТ

Буд, набуд, як Заррофача буд. Ӯ нозпарварди модар буду себро хеле дӯст медошт. Ҳатто, дар хобаш себ медид. Як рӯз Заррофача бо модараш ба сайри боғ рафтанд. Заррофача дарахти себро дида, шод шуд. Модарҷон! Ба ман ҳам як себ канда диҳед! – хоҳиш кард Заррофача. Заррофамодар як себ канда, ба Заррофача ҳаво дод. Заррофача чашмонашро пӯшида, даҳонашро калон кушод. Себ хато хӯрда, ба даҳони Заррофача нарасид. Он замон Хорпуште дар ҷустуҷӯи хӯрок мегашт. Себ ба пушти Хорпушт афтид. Хорпушт шодон ба сӯйи хонааш шитофт. – Себам куҷо шуд? – пурсид Заррофача. – Намедонам, – гуфт Заррофа модар. Заррофачаву модараш ба ҷустуҷӯи себ афтоданд. Ҳайҳот! Себ дар ҳеч ҷое набуд. Заррофамодар боз як себ аз дарахт канда, ба Заррофача ҳаво дод. Хорпушти бамазахӯрак боз чолокона себро дошту ба сӯйи хонааш давид... Заррофамодар ӯро дид. Заррофача аз алам гирист. – Себи туро Хорпушт бурд, – гуфт Заррофамодар ба Заррофача. – Гиря накун. Шояд Хорпушт сербача асту бачаҳояш гурусна. Ана, бин, Хорпушт меояд! Хорпушт дар пушт тарбузи калон хандон сӯйи онҳо меомад. Хуш омадӣ! – гуфт Зар рофамодар. Оҳ, тарбуз! Бомаза будагист? – гуфт Заррофача. Марҳамат, гиред! Барои шумо овардам, – гуфт Хорпушт. Ҳар се хушҳолона тарбузро шикамсерӣ хӯрданд. Аз ҳамон рӯз Заррофача дӯсти нав пайдо кард. Акнун ӯ тарбузро ҳам дӯст медошт. Сафияи Носир

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ДАР СУРОҒИ ДӮСТ

Буд набуд, як Хорпушт буд. Вай дар канори беша мезист ва танҳои танҳо буд. Танҳоӣ ба дили Хорпушт зад. – Берун рафта, ягон дӯст пайдо мекунам, – гуфт вай худ ба худ. – Зиндагӣ бе дӯст лаззат надорад. Хорпушт дар роҳ як ҳайвони думдарозеро дид. Рангаш заррин, чашмонаш ҳушёр, худаш беқарор буд. «Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд вай. – Салом, дӯстам! – гуфт Хорпушт. – Салом, салом! – ҷавоб дод ҳайвон. Вай рӯбоҳ буд. Рӯбоҳ пурсид: – Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод: – Дар суроғи дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ? Рӯбоҳ ба хаёл рафт. Баъд гуфт: – Афсӯс. Ману ту дӯст шуда наметавонем! – Чаро? – ғамгин шуд Хорпушт. – Метарсам, – ҷавоб дод Рӯбоҳ. – Хорҳоят ба танам мехаланд. – Саломат бош! – гуфт Хор пушт ва роҳашро давом дод. Рафт-рафт, ки боз бо ҷонваре вохӯрд. Танаш мисли чанор бузург буд. Гӯшҳои чун сурфа калону паҳн дошт. Биниаш чун қубур дарозу ғафс менамуд. Пойҳояш чун сутун устувор буданд. «Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд Хорпушт. – Вай фил буд. Салом, дӯстам! – гуфт Хорпушт. – Салом, – ҷавоб дод Фил. – Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод: – Дар суроғи дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ? Фил ба хаёл рафт. Баъд гуфт: – Афсӯс! Ману ту дӯст шуда наметавонем. – Чаро? – ғамгин шуд Хорпушт. – Хорат бисёр аст, – ҷавоб дод Фил. – Метарсам, хорҳоят ба танам мехаланд. Хорпушт ноумед шуд. Саломат бош, гуфту роҳашро давом дод. Рафт-рафт, ки боз бо як ҷонваре вохӯрд. Вай оҳиста мерафт. Пушташ аз санг буд. Нақшу нигор дошт. Алаф мехӯрд. – «Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд Хорпушт. Вай Сангпушт буд. – Салом, – гуфт Хорпушт. – Салом, салом! – ҷавоб дод Сангпушт ва пурсид: – Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод: – Дар суроғи ягон дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ? Сангпушт ба хаёл рафт. Сарашро ба косахонааш даровард. Пойҳояшро дарун кашид. Фиш-фиш нафас кашид. Хорпушт ба худ гуфт: – Ин ҳам бо ман намехоҳад дӯст шавад. Ҳозир аз хонааш баромада мегӯяд: «Хорат бисёр аст. Хорҳоят ба танам мехаланд. Аз хорҳоят метарсам». Ин лаҳза Сангпушт сар берун карду гуфт: – Хорпушти муҳтарам! Ману ту дӯст мешавем. – Оҳ, чӣ хел нағз! – шодӣ кард Хорпушт. Хорпушт суханҳои Рӯбоҳ ва Филро ба ёд овард ва пурсид: – Хорам бисёр нест? Аз хорам наметарсӣ? Сангпушт гуфт: – Дӯстон гуногун мешаванд. Рангу ҷусса муҳим нест. Дӯст барои дӯст бояд аз чизе натарсад! Хорпушт хурсанд шуд. – Фардо ба хонаи ман биё, – гуфт вай. – Ҳар ду пудиначой мехӯрем. Сангпушт ваъда дод, ки меҳмони Хорпушт мешавад. Хорпушт шоду хуррам ба хонааш рафт. Ба хонааш расиду гуфт: – Акнун ман танҳо нестам. Дӯст ёфтам. Дуруст гуфтаанд: ҷӯянда ёбанда аст. Шарифи Муҳаммадёр

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ДӮЛОНА

Сари кӯҳу лаби ҷар, Қадди роҳу пушти дар Дӯлона марҷон шудаст, Аҷаб фаровон шудаст. Сар то ба по зар шудаст, Ҳамранги ахгар шудаст. Худ бинигар, дугона, Буттаяки дӯлона Ҳоло чиро мемонад? Ҷониби худ мехонад?! Ҳусни дара – дӯлона! Хушманзара – дӯлона! Як бутта, пури марҷон, Дар таҳти ҷар овезон. Дарё онро мешӯяд, Мебӯяду мегӯяд: – Ҳой, ту ҷасурӣ, ё на? Ин кироӣ дӯлона! Шамоли сари майдон, Биё, дӯлона афшон! Домани худ пур кунем, Хӯрему ҳузур кунем. Ҳамели марҷон кунем, Ҳалқаи рахшон кунем. Дӯлонаи сари роҳ – Файзи кафи тирамоҳ! Гулчеҳра Сулаймонӣ

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ТИРАМОҲ

Шуҳрати бисёр дорад тирамоҳ, Номи лангардор дорад тирамоҳ. Дасти боло, рӯйи хандон, чашми сер, Домани пурбор дорад тирамоҳ. Паҳн карда хони зебо дар замин, Нозу неъматҳои дунё дар замин, Мекунад моро ба даргоҳаш хабар, Дорад он туйу тамошо дар замин. Хам шуда сӯйи замин бо эҳтиром, Медиҳам аз номи деҳқонҳо салом, Чун дарахти сершоху сербарг, Мисли домоду аруси некном. Кӯҳсор аз шарқ чун деҳқони пир Мебарад туйонаҳои беназир, Лаълии заррин ба сар бардошта, Ҳар саҳар гӯяд, ки «Аз ман ҳадя гир!» Мирзо Турсунзода

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ХУРӮСИ ДАЛЕР

Дар як замон дар як ҷангал Харгӯш, Рӯбоҳ, Хирс ва Гург мезистанд. Мавсими тирамоҳ наздик мешуд. Ҳамаи ҷонварони ҷангал ба фарорасии фасли сармо тайёрӣ медиданд. Онҳо барои худ кулбаҳои гарм месохтанд. Танҳо Рӯбоҳ фикри зимистонро намекард, бепарвоёна рӯз мегузаронд. – Ҳа, Рӯбоҳ, чаро ту хона намесозӣ? – мепурсиданд ҷонварон. – Ба касе хона даркор бошад, ҳамон созад. Бе хона ҳам ҳолам хуб аст. Хонаам зери осмони соф! – посух медод Рӯбоҳ. Рӯзҳои сарди тирамоҳ фаро расиданд. Барои Рӯбоҳ ёфтани ғизо мушкил шуд. Рӯзе Рӯбоҳ аз саҳар то нисфи шаб дар ҷангал бо шиками гурусна ба ҳар тараф даводав кард. Субҳи барвақт вай ба деҳае рафта, хурӯсеро дуздид. Рӯбоҳ хурӯсро ба ҷангал оварду аз пойҳояш овезон карда, ба дарахте баст. Бисёр хаста шудам, хурӯсро бегоҳ мехӯрам, – гуфт ба худ Рӯбоҳ ва зери сояи дарахт ба хоб рафт. Дар ин ҳангом Харгӯш аз назди он дарахт мегузашт. Нигоҳаш ба Хурӯс афтод. Харгӯш ба худ гуфт: – Рӯбоҳи айёр боз ба деҳа рафта дуздӣ кардааст. Оҳиста- оҳиста рафту банди пойи Хурӯсро кушод. – Ташаккур, Харгӯшҷон, ки маро халос кар дӣ, – гуфт Хурӯс. – Ман роҳи деҳаро намедонам, иҷозат деҳ, ки дар хонаи ту то омадани баҳор пинҳон шавам. Харгӯш розӣ шуду ҳамроҳи Хурӯс ба хонааш рафт. Рӯбоҳ бедор шуда Хурӯсро наёфт. Вай гумон кард, ки хурӯсро Гург ё Хирс бурдааст. – Эҳ, зӯри ман ба онҳо намерасад, онҳо аз ман боқувваттаранд. Аз баҳри хӯрдани хурӯс мебароям. Зимистон ҳам омад. Ҳамаи ҷонварон дар хонаҳои гармакаки худ бароҳат зиндагӣ мекарданд. Фақат Рӯбоҳ зери барфу борон сарсон буд. Рӯбоҳ аз барфу борон паноҳ ҷустан хост. Вай аввал ба хонаи Хирс рафт. Дари Хирсро тақ-тақ зад. Дарро Хирс боз накард. – Хирс дарро накушод, ӯ то баҳор хоб мекунад, – гуфт ба худ Рӯбоҳ ва ба хонаи Гург рафт. Дари Гургро тақ-тақ зада гуфт: –Гургҷон, ҳой Гургҷон, хунук хӯрдам, гурусна ҳастам, ба хонаат роҳ деҳ! Иҷозат деҳ, камтар гарм шавам. – Не, наметавонам, ҷой надорам, – ҷавоб дод Гург. Рӯбоҳ ба фикр рафт: «Чӣ кор кунад?» Вай ба назди хонаи Харгӯш омада, гуфт: Харгӯшҷон, ҳой Харгӯш ҷон, хунук хӯрдам, мон ба хонаат дароям ва каме гарм шавам! Харгӯш ба Хурӯс гуфт, ки дар даруни кӯза пинҳон шавад. Харгӯш дарро кушод, Рӯбоҳ бошаст даромаду ҷорӯбро гирифта, Харгӯшро ба берун пеш кард. Худаш ба ҷойгаҳи гарм даромада хоб кард. Ногаҳон Хурӯс аз даруни кӯза бо овози даҳша тангез дод зад: – хобӣ? – Ҳой, ту кистӣ, ки дар ҷойгаҳи Харгӯш Рӯбоҳ ба ҳар тараф нигоҳ кард, касеро надид. Тарсид, вале кӣ будани ин ҷонвари бадқаҳрро фаҳмида наметавонист. Ман, ман Рӯбоҳ, – тарсидаву ларзида гуфт Рӯбоҳ. – Ту ин ҷо чӣ мекобӣ? Дӯсти ман Харгӯш ку ҷост? Рӯбоҳ бештар тарсиду гуфт: – Вай барои ҳезум ба берун баромад, ҳоло меояд. Рӯбоҳ тозон ба берун баромад. Ӯ Харгӯшро аз гӯшҳояш дошта, ба хона даровард. – Ана, ана Харгӯш ин ҷост, – гуфт Рӯбоҳ бо овози лар зон ва чорхез зада гурехт. Дар як тараф истода нафасашро рост карда, ба сӯйи хонаи Харгӯш назар кард. Дар остонаи дар Харгӯшу Хурӯсро дид. Ба кундае нишаста, худро сарзаниш кард: – Эҳ, мани нодон! Харгӯшу Хурӯс маро фиреб карданд. Рӯбоҳ ғамгин шуд, ҳеч коре карда наметавонист: агар касеро фиреб кунӣ, рӯзе худат ҳам фиреб мехӯрӣ.

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ХОРАКУ ХАСАК

Буд, набуд, дар як ҷангал Рӯбоҳи маккору фитнагаре буд. Вай худро аз ҳама боло дониста, ба ҳамаи ҷонварон кордор мешуд. Рӯбоҳ онҳоро ғайбат мекард ва бо ҳамдигар душман мегардонд. Дар ҳамсоя ҷангал ду дӯсти ҷонӣ – Хораку Хасак ном хорпуштакҳо мезистанд. Як рӯзи тобистон ногаҳон ҳамсояҷангал оташ гирифт. Хораку Хасак аз оташ паноҳ бурда, ба ҷангале, ки Рӯбоҳ мезист, омаданд. Хораку Хасак дар як ҷойи ҷангал хона сохтанд. Хорак хеле доно буд ва медонист, ки кадом гиёҳ ба кадом дард даво мебахшад. Хасак тарзи дуруст хушк кардани мева, сабзавот ва занбӯруғро хуб медонист. Ҷонварони ҷангал аз кордонии онҳо огаҳ шуда, аз Хораку Хасак маслиҳат мепурсиданд. Хораку Хасак ба ҳамаи ҷонварон ёрӣ мерасонданд. Оҳиста-оҳиста ҷонварон бо ҳам дӯст шуданд. Фаҳмиданд, ки Рӯбоҳ ба онҳо душманӣ мекардааст. Аз Рӯбоҳ худро канор мегирифтанд. Рӯбоҳ аз ин ҳол хабар ёфта, хост Хораку Хасакро аз ҳам ҷудо кунад. Рӯзе Рӯбоҳ дар роҳ Хоракро вохӯрд. Хорак занбӯруғчинӣ мерафт. Рӯбоҳ гуфт: – Хорак, ҳой Хорак! Медонӣ, Хасак дар ҳаққи ту чиҳо мегӯяд? – меҳрубонона пурсид Рӯбоҳ. – Медонам, – дилпурона ҷавоб дод Хорак. Рӯбоҳ хашмгинона ва ботааҷҷуб чашмонашро калон кушод. Ин гапҳоро ҳоло касе намедонаду ту аз куҷо медонӣ? – пурсид Рӯбоҳ. Хорак дигар ба сухани Рӯбоҳ гӯш надоду чун тӯби пур аз сӯзан ғелон- ғелон аз теппа сарозер шуд. Рӯбоҳ, ки ҳиллааш нагузашт, сахт ба ғазаб омад ва ба хонаи Хасак рафт. – Хасакҷон, медонӣ, Хорак дар ҳаққи ту чиҳо мегӯяд? – маккорона чашмонашро танг карда пурсид Рӯбоҳ. – Медонам, – ҷавоб дод Хасак ва ба Рӯбоҳ эътибор надода, ба роҳаш рафт. Зоғи пире, ки дар шохи дарахт нишаста, рафтори Рӯбоҳро тамошо мекард, гуфт: – Худатро ин қадар азоб надеҳ. Наход як чизи одиро нафаҳмӣ: дӯсти ҳақиқӣ медонад, ки дӯсташ дар бораи вай ягон гапи бад намегӯяд.

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

Гандум корӣ, гандум даравӣ, ҷав корӣ – ҷав.

Дар шохи дарахти себ олуча намепазад. Касе, ки гиреҳ кардааст, ҳамон кас онро мекушояд. Ҷав коридӣ, умеди гандум макун. Ҳар чи дар дег ҳаст, ба кафлес ояд. Бе меҳнат роҳат нест. Кам гӯю бисёр шунав. Такрор – модари дониш. Ба танбал кор фармою насиҳат шунав. Пурдонӣ аз пурхонӣ. То ранҷ накашӣ, ганҷ ба даст намеояд.

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе! Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе. Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат, Чу дил дар синаам ҷоӣ, Душанбе. Ба гирдат ҳалқа баста кӯҳсорон, Туро гардида ҳомию нигаҳбон. Ҳамеша, то ки бошӣ сабзу хуррам, Зи дил ҷорӣ намуда чашмасорон. Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе! Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе... Боқӣ Раҳимзода

Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ГУЛҲОИ ВАТАН

Гулҳои Ватан моем, Симои Ватан моем. Дунёи Ватан моем, Фардои Ватан моем. Мо шоҳину шаҳбозем, Омодаи парвозем. Дар ҳифзи Ватан фардо Мо афсару сарбозем. Мо зираку доноем, Бо хониши аълоем. Андар талаби дониш Фирдавсию Синоем. Хушбахту сарфарозем, Аз давлати худ нозем. Бо донишу бо фарҳанг Мо насли ватансозем. Мо нахли чаманзебем, Гулҳои ватанзебем. Сад дашт гули лола, Сад боғ гули себем. Мо зодаи Истиқлол, Дилдодаи Истиқлол. Шодона қадам монем Дар ҷодаи Истиқлол. Гулҳои Ватан хушрӯ, Симои Ватан хушрӯ. Имрӯзи Ватан зебо, Фардои Ватан хушрӯ.