Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат

Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3 марти 1966 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014. Коллеҷ як бинои таълимӣ, 75 синфхона, 3 озмоишгоҳ (микробиология, физика, биохимиё), китобхона (бо 5325 нусха адабиёти таълимиву бадеӣ), варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона дорад. Дар коллеҷ 7 кафедра (забонҳо, фанҳои гуманитарӣ, фанҳои морфологӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, асосҳои кори ҳамширагӣ, кимиё ва биология, фанҳои табиӣ-риёзӣ) амал мекунанд. Коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, кори момодоягӣ мутахассис тайёр мекунад. Коллеҷ дар беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Варзоб, Файзободу Рӯдакӣ гурӯҳҳои мақсаднок дорад. Теъдоди омӯзгорон 196 нафар. Коллеҷ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамкорӣ менамояд. Коллеҷро зиёда аз 15 ҳазор нафар хатм намудаанд (2019). Директорон: О. С. Рӯзиева (1966–67), М. М. Мусоева (1967–2002), Р. З. Файзуллоева (2002–10), М. Ч. Муродов (2010–17), Б. Ч. Сангов (аз 2017). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393.

0

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1992 дар заминаи Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) таъсис ёфтааст. Коллеҷ 2 кафедра дорад: фанҳои тахассусӣ ва фанҳои гуманитарӣ. Аз рӯи тахассуси кори ҳамширагӣ ва кори момодогӣ мутахассис тайёр мекунад. Коллеҷ дар бинои сеошёна ҷойгир буда, китобхона (6000 нусха адабиёти таълимӣ дорад), маҷлисгоҳ, толори хониш, хобгоҳ (барои 200 донишҷӯ), майдончаи варзиш, ошхона дорад. Дар коллеҷ 761 нафар (341 писар ва 420 духтар) донишҷӯ таҳсил мекунанд, омӯзгорон 126 нафар (2020). Низоми таҳсил – кредитӣ. Барои беҳтар гаштани сифати таълим дар коллеҷ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот санҷишҳои мониторингӣ карда, натиҷаи онҳо дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва шӯрои педагогӣ таҳлилу баррасӣ мешаванд. Хатмкунандагони коллеҷ тибқи роҳхат ба шуъбаҳои беморхонаҳои марказӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ фиристода мешаванд. Директорон: С. Давлатов (2006–08), М. Чононов (2008–18), Б. Бобохоҷаев (аз 2018). Б. Бобохоҷаев. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ. Бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 25 августи 1935 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ҳамчун Политехникуми тиббӣ таъсис ёфта буд. Баъдан ба Мактаби миёнаи тиббӣ (1936), Омӯзишгоҳи тиббӣ (1937), Коллеҷи тиббӣ (1999), Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2007) табдили ном кард. Номи ҳозирааш аз 3 марти 2014. Коллеҷ дар ибтидо аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, санитарию фелдшерӣ, фелдшер-лаборант, техники дандон ва ғайра мутахассис тайёр мекард. Аз 12 факулта (техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ, корҳои тиббӣ-пешгирӣ, кори ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ ва оростагӣ, кори табобату ташхис, кори фарматсевтӣ, кори табобатӣ, кори тиббӣ-офиятӣ, кори момодоягӣ, кори умумитиббӣ, кори дандонсозӣ) ва 28 кафедра (ҷарроҳӣ, фанҳои гуманитарӣ, кори ҳамширагӣ, фанҳои морфологӣ, ёрии таъҷилӣ, бемориҳои сироятӣ, момоӣ ва бемориҳои занона, фармакология ва ғайра) иборат аст. Муҳлати таҳсил – 4 сол. Соли 2019 коллеҷро 1731 донишҷӯ хатм кард. Дар коллеҷ 7569 донишҷӯ (2019 писар ва 5550 духтар), аз ҷумла 26 нафар донишҷӯи хориҷӣ (аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 8, Ӯзбекистон – 2, Туркманистон – 12, Қазоқистон – 1, Федератсияи Россия – 3) таҳсил мекунанд (2020). Ба онҳо 321 омӯзгор, аз ҷумла 1 академик-профессор, 3 доктори илм ва 12 номзади илм таълим медиҳанд. Соли 2020 коллеҷ ба бинои нави шашошёна кӯчонида шуд. Он 6 маркази таълимиву истеҳсолӣ, 4 ташхисгоҳи таълимӣ, беш аз 146 синфхона, 8 толори лексионӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, китобхона (64 845 нусха адабиёти таълимӣ дорад), китобхонаи электронӣ (бо 6200 китоби электронӣ), хобгоҳ (бо 132 ҳуҷра), 3 майдончаи варзиш, 2 толори варзишӣ, толори маҷлис (400 ҷой) ва ошхона (барои 200 ҷой) дорад. Соли 2016 дар коллеҷ Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ва соли 2018 Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шуд. Соли 2020 ба коллеҷ барои омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Кори ҳифзи иҷтимоӣ» иҷозат дода шуд. Коллеҷ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар – Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Намояндагии Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейцария, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди нуфузи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Конфедератсияи байналмилалии физиотерапия (WCPT), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ҳамкорӣ дорад. Дар коллеҷ рӯзномаи «Шафқат» ба табъ мерасад. Директорон: Н. В. Тихонович (1935–39), Ф. А. Абдураҳмонов (1946–52), М. К. Қаюмова (1982–84), Н. Х. Ҳакимҷонов (1987–2001), Б. Г. Гадоев (2001–04), Х. И. Ибодов (2004–15), Ш. С. Ашӯриён (аз 2015). З. Азиззода. Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1967 дар заминаи омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 8 апрели 1999. Бинои коллеҷ чорошёна буда, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, китобхона, 2 озмоишгоҳ, толори варзиш, 8 факулта (кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, тиббӣ-профилактикӣ, кори дорусозӣ, кори дандонсозӣ, кори ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ) ва 8 кафедра (ҷарроҳӣ ва кори ҳамширагӣ, фанҳои ҷамъиятӣ ва табиӣ-риёзӣ, фанҳои морфологӣ, тибби оилавӣ, забонҳо, фарматсевтӣ ва кимиё, момоӣ ва бемориҳои занона, бемориҳои дарун ва кӯдакон, тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ) дорад. Дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон 12 гурӯҳи мақсадноки коллеҷ амал мекунанд (ҳамшираҳои тиббӣ омода менамоянд). Дар коллеҷ 3783 донишҷӯ (1099 писар ва 2684 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 240 омӯзгор, аз ҷумла 6 номзади илм таълим медиҳанд (2020). Директорон: Т. Р. Раҳматов (1967–69), А. Д. Гамидов (1969–72), Р. П. Ҳакимова (1972–75), Р. В. Воҳидов (1975–2004), И. М. Муродов (2004–07), М. Ш. Партов (2007–10), А. Д. Нуриддинзода (аз 2010). А. Д. Нуриддинзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 391–392.

0

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар асоси мактуби Вазорати тандурустии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 8.6.1988 ва қарори Кумитаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба маорифи халқ аз 31.5.1988 дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Ёвон таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014. Коллеҷ аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ, тиббӣ-ташхисӣ, момодогӣ ва фармасевтӣ мутахассис омода менамояд. Як гурӯҳи мақсадноки коллеҷ дар шаҳри Норак фаъолият менамояд. Коллеҷ дар бинои таълимии чорошёна дар масоҳати 1783 метри мураббаъ ҷойгир буда, 7 кафедра дорад: забонҳо, фанҳои гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ, тибби умумӣ, фармакология, беҳдошт ва асосҳои микробиология, тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ. Низоми таҳсил – кредитӣ. Раванди таълим дар ду давра ҷараён гирифта, дарсҳои амалӣ дар шуъбаҳои беморхона, хона-интернати пиронсолону маъюбон ва муассисаҳои тиббии дигари ноҳия амалӣ мешаванд. Коллеҷ озмоишгоҳ, маркази тестӣ ва офиси бақайдгирӣ, китобхона, бойгонӣ, бунгоҳи тиббӣ дорад. Дар коллеҷ 1479 донишҷӯ (341 писар ва 1138 духтар) таҳсил мекунанд, омӯзгорон 178 нафар (2020). Директорон: С. Ҳакимов (1988–92), М. С. Чабборов (1993–2005), С. Ғозиев (2005–08), Р. Шарифзода (2008–19), С. Х. Азимзода (аз 2019). С. Х. Азимзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 391.

0

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, муассисаи касбии олии тиббӣ. Соли 2016 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қонеъ гардондани талаботи ҷомеа бо мутахассисони маълумоти олии тиббӣ бунёд шудааст. Донишгоҳ фаъолияташро расман 4 марти 2016 оғоз кард. Дар донишгоҳ раёсати муваққатӣ ташкил карда шуд, ки то оғози соли таҳсил (2016–2017) тавонист корҳои асосии таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро ба сомон расонад. Раёсатро ҳамчунин зарур буд, ки сохторҳои аввалияро таъсис диҳад, ба донишгоҳ мутахассисони варзидаро ҷалб намояд. Бо ин мақсад шуъбаи таълим, деканати факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, 5 кафедра (фанҳои ҷомеашиносӣ, забонҳо, кимиё ва биология, анатомияи одам, физикаи тиббӣ ва информатика), шуъбаи кадрҳо, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхона, ташкилотҳои ҷамъиятӣ – Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, Шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ таъсис дода шуданд. Августи 2016 мақомоти иҷроия ва мақомоти идоракунанда, Раёсат (иборат аз 16 нафар) ва Шӯрои олимони донишгоҳ (иборат аз 23 нафар) таъсис ёфт. 1-уми сентябри 2016 дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Педиатрӣ» ва «Стоматологӣ» ба роҳ монда шуд. Августи 2016 дар донишгоҳ китобхона ташкил ёфт. То соли 2020 7479 нусха китоби дарсӣ харидорӣ, 103 китоб (бо теъдоди 22 048 нусха) туҳфа (аз ҷумла – 16000 нусха аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) карда шуд. Дар маҷмӯъ, фонди китобхона соли 2020 ба 25 382 (89,7%) нусха адабиёти таълимӣ расид. Теъдоди адабиёти электронии китобхона 60000 маводи таълимию методиро дар бар мегирад. Дар донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 1877 ва омӯзгорону кормандон 257 нафар, ҳайати профессорону омӯзгорон 132 нафар мебошад (2021). Донишгоҳ дорои 3 факултет (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ) ва 15 кафедра аст. Соли 2019 баъди дар сохтори донишгоҳ таъсис дода шудани коллеҷи тиббӣ адади донишҷӯён зиёд шуд. Теъдоди донишҷӯёни коллеҷ 1444 ва омӯзгорон 165 нафарро ташкил медиҳад (2020). Дар донишгоҳ рӯзномаи «Пайқи тиб» ва маҷаллаи илмӣ-амалии «Симурғ» нашр мешавад. 24 нафар омӯзгори донишгоҳ ба ҳайси ҳамкор дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара фаъолият доранд. Онҳо тайи солҳои 2016–2021-ум 44 342 нафар маризро муоина ва муолиҷа карданд, аз ин миқдор 2500 нафар ҷарроҳӣ карда шудаанд. Ҳамчунин дар беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ноҳия бори нахуст 54 намуди амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ ворид ва дар амал татбиқ карда шуд. 5-уми ноябри 2018 донишҷӯён, кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пешвоз гирифтанд. Президенти кишвар зимни ифтитоҳи биноҳои таълимӣ ва мулоқот бо омӯзгору донишҷӯёни донишгоҳ ба муассисаҳои давлатии масъул супориш дод, ки дар ҳудуди донишгоҳ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар муҳлати наздиктарин сохтмони бинои Клиникаи донишгоҳ оғоз карда шавад. Донишгоҳ бо Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой, Мактаби байналмилалии тиббии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал-Форобии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Итолиё ҳамкорӣ дорад. Ректори донишгоҳ: У. А. Қурбон (аз 2016). Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи тиббию таълимӣ. Соли 1993 чун Институти такмили ихтисоси табибони Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз соли 1991. Дар донишкада 5 факулта, 45 кафедра, 12 курс, 35 пойгоҳи клиникӣ ва 2 шуъба фаъолият дорад; дар шаҳри Хуҷанд 7 кафедра ва 4 курс, дар шаҳри Бохтар 2 кафедра ва 2 курси донишкада мавҷуд аст. Дар тӯли фаъолияти донишкада 35066 шунаванда, аз ҷумла 22748 табиб ва 12318 нафар корманди миёнаи тиббӣ аз рӯи 38 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд (2016). Бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ китобхона ва синфҳои таълимӣ барои омӯзиши забонҳои англисиву тоҷикӣ ташкил шудаанд. Устодони донишгоҳ чандин китобу дастурамал, аз ҷумла «Луғати тиббии русӣ-тоҷикӣ-англисӣ» (М. Я. Расулӣ, А. Аҳмадов) ба табъ расондаанд. Дар донишгоҳ низоми босуботи мутахассисони тибби оилавӣ тартиб дода шудааст; марказҳои тиббии ҷумҳуриявию вилоятӣ созмон ёфтаанд, ки вазифаи онҳо ба роҳ мондани корҳои ташкилию методӣ ва илмию табобатӣ мебошад. Дар заминаи кафедраи тибби оилавӣ маркази тиббии таълимию клиникӣ таъсис ёфтааст, ки мақсади он омода кардани мураббӣ-омӯзгорон барои марказҳои навтаъсиси таълимию клиникӣ мебошад. Омӯзгорони аввалин дар Академияи тиббии такмили ихтисоси табибони шаҳри Санкт-Петербург ҳамчун мутахассис тайёр карда шуданд. Минбаъд онҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Эстония ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ кор омӯхтанд. Яке аз шаклҳои таълим ординатураи клиникӣ аст. Бо мақсади такмили сатҳи омодасозии ординаторони клиникӣ аз соли 2001 дар кафедраҳо гурӯҳҳои иборат аз 2–3 нафар ташкил ва барномаҳои корӣ таҳия шудаанд. Соли 1996 дар назди донишкада шуъбаи аттестатсионӣ таъсис ёфтааст, ки вазифаи он муқаррар кардани дараҷаи тахассусии кормандони тиб мебошад. Дар тарбияи мутахассисони илмӣ ба донишкада Академияи тиббии такмили ихтисоси Санкт-Петербург, Марказҳои илмии умумирусиягии ҷарроҳӣ ва омосшиносӣ, Академияи тиббии Маскав ба номи И. М. Сеченов, Пажӯҳишгоҳи генетикаи тиббии Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Россия (шаҳри Томск) кумак мерасонанд. Ректорон: С. З. Зарипов (1993–2003), А. Аҳмадов (2003–15), Н. Д. Муҳиддинов (аз 2015). Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, муассисаи давлатии таълимии миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24 апрели 1990 чун Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Соли 2014 ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара табдили ном кард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи 2019 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамроҳ карда шуд. Коллеҷ аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ мутахассис омода мекунад. 3 кафедра дорад: фанҳои гуманитарӣ, фанҳои табиӣ-риёзӣ, фанҳои тахассусӣ. 2 гурӯҳи мақсадноки коллеҷ дар назди беморхонаҳои ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон фаъолият мекунанд. Дар коллеҷ 1467 донишҷӯ таҳсил менамояд, омӯзгорон 186 нафар (2020). Машғулиятҳо дар биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сипарӣ мешаванд. Дар коллеҷ 22 синфхона, 2 синфхонаи электронӣ, толори лексионӣ, китобхона (8130 нусха адабиёти таълимӣ дорад), 2 майдонча ва толори варзишӣ мавҷуд аст. Бо мақсади пешбурди сифати таълим бо Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ ва Маркази назорати давлатии саниторию эпидемиологии ноҳия ҳамкорӣ дорад. Таҳсил дар коллеҷ бо маълумоти умумӣ – 3 сол, таҳсилоти шабона – 3 солу 3 моҳ, бо маълумоти миёнаи асосӣ 4 сол аст. Низоми таҳсил – кредитӣ. Тӯли 30 соли фаъолият коллеҷро 7000 донишҷӯ хатм кардааст. Директорон: А. Н. Ҳотамов (1990–96), К. Ҳ. Ҳайдаров (1996–98), С. Ҳ. Азимов (1998–2015), А. Ҳ. Баротзода (аз 2015). А. И. Бӯйдоқов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 389–391.

0

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мактаби касбии олии тиббӣ. Соли 1939 ҳамчун Институти давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Дар курси аввали факултаи ягонаи муолиҷавии институт 123 донишҷӯ, аз ҷумла 20 нафар тоҷик қабул шуда буданд. Институт 14 кафедра дошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳайати омӯзгорони институт аз ҳисоби мутахассисони ботаҷрибаи ҷумҳуриҳои дигар, ки ба Осиёи Марказӣ кӯчонида шуда буданд, комил гардид. Соли 1943 дар назди институт аспирантура ба фаъолият шурӯъ намуд, инчунин институтро аввалин донишҷӯён хатм карданд. Аз 123 нафари онҳо 30 нафар ба фронт рафтанд. Соли 1948 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 20 табиби таҳҷоӣ фаъолият дошт. Солҳои хониши 1948–49 институт ба тарзи таълими 6-сола гузашта, дар он ординатураи клиникӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 1958 факултаи педиатрӣ таъсис ёфт; бо мақсади баланд бардоштани дониши кадрҳои тиббӣ факултаи такмили ихтисоси табибон ташкил шуд, ки то соли 1993 амал мекард. Соли 1964 институт 44 кафедра дошт, ки дар онҳо 18 нафар доктор ва 98 нафар номзади илм кор мекард. Шумораи донишҷӯён ба 2000 нафар расид. Соли 1971 ба институт ҳамчун мактаби олии пешбари Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дараҷаи I дода шуд. То соли 1989, яъне дар муддати 50 сол, институтро 16308 нафар хатм карданд. Охири солҳои 90 дар институт 37 кафедраи клиникӣ фаъолият дошт. Кафедраҳои клиникӣ дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Соли 1990 институт барои фаъолият дар соҳаи таҳкими сулҳу дӯстӣ дорандаи Ҷоизаи байналмилалии Оҷонсии матбуот ва навгониҳо ба номи Абуалӣ ибни Сино гашт. Институт соли 1992 мақоми донишгоҳро гирифт. Соли 2006 дар донишгоҳ шуъбаи табъу нашр таъсис ёфт, ки то ба имрӯз садҳо китоб чоп кардааст. Декабри 2007 дар донишгоҳ сӯхтор сар зада, бинои асосии он тамоман аз байн рафт. Дар муддати кӯтоҳ бинои донишгоҳ аз нав тармиму таҷдид гардид. Дар донишгоҳ 9697 донишҷӯ, аз ҷумла 1126 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд (2019). Ба онҳо 445 омӯзгор (59 доктори илм ва 167 номзади илми тиб) дарс мегӯянд (2019). Соли 2008 Ассамблеяи бизнеси Аврупо (ЕВА, Оксфорд, Британияи Кабир) барои фаъолияти пурсамари касбии профессорону омӯзгорон дар соҳаи таҳсилот ба донишгоҳ Ҷоизаи байналмилалии «Сифати аврупоӣ»-ро супурд. Самтҳои асосии фаъолияти илмии донишгоҳ: бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар, саломатии кӯдакон дар ҳолати муътадил ва бемориҳо, саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғадуди сипаршакл ва бемориҳои қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рустаниҳои доруии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи онҳо. Дар донишгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ дарсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва забони русӣ ташкил карда шудаанд. Барои тайёр намудани мутахассисон ва таҷрибаандӯзӣ бо донишгоҳҳои иёлати Колорадо (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ва Синсзян (Хитой) ҳамкорӣ дорад. Устодони донишгоҳ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мамолики Аврупо оид ба тибби оилавӣ таҷриба меандӯзанд. Донишгоҳ бо марказҳои илмии Россия, Қазоқистон, Беларусь, Украина, Қирғизистон, Эрон, Хитой робитаҳои илмию амалӣ дорад. Дар донишгоҳ ҳоло 5 факулта (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, дорусозӣ ва ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ), 63 кафедра, аз ҷумла 39 кафедраи клиникӣ, 11 маркази таълимӣ, 27 озмоишгоҳ ва китобхонаи илмӣ фаъолият менамоянд. Маҷаллаҳои «Паёми Сино», «Авҷи Зуҳал» ва рӯзномаи «Ворисони Сино» ба табъ мерасанд. Ректорони донишгоҳ А. А. Краус (1939–42), К. В. Ромодановский (1942), А. Я. Прокопчук (1942), А. Ф. Макарченко (1942), Г. Ф. Скосогоренко (1943), Д. В. Хвейсин (1944–47), Л. С. Сутулов (1947–50), Я. А. Раҳимов (1950–57), З. П. Хоҷаев (1957–65), К. Т. Тоҷиев (1965–73), Ю. Б. Исҳоқӣ (1973–96), Ҳ. Қ. Рофиев (1996–2000), Н. Ф. Файзуллоев (2000–03), К. М. Қурбонов (2003–05), У. А. Қурбон (2005–2015), М. Қ. Гулзода (аз 2015). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 389.

0

Хуҷачор

Хуҷачор, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 35 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Душанбе дар соҳили рости сойи Юнус ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1350 метр. Дебиташ – 1 литр дар сония, ҳарорати обаш – 23,5 °С. Оби Хуҷачор камминерал буда, аз гидрокарбонатҳо, калсий, магний, кислотаи силикат (13 миллиграмм дар литр), молибден, мис, руҳ иборат аст. Барои табобати бемориҳо истифода бурдан мумкин аст. Ҳавотаг Ҳавотаг, чашмаи минералӣ. Дар масофаи тақрибан 25 километр шимолу ғарбтари шаҳри Истаравшан ҷой гирифтааст. Обаш гарм, минералнокиаш 4,4 грамм дар литр аст. Солҳои 1948–1950 дар натиҷаи кофтани пармачоҳ (аз умқи 1300 метр) бароварда шудааст. Таркиби кимиёвии он аз хлоридҳо, натрий, сулфур, ҳамчунин микроэлементҳои фаъоли биологӣ – бром, йод, оҳан, молибден, фтор, маргимуш, сурб, руҳ, камубеш магний, калсий, гидрокарбонатҳо, кислотаи борат, сулфатҳо, газҳои метан, нитроген, гидрогенсулфид ва ғайра иборат аст. Мавҷудияти микроэлементҳо ва газ шифобахшии обро дучанд мегардонанд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии осоишгоҳҳои Ланкарон (Озарбойҷон), Велмиера (Латвия) ва Нижние Серги (вилояти Свердловски Россия) наздик аст. Дар заминаи оби минералӣ осоишгоҳи «Ҳавотог» бунёд карда шудааст. Аз соли 1977 оби минералии «Ҳавотог» ҳамчун оби ошомидании шифобахш фурӯхта мешавад (барои табобати гастрит ва колитҳои музмин нафъ дорад). Чӯрш Чӯрш, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар наздикии деҳаи Чӯрш, 2 километр дуртар аз маҷмааи табобатию сайёҳии «Гармчашма» ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2840 метр. Дебиташ – 0,15 – 2,9 литр дар сония, минералнокиаш – 2,0 грамм дар литр, ҳарорати обаш 13–14 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (356 миллиграмм дар литр), калсий (320 миллиграмм дар литр), магний (71,0 миллиграмм дар литр), калий (43,0 миллиграмм дар литр), анионҳои сулфатҳо (274 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (260 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (15,6 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (760 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (68,0 миллиграмм дар литр), радон (9,2 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, нафаскашӣ ва ҳозима (илтиҳоби музмини меъда, колит, гепатит ва холецистит) манфиатбахш аст. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Олентуй, Сираб (вилояти Читаи Россия), Шови, Хмелнитский (Гурҷистон) ва нарзани доломитии Кисловодск монанд аст. Чавшангоз Чавшангоз, чашмаи минералии обаш муътадил дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили дарёи Чавшангоз, 110 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3360 метр. Маҳалле, ки чашма ҷорӣ мешавад, шибарзамин гаштааст. Дебиташ 1,8 – 10 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,45 грамм дар литр. Ҳарорати обаш 13 – 36 °С. Таркиби оби чашма аз катионҳои натрий (146 миллиграмм дар литр), калсий (6 миллиграмм дар литр), анионҳои сулфатҳо (180,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (122,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (35,0 миллиграмм дар литр), молекулаҳои кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), гидрогенсулфид (0,12 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, мис, никел, фтор иборат аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои хунгард, ҳаракат, узвҳои ҳозима ва системаи асаб манфиатбахш аст. Онро барои обзан (ванна) ва ошомидан кор мефармоянд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Белокурихаи кишвари Олтой (Федератсияи Руссия) шабоҳат дорад. Чайлаоб Чайлаоб, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар болооби дарёи Муғсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4000 метр. Дебиташ – 30 литр дар сония, минералнокиаш – 0,77 грамм дар литр, ҳарорати обаш 10–15 °С. Таркибаш аз натрий (241 миллиграмм дар литр), калсий (73,0 миллиграмм дар литр), магний (32,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (282 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (98,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (47,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои табобатии осоишгоҳи Чавскийи Гурҷистон наздик аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва пешоброҳа тавсия карда мешавад. Чартигумбаз Чартигумбаз, Чоштеппа, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили рости дарёи Истик воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4120 метр. Оби чашма ба воситаи 15 пармачоҳ мебарояд. Дебиташ 1,45–3,5 литр дар сония, минералнокиаш 2,02 грамм дар литр. Ҳарорати обаш +33,5 – +63 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (372 миллиграмм дар литр), калсий (51,0 миллиграмм дар литр), калий (20,0 миллиграмм дар литр), магний (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (99,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (78,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (74,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (99,0 миллиграмм дар литр), кислотаҳои силикат (118 миллиграмм дар литр) ва метаборат (10,0 миллиграмм дар литр), гидрогенсулфиди озод (14,3 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, никел, фтор, бром, рух ва сурб мавҷуданд. Дар маҳалле, ки чашма ҷой гирифтааст, қабати лойқа (ғафсиаш 57 сантиметр, ҳарорати 42–48 °С) хобидааст. Онро барои табобат кор мефармоянд. Оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, камхунӣ, энтероколити музмин, амрози рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар ва пешоброҳа манфиат дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Боржоми (Гурҷистон), Лужанская, Свалява, Квасова, Плосковская (Закарпатия) наздик аст. Дар заминаи чашма шуъбаи махсуси физиотерапевтӣ фаъолият дорад. Челонди Челонди, Челондеҳ, чашмаи минералии обаш гарм. Дар ноҳияи Шуғнон, дар соҳили чапи дарёи Тӯқузбӯлоқ, 124 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 0,3 грамм дар сония, минералнокии умумиаш – 0,3 грамм дар литр. Оби чашма ба воситаи 4 пармачоҳ мебарояд, ки ҳарорати ҳар яки он аз +21,5 то +67,5 °С аст. Дар таркиби оби чашма натрий (76,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (68,0 миллиграмм дар литр), карбонатҳо (36,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (30,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (73,0 миллиграмм дар литр), фтор (5,6–10 миллиграмм дар литр), ҳамчунин мис, бор, рух, сурб, молибден, никел ва радон (2,1 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Онро бо мақсади обзан (ванна)-ҳои умумӣ ва ингалятсия истифода бурдан мумкин аст. Барои муолиҷаи гастрити музмин, гепатит, холецистит, колит, проктосигмоидит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Белокуриха (кишвари Олтой) шабоҳат дорад. Ширгин Ширгин, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 99 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар шоҳроҳи Ишкошим – Лангар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2780 метр. Оби чашма ба воситаи шаш пармачоҳ хориҷ мешавад. Аз чаҳор пармачоҳ оби сард ва аз дутои он оби гарм мебарояд. Ҳарорати обаш +13 – +16 °С, дебиташ 2,9 литр дар сония. Дар таркиби оби чашма силитсий (62–69 миллиграмм дар литр), оҳан (12 миллиграмм дар литр) ва ангидриди карбон (1074 миллиграмм дар литр) мавҷуд аст, ки ба оби нарзани Кисловодск шабоҳат дорад. Обҳои гарми чашма нисбатан серминерал мебошанд. Дар таркиби онҳо силикат (120–132 миллиграмм дар литр), кислотаи метаборат (132–165 миллиграмм дар литр), натрий (450 миллиграмм дар литр), калсий (308 миллиграмм дар литр), калий (80,0 миллиграмм дар литр), магний (67,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (1574 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (585 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (120 миллиграмм дар литр) вуҷуд доранд. Ҳарораташон +28–+36 °С, дебит – 3,1 литр дар сония. Ба обҳои минералии Лебарди ва Сурами (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат, системаи асаб, узвҳои нафаскашӣ (ба ҷуз бемории сил) нафъ дорад. Оби чашмаҳои хунукро барои ошомидан ва оби чашмаҳои гармро барои обзан (ванна) метавон истифода бурд. Шоҳамбарӣ Шоҳамбарӣ, оби минералӣ дар ноҳияи Ҳисор. Дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 26 километр ғарбтар аз шаҳри Душанбе, дар баландии 1100 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Оби минералӣ соли 1951 бино бар дар маҳалли он ба роҳ мондани корҳои иктишофи нафт тасодуфан ошкор шудааст. Об аз се пармачоҳи умқашон аз 624 то 1830 метр мебарояд. Минералнокӣ — аз 3,5 то 16,3 грамм дар литр, ҳарорат — аз +27 то +43 °С; ишқорнокӣ – рН 7,8 – 8,4. Таркиби обҳо ҳамчунин аз гази карбонат, метан ва нитрогени ҳалшуда, сулфатҳо, хлоридҳо, натрий, микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, титан, ванадий, лантан, молибден, оҳан, йод, бром, кислотаи нафтенат, алюминий ва ғайра иборат аст. Оби пармачоҳи №1 аз сулфатҳо, хлоридҳо ва натрий иборат буда, минералнокиаш 3,6 грамм дар литр аст. Дар таркиби он ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, кислотаҳои нафтенат ва силикат, метан, радон вуҷуд дорад. Онро ошомидан мумкин аст. Оби пармачоҳи №2 сулфатунатрийдор буда, минералнокиаш 7,6 – 10,2 грамм дар литр мебошад. Дар он газ ва элементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол нисбатан бештаранд. Бо мақсади обзан (ванна) ва душ кор фармуда мешавад. Оби пармачоҳи №3 ба гурӯҳи обҳои сулфат, хлорид ва натрийдор мансуб аст; минералнокиаш 10,7–11,6 грамм дар литр, ҳарораташ +43 °С; андаке бӯи гидрогенсулфид мекунад. Оби нисбатан сергаз аст. Барои обзан (ванна) ва душҳои гуногун тавсия мешавад. Оби маъдании пармачоҳи №1 аз соли 1961 ин ҷониб ҳамчун оби шифобахши ошомиданӣ («Шамбарӣ») дар шишаҳо бароварда мешавад. Дар заминаи оби пармачоҳҳо осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бунёд карда шудааст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387–388.

0

Хоҷасангхок

Хоҷасангхок, чашмаи минералӣ. Дар масофаи 89 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар водии дарёи Зидеҳ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3000 метр. Оби чашма аз роғи варақсангҳои давраи силур ба рӯи замин мебарояд. Таркиби он аз 98,3% гази карбонат, 1,4% омехтаи гидроген ва 0,3% оксиген иборат аст. Ба оби нарзан шабоҳат дорад. Оби минералие, ки бо номи «Анзоб» маъмул аст, аз Хоҷасангхок гирифта мешавад. Хоҷа Сангхок (ки дар гуфтугӯ гоҳо Хоҷасангҷоқ низ талаффуз мешавад) як минтақаи зебои сайёҳӣ, табобатӣ ва зиёратгоҳи маъруф дар Ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб мебошад. Ҷойгиршавӣ ва роҳи расидан Ин мавзеъ дар шимоли шаҳри Душанбе, дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ҷойгир аст. Барои расидан ба он пас аз гузаштани деҳаи Калон (ҳангоми баромадан ба ағбаи Анзоб) ба самти рост гардиш кардан лозим аст. Ба ин минтақа мошинҳои сабукрави баландигузар (кроссовер ва ҷип) ба осонӣ мебароянд. Хусусиятҳои асосӣ Чашмаҳои шифобахш. Мавзеъ бо обҳои минералии худ машҳур аст, ки мардум барои табобат ва истироҳат ба он ҷо мераванд. Мазори Хоҷа Сангхок. Дар ин макон зиёратгоҳи таърихӣ ва муқаддас ҷойгир буда, ҳамасола садҳо нафар барои зиёрат ба ин ҷо меоянд. Табиат ва сайёҳӣ. Аз сабаби дар баландии кӯҳҳо ҷойгир буданаш, ҳавои тобистонаи он хеле салқин аст (шабона ҳаво хунук мешавад) ва барф дар ин ҷо барвақт меборад. Кӯли Лолакӯл (Лайлакӯл). Аз чашмаҳои Хоҷа Сангхок бо роҳи пиёдагард дар давоми тақрибан ду соат ба ин кӯли зебои баландкӯҳ расидан мумкин аст, ки шакли гули лоларо дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Хоҷаобигарм

Хоҷаобигарм, гурӯҳи чашмаҳои минералии обашон гарм. Дар ноҳияи Варзоб, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар водии дарёи Хоҷаобигарм (шохоби рости дарёи Варзоб) ҷой гирифтаанд. Маълумоти нахустин оид ба чашмаҳо ба нимаи дуввуми асри 19 рост меояд: Д. Е. Гордон (1877), В. И. Липский (1902), В. Н. Вебер (1917). Ҷиҳати фарқкунандаи чашмаҳои Хоҷаобигарм ҳарорати баланд (89,5–96 °С), серишқорӣ (рН 8,5 – 8,9), зиёд будани миқдори кислотаи силикат (то 148 миллиграмм дар литр), фтор (20 миллиграмм дар литр), радиоактивияти суст (радон 135 эман) ва минералнокии кам (0,4 грамм дар литр) мебошад. Дар таркиби оби чашмаҳо ҳамчунин оҳан, алюминий, титан, мис, молибден, хром, кадмий, литий, барий, фтор, калий, индий, германий, галлий мавҷуданд. Бо мақсади табобат обро меошоманд, барои обзан (ванна) кор мефармоянд. Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» соли 1934 таъсис ёфтааст. Он дар масофаи 50 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар қисми марказии нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар баландии 1940–1960 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар солҳои аввали фаъолияти осоишгоҳ барои истиқомати истироҳаткунандагон хаймаҳо гузошта шуда буданд. Меҳмонон дар ин хаймаҳо зиндагӣ карда, аз муолиҷаҳои гуногуни табобатӣ ва солимгардонӣ баҳра мебурданд. Баъдтар дар ҳудуди осоишгоҳ якчанд бинои истиқоматӣ сохта шуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» муваққатан қатъ гардида, биноҳои он ҳамчун анбори нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ истифода мешуданд. Соли 1946, пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, осоишгоҳ фаъолияти худро аз нав оғоз намуда, дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз кард. То соли 1968 осоишгоҳ танҳо ба таври мавсимӣ фаъолият мекард, аммо аз соли 1968 ба фаъолияти доимӣ гузашта, дар тамоми фаслҳои сол ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонад. Таърихи рушд ва фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» Соли 1972 бо қарори Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, тибқи лоиҳаи сармеъмор Г. Ерзовецкий ва таҳти роҳбарии сармуҳандис В. Ржевкин, сохтмони биноҳои иловагии осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» оғоз гардид. Соли 1982 аввалин бинои ҳаштқабатаи хобгоҳи «А» ба истифода дода шуд. Соли 1984 хобгоҳи «Б», соли 1985 хобгоҳи «Г», соли 1986 бинои ошхона ва толори фарҳангӣ ва соли 1988 охирин бинои хобгоҳи маҷмааи «Б» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ биноҳои осоишгоҳ зарари ҷиддӣ дида, фаъолияти он ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид. Дар ин давра осоишгоҳ дар остонаи баста шудан қарор дошт. Соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барқарор намудани фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» қарор қабул кард. Соли 2011 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои таъмиру таҷдиди асосии осоишгоҳ оғоз гардиданд. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» дар тӯли қариб 90 соли фаъолияти худ ба яке аз осоишгоҳҳои маъруфи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Интиқол аз шаҳр ба осоишгоҳ Барои рафтуомади меҳмонон аз шаҳри Душанбе то осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» ҳаракати микроавтобусҳо ташкил карда шудааст. Ба меҳмонон тавсия дода мешавад, ки пешакӣ бо ронанда тамос гирифта, барои худ ҷой фармоиш диҳанд. Ҳуҷраҳо барои ҷойгиронӣ Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» барои истиқомати бароҳат ва истироҳати бофароғати меҳмонон ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз пешниҳод менамояд. Ҳуҷраҳо вобаста ба шароит ва сатҳи хизматрасонӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: «Стандарт», «Люкс», «Квартира» ва «VIP». Ҳамаи ҳуҷраҳо бо телевизор ва чойники барқӣ таъмин буда, барои меҳмонон халатҳои ҳаммом ва пойафзоли хонагӣ пешниҳод карда мешаванд. Ғизои болаззат ва солим Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» барои меҳмонон ғизои солим ва мутавозин се маротиба дар як рӯз пешниҳод карда мешавад. Барои омода намудани таомҳо маҳсулоти тару тоза истифода гардида, маводи ғизоӣ ҳар рӯз ба осоишгоҳ дастрас карда мешавад. Кормандон Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи тиб фаъолият мекунанд. Ҳангоми интихоби кормандон ба сатҳи дониш ва малакаи касбӣ, хушмуомилагӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои расонидани кумак ба меҳмонон аҳаммияти махсус дода мешавад. Ҳадафи асосии кормандон фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии меҳмонон мебошад. Табиат Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» дар яке аз мавзеъҳои хушманзараи кӯҳистони Тоҷикистон ҷойгир буда, бо табиати зебо, ҳавои тоза ва манзараҳои дилфиреби худ машҳур аст. Осоишгоҳро кӯҳҳои сарбафалак иҳота кардаанд, ки дар доманаҳои онҳо гиёҳҳои гуногуни шифобахш мерӯянд. Яке аз хусусиятҳои муҳими табиии ин минтақа мавҷудияти манбаъҳои буғи гарми табиии дорои радон мебошад, ки ҳамчун яке аз омилҳои асосии табобатӣ дар осоишгоҳ истифода мешаванд. Хизматрасониҳои тиббӣ Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» маҷмӯи васеи хизматрасониҳои тиббӣ ва солимгардонӣ пешниҳод карда мешавад. Истифодаи омилҳои табиии табобатӣ дар якҷоягӣ бо усулҳои муосири тиббӣ метавонад ба беҳтар шудани вазъи саломатӣ ва барқарорсозии нерӯи ҷисмонии меҳмонон мусоидат намояд. Аз ҷумла, дар осоишгоҳ чунин намудҳои муолиҷа пешниҳод мешаванд: Физиотерапия — истифодаи усулҳои табобатии ҷисмонӣ барои беҳтар намудани фаъолияти узвҳо ва барқарорсозии саломатӣ. Гиёҳдармонӣ — истифодаи гиёҳҳои шифобахш бо мақсади табобат ва солимгардонӣ. Радондармонӣ — истифодаи омилҳои табиии дорои радон бо мақсадҳои табобатӣ таҳти назорати мутахассисони тиб. Интихоби усулҳои муолиҷа вобаста ба вазъи саломатӣ ва тавсияи табиб анҷом дода мешавад. Муолиҷа бо радон барои ҳамаи беморон мувофиқ нест ва бояд бо дарназардошти зиддиятҳои тиббӣ гузаронида шавад. --- Манбаи сархати аввал дар бораи чашмаҳо: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Хосгунӣ

Хосгунӣ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили дарёи Хосгунӣ, тақрибан 2,5 километр шарқтар аз маҷмааи табобату сайёҳии «Гармчашма» воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2850 метр. Оби чашма ба воситаи се пармачоҳ мебарояд. Дебиташ — 1,5 литр дар сония, минералнокиаш — 4,2 грамм дар литр; ҳарорати обаш +11,5 — +12 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (477 миллиграмм дар литр), натрий (199 миллиграмм дар литр), магний (67,0 миллиграмм дар литр), оҳан (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1275 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (681 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (103 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (56,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин титан, мис, маргимуш, бор ва молибден мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳозима ва роҳҳои нафаскашӣ (на бемории сил) муфид аст. Онро барои обзан (ванна)-ҳои умумӣ ва ошомидан истифода мебаранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Хонйӯлӣ

Хонйӯлӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили дарёи Хонйӯлӣ, 8 километр шимолу шарқтар аз деҳаи Қизилработ ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3950 метр. Оби чашма аз ду мавзеъ мебарояд. Минералнокиаш 0,33 грамм дар литр, дебиташ 6–7 литр дар сония, ҳарорати обаш +19 – +32 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (45,0 миллиграмм дар литр), натрий (14,0 миллиграмм дар литр), магний (10,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (20,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (7,4 миллиграмм дар литр), ҳамчунин руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Кисегачи вилояти Челябински Федератсияи Россия наздик аст. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Харгӯш

Харгӯш, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 184 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар қисми шарқии деҳаҳои Лангар ва Харгӯш ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3270 метр. Минералнокиаш 1,3 грамм дар литр, ҳарорати обаш +7 – +9 °С. Дар таркиби оби Харгӯш натрий (129 миллиграмм дар литр), калсий (34,0 миллиграмм дар литр), магний (5,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (451 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (16,0 миллиграмм дар литр), ангидриди карбон (580 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (38,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Оби чашма газ дорад (96% таркиби онро гази ангидриди карбон ташкил медиҳад). Дебиташ 0,5–0,8 литр дар сония. Барои табобати илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, гепатит, санги пешобдон ва касалии қанд муҳим аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Сираб ва Дилиҷон (Арманистон) наздик аст. Хирманак Хирманак, оби минералии гарм. Дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, дар дараи Алмосӣ, дар соҳили чапи дарёи Хонақоҳ ҷой гирифтааст. Оби чашма аз се пармачоҳ ҷорӣ мешавад, ки умқи онҳо мутаносибан 1824, 1546 ва 1944 метр аст. Таркиби кимиёвии об ба оби минералии Шоҳамбарӣ шабоҳат дорад. Пармачоҳҳо бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11 январи 1965 «Дар бораи ривоҷи сохтмони санаторияву фароғатгоҳҳо дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1966–1970» кофта шуданд. Мутобиқи қарори мазкур бояд дар водии дарёи Хонақоҳ оби минералии дебиташ 6–10 литр дар сония бароварда мешуд. Дар заминаи оби минералии Хонақоҳ ташкил кардани табобатгоҳи махсус дар назар аст. Ду иморати нимтайёр низ сохта шудааст. Ҳоло оби шифобахши чашмаро бештар аҳолии маҳаллӣ ва навоҳии гирду атроф истифода мебаранд. Хирсдара Хирсдара, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 60 километр шарқтар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (683 миллиграмм дар литр), калсий (45,0 миллиграмм дар литр), магний (12,0 миллиграмм дар литр), натрий (11,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (110 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (26,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин никел, кобалт, руҳ, молибден ва сурб иборат аст. Ҳарорати обаш +9 °С; дебиташ — 8 литр дар сония, минералнокии умумиаш — 1,13 грамм дар литр. Оби чашма дармонбахш буда, барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳоби меъда, захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, роҳҳои талхадон, ҳамчунин барои ба низом даровардани ҳаракати хун, фарбеҳӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳо манфиат дорад. Ба обҳои нарзани Кисловодск монанд аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386–387.

0

Тмеаша

Тмеаша, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 134 километр ҷанубу шарқтар аз маркази ноҳия, дар соҳили дарёи Оқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3860 метр. Дебиташ – 10 литр дар сония, минералнокиаш – 0,5 грамм дар литр, ҳарорати обаш +31 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (0,5 грамм дар литр), натрий (21,0 грамм дар литр), магний (21,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (281 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (14,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (22,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин фтор, мис, руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Тмеаша барои табобати бемориҳои аъзои ҳозима, узвҳои ҷинсӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо тавсия карда мешавад. Тӯқузбӯлоқ Тӯқузбӯлоқ, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар водии дарёи Тӯқузбӯлоқ, 114 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 2,5 литр дар сония. Оби чашма камишқор буда, ба воситаи 12 пармачоҳ мебарояд; ҳарорати оби ҳар пармачоҳ аз +35 то +65 °С аст. Таркиби оби чашма аз натрий (94,0 миллиграмм дар литр), калсий (4,0 миллиграмм дар литр), калий (3,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (117 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (85,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), радон (4,7 нанокюри дар литр), фтор (11,5 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (76,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин мис, никел, руҳ, бром ва молибден иборат мебошад. Минералнокии умумиаш – 0,39 грамм дар литр. Оби чашма гази нитроген дошта, барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, узвҳои такягоҳ, системаи асаб, бемориҳои занона, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Он вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Белокуриха (кишвари Олтой) ва чашмаи Моминпроходи Булғория шабоҳат дорад (вале ҳарораташ баландтар аст). Удит Удит, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 28 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар сойи Дараи Удит воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3000 метр. Аз соҳили рости сой ду чашмаи минералӣ мебароянд, ки аз якдигар дар масофаи 40–50 метр ҷой гирифтаанд. Ҳарорати обашон +11,5 – 13,0 °С, минералнокиашон – 3,45 грамм дар литр, дебиташон 0,3 – 1,1 литр дар сония. Таркиби кимиёвии оби чашма аз катионҳои калсий (24,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (848 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (184 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (27,0 миллиграмм дар литр), инчунин аз оҳан, мис, бром, радон (1,6 нанокюри дар литр) ва руҳ иборат аст. Миқдори гази карбонати ҳалшуда 77,8%, нитроген 22,2%. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Севан (Арманистон) ва Квасовск (Закарпатия) наздик аст. Оби чашма таъми хуш дорад ва бо мақсади табобати бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхадон, мубодилаи моддаҳо онро ошомидан мумкин аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Танобча

Танобча, гурӯҳи кӯлҳои шӯр дар ноҳияи Темурмалик. Тақрибан 15 километр ҷанубу ғарбтар аз шаҳраки Темурмалик ҷой гирифтаанд. Андозаи кӯлҳо гуногун аст: кӯли шарқӣ – 450 × 180 метр, ғарбӣ – 300 × 180 метр. Кӯлҳо кифшакл буда, соҳили ростфаромада (65–70°) доранд. Таҳқиқоти нахустин оид ба хосиятҳои физикию кимиёвии лойқаи шифобахши Танобча ба соли 1956 мансуб аст. Чашмаи ягонае, ки дебити ниҳоят кам дорад, аз қабатҳои гач ҷорӣ мегардад; минералнокиаш – 150 грамм дар литр. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии сулфатунатрийдор мансуб аст; он ҳамчунин йод (0,25 миллиграмм дар литр), бром (то 75,0 миллиграмм дар литр) ва кислотаи метаборат (зиёд аз 90 миллиграмм дар литр) дорад. Лойқаи кӯлҳо дар зери қабати тунуки намак (0,1–0,2 сантиметр) ҷой гирифта, рангаш сиёҳ, хокистарии сиёҳ ва хокистарӣ мебошад; ғафсиаш 30–50 сантиметр (баъзан 70 сантиметр). Дар таркиби лойқаи кӯли шарқӣ 3,2 – 8,8% карбонатҳо, 0,2 – 1,2% гач, 23–56% силикатҳо, ҳамчунин оксидҳо (4%), сулфиди оҳан (0,2 – 0,5%), сулфур (0,01–0,03%), моддаҳои органикӣ (0,8–1,6%) мавҷуданд. Таркиби кимиёвии кӯли ғарбӣ аз карбонатҳои калсий (3–8%), гач (0,3–5%), фосфатҳо, карбонатҳои магний (даҳҳо ҳиссаи %) ва ғайра иборат аст. Лойқаи кӯлҳо аз апрел то октябр гарм аст (30 °С). Лойқаи шифобахши кӯлҳо давои беназири бемориҳои банду буғум ва пӯст мебошад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Тағкамар

Тағкамар, чашмаи минералӣ. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 103 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Яғноб ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2600 метр. Дебиташ – 0,04 литр дар сония, ҳарорати обаш – 7,5 °С. Дар таркиби оби чашма кислотаи силикат, маргимуш, молибден, литий, сезий, стронсий, ҳамчунин манган, никел, титан, хром, сирконий, мис, сурб, нуқра, руҳ, бор, барий мавҷуданд. Онро метавон бо мақсади табобати бемориҳо истифода бурд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Сист

Сист, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 47 километр ҷанубтари шаҳри Хоруғ, дар баландии 2360 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз Сист то Гармчашма 14 километр. Дебиташ 0,1–0,2 литр дар сония, минералнокиаш – 4,2 грамм дар литр, ҳарорати обаш +10 – +12 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (153 миллиграмм дар литр), магний (41,0 миллиграмм дар литр), натрий (25,0 миллиграмм дар литр), оҳан (20,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (284 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (264 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар литр), гази ангидриди карбон (12,51 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (39,4 миллиграмм дар литр), радон (5,3 нанокюри дар литр), ҳамчунин мис, молибден, бор ва фтор мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои нарзани доломитии Кисловодск ва Слиач (Чехия) наздик аст. Барои табобати бемориҳои меъда, рӯда, роҳҳои талхарон ва пешоброн, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва панкреатити музмин манфиатбахш аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Саришитхарв

Саришитхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар водии сойи Саришитхарв, 52 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3300 метр. Дар ин мавзеъ оби чашма ҳашт роҳи баромад дорад. Дебиташ 0,3–0,5 литр дар сония, минералнокиаш 2,27 грамм дар литр, ҳарорати обаш 8 – 12 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (263 миллиграмм дар литр), натрий (91,0 миллиграмм дар литр), магний (91,0 миллиграмм дар литр), калий (10,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонат (909 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (339 миллиграмм дар литр), ангидриди карбон (458 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (102 миллиграмм дар литр), ҳамчунин оҳан, радон (3 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Онро барои муолиҷаи бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхадон, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва панкреатити музмин истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Аршанск (Бурятистон) шабоҳат дорад. Сасиқбӯлоқ Сасиқбӯлоқ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили ҷанубии Яшилкӯл, дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Роҳ ба сӯи чашма аз тарафи деҳаи Булункӯл мегузарад. Минералнокиаш 0,55 грамм дар литр, дебиташ 2–4,6 литр дар сония, ҳарорати обаш 22–32 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (59,0 миллиграмм дар литр), калсий (10,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (11,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (50,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (50,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (11,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (35,0 миллиграмм дар литр), фтор (6,4 миллиграмм дар литр), радон (1,1 нанокюри дар литр), ҳамчунин никел, руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Онро барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, роҳҳои талхарон, панкреатит, дарди мафосил (колит) истифода мебаранд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Ачалуки (Гурҷистон) шабоҳат дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385–386.

0

Оқсуқон

Оқсуқон, кӯли шӯрест дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Дар соҳили рости дарёи Сир, дар доманаи қаторкӯҳи Қизилҷар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 420 метр. Масоҳаташ 12 километри мураббаъ, тӯлаш 5 километр, бараш то 2,5 километр; умқаш қариб 1 метр. Баҳорон кӯл аз оби барфу борон пур мешавад, тобистон обаш дар натиҷаи бухори зиёд хушк шуда, қабати намак боқӣ мемонад. Гиле, ки дар зери намак ҷамъ шудааст, шифобахш аст. Мавсими табобат дар кӯл моҳи июл оғоз ёфта, то сентябр давом мекунад. Тобистон боришот кам аст, боронгариҳо тирамоҳ сар мешаванд. Маълумоти нахустин оид ба Оқсуқон охири асри 19 пайдо шудааст. Вале аҳолии таҳҷоӣ гили шифобахши онро аз замонҳои қадим истифода мебурданд. Таҳқиқоти аввалини гидрогеологӣ ва физикию кимиёвии кӯл соли 1887 сурат гирифт. Ранги сиёҳи гили кӯлро олимон ба мавҷудияти пайвастҳои сулфури оҳан дар он нисбат медиҳанд. Дар таркиби лойқаи Оқсуқон ионҳои натрий ва калсий (то 95%), ҳамчунин хлор (то 90–95%) ва сулфатҳо (4–5%) бартарӣ доранд. Вобаста ба мавсим ва маҳал дараҷаи ғилзат (консистенсия)-и лойқа гуногун мешавад. Чунончи, лойқаи соҳилҳо нисбатан дурушт буда, лойқаи қисми наздик ба маркази кӯл нарм ва «обакӣ» аст. Ҳангоми омезиш бо об лойқа массаи якранги часпак ҳосил мекунад. Оби лойқаи шифобахш бояд аз 40–60% зиёд набошад. Дар таркиби лойқаи Оқсуқон хлориди натрий (74,86%) ва сулфати магний (7,76%) хеле бисёр аст. Вазни хоси лойқа 1,85–1,87 аст. Соли 1951 дар назди кӯл табобатхона кушода шуд. Ночӯриҳои асаб, гардиши хун, фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳоро дар андомгон ба сомон меорад. Инчунин дар Оқсуқон остеохондроз, тарбод (ревматизм), артрит, бемориҳои меъда, рӯдаҳо, талхадон, ҷигар, ғадуди зери меъда, гурда, амрози занона, простатит, бенаслӣ, бемориҳои пӯст табобат карда мешаванд. Лойи Оқсуқонро дар шифохонаҳои Хуҷанд, Хоҷаобигарм, Обигарм, Тошкент, Фарғона, Чортоқ истифода мебаранд. Оқтош Оқтош, Шаймак, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 128 километр ҷанубу шарқтари деҳаи Қизилработ дар баландии 3860 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма дар соҳили рости дарёи Оқсу аз 16 мавзеи хурд мебарояд. Атрофи чашма шибарзамин аст. Дебиташ 3–5,3 литр дар сония, ҳарорати обаш +15 – +27 °С. Таркибаш аз калсий (31,0 миллиграмм дар литр), магний (11,0 миллиграмм дар литр), натрий (7,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (12,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (35,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (6,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин аз мис, никел, руҳ, сурб ва маргимуш иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва роҳҳои пешоб истифода мебаранд. Ривак Ривак, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Шуғнон. Дар водии дарёи Ғунд, 32 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2600 метр. Дебиташ – 0,9 литр дар сония; ҳарорати обаш +8 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (555 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (51,0 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (93,0 миллиграмм дар литр), натрий (20,0 миллиграмм дар литр), магний (10,0 миллиграмм дар литр), оҳан (5,0 миллиграмм дар литр), калий (3,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (329 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (44,0), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Оби чашма шифобахш буда, барои табобати бемориҳои санги пешобдон ва талхадон, дарди мафосил, гепатит, холангит ва душворҳаракатии талхароҳа муфид мешавад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ ба оби осоишгоҳи Лебарден (Гурҷистон) ва чашмаи Молоковскии вилояти Читаи Россия наздик аст. Оби чашма тавассути қубурҳо ба водӣ ҷорӣ мешавад. Аз он нӯшокии минералии «Бадахшон» истеҳсол мекунанд. Ростошитхарв Ростошитхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 56 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар баландии 3900 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 0,8 – 1,9 литр дар сония, минералнокиаш – 0,98 грамм дар литр, ҳарорати обаш +8 – +10 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (136 миллиграмм дар литр), натрий (72,0 миллиграмм дар литр), магний (23,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (366 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (278 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (88,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (14,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои аъзои хунгард, ҳозима ва роҳҳои нафаскашӣ истифода мешавад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби нарзани доломитии Кисловодск наздик аст. Рохарвдара Рохарвдара, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 7,5 километр ғарбтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар соҳили рӯди Рохарвдара, дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Ҳарорати обаш +18 °С; дебиташ 1,4 литр дар сония. Дар таркиби обаш катионҳои калсий (145 миллиграмм дар литр), магний (21,0 миллиграмм дар литр), натрий (12,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (612 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (97,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (5,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (700 миллиграмм дар литр), ҳамчунин никел, руҳ, мис ва кобалт мавҷуданд. Минералнокии умумиаш 1,6 грамм дар литр. Омили асосии шифобахши чашма оби минералнокиаш ками дорои карбонатҳо ва калсий мебошад. Онро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, ҷигар, роҳҳои пешоб ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода мебаранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385.

0

Обишифо

Обишифо, оби минералӣ. Дар масофаи 23 километр ғарбтари шаҳри Исфара аз пармачоҳ ҷорӣ мешавад. Он аз қабатҳои олой ва бухорои давраи палеоген аз чуқуриҳои 400–450 метр ва 1430–1460 метр мебарояд. Оби пармачоҳ гарм (19–27 °С) буда, таркибаш аз гидрогенсулфид (370–560 миллиграмм дар литр), намаки бор (128 грамм дар литр), намаки ош иборат аст. Таъмаш андаке турш мебошад. Дебити пармачоҳ 0,27–0,46 литр дар сония. Ҳамчун оби шифобахш барои табобати бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардит, атеросклероз, ишемия ва ғайра), асаб, узвҳои ҳозима, ҳаракат (тарбод, илтиҳоби тарбодмонанд, остеохондроз, спондиллёз, остит, тендовагинит ва ғайра) истифода мешавад. Дар осоишгоҳи «Зумрад» 16 обзани табобат бо Обишифо вуҷуд дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385.

0

Кӯкбой

Кӯкбой, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили рости шохоби дарёи Кӯкбой ҷойгир аст, баландиаш аз сатҳи баҳр 3920 метр. Дебиташ – 4 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,9 грамм дар литр, ҳарорати обаш +40 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (20,0 миллиграмм дар литр), натрий (12,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (73,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (15,0 миллиграмм дар литр) ва ангидриди озоди карбон (77,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Кӯкбой хосияти шифобахшӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Оби чашмаро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Қаратобон Қаратобон, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 15 километр шарқтари деҳаи Зиреҳ ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2050 метр. Дебиташ – 0,6 литр дар сония, ҳарорати обаш 90 °С, минералнокиаш – 3,6 грамм дар литр. Таркиби оби чашма аз кислотаҳои силикат, метаборат, манган, никел, кобалт, мис, рух, литий, гази карбонат (90,6%), нитроген (7,8%), оксиген (1,6%) иборат аст; хусусан миқдори оҳан (2 миллиграмм дар литр) зиёд аст (он ҳангоми ба рӯи замин баромадани оби чашма қисман таҳшин мешавад). Ҳамчун оби ошомиданӣ ва барои қабули обзан (ванна) тавсия шудааст. Қизилработ Қизилработ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар водии дарёи Оқсу, 2 километр ғарбтари деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3380 метр. Оби чашма газнок (кислотаи карбон – 87%, нитроген – 12,5%) буда, аз миёнаҳои дарёи Оқсу дар ҷазирачаи хурде мебарояд. Дебиташ 1,2–1,6 литр дар сония, минералнокиаш 1,53 грамм дар литр, ҳарорати обаш +37 – +38 °С. Таркиби оби чашма аз калсий (193 миллиграмм дар литр), натрий (71,0 миллиграмм дар литр), магний (23,0 миллиграмм дар литр), калий (8,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (756 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (69,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (335 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (51,0 миллиграмм дар литр), метаборат (6,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, оҳан, никел, фтор, бром, рух ва сурб иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Тсагвери ва Шови (Гурҷистон) наздик аст. Қизилтумшуқ Қизилтумшуқ, оби минералии гарм дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Аз пармачоҳ (чуқурии 500–700 метр) ҷорӣ мешавад. Бӯи тези гидрогенсулфид дорад. Таркибаш аз хлоридҳо, сулфатҳо, натрий, калий, ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, алюминий, газҳои радон, карбоҳидрид, нитроген ва ғайра иборат аст. Он асосан барои табобати амбулаторӣ истифода мегардад. Тобистон барои беморони вазнин дар беморхонаҳои ноҳиявӣ чанд кат ҷудо карда мешавад. Дармонгоҳи обшифоӣ аз моҳи май то октябр фаъолият менамояд. 6 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ гаштааст. Оби пармачоҳ барои табобати бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат, силсилаи асабҳои канорӣ, бемориҳои занона, пӯст (псориаз, нейродермит, себорея, шукуфаи сурхи паҳн ва ғайра) нафъ дорад. Қизилчилга Қизилчилга, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 45 километр ҷанубтари ағбаи Оқбайтал, дар водии дарёи Сасиқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4500 метр, дебиташ 0,3 литр дар сония, минералнокиаш 2,42 грамм дар литр, ҳарорати обаш +4 – +7 °С. Таркибаш аз калсий (448 миллиграмм дар литр), магний (153 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (1392 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (293 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (67 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (54,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳаракат, системаи асаб, пӯст ва узвҳои ҷинсӣ тавсия карда мешавад. Меҳмонйӯл Меҳмонйӯл, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили чапи дарёи Оқсу, 2 километр ҷанубу ғарбтар аз деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Дебиташ 0,2 литр дар сония, минералнокиаш 4,8 грамм дар литр; ҳарорати обаш +24 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (903 миллиграмм дар литр), калий (93,0 миллиграмм дар литр), калсий (93,0 миллиграмм дар литр), магний (16,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (2466 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (203 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (111 миллиграмм дар литр), кислотаи метаборат (42,0 миллиграмм дар литр), радон (8,7 нанокюри дар литр), силикат (37,5 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, бемориҳои рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, талха, ихтилоли мубодилаи моддаҳо манфиатбахш аст. Ба обҳои маъдании Борҷоми наздикӣ дорад. Миёндара Миёндара, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Ванҷ, 55 километр шарқтар аз маркази ноҳияи Ванҷ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 1 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 1,65 грамм дар литр; ҳарорати об +8 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (800 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (260 миллиграмм дар литр), натрий (116 миллиграмм дар литр), магний (47,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (342 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (78,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (1,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин микроэлементҳо - оҳан, никел, мис, бор ва рух иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи гастрит, бемориҳои захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, холецистит, гепатит, пиелонефрит ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби ионӣ ба обҳои нарзании Кисловодск шабоҳат дорад. Навободак Навободак, чашмаи минералӣ. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар соҳили чапи дарёи Яғноб (дар муқобили деҳаи Анзоб) ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2800 метр. Дебиташ – 0,2 литр дар сония, ҳарорати обаш 7 °С; таъми оҳан дорад. Аз оби чашма гази карбонат хориҷ мешавад. Таркиби он аз гидрокарбонатҳо, калсий, магний, кислотаи силикат иборат аст. Барои табобати бемориҳо истифода бурдан мумкин. Нахрхун Нахрхун, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, 46 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Дебиташ – 0,5 литр дар сония, минералнокиаш – 1,7 грамм дар литр, ҳарорати обаш +13 – +15 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (253 миллиграмм дар литр), калсий (230 миллиграмм дар литр), магний (43,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (1029 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (79,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (70,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (8,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Онро метавон барои ошомидан истифода кард. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Шови ва Тсагвери (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати бемориҳои аъзои ҳозима ва ихроҷи пешоб муфид мебошад. Наспар Наспар, чашмаи минералӣ. Дар ноҳияи Шуғнон дар масофаи 2 километр болотар аз резишгоҳи дарёи Наспар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3840 метр. Дебиташ 0,8–10 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,6 грамм дар литр. Ҳарорати обаш +22 – +27 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (192 миллиграмм дар литр), калсий (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (161 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (152 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (6,6 миллиграмм дар литр), ҳамчунин фтор, руҳ, маргимуш, сурб ва молибден мавҷуданд. Оби чашма бӯи гидрогенсулфид мекунад. Барои табобати бемориҳои узвҳои хунгард, такяву ҳаракат, системаи асаб ва амрози занона муфид аст. Оби чашмаро метавон барои қабули обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ шабеҳи оби осоишгоҳҳои Белокурихаи кишвари Олтой аст. Немағс Немағс, чашмаи минералии обаш сард. Дар ноҳияи Шуғнон дар соҳили чапи дарёи Немағсдара (шохоби чапи дарёи Ғунд) воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3170 метр. Дебиташ 5,6–6,7 литр дар сония, ҳарорати обаш +6,0 °С. Дар таркиби оби чашма ангидриди карбон (449 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (20,0 миллиграмм дар литр), натрий (8,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (92,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (5,0 миллиграмм дар литр), радон (9,6 нанокюри дар литр) вуҷуд доранд. Оби чашма шифобахш буда, барои муолиҷаи гастрити музмин, гепатит, холетсистит, колит, проктосигмоидит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (диабет ва диатези бавлӣ-заҳрпешобӣ) муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии осоишгоҳи машҳури Брамбахийск (Олмон) ва Дарасуни вилояти Чита (Руссия) шабоҳат дорад (вале минералнокиаш қадре кам аст). Обигарм Обигарм, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 76 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ – 53 литр дар сония, ҳарорати обаш +27 – +31 °С. Дар таркиби оби чашма гази ангидриди карбон (960 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (233 миллиграмм дар литр), натрий (180 миллиграмм дар литр), магний (52,0 миллиграмм дар литр), калий (38,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (872 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (232 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (196 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (52,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин магний, оҳан, мис, никел, фтор, радон (8,6 нанокюри дар литр) ва бром мавҷуданд. Онро метавон барои обзан (ванна)-ҳо, ингалятсия ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Дарасун (вилояти Читаи Россия) ва Лагунск (Украина) наздик аст. Барои табобати бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхароҳа ва узвҳои ҷинсӣ нафъ дорад. Обигарм Обигарм, гурӯҳи чашмаҳои минералии обашон гарм. Дар доманаи ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Қаротегин, дар канори шаҳраки ҳамноми Обигарм ҷой гирифтааст. Бино ба тақсимоти маъмурӣ маҳалли мазкур тобеи шаҳри Роғун аст. Маълумоти нахустин оид ба чашмаҳо аз соли 1870 (К. А. Абрамов) ибтидо мегирад. Дар бораи чашмаҳо В. Ф. Ошанин (1878), В. Н. Вебер (1913), Г. Андреев (1916), И. И. Бездека (1925), Н. Л. Корженевский (1925) ва дигарон низ тадқиқот кардаанд. Аз рӯи таркиби физикию кимиёвӣ обҳо ишқорӣ, сулфатдор, хлориди натрийдор мебошанд. Минералнокии онҳо суст (0,9 грамм дар литр) ва ҳарораташон 45 – 55 °С аст; миқдори кислотаи силикат 20 – 30 миллиграмм дар литр. Дар таркиби обҳо ҳамчунин анионҳои сулфат ва хлор, катионҳои натрий ва калсий, камубеш гидрокарбонатҳо, магний, нитритҳо, микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол – алюминий, титан, манган, мис, силитсий, молибден, стронсий, барий, бор, фтор ва ғайра вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Иссиқота (Қирғизистон), Ткваригели ва Схалтубо (Гурҷистон) наздик мебошад. Соли 1946 осоишгоҳи «Обигарм» ташкил карда шуд, ки аз оби минералии пармачоҳҳо истифода мекунад. Обисафед Обисафед, чашмаи гарми минералӣ дар ноҳияи Ғарм; 22 километр шимолу ғарбтари деҳаи Ҳоит, дар водии дарёи Қарокушхона воқеъ аст. Оби чашма аз роғҳои тектоникии байни табақаи оҳаксангу варақсангҳои силури боло чорист. Дебиташ 10 – 12 литр дар сония, ҳарорати об 51 °С. Оби чашма аз қабили обҳои силитсий (50 миллиграмм дар литр), фтор (11 миллиграмм дар литр), сулфати гидрокарбонати натрийдор буда, дар таркибаш инчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, никел, титан, молибден, волфрам, мис, сурб, нуқра, руҳ, қалъагӣ, германий, галлий, бор, бериллий, барий, стронсий, литий ва дар ҳолати ҳалшуда гази азот мавҷуд аст. Онро ба мақсадҳои муолиҷа (ванна) истифода бурдан мумкин аст. Обшир Обшир, чашмаи минералии обаш сард дар водии дарёи Чичкрӯди ноҳияи Айнӣ. Чашма дар минтақаи тектоникӣ (рӯгечаи байни ҷинсҳои палеозой - аз боло ва таҳнишастҳои мезозой - аз поин) ҷой гирифтааст. Дебиташ 0,3 литр дар сония, ҳарорати обаш 11 °С. Чашма ба гурӯҳи обҳои дорои гази карбонат, сулфиди гидроген, силикат, гидрокарбонату сулфат, калий, магний ва натрий мансуб аст. Он ҳамчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, титан, волфрам, мис, сурб, бериллий, стронсий, литий, инчунин дар ҳолати ҳалшуда гази сулфиди гидроген ва дар ҳолати озод гази карбонат низ дорад. Оби шифобахши чашмаро барои муолиҷаи баъзе бемориҳо истифода бурдан мумкин аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383–385.

0

Койтезак

Койтезак, Кӯҳтезак, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили чапи дарёи Суули-Тоғаркаки воқеъ гаштааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3960 метр. Маҳалли чашма шибарзамин аст. Оби чашма ба воситаи 3 пармачоҳ мебарояд. Дебиташ – 1,5–4,0 литр дар сония, ҳарорати обаш 23–33 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (72,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо ва сулфатҳо (182 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (77,0 миллиграмм дар литр), фтор (12,0 миллиграмм дар литр), радон (3,4 нанокюри дар литр), ҳамчунин бор, рух, литий, мис, никел мавҷуданд. Оби чашма гази нитроген дорад. Барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, узвҳои такягоҳ ва системаи асаб, бемориҳои узвҳои ҷинсӣ, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода мешавад. Оби чашмаро менӯшанд, барои қабули обзан (ванна) кор мефармоянд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383.

0