Зеҳн

Панду андарзҳо

Суханони ҳикматомез, насиҳат ва маслиҳатҳое мебошанд, ки инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи нек ва дониш ҳидоят мекунанд.

1 аъзоаз 28 сентябри 2026
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

ОН ЧИ ШУМО МЕПАРАСТЕД...

Яке аз орифони бузурги олами ислом Муҳйиддини Арабӣ дар ҳузури мардум ба болои теппае баромада, хитоб намуд: — Эй мардум, он чи шумо мепарастед, дар зери пойи ман аст! Олимони замонаш гӯяндаи ин суханҳоро бо куфр иттиҳом карданд ва ӯро эъдом намуда, ҷанозаашро болои кӯҳе гӯрониданд. Баъдҳо маълум гардид, ки Муҳйиддини Арабӣ дар ҷое қайд кардааст: «Ҳангоме ки «син» ба «шин» ворид мешавад, қабри Муҳйиддин ва мақсадаш рӯшан хоҳад гашт». Бо гузашти солҳо яке аз подшоҳони давлати Усмонӣ Султон Салим Шомро фатҳ намуд ва аз мардуми маҳаллӣ саргузашти Муҳйиддини Арабиро шунида, дар пайи ҷустуҷӯи қабри ӯ шуд. Дар аснои пурсуҷӯ Султон Салим аз ҳар касе қабри Муҳйиддини Арабиро мепурсид, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеовард. Ниҳоят чӯпоне ба Султон гуфт: — Эй Султон, ман ҳам намедонам қабри он бузургвор дар куҷост, вале ҷоеро медонам, ки ҳеҷ як ҳайвоне аз он ҷо намегузарад ва алафҳои он мавзеъро намехӯрад. Бо шунидани ин суханҳо Султон амр намуд, ки ҳамон мавзеъро бикобанд. Вақте замин кофта шуд, аз он ҷо ҷасадеро пайдо карданд, ки бо гузашти даҳсолаҳо ҳеҷ осебе надида буд. Чун маълум гардид, ки ин ҷасади Муҳйиддини Арабӣ аст, бо фармони Султон Салим дар он мавзеъ мақбарае сохта шуд. Вақте Султон сабаби эъдом шудани Муҳйиддини Арабиро пурсон шуд, мардум гуфтанд, ки ӯ дар болои теппае қарор гирифта, чунину чунон гуфта буд ва суханҳояш боиси эъдомаш гардиданд. Бо фармони Султон Салим он мавзеъ ҳам кофта шуд ва аз он ҷо як кӯза тилло пайдо гардид. Пас Султон гуфт: — Шарҳи суханони Муҳйиддини Арабӣ ин аст, ки дар зери пойи ӯ тилло хобида буд. Мардуми замона мақсади ӯро нафаҳмида, ба ноҳақ эъдомаш кардаанд. Ҳамин тавр ду каромати орифи бузург Муҳйиддини Арабӣ ҳам ошкор шуд. Каромати аввал ин буд, ки ӯ бо назардошти симу зари ниҳон ба дунёпарастии инсонҳо ишорат намуд. Дувум, ӯ тақрибан дусад сол пеш аз фатҳи Шом ҳодисаи ба ин мавзеъ омадани Султон Салим ва кашфи турбати худро бо гуфтани «вақте «син» ба «шин» медарояд» хабар дода буд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

КИШТИБОН

Гурӯҳе аз маҷусиён ба Имоми Аъзам чанд суоле доданд. Онҳо таъкид доштанд, ки мо ба Худои шумо бовар надорем ва мехоҳем ба суолҳоямон посухҳои қаноатбахш бигирем. Яке аз онҳо пурсид: — Эй Имом, Худоеро, ки дида наметавонӣ, чӣ гуна парастиш мекунӣ? Имоми Аъзам посух дод: — Агар шумо киштиеро бинед, ки дар миёни мавҷҳои пуртуғёни баҳр бе ягон мушкилӣ шино мекунад, тасаввур карда метавонед, ки он киштӣ бе киштибон аст? Онҳо гуфтанд: — На, ҳаргиз! Сипас Имоми Аъзам гуфт: — Пас бинед, ки курраи Замин монанди киштиест, ки болои як баҳр шино мекунад ва ба ҳеҷ иштибоҳу каҷравие роҳ намедиҳад. Бо вуҷуди ин чӣ гуна метавон гуфт, ки чунин низом худ аз худ амал мекунад? Бешак, Киштибоне ҳаст, ки киштии оламро танзиму идора менамояд. Пас аз ин суханҳои пурмуҳтавои Имоми Аъзам ҳама маҷусиён шаҳодат оварда, мусулмон шуданд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

ИМОМИ АЪЗАМ ВА МАҶУСӢ

Дар айёми ҷавонии Имоми Аъзам маҷусие бо нияти тиҷорат ба Басра омад. Дар ин миён ба мардуми он мавзеъ муроҷиат намуда, гуфт: «Ман оташпарастам, зеро оташ вуҷуд дорад ва онро бо чашм дидан мумкин аст. Шумо ҳам он Худоеро, ки мепарастед, ба ман нишон диҳед?! Вале шумо наметавонед, ки Худои хешро ба ман нишон диҳед, чунин Худое вуҷуд надорад. Бузургони худро бихонед. Ман ба онҳо исбот мекунам, ки Худои шумо вуҷуд надорад!» Мардум ба ӯ Абӯҳанифаи ҷавонро нишон дода, гуфтанд: — Гуфтаниҳоятро аввал ба ин ҷавон бигӯ. Агар аз илми ӯ қаноатманд нашавӣ, он гоҳ бузургонамонро даъват мекунем. Маҷусӣ дид, ки Абӯҳанифа ҷавон аст, бо нишони тамасхур гуфт: — Ман бо кӯдакон баҳс намекунам! Вале мардум исрор карданд, ки маҷусӣ пешниҳоди онҳоро қабул намояд ва бо Абӯҳанифаи ҷавон ҳамсуҳбат шавад. Ниҳоят ӯ розӣ шуд ва ҳама қарор доданд, ки субҳи рӯзи дигар дар масҷид мунозира кунанд. Субҳи фардо мардум дар масҷид ҷамъ омаданд. Маҷусӣ болои минбар нишаст ва ҳама ҳамроҳ омадани Абӯҳанифаро мунтазир шуданд. Муддате гузашт, вале Абӯҳанифа ҳозир нашуд. Маҷусӣ аз ин фурсат истифода бурда, чунин гуфт: — Ҷавони донишмандатон ҳаросид! Акнун уламоро даъват кунед! Мардум низ дар хиҷолат монданд, зеро аз Абӯҳанифа чунин амалкардеро чашмдор набуданд. Дар ниҳоят Абӯҳанифа бо гузашти чанд муддат шитобон вориди масҷид шуд ва гуфт: — Бубахшед, ки дер мондам. Дар он тарафи дарё будам. Чун хостам ба тарафи муқобил гузарам, воситае пайдо накардам. Сипас ба дарахтони соҳил гуфтам: «Эй дарахтон! Дарҳол купрук шавед, то аз дарё гузарам!» Онҳо купрук шуданд ва ман ба ин тараф гузаштам. Бо ин сабаб дер мондам. Аз ин суханҳои Абӯҳанифа маҷусӣ қаҳ-қаҳзанон хандиду гуфт: — Бубинед, ки ин ҷавон ҳатто ба ҳамсуҳбатӣ намеарзад. Оё дарахт худ аз худ ба купрук мубаддал мегардад? Абӯҳанифа гуфт: — Агар дарахте ҳам худ аз худ купрук шуда натавонад, пас ин олами бузург чӣ гуна худ аз худ ба низом медарояд? Мардум аз сухани Абӯҳанифа ба ваҷд омада, такбир гуфтанд. Сипас маҷусӣ гуфт: — Хуб, ба ман гӯед, ки чаро Худои шуморо бо чашм дида намешавад? Ҳар чизе ки вуҷуд дорад, ба чашм аён аст. Худои шумо ки аён нест, пас вуҷуд надорад. Абӯҳанифа пурсид: — Шумо ба мавҷудияти ақли инсон бовар доред? Маҷусӣ посух дод: — Албатта, бовар дорам. Абӯҳанифа гуфт: — Ин тавр бошад, ақли худро ба ман нишон диҳед! Маҷусӣ посух дод: — Ақлро нишон додан номумкин аст. — Модоме ки ақли шумо ба чашм аён нест, оё ман метавонам даъво кунам, ки он вуҷуд надорад, — гуфт Абӯҳанифа ва илова намуд: — Пас маълум мешавад, ки ҳастии баъзе мавҷудот ба дидан вобаста нест. Масалан, мавҷудоте ҳамчун ақлу рӯҳ ба чашм ноаён бошанд ҳам, дар мавҷудияташон шубҳае нест. Бо шунидани ин суханҳо мардум боз такбир оварданд. Сипас маҷусӣ пурсид: — Пас бигӯ, ки ҳоло Худои шумо ба чӣ кор машғул аст? Абӯҳанифа посух дод: — Аз минбар поён шавед ва ман дар он ҷо нишаста, ба ин суолатон посух бигӯям. Маҷусӣ аз минбар поён шуд ва Абӯҳанифа ба ҷойи ӯ нишасту гуфт: — Ҳоло Худованд ҷоҳилеро аз минбар фароварду кӯдакеро ба ҷояш шинонд, то ӯ аз ин кӯдак ибрат омӯзад. Маҷусӣ дар назди ақлу хиради Абӯҳанифа мағлуб гашт ва ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуда, калимаи шаҳодат ба забон оварду мусулмон шуд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

СЕ САВОЛУ СЕ ҶАВОБ

Мулҳиде ба назди донишманд омаду пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон бидеҳ! Ва агар ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад? Ҳамчунин, агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Донишманд суолҳои мардро ботамкин гӯш кард ва баъд аз замин хиштпорае гирифту начандон сахт ба сари он мулҳид зад. Аз зарби хиштпора сари мулҳид ба дард омад ва ӯ ҳамоно ба қозӣ шикоят кард. Қозӣ ҳар дуи онҳоро даъват намуда, пурсид: — Чаро ба сари ин мард бо хишт задӣ? Донишманд гуфт: — Аз ман се савол пурсид ва ман бо ин амал ба саволҳои ӯ ҷавоб гуфтам. Қозӣ пурсид: — Чӣ тавр? Донишманд посух дод: — Дар аввал ӯ аз ман пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон деҳ». Пас, агар сараш ба дард омада бошад, он дардро ба ман нишон диҳад! Сипас аз ман пурсид: «Ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад?» Модоме ки ӯ чунин ақида дорад, чаро аз ман шикоят мекунад?! Ҳамчунин аз ман пурсид: «Агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Пас худи ин мулҳид, ки аз хок офарида шудааст, сараш аз зарби хишт чӣ гуна ба дард омад? Аз шунидани суханони донишманд мулҳид аз даъвояш гашт, қозӣ муътақид шуд ва донишманд раҳо ёфт.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

РИЗҚ АЗ ҶОНИБИ ХУДОВАНД АСТ

Донишманде азми сафар кард ва ба ҳамсараш гуфт: — Ман ба сафар мебароям. Қабл аз рафтан чӣ қадар озуқа омода намоям? Ҳамсари ӯ зане буд, ки ба Худо таваккалу эътимоди қавӣ дошт. Пас гуфт: — Ризқе мехоҳам, ки то охири умрам кифоят кунад. Донишманд аз ин сухан дар шигифт афтод ва пурсид: — Аз куҷо донам, ки умри ту чӣ қадар аст? Ҳамсараш гуфт: — Ин тавр бошад, ризқу рӯзиямро ба Оне ҳаволанамо, ки дарозии умрамро донад. Аз чунин таваккалу эътимоди қавӣ ҳайрати донишманд афзуд. Ӯ дар ниҳоят барои ҳамсараш озуқае нагузошта ба сафар баромад. Ҳамсоязанҳо аз рафтани донишманд хабардор шуда, аз ҳамсараш пурсиданд: — Шавҳарат чӣ қадар ризқу рӯзӣ гузошт? Ӯ посух дод: — Ҳамсари ман ризқдиҳанда не, балки ризқхӯр аст. Ризқ танҳо аз ҷониби Худованд аст. Инсонҳо танҳо воситаи дарёфти ризқ ҳастанду бас.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

АСРОРИ ТАВОНМАНДӢ

Марде зиндагии худро аз ҳисоби ҳезумкашӣ пеш мебурд. Ӯ ибодаташро ба ҷой меовард ва ба ҳеҷ кас коре надошт. Дар ҳамсоягии онҳо деҳае буд, ки аҳолии он ҷо дарахтеро муқаддас шумурда, парастиш мекарданд. Рӯзе ҳезумкаш худ ба худ андеша кард: «Чӣ мешавад, агар дарахти муқаддаси онҳоро аз барои ризои Худо решакан намуда, ҳамчун ҳезум дар бозор фурӯшам. Дар ин ҳол маблағ ҳам ба даст меояду қавме ҳам аз куфр наҷот меёбад». Ӯ бархосту бо қасди решакан кардани он дарахт ба роҳ баромад. Дар роҳ бо марде рӯ ба рӯ омад, ки сурати зишту рангу рӯйи пажмурда дошт. Марди зиштрӯ аз ҳезумкаш пурсид: — Ба куҷо меравӣ? Ҳезумкаш посух дод: — Барои буридани дарахте меравам, ки мардум онро ба Худо шарик оварда, парастиш мекунанд. Сипас мард гуфт: — Ман Иблисам ва намегузорам, ки ту он дарахтро бибурӣ! Ҳезумкаш аз ин сухан ба ғазаб омад ва хост Иблисро ба қатл расонад. Ӯ ба Иблис ҳамла оварда, онро ба замин афтонд ва ба гарданаш ханҷар гузошт. Дар ин ҳол Иблис гуфт: — Ту маро кушта наметавонӣ, чун Худованд то рӯзи қиёмат ба ман фурсат додааст. Хубаш биё, бо ту шартномае бандем. Ман ҳар рӯз ба ту як тангаи тилло медиҳам ва ту аз буридани он дарахт даст мекашӣ. Туро бо ин ки мардум гуноҳ содир мекунанд ё савоб мегиранд, чӣ корест?! Маблағро бигир ва аз пайи зиндагии худ бишав! Ҳезумкаш розӣ шуд ва Иблисро аз дами теғ раҳо кард. Иблис ба ӯ гуфт, ки ҳар субҳ чун аз хоб бихезад, аз зери болинаш тилое хоҳад ёфт. Ҳамин тавр ҳезумкаш аз буридани дарахт даст кашида, ба хона баргашт. Пагоҳӣ аз хоб бархеста, аз зери болинаш тангаи ваъдагиро пайдо намуд ва ниҳоят хурсанд шуд. Рӯзи дигар чун аз хоб хеста, ба зери болинаш назар кард, тангаи дигаре наёфт. Ӯ беҳад дар ғазаб шуда, боз бо қасди буридани он дарахт ба роҳ афтод. Ин бор ҳам бо Иблис рӯ ба рӯ шуд ва бо хашму ғазаб ба ӯ гуфт: — Эй лаин! Маро фиреб додӣ! Ҳезумкаш бо гуфтани ин суханҳо ба Иблис ҳуҷум кард. Вале ин бор Иблис ӯро ба замин афтонд. Марди сода ҳайрон шуда, ба Иблис ботааҷҷуб нигарист. Иблис тамасхуромез гуфт: — Эй содалавҳ! Имрӯз дар муқобили ман коре аз дастат намеояд, чун ҳоло барои ризои Худо наомадаӣ! Дирӯз, ки ба хотири ризои Парвардигор ба буридани он дарахт азм намудӣ, на танҳо ман, балки тамоми шайтонҳои рӯйи замин ҳам муттаҳид шуда, ба ту ҳамла мекарданд, мағлуб меафтоданд. Ҳоло бошад дарахтро на аз барои Худо, балки барои он буридан мехоҳӣ, ки туро аз тилло маҳрум сохтам. Аз ин рӯ мағлуб шудӣ ва наметавонӣ ба мақсад бирасӣ.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

ФАРМОНБАРДОРӢ

Боре ба назди Салмони Форсӣ (р) касе омад ва ҳар ду ҳамроҳ ба саҳро баромаданд. Дар саҳро оҳувон ме- чариданд ва дар осмон парандаҳо парвоз мекарданд. Ҳазрати Салмон онҳоро дида гуфт: — Ман меҳмоне дорам ва мехоҳам, ки ягоне аз шумо ба назди ман ояд, то ба ӯ иззату икром намоям. Дар ин ҳол як паранда ва як оҳуе босуръат ба на- зди ҳазрати Салмон (р) омаданд. Бо дидани ин манзара меҳмон ба ҳайрат афтода, гуфт: «Субҳоналлоҳ!» Салмони Форсӣ фармуд: — Чӣ ҷойи ҳайрат дорад? Оё ту дидаӣ, ки шахсе фармонбардори Худо бошаду махлуқоти Худо аз ӯ саркашӣ намоянд?!

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

БА КОР БИГӮ, ДАРС ДОРАМ!

Шайх Муртазо Ансорӣ, бузургтарин устод ва олими фиқҳ аз яке аз шогирдон пурсид: – Чаро дирӯз дар ҷаласаи дарс ҳозир набудӣ? Шогирд гуфт: – Кор доштам. Шайх фармуд: –  Баъд аз ин ба дарс магӯ, кор дорам; ба кор бигӯ, дарс дорам!

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ШАМЪ АЗ ХАЗИНАИ ДАВЛАТ

Боре Абдураҳмон ибни Авф (р) ба зиёрати амирал-муъминин Умар ибни Хаттоб (р) омад. Ӯ салом доду посухе нашунида, ба ҷое нишаст. Ҳазрати Умар (р), ки машғул буд, ба ӯ эътиборе надод. Пас аз чанде амирал-муъминин шамъи дар наздаш сӯхта истодаро хомӯш карда, ба ҷойи он шамъи дигареро фурӯзон намуд ва сипас ба саломи дӯсташ посух дод. Ҳазрати Абдураҳмон аз ӯ пурсид: — Мебинам, ки шамъи фурӯзонеро хомӯш карда, шамъи дигаре афрӯхтӣ. Ин ҳар ду чӣ фарқе доранд? Ҳазрати Умар посух дод: — Эй дӯстам, он шамъи фурӯзон аз ҳисоби хазинаи давлат буд. Агар дар вақти сӯхтани он шамъ корҳои шахсиро иҷро кунам, фардо дар назди Худо масъул хоҳам шуд. Ту, ки бо кори хусусӣ ба наздам омадаӣ, шамъеро ба кор мебарам, ки аз ҳисоби худ харидаам. Бо шунидани ин суханҳо аз дидагони ҳазрати Абдураҳмон (р) ашк ҷорӣ шуд ва ӯ даст ба дуо бардошту гуфт: — Худоё! Умар ибни Хаттобро болои сари мо пойдор бигардон!

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ЧУН БАНДАЕРО ДӮСТ ДОРАД

Расули Худо (с) дар мавриди муҳаббати Худованд нисбат ба бандааш чунин фармуд: — Чун Худованд бандаеро дӯст дошт, ба ҳазрати Ҷабраил (а) мефармояд: «Ман он бандаамро дӯст медорам, ту низ ӯро дӯст бидор!» Сипас Ҷабраил (а) низ он бандаро дӯст медорад ва ба аҳли само мегӯяд: «Худованд он бандаро дӯст доштааст, ман ҳам ӯро дӯст медорам, пас шумо низ дӯсташ бидоред!» Бо ин сухан тамоми аҳли само он бандаро дӯст медоранд ва тамоми мавҷудот нисбат ба ӯ муҳаббат пайдо мекунанд. Ва чун Худованд бандаеро дӯст надошт ва ба ӯ буғз кард, ба ҳазрати Ҷабраил (а) мефармояд: «Ман ба он бандаам буғз кардаам, ту ҳам ба ӯ буғз бикун!» Сипас Ҷабраил (а) низ ба он банда буғз мекунад ва ба аҳли само мегӯяд: «Худованд ба он банда буғз кардааст, ман ҳам ба ӯ буғз кардам ва шумо низ ба ӯ буғз кунед!» Сипас аҳли замину осмон нисбат ба он банда буғз мекунанд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

АҲВОЛИ СЕ ШАХС

Боре Расули Худо (с) бо асҳоб дар масҷид нишаста буд, ки се нафар вориди маҷлис шуданд. Ду нафари онҳо ба назди Паёмбари акрам (с) омаданд ва сеюмӣ баргашту берун шуд. Яке аз он ду нафар дар байни ҷамоат нишасту дигаре дар сафи охирин. Сипас Расули Худо (с) фармуд: — Оё мехоҳед шуморо аз аҳволи он се нафар огоҳ кунам? — ва илова намуд, — Аввалӣ ба Худо паноҳ бурд ва Худо ӯро аз неъмати илм баҳравар кард. Дуюмӣ аз шарми Худо нахост, ки аҳли маҷлиси паёмбарро нороҳат кунад ва Худованд ҳам ба ӯ марҳамат намуд. Сеюмӣ бошад рӯй гардонд ва Худо низ аз ӯ рӯй гардонд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

РИЗОИ ХУДО

Дар аснои яке аз муҳорибаҳо ҳазрати Алӣ (р) бо ҷанговари моҳире аз сафи мушрикон тан ба тан меҷангид, ки мағлуб сохтанаш осон набуд. Пас аз чанде ҳазрати Алӣ фурсате ёфта, «Ё Аллоҳ!» гӯён ҳуҷум кард ва мушрикро ба замин афтонд. Ӯ синаи мушрикро бо зону фушурда, бо қасди куштан ба сараш ханҷар кашид. Ҳамин вақт мушрик ба рӯйи ҳазрати Алӣ (р) туф кард. Дар баробари ин ҳазрати Алӣ (р) дарҳол аз болои мушрик бархест ва ӯро раҳо намуд. Мушрик дар ҳайрат афтода пурсид: — Эй Алӣ, ман барои он туф кардам, ки ғазабатро бедор кунам, то ҳарчи зудтар маро ба қатл расонӣ. Ту бошӣ аз куштани ман даст кашидӣ. Чаро чунин кардӣ? Ҳазрати Алӣ посух дод: — Мо барои ризои Худо меҷангем. Вақте ба рӯям туф кардӣ, дар дилам нисбат ба ту ҳисси нафрат пайдо шуд. Дар ин ҳол агар туро мекуштам, инро на аз барои Худо, балки аз барои нафси худ мекардам. Ба ин хотир аз қасдам бозгаштам. Бо шунидани ин суханҳо ҳайрати мушрик дучанд гардид ва ӯ аз ҳазрати Алӣ (р) дар мавриди дини ислом суол кард. Ҳазрати Алӣ (р) исломро ба ӯ фаҳмонд ва он мард шаҳодат оварда, мусулмон шуд. Дар ин маврид Расули Худо (с) ба ҳазрати Алӣ (р) фармуда буд: «Савганд ба Худо, агар Худованд ба василаи ту шахсеро ҳидоят кунад, ин бароят аз як водӣ шутурҳои сурхмӯй беҳтар аст».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

НАМОНД ЧИЗЕ, КИ АЗ МАН БИГИРӢ!

Расули Худо (с) фармуд: «Рӯзи қиёмат се тоифа сараввал мавриди пурсиш қарор дода мешаванд. Яке аз онҳо нафарест, ки дар ҷиҳод кушта шудааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд ва Худованд неъматҳое, ки ба ӯ дода буд, назди ӯ паҳн мекунад. Ӯ низ тасдиқ мекунад, ки дар дунё ҳамин неъматҳоро соҳиб буд. Пас Худованд аз ӯ мепурсад: — Бо неъматҳои ато кардаам чӣ кор кардӣ? Ӯ чунин посух медиҳад: — То мурдан дар роҳи Ту ҷангидам. Худованд дар ҷавоби ӯ мефармояд: — Дурӯғ мегӯӣ! Ту барои он ҷангидӣ, то мардум туро «қаҳрамон» гӯянд ва туро «қаҳрамон» гуфтанд. Бар он чӣ ҷаҳд намудӣ, подошашро гирифтаӣ! Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ! Дуюм, нафаре мебошад, ки таҳсили илм карда, ба дигарон таълим додааст ва Қуръонро хуб қироат мекардааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд. Худованд неъматҳои додаашро назди ӯ паҳн карда, як-як мешуморад ва ӯ тасдиқ мекунад. Сипас аз ӯ мепурсад: — Бо ин неъматҳое, ки ба ту арзонӣ доштам, чӣ кор кардӣ? Ӯ посух медиҳад: — Таҳсили илм кардаму ба дигарон таълим додам ва аз барои ризои Ту Қуръон хондам. Дар посухи ӯ Худованд мефармояд: — Дурӯғ мегӯӣ! Ту илмро барои он омӯхтӣ, ки туро «олим» гӯянд ва Қуръон баҳри он хондӣ, ки гӯянд «ӯ Қуръонро зебо мехонад» ва чунин таҳсин ҳам дар ҳаққи ту гуфта шуд. Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ! Сеюм, нафарест, ки Худованд ба ӯ сарвати зиёд додааст ва ӯ сарваташро хайру эҳсон намудааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд. Худованд неъматҳои додаашро мешуморад ва ӯ низ тасдиқ мекунад. Сипас Худованд аз ӯ мепурсад: — Бо ин неъматҳо чӣ корҳоро анҷом додӣ? Ӯ мегӯяд: — Ҳамаи молу сарватамро дар роҳи ризои Ту хайр кардам! Худованд дар ҷавоби ӯ мефармояд: — Дурӯғ мегӯӣ! Ту ҳамаи инро барои он анҷом додӣ, ки туро гӯянд: «Ин қадар одами саховатманд аст!» ва ба ин муваффақ шудӣ. Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ!

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

МУВОФИҚИ ГУМОНИ БАНДААМ ҲАСТАМ

Мувофиқи ҳадиси қудсӣ Худованди Мутаъол мефармояд: «Гумони бандаам нисбат ба Ман чӣ гунае бошад, Ман низ ҳамон гунаам. Агар ӯ Маро зикр кунад, бо ӯ ҳастам. Агар ӯ Маро дар танҳоӣ зикр намояд, Ман низ ӯро танҳо зикр мекунам. Агар ӯ маро бо ҷамоат зикр кунад, Ман ӯро бо ҷамоати накӯтаре зикр мекунам. Агар ӯ ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман ба ӯ як зироъ наздик мешавам. Агар ӯ ба Ман як зироъ наздик шавад, Ман ба ӯ як қулоч наздик мешавам. Ва агар ӯ қадамзанон ба сӯйи Ман биёяд, Ман давон ба сӯйи ӯ меравам».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

АГАР ДАР ҚАВЛАШ УСТУВОР БОШАД

Боре Расули Худо (с) бо асҳоб дар масҷид нишаста буд, ки марде омад ва ба Расулуллоҳ (с) гуфт: — Аз ҷониби ту ба назди мо қосиде омад ва гуфт, ки Муҳаммад (с) фиристодаи Худованд аст. Оё ин дуруст аст? Расули Худо (с) гуфт: — Бале, ӯ дуруст мегӯяд. Мард боз пурсид: — Дар ин ҳол бигӯ, ки замину осмонро кӣ офаридааст? Расули Худо (с) посух дод: — Аллоҳ Таъоло офаридааст! Мард гуфт: — Хуб, акнун аз барои он Офаридгори замину осмонҳо бигӯ, ки магар Ӯ туро ҳамчун паёмбар фиристод? Расулуллоҳ (с) посух дод: — Бале! Мард пурсид: — Қосиди ту мегӯяд, ки мо бояд ҳамарӯза панҷ вақт намоз гузорем, оё ин дуруст аст? Расули Худо (с) гуфт: — Бале, дуруст аст! Мард гуфт: — Ба номи Худое, ки туро ҳамчун паёмбар фиристод, рост бигӯ, оё инро Худованд ба Ту фармудааст? Ҳабиби Худо (с) гуфт: — Бале! Ҳамин тавр ӯ дар мавриди закоту рӯза ва ҳаҷ низ суол кард. Расули Худо (с) дар посухи ин суолҳо мегуфт: «Бале, дуруст аст!» Сипас мард гуфт: — Савганд ба Худое, ки туро бар дини ҳақ фиристод, ин фармудаҳои туро ба ҷо меорам, дар ҳоле ки ба иҷрои на бештар ва на камтар аз ин гуфтаҳо иқдод хоҳам кард. Пас Расули Худо (с) фармуд: — Агар ӯ ин гуфтаҳояшро ба ҷо оварад, аз ҷумлаи наҷотёфтагон хоҳад буд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ПАНҶ АМРИ ХУДОВАНД

Рӯзе Расулуллоҳ (с) фармуд: «Аллоҳ Таъоло Яҳё фарзанди Закариёро (а) ба иҷрои панҷ амал маъмур гардонид ва фармуд, ки Бани Исроилро низ ба иҷрои ин амалҳо амр кунад. Чун Яҳё (а) дар иҷрои ин фармон таъхир намуд, ҳазрати Исо (а) ба ӯ гуфт: — Худованд туро ба иҷрои панҷ амал маъмур гардонид ва фармуд, ки Бани Исроилро низ ба иҷрои онҳо амр кунӣ. Эй Яҳё! Фармудаи Парвардигорро иҷро бикун ва ё ман онро ба ҷо оварам. Ҳазрати Яҳё гуфт: — Эй бародарам! Агар ту дар иҷрои ин кор бар ман сабқат бигирӣ, метарсам, ки Худованд маро нобуд бисозад. Сипас Яҳё (а) издиҳоми Бани Исроилро ба Байт-ул-муқаддас ҷамъ оварда, гуфт: — Худованд маро ва шуморо ба иҷрои ин панҷ амал маъмур гардонид; аввал ин ки ибодати Худоро ба ҷо оварем ва ҳеҷ касу ҳеҷ чизеро ба Ӯ шарик муқаррар насозем. Шахсе, ки ба Худо шарик меорад, ҳолаташ ба касе монанд аст, ки аз ҳисоби худ канизе мехарад ва ба ӯ мегӯяд: «Инак, ошёни ман ва инак, кори ту, ки аз иҷрои ину он иборат аст. Кори худро анҷом бидеҳ ва самараашро ба ман биёвар!» Канизи ӯ кор карда, ҳосили меҳнаташро ба бегонае мебарад. Дар ин ҳол, оё шумо мехоҳед, ки канизатон чунин рафтор кунад?! Дуюм ин ки Худованд моро ба адои намоз амр кард ва фармуд, ки ҳангоми гузоштани намоз ба чапу рост нанигарем. Чун Худованд намози он касеро қабул мекунад, ки танҳо ба Ӯ таваҷҷуҳ карда бошад. Сеюм, Ҳақ Таъоло моро ба рӯзадорӣ амр намуд. Мисоли шахси рӯзадор мисоли касест, ки бо худ мушку анбар дорад ва ҳамаи мардум муштоқи бӯйи ӯянд. Ба дурустӣ, бӯйи даҳони рӯзадор дар назди Худо аз бӯйи мушку анбар ҳам хуштар аст. Чаҳорум, Худованд ба садақа додан амр кардааст. Мисоли садақадиҳанда мисоли касест, ки ба дасти душман асир афтодааст ва дар садади ба қатл расидан қарор дорад. Аммо дар ин асно ӯ мегӯяд: «Ман ҳозирам, ки тамоми сарвату дороии худро барои раҳо ёфтан аз ин аҳвол ҳамчун фидя диҳам». Бад-ин минвол ӯ худро аз марг наҷот медиҳад. Панҷум, Аллоҳ Таъоло амр кардааст, ки танҳо дар зикри ӯ бошем. Мисоли шахси зикркунанда ба ҳолати шахсе монанд аст, ки душманон таъқибаш мекунанд ва ӯ аз онҳо гурехта, ба қалъаи бузурге мерасад ва бо қасди ҷон ба саломат бурдан ба он ҷо паноҳ мебарад. Аҳволи банда низ чунин аст, ки танҳо бо зикри Худо метавонад худро аз шарри шайтон муҳофизат кунад. Пас аз баёни ин воқеа Расули Акрам (с) чунин фармуд: — Ман ҳам панҷ амалеро, ки Худованд ҳамаи моро ба иҷрояшон маъмур сохтааст, ба шумо мерасонам: Ба амру наҳйи Худованд гӯш андозед ва онҳоро риоят намоед. Ба роҳбароне, ки масъулияти шуморо ба уҳда доранд, итоат кунед. Дар роҳи Худо бо ҷону молатон ҷаҳд кунед. Ҳиҷратро пос доред ва ҳамеша муттаҳид бошед ва ба доми ифтироқ наафтед, зеро ҳар касе аз доираи уммат андаке дур шавад, то вақти бозгашт, худро аз асли ислом дур месозад. Иҷтинобу саркашӣ аз ҷомеа одати даврони ҷоҳилият аст. Ҳар касе даъвои ҷоҳилонаеро ҳақ пиндорад, худро ба яке аз чоҳҳои дӯзах хоҳад андохт».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ОЁ ДИЛАШРО ШИКОФТӢ, ТО БИДОНӢ?!

Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) моро барои таблиғи дин ба ҳар қабила равон мекард. Мо онҳоро ба ислом даъват мекардем, аммо баъзеашон бо силоҳ зиддият нишон медоданд. Боре яке аз онҳоро таъқиб намудем ва чун ба ӯ расидем, гуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳ». Бо вуҷуди ин ман ӯро ба қатл расонидам. Чун ба Мадина расидем, ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт: «Магар ту касеро ба қатл расондӣ, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ» гуфта буд?!» Гуфтам: «Ӯ инро аз тарси ҷонаш гуфт!» Пас Расули Худо (с) фармуд: «Оё дилашро шикофтӣ, то бидонӣ, ки аз бими ҷон гуфта буд?!» Ва ин суханро ба андозае зиёд такрор намуд, ки орзу кардам, кош то он рӯз мусулмон намебудам.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

АЗ ҲАМА БЕШТАР

Расули Худо (с) мефармояд: — Лаззати имонро он касе дармеёбад, ки ин се хислат дар ӯ мавҷуд бошад: ин ки Худо ва расулашро аз ҳама бештар дӯст дорад ва ин ки шахсро фақат барои Худо дӯст бидорад ва ин ки пас аз ҳидоят ёфтан ба куфр бозгаштанро зишттар аз он пиндорад, ки дар оташ андохта шавад.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

НАҶОТ

Рӯзе фарзанди яҳудие, ки дар хидмати Расули Худо (с) буд, бемор шуд. Расулуллоҳ (с) ба аёдати ӯ рафт ва ба сари болинаш омаду гуфт: — Мусулмон бишав! Писарак ба падараш нигарист. Падараш ба вай гуфт: — Ба Абулқосим итоат бикун! Писарак дарҳол мусулмон шуд. Расули Худо (с) шод гашт ва фармуд: — Ситоиш Худоеро, ки ин писарро аз оташи дӯзах наҷот дод.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Ӯ ҶАБРАИЛ БУД

Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Рӯзе дар назди Расули Худо (с) нишаста будем, ки ногаҳон марди ношиносе ба ҳузури ӯ омад. Дар тан либоси сафед дошт ва дар ӯ асари сафар дида намешуд. Рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (с) нишасту зонуҳояшро ба зонуҳои ӯ расонд ва гуфт: — Эй Муҳаммад! Маро аз дини ислом хабар деҳ. Расули Худо (с) фармуд: — Ислом ин аст, ки шаҳодат бар он диҳӣ, ки нест маъбуде (барҳақ) ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Худост ва ин ки намоз гузорӣ, закот диҳӣ, рӯзаи моҳи рамазон бигирӣ ва агар тавоноӣ дошта бошӣ, ба ҳаҷ биравӣ. Сипас мард гуфт: — Рост мегӯӣ! Мо дар ҳайрат афтодем, зеро ӯ ҳам суол мекард ва ҳам суханони Расули Акрамро (с) тасдиқ менамуд. Мард боз пурсид: — Ба ман бифаҳмон, ки имон чист? Расулуллоҳ (с) фармуд: — Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ, ба рӯзи қиёмат ва бар он ки тақдири некӣ ва бадӣ аз ҷониби Худованд аст, эътиқод дошта бошӣ. Мард гуфт: — Рост гуфтӣ! — ва боз пурсид: — Эҳсон чист? — Эҳсон ин аст, ки Худоро ҳамчунон ибодат намоӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, ба дурустӣ ки Ӯ туро мебинад. Мард боз суол кард: — Қиёмат кай барпо мешавад? Расулуллоҳ (с) гуфт: — Дар ин масъала ҷавобдиҳанда аз суолкунанда маълумоте бештар надорад. Пас мард гуфт: — Маро аз нишонаҳои он хабар деҳ! Расули Худо (с) гуфт: — Ин ки хидматгор молики худро таваллуд кунад. Побараҳнаҳо, фақирҳо ва гуруснаҳои гӯсфандчарон дар бунёди биноҳои баланд миёни худ сабқат кунанд. Сипас он мард аз наздамон рафт ва пас аз чанде Расули Худо (с) пурсид: — Эй Умар, оё медонӣ, ки марди саволкунанда кӣ буд? Ман гуфтам: — Худову Расулаш донотар аст. Расулуллоҳ (с) фармуд: — Ӯ Ҷабраил буд ва барои он омад, ки ба шумо динатонро таълим диҳад».

0