Зеҳн
Т

Тоҷикистон

Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон

1 аъзоаз 8 ноябри 2026
Мақола

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори ҳокимияти иҷроия мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамояд ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳотро оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ ҳамоҳанг месозад. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи 2010 (№ 227) таъсис шуд. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият, раёсатҳои ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, шуъбаи танзими соҳаи энергетикаи барқӣ, бахши таъминоти ҳуқуқӣ, бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаи корҳо ва бахши муҳосибот иборат аст. Сохтори ҳудудӣ Нақшаи идораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ, шуъбаҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе, раёсатҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 183.

0

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи ҳокимияти иҷроия доир ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мебошад, ки вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Таърих Дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна дидбонгоҳи гумруки Тирмиз ягона гузаргоҳи гумрукии интиқолдиҳандаи мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. 7 апрели 1987 Шуъбаи оперативии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба мақомоти гумруки Тирмиз тобеъ буд. Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мешуд. Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки ҳайати шахсии онҳо аз 41 нафар иборат буд. Роҳбарии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд. Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд ва Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардиданд. Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи 1992 таъсис ёфт. Фаъолият ва ҳамкориҳо Мақомоти гумруки ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ садди роҳи фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои ҷинояткор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кодекси гумрукӣ ва Қонун «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия ва ба нашр омода кард, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ тасдиқ гардиданд. Тоҷикистон аз соли 1997 то ҳол узви Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии чандин конвенсияи байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Аз соли 2005 Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфрасохтори назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ваколатҳо Роҳбарии умумии фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти тобеи он низоми ягонаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил карда, фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия анҷом медиҳанд. Ваколатҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъмини истиқлол, амнияти миллӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ, ҳамчунин андешидани тадбирҳо доир ба ҳимояи ҳаёт, саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист; таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати онҳо ба зиммаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст; таъмини татбиқи сиёсат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва ягонагии қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳлилу ҷамъбасти таҷрибаи татбиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Роҳбарият Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се муовин дорад, аз ҷумла муовини аввал, ки бо пешниҳоди сардор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовараи иборат аз ҳафт нафар — сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардор, ки аз рӯи вазифа ба он дохиланд, ва дигар шахсони мансабдори роҳбарикунандаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташкил мешавад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 183.

0

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатии идора, назорат, танзим ва амалигардонии хизматрасонии соҳаи муҳобироти барқӣ, муҳобироти почта ва иттилоърасониро таҳия ва амалӣ мекунад. Ваколатҳо Ваколатҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: иштирок дар таҳия ва амаликунии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди муҳобироти барқӣ, почта ва иттилоърасонӣ; таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ; идора, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва танзими давлатии муҳобирот ва иттилоърасонӣ; иштирок дар таҳия ва татбиқи пешниҳодҳо оид ба сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ; муайян намудани самтҳои асосии рушди соҳаи мазкур ва пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодии хориҷии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ; иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамчунин назорати иҷрои шарти иҷозатномадиҳӣ; назорати тарифҳои соҳаи муҳобирот; таъмин ва назорати дастрасии баробари ҳамаи истифодабарандагон ба шабакаҳои муҳобироти барқӣ, почта ва қосидӣ (курерӣ) дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи махфияти маълумот, ҳамчунин махфӣ нигоҳ доштани сирри ахбори хусусӣ дар бораи истифодабарандагон; иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатии фелдъегерӣ; тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ, меъёри сифати хизматрасонии соҳаи алоқаи муҳобирот, почта, иттилоотонӣ; ташкили системаи сертификатсияи соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ ва ғайра. Вазифаҳо Вазифаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мансуб ба соҳа; тартиб додани Нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораи он, ҷудо намудани рақамҳо ё диапазони онҳо (аз ҷумла, рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рамзҳои кӯтоҳи хизматрасонии универсалӣ, суроғаҳои протоколи интернетӣ); таҳияи шартҳо ва меъёрҳои иҷозатномадиҳӣ, додани иҷозатнома, дароз намудани муҳлати эътибори он, боздоштан, қатъ ва аз эътибор соқит кардани иҷозатномаҳои ҳуқуқдиҳанда барои амалигардонии фаъолият дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ; бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳобирот ва иттилоърасонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти байналмилалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ; аз ҷиҳати техникӣ таъмин намудани ҳукумати электронӣ, тиҷорати электронӣ, телетиб, рушд, истифодаи технологияи иттилоърасонӣ ва муҳобиротӣ (коммуникатсионӣ), ташхиси шабакаҳои мавҷуд, назорати онҳо; гузаронидани ташхиси шабакаи муҳобироти барқӣ ҷиҳати муайян намудани имконияти пайвастшавии байнишабакавӣ ва қабули қарорҳои дахлдор; назорати фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти алоқа, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи муҳобироти барқӣ, почта ва иттилоърасонӣ ва бозрасии тартиби аз хориҷа ворид намудани воситаҳои техникии муҳобирот, тартиб ва дурустии пешниҳоди ҳисоботи молиявию оморӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ фаъолияткунанда, тартиб додани санадҳои муқоисавӣ, андешидани чораҳои маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони тартибу қоидаҳои дар муҳобирот ва иттилоърасонӣ муқарраргардида; муайян кардани вазифа, ҳадаф, стандартҳо ва тартиби назорати таъмини сифати дахлдори хизматрасонии муҳобирот ва иттилоърасонӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ва анҷом додани чунин назорат; тибқи тартиби муқарраргардида назорати риояи шартҳо ва меъёрҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳобирот ва иттилоърасонӣ, бартараф кардани сигналҳои мамнуъ ва радиохалалҳо; муқаррар кардани намунаҳо, қимат (номинал), теъдоди нашр ва муҳлати амали аломатҳои давлатии пардохти почта, намунаҳои лифофа (конверт)-ҳои маркадори почтавӣ, ба роҳ мондани нашр ва ба гардиш баровардани онҳо; таъйини шохис (индекс)-ҳои почта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Сохтор Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардор, ду муовин, Раёсати муҳобирот ва иттилоърасонӣ, Раёсати танзим, Раёсати назорат, шуъбаи муҳосибот ва молия, бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус, умумӣ иборат аст. Бахшҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб ва шуъбаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон фаъолият доранд. Ҳамчунин Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг», Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка», Муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдъегерӣ», «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Ҳафтаномаи «Алоқа» ва дастаи ҳифозоти идорӣ мебошад. Таърих Аз 3 марти соли 2007 бо Қарори № 108 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии собиқ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ таъсис дода шуд. Аз 11 майи соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 252) ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кардааст. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бег Сабур (аз соли 2011). --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 182–183.

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ мебошад. Моҳи марти соли 1918 ҳамчун Кумитаи мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ таъсис ёфт. Соли 1956 дар Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ ҳамагӣ ду нафар фаъолият доштанд. Моҳи июли соли 1961 мақоми мазкур ба Кумитаи мудофиаи гражданӣ табдил дода шуд. Солҳои 1992–1994 дар таркиби Кумитаи мудофиа Ситоди мудофиаи гражданӣ амал мекард. Соли 1994 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки соли 1999 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Самтҳои фаъолият Аз 30 ноябри соли 2006 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбӣ буда, дар самтҳои зерин фаъолият менамояд: пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ вобаста ба ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, экологӣ ва дорои хусусияти техногенӣ, ҳамчунин огоҳӣ, пешгирӣ ва рафъи онҳо; ташкили роҳбарӣ ва назорати пешбурди корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи садамаҳои истеҳсолӣ, фалокат ва дигар ҳолатҳои фавқулода; таъсиси низоми огоҳ кардани аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи замони осоишта ва ҷанг; омодагии ҳайати шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот; омӯзиши муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус, касбии техникӣ ва олӣ дар вақти таълим. Сохтор Сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият, сарраёсатҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, раёсатҳои қӯшунҳо; сохтмон, истифодабарии биноҳо ва иншоот; кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ; ҳамкориҳои байналмилалӣ; молия ва иқтисод, тиббӣ, хадамоти таъйиноти махсуси кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ; моддию техникӣ; хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт; масъалаҳои кӯли Сарез; Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ, шуъбаҳои ҳуқуқ; кор бо ҷомеа, раёсатҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе; шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаҳои Кӯлоби вилояти Хатлон; Хадамоти зидди жола, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ, беморхонаи ҳарбӣ, хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Норак. Ситодҳо ва омодагӣ Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ки бештарашон соҳиби бинои маъмурии муосир, иншооти ёрирасон ва шароити мусоид барои такмилу ташаккули маҳорати касбию омодагии ҷисмонӣ мебошанд. Дар назди онҳо дастаи зудамали наҷотдиҳӣ амал мекунад. Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Сарситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, бо иштироки аҳолӣ, қувваҳои ғайриҳарбӣ, ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо ва мақомоти идораи давлатӣ машқҳои «Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ»-ро ба роҳ мемонанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 181–182.

0

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии ҳифзи табиат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки назорати татбиқи сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро амалӣ менамояд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1988 таъсис дода шуд. Соли 1992 Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Соли 2004 дар натиҷаи пайвастан Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал таъсис ёфт. Соли 2006 Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд. Дар сохтори Вазорати кишоварзӣ зерсохтори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат таъсис ёфт. Аз соли 2008 Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Созишномаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СИТЕС (CITES) «Дар бораи хариду фурӯши намудҳои ёбоии олами набототу ҳайвонот, ки зери хатари нестшавӣ қарор доранд» ва соли 2017 ба Конвенсияи Базел (Basel Convention) «Оид ба назорати интиқоли фаромарзии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» шомил гашт. Ҳоло Тоҷикистон узви 10 конвенсия ва чор протоколи байналмилалии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва экология мебошад, ки иҷро ва назорати онҳо бар уҳдаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Фонди глобалии экологӣ, Барномаи ҳамкориҳои Олмон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар доираи Шӯрои байнидавлатии экологӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази минтақавии экологияи Осиёи Марказӣ бо ҳам таҳким ёфтанд. Кумита дар омодагӣ ва баргузории барномаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи захираҳои об, мутобиқат ба тағйири иқлим, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти кишварамон ва давлатҳои хориҷӣ фаъолона ширкат меварзад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсуси ваколатдори Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund) таъйин гардид ва имрӯз ҳамкориҳои фаъол оид ба ҷалби маблағҳои фонди мазкур ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионии соҳаҳои экология, энергетика, мелиоратсия, пешгирии ҳолатҳои техногенӣ ва ғайра идома доранд. Нашрияҳо Кумита нашри дуюми «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — дар ду ҷилд чоп ва ба доираи васеи мутахассисону дӯстдорони табиат дастрас гардонд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи «Инсон ва табиат»-ро моҳе як бор ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат»-ро дар се моҳ як бор нашр мекунад, ҳамчунин сомонаи интернетии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои таблиғӣ мунтазам иттилоъ интишор мекунад. Биноҳои маъмурӣ Дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои маъмурии бахшу шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист сохта, ба истифода дода шуданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ биноҳои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Дарвоз, Нуробод, Хоруғ, Айнӣ, Норак, Рашт, Ашт, Мастчоҳ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Данғара, Бӯстон, Панҷакент мавриди истифода қарор гирифтанд. Сохтмони биноҳои шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Хуросон ва Шаҳринав дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Муаллиф: Ч. Якубов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 181.

0

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Соли 2017 таъсис шуд. Сохтор Сохтори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маъмурият, раёсати рушди сайёҳӣ, шуъбаи иҷозатномадиҳӣ, шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ, бахши иқтисод ва банақшагирӣ, бахши муносибатҳои байналмилалӣ, бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, бахши умумӣ ва назорат, бахши котибот. Ваколатҳо Ваколатҳои асосии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: татбиқ намудани сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; амалӣ намудани барномаҳои давлатии туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; таъмин намудани иҷрои шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм; намояндагӣ кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалии туристӣ; ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ; таҳия ва муайян намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатӣ. Ҳамкориҳо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ мекунад. Дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд – созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон, аз ҷумла Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Осиёии Рушд, Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия, Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд, Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Департаменти рушди байналмилалии Бритониёи Кабир, Намояндагии Бонки олмонии рушд, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, ҳамчунин дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ӯзбекистон, Россия, Фаронса, Швейтсария корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Портали сайёҳӣ ва тарғибот Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии кишвар соли 2017 портали миллии сайёҳӣ (www.traveltajikistan.tj)-ро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, испанӣ, ҷопонӣ ва фаронсавӣ дар интернет фаъол кард. Дар баробари ин, равзанаҳои алоҳида дар самти сайёҳӣ дар шабакаҳои телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудаанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 180–181.

0

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар солҳои гуногун ҳамчун Кумитаи сохтмони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1981–1985), Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1985–1995), Кумита оид ба корҳои меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996–2003) ва Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003–2006), Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008–2015) ном дошта, аз соли 2015 бо номи ҳозирааш фаъолият дорад. Вазифаҳо Вазифаҳои кумита: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ; назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ; таҳияи Нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо ва шаҳракҳо; лоиҳаи биноҳо, иншоот ва маҳалҳои аҳолинишин, меъёрҳои сохтмонӣ, стандартҳои давлатӣ, санадҳои меъёрию техникӣ, лоиҳаи таҷдиди биноҳо ва иншоот; бунёд ва барқарории иншооти ҳаётан муҳим; танзим ва иҷро кардани барномаҳои давлатӣ, барномаҳои бунёдӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ; интегратсияи илм; додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ дар миқёси ҷумҳурӣ; ташхису омӯзиши лоиҳаи сохтмонҳои хурду бузург; назорати риояи сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ, манзилномаҳо, иншооти таъйиноти саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва ғайра. Сохтор Сохтори кумита: дастгоҳи марказӣ, Хадамоти давлатии назорати сохтмон, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайрисоҳавии лоиҳаҳои сохтмон. Ташкилотҳои зертобеъ Ташкилотҳои зертобеи кумита: Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корезлоиҳа», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шаҳрофар», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Саноатсоз», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии сохтмон ва меъморӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш», Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон». Фаъолият Кормандони кумита дар бунёду барқарории иншооти ҳаётан муҳими мамлакат – неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, неругоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои Вахшу Зарафшон, вилоятҳои Бадахшону Суғд, хатти интиқоли барқи Тоҷикистон – Ӯзбекистон, Қирғизистон – Афғонистон, таҷдиди силсиланеругоҳҳои дарёҳои Варзобу Вахш, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихум – Хоруғ – Кулма – Қароқурум, Душанбе – Саритош, Душанбе – Бохтар, Хуҷанд – Исфара, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихум, Кӯлоб – Муъминобод, нақбҳои мошингузари «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Чормағзак», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Маҷмааи фароғатии «Кохи Наврӯз», биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ва ғайра саҳмгузоранд. Кормандони кумита 151 санади меъёрии танзимкунандаи соҳаи сохтмонро таҳия ва нашр кардаанд. Дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шудааст. Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаҳои Обигарм – Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат – Қарамик (Лахш), Қалъаихум – Ванҷ, Ҳулбук – Темурмалик ва ғайра оғоз ёфтанд. Кумита бо мақсади беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии сохтмону меъморӣ бо иштироки гурӯҳи кории намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, пажӯҳишгоҳҳои соҳаи сохтмон, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ 10 бахши омӯзишию таҳлилӣ созмон додааст. Ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии ҷумҳурӣ дар озмуни ҳамасолаи байналмилалӣ, ки аз тарафи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Кумита нишонҳои сарисинагии «Бинокори фахрӣ» ва «Меъмори фахрӣ» дорад, ки мутахассисони варзидаи соҳаи сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз мегарданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 180.

0

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро татбиқ мекунад. Таърих 9 феврали соли 1991 ҳамчун Комитети давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис шуда, баъдан Комитети давлатӣ оид ба варзиш ва туризм, Комитети давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм (1992), Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ном гирифт. 27 майи 2017 дар пайи ислоҳоти идораи давлатӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард. Сохтор Сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ (роҳбарият, раёсати кор бо ҷавонон; раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш; шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб, шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот, шуъбаи умумӣ ва назорат, бахши таъминоти ҳуқуқӣ, бахши кадрҳо ва корҳои махсус, бахши таҳлил ва иттилоот, бахши хоҷагидорӣ, ҳамчунин 24 муассисаву ташкилот ба сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд), раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе; бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо. Вазифаҳо Вазифаҳо: таҳияи санадҳои муҳимми давлатии соҳаи ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ; таҳияи механизмҳои татбиқи қонунҳои асосии соҳа; муайян кардани самтҳои фаъолият дар шароити муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоӣ; ташаккули хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон, мусоидат барои ширкати фаъол дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ. Иқдомҳо Таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, стипендияи Президент барои хонандагон, Квотаи Президент барои ҷавонони ноҳияҳои дурдаст, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», грантҳои ҳукумат дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, Ҷоизаи Президент барои варзишгарон, баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишию мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, илмию маърифатӣ, ҳарбию варзишӣ ва ғайра иқдомҳоанд, ки дар доираи сиёсати давлатии соҳа сурат мегиранд. Аз соли 1998 рӯзи 23 май расман ба унвони Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 179–180.

0

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди ваколатдори давлатӣ оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар бораи забон, таҳия ва танзими истилоҳоти забони тоҷикӣ мебошад. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 604 таъсис ёфтааст. Таърих Нахустин пояи Кумита дар соли 1927 бо таъсиси Кумитаи марказии Алифбои нави тоҷик гузошта шуд. Мақсади таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идора ва роҳбарӣ намудан барои аз хатти арабиасос ба лотинӣ гузаштани мардуми Тоҷикистон буд. Зери роҳбарии Кумитаи мазкур чанд маротиба маҷлису анҷуманҳо, аз қабили Пленуми якуми Алифбои нави тоҷик (15 ноябри соли 1929, шаҳри Сталинобод, ҳозира Душанбе), «Кенгош»-и илмии тоҷикони Ӯзбекистон (10–15 феврали соли 1930, шаҳри Самарқанд), Анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон (августи 1930, шаҳри Самарқанд) баргузор гардид. Соли 1929 Кумитаи марказии умумииттифоқии Алифбои нав дар назди Кумитаи иҷроияи умумииттифоқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ таъсис ёфт, ки гузаштан ба алифбои навро дар ҷумҳуриҳои Қафқоз, Осиёи Миёна, Қазоқистон ва дигар минтақаҳои Русия идора ва роҳбарӣ мекард. 11 июни соли 1933 таҳти рақами 215 бо Қарори Кумитаи иҷроияи марказии шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Кумитаи марказии Алифбои нави тоҷик иборат аз 30 нафар дар сатҳи баланди давлатӣ ташкил гардид. Ин Кумита таҳти роҳбарии умумии директивии Кумитаи марказии умумииттифоқии Алифбои нави Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар назди Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор дошт. Таҳия ва танзими истилоҳоти нави забони тоҷикӣ охири солҳои 20-уми асри 20 зери роҳбарии Кумитаи марказии Алифбои нави тоҷик оғоз гардида, соли 1933 барои танзими истилоҳот мақоми махсус – Кумитаи истилоҳот дар назди Кумитаи иҷроияи марказии Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин Кумита соли 1936 дастурамалеро бо номи «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» таҳия ва қабул намуд. Бо тағйир ёфтани сохтори Кумитаи иҷроияи марказии Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон, Кумитаи истилоҳоти назди он низ барҳам хӯрд. Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1960, № 276 Комитети терминологияи назди Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Комитети мазкур соли 1971 дастурамалеро бо номи «Принципҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ» таҳия кард. Ин Комитет соли 1979 барҳам дода шуд ва дар Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи истилоҳот ва маданияти сухан таъсис ёфт. Сипас, дигарбора бо фармони Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1990, № 314-ф Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияву танзими истилоҳоти забони тоҷикӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, бо мақсади назорати иҷрои муқаррароти Қонуни забон (1989) дар асоси фармони Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990, № 51-ф дар назди ҳамаи вазоратҳо, ҳукуматҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, корхона ва муассисаҳо Комиссияи ҷамъиятии татбиқи Қонуни забон ташкил гардид. Ин комиссияҳо ҷамъиятӣ буданд, бино бар ин, Раёсати Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тибқи фармони худ аз 8 январи соли 1992 дар назди Институти забон ва адабиёт ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ созмон дод. Ҷиҳати татбиқи Қонуни забон (1989), бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 1995, № 662 Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 29 нафар (Додхудоева Б. Д. – раис, Ҳамидов Р. Ҳ. – муовини раис, Асадов А. – котиби Комиссия, Абдуллоев З., Абдуманнонов А., Акбаров М. А., Алиев Н., Асроров М., Аҳмадзод Н., Ғаффоров Р., Камолиддинов Б., Лоиқ Шералӣ, Лутфуллоев М., Маҷидов Ҳ., Мирзоев С., Файзов М., Хаскашев Т., Шоев Э., Эрназаров С., Чӯраев Ғ. ва дигарон) созмон ёфт. Дар соли 2000 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссия аз нав тасдиқ шуд, ки аз 19 нафар иборат буд, аз ҷумла Шаропова Н. М. – раис, Ҳамидов Р. Ҳ. – муовини раис, Чӯраев Ғ. – роҳбари дастгоҳи кории Комиссия, Маҳмадҷонов О. О. – котиби Комиссия ва аъзои он Абдуллоев З., Алиев О., Исмоилов Ш., Камолиддинов Б., Лоиқ Шералӣ, Лутфуллоев М., Мирзоев С., Саймиддинов Д., Файзов М., Хаскашев Т. ва дигарон. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2003, № 321 ҳайати Комиссия аз нав тасдиқ гардид, ки аз 17 нафар иборат буд: Шаропова Н. М. – раис, Чӯраев Ғ. – роҳбари дастгоҳи кории Комиссия, муовини раис ва аъзои он – Хоҷаев А. Ҳ., Хушвақтов Ф. Ҳ., Абдуманнонов А., Лутфуллоев М., Назиров У., Ғоибов А., Абдуллоева М., Самадов А., Саймиддинов Д., Камолиддинов Б., Файзов М., Назарзода С., Исмоилов Ш., Абдуллоев З., Алиев О. Ташкили Кумита ва фаъолияти он Соли 2009 дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 604 созмон дода шуд. Теъдоди ниҳоии кормандони Кумита ба миқдори 20 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар гардид. Ба Кумита иҷозат дода шуд, ки як муовини раис ва ҳайати мушовараи иборат аз панҷ нафар дошта бошад. Нахустин раиси Кумита Саймиддинов Додихудо тайин шуд. Ҳайати мушовараи Кумита бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 иборат аз панҷ нафар – раиси Кумита, муовини раис ва аъзои мушовара тасдиқ гардид. Дар Кумита Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис дода шудааст, ки он аз се гурӯҳ ва 22 бахш иборат аст. Дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ) беш аз 100 нафар муҳаққиқ фаъолият доранд. Кумита дар давоми фаъолияти худ дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур 90 фарҳангномаи марбут ба истилоҳоти тахассусӣ, дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техника, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биология, нассоҷӣ, педагогика, нақлиёт, коргузорӣ ва ғайраро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаашро пешниҳод кардааст. Баъзе фарҳангномаҳои таҳиягардида дузабона (русӣ – тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ – англисӣ – русӣ) мебошанд. Кумита дар муддати фаъолияти худ якчанд корҳои назаррасро дар самти сиёсати давлатӣ доир ба забон анҷом дод. Аз ҷумла, тақрибан 100 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву оинномаҳо ва барномаву тавсияномаҳо, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, тайиноти судӣ, барчаспҳои маводи хӯрокворӣ ва номгузории ташкилоту муассисаҳо, объектҳои ҷуғрофии кишвар (маҳалҳои аҳолинишин, кӯҳу дарёҳо, қуллаҳо, кӯлҳо, чашмаҳо ва ғайра)-ро аз ҷиҳати забоншиносӣ баррасӣ ва истилоҳоти онҳоро коркарду мувофиқа кардааст. Кумита ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврал) ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр) бо иштироки доираи васеи муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ва намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон мизҳои мудаввар, вохӯриҳо, семинарҳо ва конференсияҳо баргузор менамояд. Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 4 октябри 2011, № 458; «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012–2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» тасдиқ гардиданд. Кумита бо ҷалби олимони забоншинос «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2013), «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (2016, 2017), «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; 2018), «Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» (2019)-ро таҳия ва нашр кардааст. Кумита барои тарғиби забони давлатӣ ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзномае бо номи «Ганҷи забон» нашр менамояд. Муаллиф: С. Матробиён. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро татбиқ мекунад. 9 феврали соли 1991 ҳамчун Комитети давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис шуда, баъдан Комитети давлатӣ оид ба варзиш ва туризм, Комитети давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм (1992), Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ном гирифт. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 178–180.

0

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мебошад, ки тибқи фармон аз 22 январи 1991 таҳти № УП-12 «Дар бораи таъсиси Комитети давлатии республикавии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ» таъсис дода шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 декабри 2016 таҳти № 590) «Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида шуд. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият, сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кумаки беруна, раёсатҳои ҳамоҳангсозии кумаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳо, пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ, моликияти давлатӣ, хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣ, соҳибкорӣ, раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ, шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсус, молия ва хоҷагӣ, умумӣ ва назорат, маҷмӯӣ ва иттилоот иборат мебошад. Ташкилотҳо ва фаъолият Ташкилотҳои низоми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест», Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ». Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ, тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна, идораи амволи давлатӣ, роҳбарӣ ва амалӣ намудани раванди ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, манфиати давлатро ҳамчун соҳибмулк намояндагӣ мекунад, фаъолиятро оид ба иҷрои барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ анҷом медиҳад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ва тавассути мақомоти ҳудудии худ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо фаъолият менамояд. Ҳоло дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ (11 ноҳия) Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор Шуъбаи сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъсис дода шудаанд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва мақоми назоратӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва ташхисӣ оид ба масъалаҳои озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мебошад, ки сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими анъана ва маросими динӣ амалӣ карда, муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро ҳамоҳанг месозад. Таърих Дар замони шӯравӣ дар ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ваколатдорон оид ба корҳои дини назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ амал карда, масъулияти назорати фазои андешаи диниро дар ҳамон ҷумҳурӣ ба уҳда дошт. 23 марти соли 1991 дар заминаи Шӯрои мазкур Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас 23 сентябри соли 1995 дар заминаи он Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо шуъбаҳои оид ба корҳои дин таъсис дода шуданд. 30 ноябри соли 2006 кумитаи мазкур барҳам хӯрда, вазифаҳои он ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуданд. Дар ин замина дар Вазорати фарҳанг Сарраёсат оид ба корҳои дин таъсис ёфт. 3 майи соли 2010 Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 21 майи соли 2010 Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти он даромад ва 20 августи соли 2018 «Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шуд. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳбарият (раис, муовини аввал, ду муовин), се раёсат (иттиҳодияҳои динӣ; танзими анъана ва ҷашну маросимҳо; таҳлил ва ташхиси диншиносӣ), ду шуъба (таҳсилоти динӣ ва назорати таблиғоти динӣ; робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ), се бахш (молия ва хоҷагӣ; таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо; умумӣ ва корҳои махсус). Ваколатҳо Ваколатҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; омӯзиш ва таҳлили фаъолияти иттиҳодияҳои динии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; ба роҳ мондани корҳои тавзеҳӣ оид ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин; таҳияи пешниҳодҳо барои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросими динӣ; анҷом додани қайди давлатӣ ва қайди баҳисобгирии иттиҳодияҳои динӣ; ташкил кардан ва анҷом додани сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра, муайян кардани тартиби нигоҳдорӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас; мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ бо мақсади муайян кардани хусусиятҳои эътиқоди динии иттиҳодияҳои динӣ ва ғайра. Ҳуқуқҳо Ҳуқуқҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: назорати бевоситаи риояи қонунгузорӣ ва муқаррароти оиннома (низомнома)-и иттиҳодияҳои динӣ дар мавриди ҳадафҳо ва тартиби фаъолияти онҳо; пешниҳоди хулоса оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти дигари давлатӣ ё ташкилоти ҷамъиятӣ таҳияшуда, ки ба масъалаҳои дин, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва таъсиси иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва маросимҳои динӣ иртибот доранд; ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Роҳбарон Роҳбарони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Рабиев Х. (1987–1995), Аҳмадов С. (1995–2004), Ғоибов Ғ. (2004), Давлатов М. (2004–2007), Асроров М. (2008–2010), Холиқзода А. Ғ. (2010–2014), Давлатзода С. П. (аз 2014). Нашрия Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи беолоиши фазои андешаи динӣ дар кишвар, сари вақт ва мунтазам нашр кардани матолиби марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба дин ва озодии виҷдон, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи меъёрҳои қонунгузории соҳавӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда, ҳамчунин инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодии виҷдон, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки ҳамагӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, маҷаллаи динӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Дин ва ҷомеа»-ро ба ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) шурӯъ аз моҳи майи соли 2014 интишор мекунад. Адабиёт Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин. Душанбе, 2011. Муаллиф: Н. Салимзода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 177–178.

0

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки низоми миллии андози мамлакатро амалӣ мекунад. Моҳи январи соли 1992 дар заминаи Раёсати даромадҳои давлатӣ ва андозҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 4 майи 1995 дар заминаи Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Моҳи январи соли 2002 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуданд. Дар ҳайати вазорати мазкур Департаменти андоз таъсис дода шуд, ки он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 декабри 2006, таҳти № 607) аз нав ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Сохтор Сохтори амалкунандаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастгоҳи марказӣ, раёсати андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе, нозироти андозсупорандагони калон бо шуъбаҳояшон, нозироти андозсупорандагони миёна дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе, бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру ноҳияҳо, маркази коркарди маълумот ва маркази такмили ихтисос. Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият, раёсатҳои аудити дохилӣ, молиявию хоҷагидорӣ, кадрҳо ва корҳои махсус, баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳо, бақайдгирии андозсупорандагон, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ситонидани қарзи андозҳо, такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии андоз, ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандӣ, таъмини ҳуқуқӣ, санҷиши андозҳо, ташкили андозбандӣ, шуъбаҳои технологияи иттилоотӣ, ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо ва коргузорӣ, робита бо воситаҳои ахбори омма иборат аст. Ба ҳайати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Муассисаи давлатии Редаксияи маҷаллаи «Паёми андоз», Корхонаи воҳиди давлатии Редаксияи рӯзномаи «Боҷу хироҷ», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз», Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолият» ва муассисаи давлатии «Хоҷагии автомобилӣ» дохил мешаванд. Хизматрасониҳои электронӣ Яке аз самтҳои бартарии фаъолияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ ва дар заминаи он дар сатҳи муосир ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мебошад. Ҳоло дар ин мақомот якчанд хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла: ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳисобот (эъломияҳо)-и андоз аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ; ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда; гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ; саволу ҷавоб оид ба қонунгузории андоз; дастрас намудани маълумотнома оид ба надоштани қарзи андозҳо; номнавис (сабт) кардани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи онлайн; пешниҳоди тавзеҳот дар низоми вақти мустақим (онлайн); пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба рақами мушаххаси андозсупоранда ва ғайра. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти корҳои давлатии заминсозӣ, кадастри замин, топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ, харитасозӣ, бақайдгирии давлатии замин, молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба онҳо масъул аст. Таърих ва фаъолият Соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» қабул шуд ва он барои гузаронидани ислоҳоти оянда дар соҳаи истифодаи замин асос гардид. Дар ин замина Сарраёсати замини назди Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт ва соли 1992 дар заминаи он Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти замин ва заминсозӣ таъсис дода шуд. Соли 1993 Кумита ба Сарраёсати захираҳои замин ва заминсозии Вазорати хоҷагии қишлоқ табдил ёфт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 25 июни 1996, таҳти № 522) «Дар бораи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи захираҳои замин ва заминсозӣ таъсис дода шуд. Кумита дар амалӣ намудани сиёсати давлат оид ба соҳаи заминсозӣ, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатии истифодаи оқилонаю ҳифзи замин, танзими муносибатҳо вобаста ба замин, пешбурди кадастри давлатӣ ва мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои замин нақши асосӣ дошт. Бо мақсади ба шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ мутобиқ намудани системаи идораи давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 14 марти 2001, таҳти № 534) дар заминаи Кумитаи захираҳои замин ва заминсозӣ Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 таҳти № 189 «Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи «Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар асоси он Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва номгӯйи ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, ки фаъолияташонро тибқи созишномаҳои дуҷониба бо он анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шуданд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали 2014 «Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил дода шуд. Ҳамкориҳо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи Аврупоӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Исломӣ, Агентии Канада оид ба рушди байналмилалӣ, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Агентии Шветсия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ барои рушд, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, FINMEP ва намояндагони сафоратҳои чанде аз давлатҳо баҳри пешбурди масъалаҳои марбут ба соҳа — раванди ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, низомномаи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, ҷорӣ намудани андози ягона аз замин, фароғати тарғиботӣ ва тавзеҳӣ — дар хоҷагиҳои таҷдидшавандаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар доир менамояд. Марказҳои кадастрии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи лоиҳаи махсус дар минтақаҳои Вахш, Кӯлоб, Ҳисор, Рашт, Хуҷанд, водии Зарафшон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мебаранд, ба масоили аз нав созмон додани ташкилотҳои кишоварзӣ ва барои деҳқонон ба таври ройгон тартиб додани парвандаҳои заминсозӣ ва супоридани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин машғуланд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 177.

0

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия оид ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об мебошад. Вазорат фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати обию энергетикӣ, таҳия намудани стратегияҳо, барномаҳо, нақшаҳо оид ба рушди маҷмуи сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, идора, танзим, тарҳрезӣ, рушди иқтидор, назорати давлатӣ вобаста ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ҷамъиятӣ ба роҳ мондааст. Вазорат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро созмон медиҳад. Таърих Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин соҳа Комиссариати халқии хоҷагии об ном дошт (то соли 1946). Соли 1947 ба Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997 ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000 ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006 ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19 ноябри 2013 ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Дастгоҳи марказӣ Дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои об; Раёсати сиёсати энергетика ва захираҳои об, рушди илму техника; Раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об; Раёсати мониторинги сохтмони иншооти обу энергетикӣ; Раёсати иқтисод ва дурнамо; Раёсати электроэнергетика; Раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ; Раёсати захираҳои об; Раёсати корҳо; Шуъбаи ҳуқуқ; Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ; Шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ; Бахши иҷозатномадиҳӣ; Бахши котибот; Бахши кадрҳо ва корҳои махсус. Ба сохтори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи марказӣ, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дохил мешаванд. Корхонаҳо ва муассисаҳо Корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз», КВДҶ «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Нурофар”», Муассисаи давлатии «Тоҷик НИИГиМ», Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ», Шуъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали «Дустлик»-и даштҳои ташналаб, Раёсати болодарёии иттиҳодияи ҳавзаи хоҷагии оби «Амударё», Котиботи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ, Филиали тоҷикистонии Маркази илмию иттилоотии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ, Муассисаи давлатии маҷаллаи «Энергетика ва захираҳои об» ва боғчаи кӯдаконаи № 133. Корхонаҳои соҳаи нафту газ Корхонаҳои воҳиди давлатии фаъолияткунанда дар соҳаи нафту газ: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пармакунии ҷанубӣ», Корхонаи фаръии сохтмону васлкунии № 1, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Манзили обод-2015», Муассисаи оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии фаввораҳои нафту газ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғднафтугаз», Корхонаи фаръии «Балҷувонгаз», Корхонаи фаръии байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз», Корхонаи фаръии «Рӯмигаз», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобгаз», Корхонаи воҳиди «Заводи таъмирию механикии ноҳияи Ҷаббор Расулов» ва Ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди «Петролеум-Суғд». --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 176–177.

0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Соли 1946 аввал ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, баъд ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз соли 2013 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳбарият; раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ; Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм; Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир; Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила; Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ; Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббӣ; Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; шуъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибот; шуъбаи ҳуқуқ; шуъбаи аудити дохилӣ; шуъбаи назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус; бахши котибот. Муассисаҳо ва ташкилотҳо Муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маркази миллии ташхис», «Маркази миллии солимии репродуктивӣ», «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ», «Маркази миллии бемориҳои сили шуш ва ҷарроҳии қафаси сина», «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон», «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино»; «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон», «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон», «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон», «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун», «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», «Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ», «Маркази ҷумҳуриявии ғизо», «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ», «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ф. Ғуломов», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урология», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмуҳра», «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринология», «Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ», «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинӣ», «Маркази ҷумҳуриявии иммунопропрофилактика», «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории синдроми пайдошудаи норасоии масуният», «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ», «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ», «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво», «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ», «Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ», «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ», «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ», «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ», «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои асабу равонӣ дар шаҳри Турсунзода», «Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии Тангай», «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ», «Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматов Абдусаттор», «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара», «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи “Қаратоғ”», «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи дилу тарбоди “Хушёр”», «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ», «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ», «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар», «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб», «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд», «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор», «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат», «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт», «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон», «Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара», «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом», «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан», «Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент», «Коллеҷи тиббии шаҳри Хороғ», «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода», «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара», «Ронанда», «Тоҷиктибтаҷҳизот», «Тоҷикфарминдустрия», Муассисаи давлатии базаи ҷумҳуриявии тайиноти махсуси тиббӣ, Муассисаи давлатии базаи ҷумҳуриявии автомобилӣ, маҷаллаҳои «Шифо», «Тандурустии Тоҷикистон», «Тоҷделфарм», Муассисаи давлатии Идораи сохтмони асосӣ, «Идораи таъмиру васлукунии шаҳри Кӯлоб»; Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо, «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”» дар ноҳияи Варзоб; «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор», «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ», «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон», «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Бохтар», «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо», Корхонаи давлатии Заводи протезу ортопедии шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хороғ. Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ Системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли аксари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси меъёрҳои миқдорӣ бунёд шудааст. Гусастани робитаҳои иқтисодӣ, коҳиш ёфтани истеҳсолот, мушкилоти молиявӣ ва дигар сабабҳои айнию зеҳнӣ кори системаи мавҷуди тиббиро заиф гардонданд. Ҳолати мазкур давлати соҳибистиқлолро водор ба доир намудани ислоҳоти соҳаи тиб намуд. Ислоҳоти соҳаи тандурустиро шартан метавон ба чор марҳала тақсим кард. Марҳалаи аввал солҳои 1993–1997-ро дар бар мегирад ва аз марҳалаҳои душвортарин маҳсуб меёбад, ки кумакҳои фаврии давлат барои дарёфти доруворӣ, ваксинаҳо ва дигар воситаҳои бандубаст дар ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами тандурустӣ нақши муҳим доштанд. Марҳалаи дуюми ислоҳоти соҳа солҳои 1997–1999-ро дар бар мегирад, ки дар ин давра дигаргунсозиҳои соҳа дар вазъияти нисбатан ором идома ёфтанд. Дар ин марҳала вазорат барои таҳияи дурнамои муайянкунандаи рушди баъдии соҳа ва меъёрҳои ҳуқуқии он мутобиқ ба иқтисодиёти бозорӣ корҳои бисёреро анҷом дод. Бори нахуст дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005, Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997–2001 таҳия шуда, ба тасвиб расиданд. Марҳалаи сеюми ислоҳоти соҳа солҳои 1999–2006-ро фаро гирифт. Дар ин солҳо аввалин лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо мадади Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳия шуданд, «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005–2015» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, Барномаи таҷдиди сектори иҷтимоӣ ба солҳои 1999–2014 дар кишвар амалӣ гардид. Марҳалаи чоруми ислоҳоти тандурустӣ аз соли 2006 оғоз гардида, то ҳол идома дорад. Рисолати асосии ин марҳала мукаммал намудани сохти идора ва маблағгузории соҳа, рушди тибби хонаводагӣ, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими системаи иттилоотии соҳа ва амсоли инҳо мебошад. Дар солҳои охир соҳаи хизматрасонии тиббии кишвар барои азнавсозии заминаҳои ташхис ва табобат, неруманд намудани инфрасохтори муассисаҳо, таъмини дастрасии хизматрасонии ташхисӣ, муолиҷавию пешгирӣ ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат самт гирифт. Дар пайи ин гирифтор шудани аҳолӣ ба баъзе бемориҳо, аз ҷумла домана, гулӯзиндонак, сурфакабудак, сурхача, ҳепатити вирустӣ мутаносибан коҳиш ёфтааст. Яке аз самтҳои муҳимми мубориза алайҳи бемориҳои густурда дар ҷумҳурӣ мубориза бар зидди бемории сил мебошад. Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2015 идомаи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003–2010 буда, барои фароҳам овардани тамоми шароит ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии зиддисилӣ ба аҳолӣ равона шудааст. Беҳтар шудани хизматрасонии тиббию фарматсевтӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омодагии касбии кадрҳои тиббию фарматсевтӣ марбут аст. Барои тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ чандин санади меъёрӣ қабул шуданд, ки Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар солҳои 2006–2015, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010–2020 аз ҷумлаи онҳоанд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва ҳуқуқи муаллиф масъул аст. Вазорат дар асоси Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Вазифаҳо Вазифаҳои асосии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти муназзами муассисаҳои фарҳанги кишвар; таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг; рушди фаъолияти китобдорӣ; назорату раҳнамоӣ ва пешбурди кори муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии соҳаи фарҳанг; рушди мусиқии касбӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ; ҳифзу нигаҳдории мероси ниёгон ва сарватҳои фарҳангии кишвар; тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ; ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ, ҳамоишҳо ва конференсияҳо оид ба масъалаҳои фарҳанг; густариши ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ; муаррифӣ намудани фарҳанги ғанию куҳанбунёди тоҷикон ба оламиён ва ғайра Таърих ва фаъолияти фарҳангӣ Моҳи майи 1938 дар Тоҷикистон Хонаи эҷодиёти халқ ташкил карда шуд, ки роҳбарии муассисаҳои фарҳангӣ, театрҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, чойхонаҳои сурх, китобхонаҳоро ба уҳда дошт ва маслиҳатҳои методӣ медод. Бо зиёд гардидани муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, талабот ба идора ва роҳбарии онҳо афзуд, бино бар ин, соли 1944 бо қарори Шӯрои Комиссарони халқ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Раёсати санъат ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро шоири ҷавон М. Турсунзода ба зимма дошт. 25 апрели 1953 дар заминаи Раёсати санъат Вазорати маданияти Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар муддати кӯтоҳ сохтори вазорат, раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои он ташкилу азнавсозӣ гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Соли 1995 дар натиҷаи муттаҳидсозии Вазорати маданият, матбуот ва ахбор, Кумитаи телевизион ва радиошунаворӣ ва умури кино, Вазорати фарҳанг ва иттилоот ташкил карда шуд, ки он охири соли 1997 номи «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифт. Дар замони шӯравӣ барои рушду такомули санъати касбӣ ва фарҳанги миллии тоҷик таваҷҷуҳи бештар ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи санъат ва фарҳанг равона гардида буд. Бо ин мақсад бо кӯшиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои гуногун дар ҷумҳурӣ мактаб-интернату омӯзишгоҳҳои махсуси мусиқӣ, рассомӣ, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ташкил карда шуданд. Дар баробари ин, дар солҳои гуногун гурӯҳҳои донишҷӯён барои таҳсил ба донишкадаву донишгоҳҳои марказии санъат ва фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд. Барои таълиму тарбияи мутахассисони миллӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни санъат аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзгорон, режиссёрҳо ва мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба даъват карда шуданд. Барои муттаҳидсозии ҳунарпешагон ва фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ дар ҷумҳурӣ Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳоло Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ), Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ (ҳоло Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ), Театри драмаи мусиқии Кӯлоб (ҳоло Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб), Театри драмаю мусиқии Конибодом (ҳоло Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом), Театри мазҳакаи мусиқии Қӯрғонтеппа (ҳоло Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар), Театри лӯхтаки Душанбе (Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак), Театри лӯхтаки шаҳри Чкалов (ҳоло Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалов) ва дар бисёр ноҳияҳо театрҳои халқӣ кушода шуданд, ки ба рушди санъати театрии Тоҷикистон такони бузург бахшиданд. Ташкили Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1938) ва дар ҳайати он таъсис ёфтани Ансамбли тарона ва рақс, Ансамбли рубобчизанон, Ансамбли тарона ва рақси Помир, Ансамбли фолклорӣ ва этнографии «Ганҷина» аз рӯйдодҳои хурсандибахш ва муҳими фарҳангию маънавии ҷумҳурӣ буданд. Дар ин солҳо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат ва ҳунарҳои мардумӣ чандин фестивал-озмунҳои саросари ҷумҳурӣ ва дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Даҳаҳои санъати Тоҷикистонро баргузор намуд. Барои муаррифӣ ва тарғиби фарҳангу санъати миллӣ сафарҳои дастаҳои ҳунарии ҷумҳуриро ба мамлакатҳои хориҷӣ ташкил мекард. Соли 1968 дар бораи таъсиси Сирки давлатии Тоҷикистон қарор қабул шуд ва ҳамон сол бо Қарори Вазорати маданияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар назди Сирк студияи махсуси сиркӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он ромкунандаҳои беҳтарин, муаллимони варзида, рассомону оҳангсозони мумтоз иштирок карданд. Таъсиси нахустин осорхонаву китобхонаҳо – Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Камолиддини Беҳзод (ҳоло Осорхонаи миллии Тоҷикистон), Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон), Китобхонаи шаҳри Душанбе ба номи А. Лоҳутӣ ва ғайра минбаъд ба рушду нумӯи фарҳангу тамаддун, анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавии мардум мусоидат карданд. Дар сохтори Вазорати маданияти Тоҷикистон солҳои 80-уми асри 20 дар 966 клуб дастаҳои ҳаваскорони санъат ва маҳфилҳои драма амал мекарданд, ки ба марказҳои ҳақиқии корҳои фарҳангӣ-маърифатӣ табдил ёфта буданд. Соли 1973 Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба корҳои табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба матбуот табдили ном карда, баъдан бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуд. Дар ҳайати он Комбинати полиграфии Душанбе, Матбааи №1 (Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Матбуот»), «Санадвора», нашриётҳои «Ирфон», «Маориф», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ҳоло Энсиклопедияи миллии тоҷик), «Адиб», Иттиҳодияи «Савдои китоб» фаъолият доштанд. Фаъолият дар давраи соҳибистиқлолӣ Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муназзам гардонидан ва нишон додани дурнамои рушди фарҳанг ва санъати касбӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз барномаҳои давлатиро бо нақшаҳои мушаххас таҳия ва пешниҳод намуд, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшиданд. Пайи ҳам «Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007–2010», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2007–2010», «Барномаи давлатии рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015», «Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2015», «Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015» қабул гардиданд, ки дар пешрафти маърифати аҳолӣ нақши муҳим доранд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин солҳо барои рушди мусиқии касбӣ ва тарғиби ҳунарҳои халқӣ як силсила фестивалу озмунҳо — Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ — «Андалеб» (1999, 2001, 2004, 2006, 2008), Фестивал-озмуни байналмилалии театрҳои касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ «Наврӯз-2003», Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак», Фестивали байналмилалии «Шашмақом», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Эстрада–2004», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту», Озмуни «Ганҷи шойгон», Озмуни мутрибони созҳои миллӣ «Дутори зарин», Фестивали «Таронаи ҷаҳон», Фестивали ҷумҳуриявии тарона ва рақс «Гулу гулдастаҳои як ҷаманем», Фестивали ансамблҳои оилаӣ «Гули мақсуд» ва ғайраро баргузор намуд. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ «Рӯзи Шашмақом» ва «Рӯзи Фалак» доир мегардад. Дар ин давра 7 ёдгорӣ комилан барқарор, 18 ёдгорӣ таъмиру тармим, 3 осорхона сохта шуд, ҳолати ҳифзи даҳҳо ёдгориҳои дигар беҳтар гардид. Ҳоло корҳои тармиму барқарорсозии 12 ёдгории таърихӣ идома дорад. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи ёдгориҳои меъморӣ ва бостонии тамошобоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва нашр кард, ки номгӯй ва акси рангаи зиёда аз 180 ёдгориро аз 38 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар бар мегирад. Дар соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 ҳамасола рӯзҳои 2–9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад ва 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил мешавад. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 Ҳаракати «Корвони китоб» ташкил карда шуд, ки ҳар сол як бор китобҳои тозанашрро ба китобхонаҳои тамоми шаҳру ноҳияҳо ба таври ройгон дастрас менамояд. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2011, 2012 ва 2013 Намоиши байналмилалии китоби Душанбе ташкил карда шуд. Дар доираи робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Беларус, Туркманистон, Федератсияи Россия, Рӯзи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (Порис) ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Халқии Хитой, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардиданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 2 351 муассисаи иҷтимоию фарҳангӣ фаъолият дорад. Сохтор Сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Раёсати санъат; Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ; Раёсати табъу нашр ва матбуот; Шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ; Шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ; Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ; Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус; Шуъбаи идоракунии кадрҳо ва назорат; Раёсати ҳисобот ва баҳисобгирӣ; Шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ; Раёсати пешбурди техникӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ; Бахши танзими техникӣ; Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста; Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 173–176.

0

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва саноат мебошад. Фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мабнӣ бар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳад. Таърих Соли 1996 дар заминаи Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороиши Кумитаи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ороиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 2002 мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 4 март, № 87) «Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ороиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон ва Корпоратсияи маводди сохтмон барҳам дода шуда, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 2006 дар заминаи Вазорати энергетика ва Вазорати саноат Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз соли 2013 номи он ба «Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил ёфт. Сохтор Сохтори маъмурӣ ва идории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Раёсати иқтисод ва дурнамо, Раёсати энергетика ва манбаъҳои алтернативии энергетикӣ, Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо, Раёсати истеҳсоли ангишт, Раёсати истихроҷ, коркард ва таъмини нафту газ, Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиё, Раёсати саноати маводди сохтмон, Раёсати пилла ва саноати сабук, Раёсати саноати хӯрокворӣ, Раёсати муассисаҳои таълимӣ, Раёсати рушди илм, техника ва технология, Раёсати иҷозатномадиҳӣ, Раёсати баҳисобгирӣ ва муҳосибот, Раёсати сохтмон, Раёсати ҳуқуқ, кор бо кадрҳо ва корҳои махсус. Муассисаҳои зертобеъ Муассисаҳои зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нафтрасон», Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла», Корхонаи воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз», Корхонаи воҳиди давлатии «Нафт, газ ва ангишт», Корхонаи воҳиди давлатии «Гӯшту шир», Корхонаи давлатии «Востокпредмет», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон «Тоҷирон», Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Химзавод», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тамохуш», корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой «Зарафшон», Корхонаи воҳиди давлатии «Ҷамаст», Корхонаи воҳиди давлатии «Пилла», корхонаҳои давлатии «Қолинҳои Кӯлоб», «Данғара», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайраққум», корхонаҳои хизмати маишӣ «Равшан», «Сапфир», «Элегант», «Ашт», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Зайнаббиби», муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи энергетикаи Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургияи Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Коллеҷи кӯҳкории ба номи С. Юсупова, Пажӯҳишгоҳи саноат, Пажӯҳишгоҳи «Ғизо», Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар», Корхонаи воҳиди давлатии «Обёрӣ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт», маҷаллаи «Энергетика ва саноат». --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 173.

0

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди иқтисод ва савдо мебошад. Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар тамоми соҳаҳои марбут ба иқтисод ва савдо, таҳия ва танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши таҳия ва таҳлили консепсияҳо, стратегияҳо ва роҳбурдҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат, тартиб додани барномаҳо ва дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, патентҳо (парвонаҳо), ташаккули захираҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои доир намудани мониторинг, баҳо додан ба татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ иборат мебошад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми фаъолияти худро бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2010 (№ 148) тасдиқ шудааст, созмон медиҳад. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ; Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт; Сарраёсати таҳлили конъюнктураи (вазъияти) бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратӣ; Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳо; Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ; Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ; Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ; Раёсати котибот; Раёсати молиявию баҳисобгирӣ; Раёсати кадрҳо ва бахши махсус; Раёсати корҳо. Муассисаҳо Муассисаҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Раёсати давлатии «Суғдсавдо», Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ»; Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»; Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»; Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»; Маркази миллии патенту иттилооти назди вазорат. Ваколатҳо Вазорат дар доираи фаъолияти муқарраргардидааш ваколатҳои зерин дорад: вобаста ба тақозои Низомномаи хеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳои марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд; дар татбиқ намудани сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат фаъолона иштирок менамояд; таҳлили вазъи кунунии иқтисодро анҷом дода, дар асоси натиҷаҳои он принсипҳо ва равишҳои танзими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро муайян менамояд; стратегияҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат, ҳамчунин нақшаи индикативӣ (намогарӣ) ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дар иртибот бо онҳо барномаҳои давлатии сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷиро таҳия мекунад; барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавиро ҳамоҳанг месозад; принсипҳо ва механизмҳои ислоҳоти иқтисодии мамлакат ва шаклҳои татбиқи онҳоро таҳия менамояд; консепсия ва принсипҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷиро омода месозад; оид ба такмили системаи ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи маълумоти оморӣ пешниҳодҳо омода менамояд; дар таҳия ва татбиқи стратегияи амнияти иқтисодии мамлакат иштирок мекунад; дар таҳияи буҷет, ташаккули меъёрҳои буҷетӣ барои иҷрои барномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд; барои такмили самтҳои асосии сиёсати андозу буҷетӣ, молиявӣ ва пулию қарзӣ дар омода намудани пешниҳодҳо иштирок мекунад; хусусияти эҳсонкорӣ доштани молу навои ба ҷумҳурӣ воридгардидаро муайян менамояд ва барои додани имтиёзҳои андозбандӣ хулосаҳо омода менамояд; тартиби усулҳои танзими давлатии тарифӣ ва ғайритарифии савдои хориҷиро муайян мекунад, пешниҳодҳоро оид ба меъёрҳои тарифи гумрукӣ, дақиқ намудани номгӯи молҳо ва кору хадамоте, ки содироту воридоти онҳо маҳдуд ё манъ шудааст, омода менамояд; истифодаи низоми аксизии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қисмати воридот ва содироти молҳо ҳамоҳанг месозад; ташкил ва ҳамоҳангсозии умумии корҳоро бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо анҷом медиҳад; дар бораи содироти навъҳои алоҳидаи ашёи хом ва молҳои хусусияти стратегӣ дошта пешниҳодот омода мекунад; оид ба таъмини сохторҳои қудратӣ бо намудҳои асосӣ ва зарурии мол ва хизматрасонӣ дар доираи маблағгузории дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда таклифҳо омода мекунад; оид ба маблағгузории рушди илмию техникии муассисаҳои иҷтимоӣ ва омода кардани кадрҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, муассисаҳои илмию педагогӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад; дар омӯзиши ҳолат ва самарнокии истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар таҳқиқоти илмӣ иштирок менамояд ва амсоли инҳо. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 172.

0

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт мебошад. Фаъолияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши назорат ва танзими кори нақлиёти заминию ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард, танзими кори нақлиёти роҳи оҳан иборат мебошад. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1926–1946 Комиссариати халқии автомобилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1947–1953 Вазорати нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1953–1979 Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном дошт. Вазорати мазкур соли 1979 ба ду вазорат – Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тақсим шуд. Соли 1994 дар заминаи ин ду вазорат як вазорат – Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки соли 2000 аввал ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Аз соли 2011 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад. Сохтор Сохтори маъмурӣ ва идории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ (шуъбаи ҳамлу нақли автомобилӣ ва бехатарӣ дар нақлиёт, шуъбаи нақлиёти роҳи оҳан); Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо (шуъбаи сохтмони роҳҳои автомобилгард, шуъбаи нигоҳдорӣ, банақшагирӣ ва баҳодиҳӣ, шуъбаи ахбори даврӣ); Раёсати авиатсияи гражданӣ (шуъбаи истифодабарии техникӣ ва фазои ҳаво, шуъбаи аэропортҳо ва бехатарии парвоз); Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ; Раёсати робитаҳои байналмилалӣ (шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷӣ); Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ; Раёсати коргузорӣ; шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус; бахши ҳуқуқ; бахши аудити дохилӣ. Муассисаҳои зертобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди водии Ҳисор; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон; идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; Мудирияти корхонаҳои сохташавандаи «Тоҷиктрансстрой»; идораи рӯзномаи «Нақлиёт»; Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»; Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»; Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»; Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»; Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»; Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар»; Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб». Роҳҳо ва долонҳои нақлиётӣ Аввалин роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон дар ибтидои асри 20 сохта шудаанд. Ҳанӯз соли 1894 сохтмони роҳи корвонгузари водии Фарғона ба сӯи шарқ ва ғарби Бадахшон сар шуд. Соли 1926 дар дохили Тоҷикистон 388 километр роҳ буд, соли 1930 роҳҳои автомобилгарди Тирмиз–Душанбе ва Ӯш–Хоруғ сохта шуданд. Солҳои 1933–1935 сохтмони роҳи автомобилгарди Самарқанд–Панҷакент–Айнӣ (дарозиаш 150 километр) ва Ӯротеппа–Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба тӯли 280 километр сар шуд. Соли 1939 яке аз шоҳроҳҳои таърихӣ – роҳи автомобилгарди 600-километраи Сталинобод–Хоруғ бунёд ёфт. Ин роҳ бино бар набудани таҷҳизоту мошинолоти роҳсозӣ, бо белу каланд ва путку мисрон дар муддати кӯтоҳ бунёд карда шуд, 3 000 коргари фаъоли роҳсоз бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардиданд. Дар замони Истиқлоли Тоҷикистон бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар 1 200 километр роҳҳои автомобилгард, 93 пул, даҳҳо километр иншооти зидди тарма ва нақбҳо бунёд ва тармиму таҷдид шудаанд. Ҳоло (2021) дарозии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба 13 975 километр расидааст. Шабакаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 26 766 километрро ташкил медиҳад. Долонҳо (коридор)-и нақлиёти байналмилалӣ дар рушди бомароми иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чор кишвар – Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсарҳад буда, ба шабакаи роҳҳои автомобилгарди Осиё дохил мешавад. Ин долонҳои байналмилалии транзитӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, мамолики халиҷи Форс ва Хитой робита барқарор намуданд. Аз ҳудуди Тоҷикистон долонҳои автомобилии байналмилалии зерин мегузаранд, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ доранд. Дар доираи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё: Ховост (сарҳади Ӯзбекистон) – Хуҷанд – Душанбе – Панҷи Поён (сарҳади Афғонистон); Ӯш – Саритош – Қарамиқ (сарҳади Қирғизистон) – Чиргатол – Ғарм – Ваҳдат – Душанбе – Турсунзода (сарҳади Ӯзбекистон); Қаросӯ (сарҳади Хитой) – Қароқурум – Қулма – Мурғоб – Хоруғ – Кӯлоб – Ваҳдат – Душанбе – Сариосиё (сарҳади Ӯзбекистон); Ӯш – Саритош – Қизил Арт (сарҳади Қирғизистон) – Мурғоб – Хоруғ – Кӯлоб – Фарҳор – Панҷи Поён (сарҳади Афғонистон). Сармоягузорӣ Тӯли 30 соли охир аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахши иқтидори техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда сохтмон, таҷдид ва таъмири 2 183 километр роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 роҳи дусатҳа, 5 нақби мошингузар ва 3,4 километр долони зидди тарма бунёду таҷдид ва 682 адад техника ва таҷҳизоти нигаҳдории роҳ харида шуданд. Ҳамчунин аз ҳисоби кумаки созмонҳои хориҷӣ 27,5 километр роҳҳои автомобилгард ва 47 пул (бо дарозии 2 859 метр) ва аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 9,91 километр роҳҳои автомобилгард ва 19 пул (бо дарозии 435 метр) сохтаву таҷдид шуданд. Ҳоло 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 618,5 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тибқи Созишномаи қарзию грантӣ, аз ҷумла 515,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тибқи қарордодҳои имзошуда, аз ин кумаки бебозгашт ва техникӣ 203,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (32,9 дарсад), қарзи беруна 351,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (56,8 дарсад) ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 63,6 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10,3 дарсад) мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ иҷрои корҳои сохтмони асосӣ аз ҳисоби маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ вусъат ёфта, бо ин мақсад дар солҳои истиқлол ба маблағи 398,2 миллион сомонӣ корҳо иҷро шуданд. Дар доираи ин маблағгузориҳо таҷдиду барқарорсозии 217,5 километр роҳ, сохтмону барқарорсозии 104 пул бо дарозии 3 081,9 метр, барқарорсозии 4 кӯбур бо дарозии 133 метр, 1 425 метр садди истеҳкоми соҳил, ҳамчунин сохтмони 6 бинои хизматию маъмурӣ ва корҳои дигар анҷом дода шуданд. Барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 682 адад техникаву таҷҳизоти пуриқтидори нигоҳдории роҳҳои муосир харидорӣ карда шуданд, ки зиёда аз 43,8 дарсади техникаю таҷҳизоти дар мувозинати муассисаҳо мавҷудбударо ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар 30 соли охир нишондиҳандаҳои ҳаҷми боркашониву мусофиркашонӣ бо ҳама намудҳои нақлиёт соли 2020 нисбат ба солҳои 1995–2010 боркашонӣ 11,1 маротиба ё 34,6 дарсад, мусофирбарӣ 5,5 маротиба ё 21,3 дарсад зиёд шудааст. Адабиёт Ҳалимов Н. Ҳ., Ҳикмат А. Шараёнҳои Тоҷикистон. Душанбе, 2011. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 171–172.

0

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазифаҳои асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлат, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он, таҳкими иқтидори мудофиавии давлат, мустаҳкам кардани тартибу интизом дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи мудофиа тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» таҳти № 363 аз 4 январи 1992 таъсис ёфта буд. 30 сентябри 1992 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фармони Президенти Тоҷикистон аз 17 сентябри 1992, № ФП-188 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» таҳти № 363 қарор қабул намуд. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни 1993 таҳти № 296-13 тибқи як сохтор тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва сохтори Дастгоҳи марказии онро тасдиқ кард. Дар рафти бунёди нахустин раёсатҳову қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мазкур ба миён омад. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи 1994 ин масъаларо аз сари нав баррасӣ намуда, сохтор ва тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дар назар доштани вазъу шароити муосир бо Қарори № 440-9 тасдиқ кард. Тибқи санади мазкур, сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муайян карда шуд. Сохтор Сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Роҳбарият, Раёсати корҳо, Раёсати кадрҳо ва маълумоти ҳарбӣ, Раёсати корҳои тарбиявӣ, Раёсати қӯшунҳои муҳандисӣ, Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Раёсати ақибгоҳ, Раёсати бозрасии ҳарбӣ, Раёсати ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналхалқӣ, Раёсати молия ва буҷет, Раёсати ҳарбии тиббӣ, Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Дар ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Осорхонаи «Шуҳрати ҷангӣ», Клуби марказии варзишии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи сохтмони асосӣ, қисми истифодаи манзил, газетаи «Ҳомии Ватан», маркази матбуот, Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон ба номи С. Сафаров, Литсеи ҳарбии ба номи генерал-майор М. Тошмуҳаммадов, Мактаби омодакунии прапоршикони Қӯшунҳои хушкигард фаъолият доранд. Сохтори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон: Раёсати амалиётӣ, Раёсати ташкилӣ ва сафарбаркунӣ, Раёсати алоқа, Раёсати кашфи ҳарбӣ, Раёсати қӯшунҳои хушкигард, Раёсати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати қӯшунҳои зудамал, шуъбаҳои собиқадорони ҷанг, ҳарбӣ-илмӣ, хизмати аскарӣ, геодезию топографӣ, хоҷагию маъмурӣ, молия, дафтардорӣ, робитаи хизмати аскарӣ, автоматикунонӣ, мушакию артиллерӣ, қӯшунҳои муҳофизати радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, бойгонӣ, комендатураи ҳарбӣ, ҳоспитали марказии ҳарбӣ, шифохонаи низомии гарнизони Суғд, заводи ҳарбии таъмири автомобилҳо ва хоҷагии автомобилӣ. Дар тобеияти Сарситод ҳамчунин Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, Комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ, гарнизони шаҳри Хоруғ, Ансамбли тарона ва рақси «Ватан», оркестри ҳарбӣ қарор доранд. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳарбиро ба низом дароварда, дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, боло бурдани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонун ва интизоми ҳарбӣ, такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Ҳамкорӣ ва машқҳои ҳарбӣ Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирии паҳншавии экстремизм ва рушди маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он пайваста машқҳои муштараки низомӣ мегузаронанд. Иштироки бомуваффақияти Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Тоҷикистон дар доираи системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар машқҳои «Ашулук»-и Федератсияи Россия, «Сазишагон»-и Қазоқистон таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ», машқҳои «Амали якҷоя-2003» дар доираи Созмони ҳамкории Шанҳай, «Худуд-2004» дар қаламрави Қазоқистон ва ташкили машқҳои ҳарбӣ бо Пойгоҳи низомии дивизияи 201 Федератсияи Россия дар доираи Созмони ҳамкории Шанҳай соли 2007 бо номи «Вазифаи сулҳҷӯёна» дар вилояти Челябински Федератсияи Россия, ҳамчунин дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ соли 2010 бо номи «Ҳамоҳангӣ-2010», «Худуд-2010» дар машқҳои «Матибулак»-и Қазоқистон, «Марз-2011», «Рисолати сулҳҷӯёна-2012» дар ҳудуди Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанҳай, нахустин машқҳои низомӣ бо Ӯзбекистон дар размгоҳи ҳарбию таълимии «Чоруқдаррон»-и вилояти Суғд (2014) ва ғайра далели гуфтаҳои болост. Моҳи майи соли 2015 дар робита ба ташаннуҷи вазъи сиёсию низомӣ дар музофоти Қундузи кишвари ҳаммарзи Афғонистон Вазорати мудофиа корҳои ташкили хатти дуввуми мудофиаро ба итмом расонид. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола афсарони бисёреро ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса ва Амрико барои таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ мефиристад. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низоми муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарбии кишварҳои бо мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расидаанд. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самарбахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанҳай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Бо беш аз 50 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ дорад. Соли 2021 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин машқҳои муштараки васеи низомӣ дар минтақаҳои кишвар доир намуд, ки ҳадафи он мукаммалсозии таҷрибаи ҳайати шахсӣ дар ташкили амалиёти муваффақи ҷангӣ, ҳамоҳангсозии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, вусъат додани қувваву воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин барои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории машқҳои муштараки низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони «Эшелон-2021», «Ҷустуҷӯ-2021» ва «Ҳамоҳангӣ-2021» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 170–171.

0

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия аст, ки пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, суғуртавӣ, асъорӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатиро таъмин намуда, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, назорати ҳисоби дуруст, комил ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идораи молияи давлатӣ ҳамоҳанг месозад. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди ҳуқуқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. 7 декабри 1924 Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, моҳи октябри 1929 ба Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт. 15 марти 1946 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдили ном кард. Моҳи июни 1992 дар заминаи Вазорати иқтисод ва савдо ва Вазорати молия Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 июни 1993 Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият шурӯъ намуд. Сохтори дастгоҳи марказӣ Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Роҳбарият; Сарраёсати Буҷети давлатӣ; Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ; Сарраёсати хазинадории марказӣ; Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатӣ; Сарраёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт; Раёсати котибот; Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ; Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; Раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудиторӣ; Раёсати аудити дохилӣ ва назорат; Раёсати рушди захираҳои кадрӣ; Раёсати таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ; Раёсати ҳуқуқ; Раёсати корҳо; Шуъбаи муносибатҳои иттилоотӣ ва барномасозии компютерӣ. Нақшаи идора Нақшаи идораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастгоҳи марказӣ; Сарраёсатҳои молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе; Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо; Нозироти давлатии иёргирӣ; Хазинаи сарватҳои давлатӣ; Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ; Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда. Муассиса ва ташкилотҳо Муассиса ва ташкилотҳои низоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Муассисаи таълимии давлатии «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон»; Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»; Редаксияи маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ», Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасонӣ; Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии «Тоҷиксармоягузор»; Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик»; Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ»; Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ» ва Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 169.

0

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки сиёсати давлатро дар соҳаи маориф татбиқ мекунад. Вазифаҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: фароҳам овардани фазои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти муназзами муассисаҳои таълимӣ; таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи маориф; ба таҳсил фаро гирифтани бачагони синни мактабӣ. 14 декабри 1924 Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд, 11 феврали 1925 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Комиссариати маорифи халқ баъд ба Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1946–78; 1988–92), Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1978–88) табдили ном кард. Соли 1992 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 9 ноябри соли 2013 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон фаъолияти худро барои ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ фаҳмондани моҳияти мактаби нави шӯравӣ, ташкили мактабҳо, тақвияти пояи моддию техникии мактабҳо, таълиму тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ, ба мактаб ҷалб намудани бачагон, мубориза бар зидди бесаводӣ, таҳияву нашри китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои таълимию методӣ равона кард. Кумитаи инқилобии Тоҷикистон 30 сентябри 1925 «Дар бораи имтиёзу бартарии оилаҳое, ки фарзандонашон дар мактаби советӣ мехонанд» қарор ва Анҷумани якуми муассисони умумитоҷикистонии Шӯроҳо моҳи декабри 1926 «Декларатсияи ҷорӣ намудани таълими умумии бепули меҳнаткашони Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Дар натиҷа шумораи мактабҳо ва хонандагони онҳо сол аз сол афзуд. Соли таҳсили 1918–29 миқдори мактабҳо ба 308 ва шумораи хонандагон ба 12 000, соли таҳсили 1930–31 мутаносибан ба 977 ва 61 363 (9 118 духтар) расид. Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ курсҳо ва мактабҳои маҳви бесаводии калонсолон низ ташкил карда шуданд. Соли таҳсили 1928–29 дар 314 курси маҳви бесаводӣ 84 ҳазор нафар калонсолон савод омӯхтанд. Соли таҳсили 1931–32 ба мактабҳои маҳви бесаводӣ қариб 136 ҳазор кас ҷалб гардид, ки 22 317 нафари онҳо занон буданд. Барои ҷоннок намудани нашру тарҷумаи китобҳои дарсӣ соли 1924 Комиссияи илмии тоҷик ташкил гардид. Дар натиҷаи фаъолияти ин комиссия нашру тарҷумаи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ барои мактабҳои тоҷикӣ сифатан беҳтар гардид. То охири соли таҳсили 1927–28 шумораи китобҳои дарсӣ ба 14 номгӯй расид. 11 октябри 1930 Комитети марказӣ ва Шӯрои Комиссариати халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маҷлиси якҷояи худ «Дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии касбӣ дар ҷумҳурӣ» қарор қабул кард. Мувофиқи ин қарор, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ӯротеппа таҳсилоти ҳафтсола, дар деҳа ва ноҳияҳои дигар таълимоти панҷсола (мактаби дараҷаи якум) ҷорӣ гардид. Дар таҳкиму тақвияти баъдии маорифи тоҷик қарорҳо «Дар бораи мактаби ибтидоӣ ва миёна» (аз 15 сентябри 1931) ва «Дар бораи барномаҳои таълимӣ ва реҷа дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» (аз 25 августи 1932) нақши муҳим доштанд. Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди назари барномаҳо аз ҳисоби Комитети Шӯрои давлатии олимон, коркунони донишкадаҳои педагогӣ ва муаллимони мактабҳо комиссияи махсус ташкил намуд. Соли таҳсили 1933–34 ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи нав ба кор шурӯъ карданд. Барои амалӣ гардидани барномаи таълими умумӣ аз 15 сентябр то 15 октябри 1932 бо ташаббуси Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон курси якмоҳаи таълими умумимактабӣ гузаронида шуд. Дар давраи якмоҳаи таълим дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону таъмири мактабҳо, таъмин намудани мактабҳо бо ашёи хониш ва ғайра сурат гирифт. Дар ин солҳо бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани мактабҳо низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор мерафт. Бо ин мақсад моҳи феврали 1932 қарор «Дар бораи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» қабул карда шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими ин давра омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ ба шумор мерафт. Дар ин давра Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои кушодани якчанд донишкадаи миёнаи омӯзгорӣ, факултаҳои коргарӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, кишоварзӣ ва курсҳои омода кардани муаллим вазифадор гардид. Бо мақсади омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ моҳи сентябри 1925 дар Душанбе аввалин омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва курси семоҳаи омода кардани муаллим кушода шуд. Соли таҳсили 1928–29 се омӯзишгоҳи омӯзгорӣ вуҷуд дошт, ки дар онҳо 360 донишҷӯ дарс мехонд. 1 сентябри 1931 Институти омӯзгории Душанбе ва соли 1932 дар Ленинобод дуввумин мактаби олии омӯзгорӣ кушода шуд. Баъдтар Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар асоси қарори махсус Институти такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи маорифи халқро таъсис дод. Дар маҳалҳо курсҳо, омӯзишгоҳҳои ғоибона ташкил ёфтанд. Соли таҳсили 1936–37 80 дарсади муаллимони ҷумҳурӣ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Барои бо омӯзгорони баландихтисос таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ соли таҳсили 1939–40 дар Душанбе ва Ленинобод донишкадаҳои дусолаи муаллимтайёркунӣ кушода шуданд. Июли соли 1940 «Дар бораи ташкил кардани Институти педагогӣ дар шаҳри Кӯлоб» қарор қабул карда шуд. Соли 1933 дар назди Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ташкил карда шуд, ки ба рафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи педагогика таъсир расонд. Дар ин солҳо як гурӯҳ олимони тоҷик ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи педагогикаи тоҷик шурӯъ карда, мақолаҳои худро доир ба таълиму тарбия ва мактабшиносӣ эҷод намуданд. Дар давраи ҷанг вазифаи аввалиндараҷаи мактаб тарбияи ватандӯстӣ, башардӯстӣ ва рағбати бачагон ба кор буд. Бо ин мақсад дар барнома ва нақшаҳои таълимӣ тағйирот дароварда шуд. Дар рафти таълим ба фанҳои биология, зоология, ҷуғрофия, физика ва химия хусусияти амалӣ дода шуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъалаи маҳви бесаводӣ ва чаласаводӣ дар маркази диққати кормандони маориф қарор дошт. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маориф ба шумор мерафт, зеро аз 22 июни 1941 то 25 октябри 1942 аз ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор муаллим ба сафҳои Артиши Шӯравӣ даъват шуда буданд. Таъмини мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимон, ҳамчунин ба муаллимӣ омода намудани хонандагони синфҳои 9–10-ро ба эътибор гирифта, Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳафтае се соат дарси омодагии омӯзгориро ба барномаи таълим дохил намуд. Дар давраи таътили тобистона курсҳои думоҳаи омодагии муаллим ташкил шуда буданд. Барои таъмини эҳтиёҷоти мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимон, институти дусолаи муаллимии занонаи Ленинобод 1 октябри 1943 ба Институти омӯзгорӣ табдил ва дар назди он курси омодагӣ барои 100 нафар ташкил карда шуд. Омӯзишгоҳҳои омӯзгории занонаи Ленинобод ва Конибодом ба омӯзишгоҳҳои омӯзгории умумӣ табдил ёфтанд. Омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ баъди таътили кӯтоҳмуддат аз нав ба кор шурӯъ намуд. Аз сентябри 1944 омӯзишгоҳҳои омӯзгории Панҷакент ва Ғарм дубора ба кор сар карданд. Вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи маориф баъд аз ҷанг васеъ намудани шабакаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳру деҳот, ташкили таълими ҳатмии бачагон аз синни 7-солагӣ, беҳтар намудани омодагии кадрҳои омӯзгорӣ, зиёд намудани нашри адабиёт ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба ҳисоб мерафт. Дар ду панҷсолаи баъдиҷангӣ 13 ҳазор муаллим омӯзонда шуд. Соли 1958 дар мамлакат таҳсилоти умумии ҳатмии ҳаштсола муқаррар гардид. Дар натиҷаи ислоҳоти мактабҳои таълими умумӣ низоми нави маориф ҷорӣ шуд. Муҳлати таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ 4 сол, дар мактабҳои миёнаи нопурра 4 сол, дар мактабҳои миёна 3 сол муқаррар гардид. Шумораи мактабҳо, мактаб-интернатҳо афзуд. Дар ин солҳо барои дар амал татбиқ намудани ягонагии равиши таълиму тарбия, ба ҳаёт наздик намудани мактаб ва дар нақшаву барномаҳои мактабӣ инъикос намудани меъёрҳои илму техника кормандони соҳаи маорифи халқ корҳои бисёреро анҷом доданд. Бо мақсади омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, дар низоми он тағйирот ворид гардид. Соли таҳсили 1954–55 шуъбаҳои ғоибонаи омӯзишгоҳҳои Ленинобод, Конибодом, Хоруғ, Орҷоникидзеобод ва соли таҳсили 1955–56 омӯзишгоҳҳои Кӯлобу Ғарм, соли 1956 омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа, дар давоми соли таҳсили 1958–60 омӯзишгоҳҳои Орҷоникидзеобод, Конибодом ва Қӯрғонтеппа барҳам дода шуданд. Ба ҷои омӯзишгоҳҳои басташуда қабули донишҷӯён дар донишкадаҳои омӯзгорӣ зиёд гардид. Соли таҳсили 1956–57 Институти муаллимтайёркунии занонаи Ленинобод, Институти педагогии Ленинобод ва Институти муаллимтайёркунии Душанбе ва соли таҳсили 1957–58 Институти педагогии занонаи Душанбе ба Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко муттаҳид карда шуд. Соли таҳсили 1962–63 Институти педагогии Кӯлоб бо факултаҳои филологияи тоҷик, физика ва математика, соли таҳсили 1963–64 омӯзишгоҳҳои Конибодом ва Қӯрғонтеппа аз нав барқарор карда шуданд. Омӯзишгоҳи педагогии Ҳисор таъсис ёфт. Илова бар ин, барои таъмин намудани мактабҳо бо муаллимони забони русӣ дар назди институтҳои педагогӣ, Институти таҳқиқоти илмҳои педагогии Душанбе, Институти такмили ихтисоси муаллимони Ленинобод, Институти педагогии Кӯлоб, шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хоруғ курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шуданд. Дар ин солҳо бо мақсади баланд бардоштани ихтисоси муаллимон дар Душанбе, Ленинобод, Хоруғ, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа институтҳои такмили ихтисоси муаллимон ва дар назди мактабҳо ва шуъбаҳои маориф кабинетҳои методии байнимактабӣ ташкил ёфтанд. Аз 1 сентябри 1964 мактаби 11-солаи таълими истеҳсолӣ ба мактаби 10-сола табдил дода шуд ва дар ҷумҳурӣ низоми зерини таҳсили умумӣ татбиқ гардид: таҳсили ибтидоӣ – 4 сол, миёнаи нопурра – 4 сол, таҳсили миёна – 2 сол. Солҳои 1970-ум вазорат ба масъалаҳои тақвияти пояи моддӣ-техникии мактабҳо (сохтмони мактабҳо, асбобҳои таълимӣ, муҷаҳҳаз гардонидани кабинету лабораторияҳои мактабҳо бо асбобҳои зарурӣ), ҷобаҷогузории дурусти шабакаи мактабҳо, омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таълими коргарҷавонони шаҳру деҳот ва ҷорӣ кардани таҳсили умумии миёнаи ҷавонон диққати махсус дод. 24 декабри 1974 «Қонун дар бораи маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қабул гардид. Солҳои 1980-ум маорифи кишвар рушд менамуд. Солҳои 1981–83 дар ҷумҳурӣ 75,4 ҳазор ҷой барои хонандагон сохта, ба истифода дода шуд. Барои дар амал татбиқ намудани ягонагии равиши таълиму тарбия нақшаву барномаҳои нави таълимӣ таҳия ва барои беҳтар намудани равишҳои таълим, омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ чораҳои судманд андешида шуданд. Дар асоси қарори махсус дар заминаи Институти педагогии Душанбе Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1971), ҳамчунин дар Душанбе Институти педагогии забони русӣ ва дар Қӯрғонтеппа филиали Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ташкил карда шуд. Барои беҳтар танзим намудани кори муассисаҳои таҳсили миёнаи махсус ва олии касбӣ соли 1978 Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба мақсади зиёд намудани шавқу ҳавас ва мунтазам баланд бардоштани ихтисосу маҳорати педагогии муаллимони мактабҳои таҳсили умумӣ, аттестатсияи мунтазами онҳо ҷорӣ шуд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ба муаллимони беҳтарин номи «Муаллими калон» ва «Муаллими методист» дода мешуд. Барои қонеъ намудани масъалаҳои мушкули ҳалталаби муосир, дар заминаи лоиҳаи «Самтҳои асосии ислоҳоти мактабҳои таҳсили умумӣ ва касбӣ» (1984) ислоҳоти мактабҳои таҳсили умумӣ ва касбӣ ба миён омад. Низоми соҳаи маориф чунин муайян гардид: мактаби ибтидоӣ – синфҳои I–IV, мактаби таҳсили нопурра – синфҳои V–IX, мактаби таҳсили умумии миёна – синфҳои X–XI ва касбӣ. Дар ин давра шумораи ҳамаи зинаҳои таҳсил афзуд ва дар раванди таълиму тарбия низ тағйирот ба амал омад. Дар мундариҷа, нақшаву барномаҳои таълимӣ дигаргунӣ ворид гардид. Дар нақшаи нави таълимӣ фанҳои нав – «Шиносонидани бачагон ба муҳити атроф» (дар синфҳои I–II), «Асосҳои истеҳсолот», «Интихоби касб» (дар синфҳои VIII–X), «Ахлоқ ва психологияи ҳаёти оилавӣ» (дар синфҳои IX–X), «Асосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ» (дар синфҳои IX–X) татбиқ шуд. Барои беҳтар намудани кори соҳаи маориф, моҳи майи 1988 бо фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барҳам дода, Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон созмон карда шуд. Соли 1989 Вазорат лоиҳаи нави Консепсияи маълумоти умумии миёнаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки он баъди муҳокима қабул шуд. Дар асоси ин консепсия Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмҳои педагогии Тоҷикистон бо ҳамкории методистону олимон ва муаллимони пешқадам нақшаву барномаҳои нави таълимиро таҳия намуданд ва дар асоси онҳо китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимию методии нав таълиф гардиданд. Ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бозсозӣ ба низоми омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва ҷиҳатҳои моддию маишии онҳо таъсири мусбат расонд. Мувофиқи он Вазорат ба ҷиҳатҳои омодагии педагогию психологӣ ва касбии муаллимони оянда диққати махсус дод, муҳлати таҳсилро дар факултетҳои забон ва адабиёти рус, забони модарӣ ва адабиёт, таърих, математика, физика як сол зиёд кард. Бо мақсади таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорони баландихтисос, Филиали дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба донишкадаи мустақил табдил (соли таҳсили 1990–91) ва дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) омӯзишгоҳи омӯзгорӣ кушода шуд. Дар ҷумҳурӣ омӯзгорони мактабҳои таҳсили умумӣ дар як донишгоҳ, 5 донишкада ва 9 омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекарданд. Дар соли таҳсили 1990–91 дар мактабҳои рӯзонаи таҳсили умумӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон қариб 95 ҳазор муаллим машғул буд. Дар даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф тағйирот ба вуҷуд омад. Дар ин давра чанд бор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия гардид. Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ муассисаҳои томактабӣ бо номи «Марказҳои инкишофи кӯдакон» ифтитоҳ гардиданд. Ҳамзамон, ташкили боғчаву кӯдакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсил мусоидат мекунанд. Баробари таъсиси намудҳои нави муассисаҳои томактабӣ, зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи муассисаҳои томактабӣ ба миён омад. Барои беҳтар намудани таъминоти методию таълимии соҳаи тарбияи томактабӣ, 31 октябри 2005 таҳти № 395 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» қабул карда шуд. Дар доираи барномаи мазкур як қатор боғчаву кӯдакистонҳо, ки ба сурати ғайриқонунӣ шахсӣ гардонида шуда буданд, бозпас гирифта шуд, ҳамзамон дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии муассисаҳои томактабӣ оғоз гардид. Дар кӯдакистон марказҳои гуногуни омӯзиши хат, мусиқӣ, илм, рассомӣ, дӯзандагӣ, адабиёт, сохтмон ва ғайра ташкил шуда буд. Вазорат низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Маскав (донишгоҳи техникӣ) ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва ҳӯлаи Маскав» таъсис дода шуданд. Маҳз дар даврони истиқлол муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд. Соли 2011 вазорат барои тақвият бахшидани робитаи хонавода ба мактаб лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таҳия ва ба муҳокимаи умумӣ пешниҳод намуд. Солҳои 1992–2010 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 2 000 бинои мактаб сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра ҳамкориҳои вазорат бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфт. Сохтори вазорат: Роҳбарият (вазир ва 4 муовин); раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ; раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ; раёсати кадрҳо, корҳои махсус; раёсати баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ; раёсати иқтисод ва банақшагирӣ; раёсати илм ва инноватсия; раёсати муносибатҳои байналмилалӣ; шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ; шуъбаи низоми ахборотии идораи маориф; шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот; шуъбаи назорати дохилии ҳуҷҷатҳо ва бойгонӣ; шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатӣ; шуъбаи аудити дохилӣ; шуъбаи таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф; бахши маъмурият ва корҳои ташкилӣ; бахши муассисаҳои интернатӣ ва таҳсилоти иловагӣ; бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ; бахши инвеститсия (сармоягузорӣ). Муассисаҳои тобеи вазорат: Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф; Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ; Раёсати сохтмони асосӣ; Академияи таҳсилоти Тоҷикистон; Пажӯҳишгоҳи рушди маориф; Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф; Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ; Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо; нашрияи «Маориф». Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор ва ҳифзи аҳолӣ мебошад. Фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими меъёрҳои ҳуқуқии шуғли аҳолӣ дар доираи сиёсати ягонаи давлатӣ, таълими калонсолон дар шуғл, муҳоҷирати кории шаҳрвандон, татбиқи бимаи (суғурта) таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва масоили экологӣ иборат аст. Кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мабнӣ бар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи вазорати мазкур сурат мегирад. Ҳамчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро бо ҳамкории мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳо анҷом медиҳад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси собиқ Комитети давлатии республикавии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тарбияи кадрҳои коргарӣ буда, моҳи майи 1991 ба Кумитаи давлатии кор ва тарбияи кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Худи ҳамон сол вазорат Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ гардид. Соли 1993 дар заминаи вазорати фавқуззикр Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз июни ҳамон сол Вазорати ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ном гирифт. Марти 1993 Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Соли 2001 дар заминаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорат таъсис дода шуд. Соли 2013 вазорат ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Сохтори маъмурии дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст: Роҳбарият, Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ, Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати таҳлил ва дурнамои рушди соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ, Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо, Раёсати корҳо, Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа, Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ. Муассисаву ташкилоти зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳҳо, Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ансамбли ҷумҳуриявии «Лола», Хадамоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, байниноҳиявӣ ва шаҳрии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Бинокор», «Меҳнат», матбаа ва моҳномаи «Роҳнамо». Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири фаъолияти худ барои ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба амалкарди хеш лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишнома ва шартҳои коллективӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз маҷмӯи қонунҳои муҳими мамлакат ба шумор мераванд, таҳия ва танзим намуда, барои тасдиқу такмил ба Парламент пешниҳод намуд. Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ироа намудааст. Тибқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврони ворид шудан ба марҳалаи нави рушд дар кишвар бартариҳои асосӣ ва самтҳои умумии сиёсати давлатии расидан ба пешрафти иқтисодии кишвар дар асоси дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ муайян шудаанд. Ҳамчунин ходимони Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоде аз барномаҳо, консепсияҳо ва тавсияномаҳоро тадвин намуданд, ки «Барномаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии муҳоҷирати меҳнатии берунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи ҷавонон» (масоили шуғли ҷавонон ва танзими бо кор таъмин кардани онҳо), «Проблемаҳои системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳоанд. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии давлатиро дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират созмон медиҳад ва бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд. Чунончи, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ» дар сиёсати шуғл, соҳибихтиёрии ҳар як шаҳрванди дорои тавоноӣ дар интихоби кори мувофиқу муносиб низоми ҳуқуқӣ пайдо намуд. Назорату санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор, қоидаҳои ҳифзи кор, стандартҳо ва қоидаҳои бехатарии кор, гузаронидани экспертизаи шароити кор дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи кор, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар пешрафти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарӣ доштани муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар кишварҳои ҷаҳону созмонҳои байналмилалӣ аз вазоифи аввалиндараҷа ба шумор мераванд. Робитаҳои судманди ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Беларус, Созмони байналмилалии кор, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Хазинаи кӯдаконаи Созмони Милали Муттаҳид, Бонки рушди Осиё, Бонки умумиҷаҳонӣ, Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё ва амсоли инҳо натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 165–169.

0

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки муносибатҳои Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ танзим намуда, ба фаъолияти ниҳодҳои хадамоти дипломатӣ ва консулгарӣ роҳбарӣ мекунад. Ниҳоди корҳои хориҷии Тоҷикистони Шӯравӣ дар асоси Қонун «Дар бораи ташкил додани Комиссариати халқии корҳои хориҷии иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ» (12.5.1944) таъсис дода шуда, ҳамагӣ 11 нафар корманд дошт. Дар тӯли 65 сол номи ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон 5 бор тағйир ёфт: Комиссариати халқии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (12.5.1944– 6.1946), Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (6.1946–31.8.1991), Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.8.1991–10.1.1992), Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10.1.1992–20. 7.1992). Аз 20.7.1992 – Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. То солҳои 1946–89 роҳбарии ниҳоди мазкурро ҳамзамон раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ва муовинони раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ба уҳда доштанд. Вазифаву салоҳиятҳо ва сохтори идораи он ҳамчун зерсохтори Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ маҳдуд буданд. Дар тӯли солҳои истиқлол сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд. Ҳоло (2014) Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият (вазир, муовини аввал ва чор муовин); гурӯҳи сафирон оид ба супоришҳои махсус; Сарраёсати консулӣ; Раёсати кадрҳо, Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрико; Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором; Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо; Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; Раёсати созмонҳои байналмилалӣ; Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ; Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ; Раёсати иттилоот ва матбуот; Раёсати ташрифоти давлатӣ; Раёсати таҳқиқоти стратегӣ; Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ; Раёсати молиявӣ; Раёсати корҳо; Шуъба оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ; Шуъбаи Созмони ҳамкории Шанҳай, Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, Шуъбаи Комиссияи миллии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, Шуъбаи тарҷума, Шуъбаи сохтмон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикдипсервис»-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, барои баланд гардидани саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд; стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад; роҷеъ ба масъалаҳои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси таҳлили ахбори вобаста ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо омода ва манзур менамояд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар фаъолияти консулиро ташкил менамояд, бо тартиби муқарраргардида хизматрасониҳои консулӣ, ахборӣ-машваратӣ ва дигар намуди хизматрасониҳоро анҷом медиҳад; дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанонеро, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, таъмин менамояд; ҳуҷҷатҳои шиносномавӣ – раводидиро ба расмият медарорад, имзоҳои шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳуҷҷатҳое, ки барои фиристодан ба хориҷи кишвар муайян шудаанд, тасдиқ менамояд ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои хориҷиро ба амал мебарорад. Дастоварди нодиртарини миллат дар даврони истиқлол ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. Дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон фақат дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Намояндагии ваколатдори кишварро таъсис дода буд, ки 18 декабри 1993 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия табдил дода шуд. 18 январи 1994 нахустин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари давлати хориҷӣ эътимоднома супурд. Дар ҳоли ҳозир (2014) дар кишварҳои хориҷӣ 24 намояндагии дипломатии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагиҳои доимии ҷумҳурӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Аврупоӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ амал мекунанд, ҳамчунин 5 консулгарии генералӣ ва 3 консулгарии кишвар дар хориҷ фаъолият дорад. Соли 1993 дар Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд, соли 1994 дар Олмон нахустин сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1995 дар Эрон ва Туркия, 1997 дар Хитой, Австрия, Беларус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон моҳи январи 2002 дар Кобул ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамон сол сафоратҳои Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Белгия (ҳамзамон намояндагӣ дар Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Иттиҳоди Аврупо) ба кор оғоз намуданд. Солҳои 2003–2005 сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Покистон таъсис ёфтанд. Баъдан соли 2007 дар Миср, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, соли 2008 дар Британияи Кабир, Озарбойҷон, Украина, Швейтсария (ҳамзамон намояндагӣ дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид) ва Амороти Муттаҳидаи Араб сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд. Дар чанд соли охир дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфаи Россия, Алмаатои Қазоқистон, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Истанбули Туркия, Мазори Шариф, Қундуз ва Файзободи Афғонистон консулгариҳои Тоҷикистон ба кор шурӯъ карданд. То имрӯз 161 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо зиёда аз 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли 57 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Ҳоло дар Душанбе сафоратҳои 21 кишвари хориҷӣ фаъолият намуда, 65 давлати дигар сафирони ғайримуқимии худро дар Тоҷикистон таъйин кардаанд, ҳамчунин намояндагии аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд (2021). Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002) моҳият, мундариҷа ва дурнамои сиёсати хориҷии кишвар, роҳу василаҳо ва усулҳои амалисозии он ба таври мушаххас инъикос шудаанд. Дар он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна ва бисёрсамтие, ки дар асоси эҳтироми мутақобили истиқлоли давлатӣ ва риояи манфиатҳои миллӣ амалӣ мегардад, муайян карда шудааст. Соли 2003 дар асоси ҳамин санади барномавӣ дар муносибатҳои байналмилалии ҷумҳурӣ «сиёсати дарҳои боз» эълон гардид. Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои боз» мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра тақвият дода, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё — Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1 200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд. Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд. Тоҷикистон бунёдгузори форматҳои нави муколама дар доираи кишварҳои форсизабон (сегонаи Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон) ва кишварҳои «Чаҳорғонаи Душанбе» (Тоҷикистон — Россия — Афғонистон — Покистон) мебошад. «Соли байналмилалии оби тоза» (2003); «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт”» (солҳои 2005–2015); «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (2013) ташаббусҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасию изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркиби воқеӣ мукаммал намуд. Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг Муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг: Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба унвони «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг гардид (2002); «Шашмақом» ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба унвони шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ворид карда шуд (2003); бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг шаҳраки қадими Саразм ба феҳристи мусаввараҳои Мероси фарҳангии умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ворид карда шуд (2010); бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг «Боғи миллии Тоҷикистон — Кӯҳҳои Помир» ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг шомил гардид (2013); дар шаҳри Порис дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт (2013); бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг» сарфароз гардонид (2013); дар шаҳри Порис дар рафти иҷлосияи 37-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷашнҳои 3 000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон), 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар солҳои 2014–2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд (2013). Фаъолияти нашриётӣ Фаъолияти нашриётии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан аз соли 2006 вусъат пайдо кард; нашри фаслномаи иттилоотии «Дипломатия Таджикистана» ташкил карда шуда, он аз соли 2007 ба солнома табдил дода шуд. Силсилаи китобҳо дар мавзӯи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Рыночная экономика и международное сотрудничество» (2006), «Тоҷикистон — Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо: муколама ва ҳамкорӣ» (2009, бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ), «Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» (2009, 2012, дар ду ҷилд, ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ), «Многовекторная дипломатия Таджикистана» (2010), «Хазинаи тилоии тоҷикон» (2010–2013, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, хитойӣ, туркӣ), «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият» (2011, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ), «Таджикистан в системе обеспечения региональной безопасности ОБСЕ» (2011) ба нашр расонида шуданд. Соли 2011 дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ» таъсис дода шуд. А. Атоев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 163–165.

0